- ГӯеД, ки ибора чи хел воҳиДи наҳвӣ аст ва аз Ди- гар воҳиДҳои забон чӣ фарҳ ДораД? ЯкчанД ибораи озоДи наҳвӣ оварДа, шарҳ ДиҳеД.
- Аз мисолҳои зерин ибораҳоро цуДо карДа, вазифаи наҳвии онҳоро фаҳмонед:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
(Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)
Хизматгор дастархон овард.Нони гандуми хушбӯй, шири гарм ва асал ҷоғи меҳмонро тафсонд. Зоҳиран ӯ хеле гурусна буд, ки хӯрданиҳоро ба ғояти иштиҳо меошомид, ширро ҳурт мекашид ва пораҳои калони нонро ба асал ғӯтонда ва нима хоида фурӯ медоду гап мезад. (С.У.)
Аробакаши пир аз сари аспҳо гарданакҳоро бароварда, ҷонварҳоро аз ароба озод карда, аз якдигар дур баст, то ҷанг накунанд, сипас чор тарафи полизро тамошокунон як- та-нимта қадам ниҳода, сӯйи капа омад. (А.С.)
- Аз матни зерин ибораҳоро цуДо карДа, навъи онҳоро аз рӯйи маъно муайян кунед. Гӯед, ки он ибораҳо бо ёрии кадом воситаҳо ташкил шудаанд?
Офтоб хеле баланд шуда, ба замину замон гармӣ мебах- шид. Осмон мусаффо, нилобӣ ва дастнорас буд. Аз сабзаи навхези баҳорон гирду атроф каб-кабуд метофт. Дар пеш кӯҳи Ҳафтсар бо ғурур қад афрохта, барфи қуллаҳояш дар партави офтоби чоштгоҳӣ хуш ҷило медод. Олам дар оғӯши сукунат буд. Ва ин сукунатро танҳо садои на чандон балан- ди суми аспҳо халалдор мекард.
Усмон Азиз дар болои зин устувор нишаста, сараш ан- дак хам, ба як ранг асп меронд. (С.Т.)
- Аз матни зерин чумлаҳои соДа ва мураккабро цуДо карДа, хели онҳоро фаҳмонеД:
Бегоҳӣ Ҳошим омад. Гулбону аз хушдимоғӣ гирди писа- раш тортанак мезад. Рӯйи дастархон сарширу ҷурғот, мас- каи тар, хел-хел мураббо мениҳод. Ҳарчанд дили Шоҳин аз дидори фарзанд кушода шуд, зоҳиран ба вай рӯйи хуш надод. Вале ба машоми пирамард аз дастон, сару либо- си даҳмардагии писараш бӯйи гулу гиёҳи чарогоҳ, нони товагӣ, бӯйи шири гӯсфанд расиду дилаш гум зад. Чеҳраи гандумгуни Ҳошим аз зарби офотоби тезу шамолҳои кӯҳистон хаёле сиёҳтоб гаштааст. Умуман дар қиёфаи фар- занд дигаргуниҳои зиёде дид падар. Ҳошим газгӯшт шуда- аст. Устухони сари рухсораҳо, рагу пайи гардану дастонаш барҷаста метофтанд. Ин ба Гулбону нафорид, нолид, ки аз гуруснагӣ писари ғарибаш тароша барин шудааст. Аммо Шоҳин дар дил қаноатманд гашт, ки Ҳошим обутоб ёфта- аст. Хосияти кӯҳистон ҳамин: агар одам биҷунбад, гӯшт ме- партояд, рагу паяш мустаҳкам, саломатиаш рӯз ба рӯз хуб- тар мегардад. (А.С.)
- Аз мисолҳои зерин чумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакДорро ба як сутун ва чумлаҳои мураккаби пайвас- ти бепайвандакро ба сутуни дигари дафтаратон навишта чиҳатҳои умумӣ ва тафовути сохторию маъноии онҳоро як- як гӯеД:
- Муаллим хомӯшона ба тиреза нигоҳ мекард, студен- тон ҳам наҷунбида менишастанд. (П. Т. ) Қассоб гӯсфанд мекушт, ошпазҳо оши палаву кабоб ва нонвойҳо фатири равғанӣ мепухтанд. (С. А.) 3. Зардолуҳо рехта нобуд шуда мерафтанд, аммо ӯ ғундошта намехушконид. (С. А.) 4. Мо хабар дорем, роману повестҳои устодони маъруф биду- ни баҳсу мунозираҳо ба нашр тавсия мешаванд. (Ф. М.) 5. Дар қишлоқи Бунни Суфиёни вилояти Ғарм ду лашкаргоҳ дар ду тарафи оби Сорбоғ рӯ ба рӯйи ҳам афтода буданд; дар як тарафи об қишлоқи Почиро ба худ қароргоҳ кар- да аскарони сурх нишаста буданд; дар тарафи дигар, дар қишлоқи Қазноқ манзил карда Фузайл Махдум тайёрӣ ме- дид. (С.А.) 6. Содиқхӯҷа шеърро равон менавишт, аммо ус- луб ва ташбеҳҳояш ҳамагӣ куҳна ва обшуста буданд. (С.А.) 7. Пеш-пеш аспро йурға кунонда Ҳаҷиумар мешитофт; аз паси вай Юнусбой асп меронд, Нуралӣ аз қафотар мерафт. (С.У.) 8. Онҳо аз субҳ то шом ба по ҳастанд, лекин кас дар чашмонашон ягон нишонаи мондашавиро дида наметаво- над. (Ф.Н.) 9. Шаҳри Бойсун аз одат берун ҷамъият пайдо карда, кӯча ва ҳавлиҳояш аз одамони шаклу шамоилашон гуногун ва либосашон рангоранг пур шуда буд: дар ин ҷо аз элнавкарони телпакдарози қоматбаланди корду футадори Клиф ва Лаби об гирифта то шоҳбачагони карбосдастори кафши чӯбинпуши калтак ва камондори Ҳисор, Кӯлоб ва Қаротегин ёфт мешуданд. (С. А.) 10. На дарахте ба мадди назар мерасад, на куле ва на дарёе. (Ф.М.) 11. Худашон ба шумо гуфтагистанд: соле се-чор моҳ вақташон дар ҳаминҷо мегузарад. (Ф. М.) 12. Ман аз бозор – шумоён ба бозор. (С.У.)
- Ранҷ набарӣ – роҳат набинӣ. (Зарбулмасал) Ман аз ҷой хеста берун баромадам, ҳаво соф ва ором буд, боди са- буке мевазид, аммо рӯйи ҳавлӣ ва замини боғча ба регзоре монанд гашта буд. (С. А.) 15. Гунҷишкакон чиқиррос ме- заданд, куркуракон кур-кур мекарданд, мусичагон ва фох- такон ку-ку мегуфтанд, зоғон ва зоғакон аз киштзори нав киштшуда барои худ дон мекофтанд, мурчагон хӯроквории бо оби борон таршудаи худро аз хонаҳояшон бароварда ша- мол медоданд. (С. А.)
У 209. Ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркибро аз ин шеър цуДо карДа, навъи онҳоро муайян созеД ва Дар шакли нақша ҳар каДомеро тасвир кунеД.
Агар ёбам ба рӯйи барфи ҷангал нақши поятро,
Агар орад ба гӯшам боди саҳроӣ садоятро, Агар аз бӯйи барги коҷ бишносам ҳавоятро, Бигӯям: сабр кун, ҳоло наё! – фасли баҳоронро. Ҳамехоҳам, ки монад нақши пойи ёри ман бо барф, Машомамро расад бӯйи ҳавои ёри ман бо барф,
Дилам равшан кунад сидқу сафои ёри ман бо барф, Ки то дар хизматаш даъват кунам табъи ғазалхонро. Агар бо барф нақши пойи онро бод пӯшонад, Дилам нақши муборакро ба мулки хеш кӯчонад, Дигар ин нақш дар мулки дили ман ҷовидон монад, Ба олам зинда гардонам русуми дӯстдоронро.
Агар барфи зимистон об гардад, навбаҳор ояд,
Агар фасли гулу айёми парвози ҳазор ояд, Барои қӯзақарнӣ ёр агар дар бешазор ояд, Намоям пурсуҷӯ аз нақши пояш сабзазоронро. Насими навбаҳорӣ кокули заррин ба чанг орад, Зи болои сараш гул резаду қарси фаранг орад, Рухашро дида садбарги сафеди боғ ранг орад, Ба ӯ шоир намояд ҳадя назми Тоҷикистонро.
(М. Т.)
У 210. Аз матни зерин чумлаҳои мураккаби тобеи мукоррарӣ ва сертаркибро цуДо карДа, ба Ду сутун нависеД:
Ҷавон имрӯзро дар роҳ гузаронида, шабҳангом ба даромадгоҳи дара расид, ба болои тахтасанге осуда хобид, имшаб ба ҷойи девори ҳавлӣ девори кӯҳи сар ба фалаккаши- да ба назараш намоён буд, ки соҳиб ва хуҷаин надошт. Дар гирдогирди ҷӯйчаҳои оби равон синаҳо сангро харошида нағмаи «синахарош» мебароварданд, бар болои сараш си- торагони дурахшон нур мепошиданд…
Ҷавон вақте сар бардошт, ки офтоб ба қуллаҳои кӯҳ пар- тав афкандааст, он ҳама дидагиҳояш хобу хаёл будаанд, ки дар ҳақиқат ҳанӯз аз онҳо асаре нест: аммо аҷаб хоби хуш, турфа хаёли ширин?
Аз ҷой хест, бо оби равоне, ки аз паҳлуи хобгоҳаш мегу- зашт, дасту рӯ шуст, бо вуҷуди кӯфтагии роҳи дирӯза худро имрӯз аз пештара боқувваттар ва пурзӯртар мепиндошт, лекин гуруснагӣ хотирашро парешон медошт; чизе ёбад, ки бихӯрад, дигар ғам надорад. (С.А.)