Вобаста аз ҳелҳои гуногуни заҳираҳои иқтисодӣ намудҳои фарқкунандаи бозори омилҳои истеҳсолот мешаванд: бозори меҳнат, бозори сармоя, бозори замин канданиҳои табий ва бозори кобилиятҳои соҳибкорӣ. Ин ҷо асосан дар бораи хусусиятҳои бозори меҳнат ва сармоя сухан меронем. Шарҳи пурраи онҳо дар мавзӯъҳои оянда баён мегардад.
Ҳар як намуди бозори захираҳо хусусиятҳои ба ҳуд хосеро дорад. Аз ҳама муҳимтарин бозори меҳнат мебошад, ки бо сармояи инсонӣ сарукор дорад. Бозори меҳнат пеш аз ҳама бо объекти ҳуд – қувваи коргарӣ (меҳнат) фарқ мекунад. Агар дар бозор ҳамаи дигар молҳо талабот, таклифот, ҳароҷоти истеҳсолот ва дигар омилҳо байни ҳамдигар таъсири мутақобила расонанд, дар бозори меҳнат ба онҳо боз омилҳои иҷтимоӣ, миллӣ, психологӣ ва ғайра илова мешаванд.
Талабот ба меҳнат мувофиқи сохтори техникӣ ё сохти узвии сармоя, яъне таносуби арзиши сармояи доимӣ ва меҳнат дар дараҷаи ҷории ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ муайян карда мешавад. Яъне аз саҳти узвию теҳникии истеҳсолот вобаста аст. Мазмуни раванд ҳамонро дар назар дорад, ки теҳника ва теҳнологияи сатҳи муайяни тараққиёт ва ҳосилнокии меҳнат ҳатман миқдори маҳдуду аниқи қувваи коргарӣ ва дараҷаи тахассуси мувофиқро талаб мекунад. Дар баробари ин истеҳсолкунанда мебинад, ки чиро истифода бурдан муфид аст – миқдори зиёдтари воситаҳои истеҳсолот, ё миқдори зиёдтари қувваи коргариро.
Таклифоти меҳнат аз миқдори аҳолии кобилияти меҳнатидошта таркиби ҷинсии аҳолӣ, дараҷаи маълумотнокӣ ва ихтисоснокии коргарон, маданият, анъанаҳои миллӣ ва ғайра вобаста аст. Омилҳои намоёни ба таклифоти меҳнат таъсир расонанда – музди кор, давомнокии рузи корӣ, ҳосилнокии меҳнат мебошанд.
Бозори меҳнат дар шакли биржаи меҳнат ташкил меёбад. Дар он зерсоҳтори мураккаб ба вуҷуд омада, имконият медиҳад корфармо ва кироякори қувваи кориашро фурушанда бо ҳамдигар вохӯранд.
Қувваи коргарӣ бо қобилияти гуногун, дараҷаи ҳархела фарқ мекунад, ки зарурати фарқият дар музди кори кормадони ихтисосҳои гуногунро ба вуҷуд меоварад. Барои ҳамин бозори ягонаи меҳнат вуҷуд надорад, вай аз руи касбу кор, соҳа, мавқеи ҷуғрофӣ фарқ мекунад. Қувваи коргарӣ доимо дар ҳаракат аст, яъне як машғулиятро бо дигараш иваз кардан, аз намуди фаъолияти каммаҳсул ба фаъолияти сермаҳсул гуза-штан, дар дохили ҳудуд ҷоӣ иваз кардани кормандон имконпазир аст.
Меҳнат аз ҷисми инсон ҷудонашаванда мебошад. Вай чабҳаҳои иҷтимоӣ, психологӣ, сиёсӣ дорад. Омилҳои демографӣ, иқтисодӣ, психологй, иҷтимой, дараҷаи маълумотнокӣ, омодагии тахассусии кадрҳо ва ғайра ба таклифоти қувваи коргарӣ таъсир мерасонанд.
Талабот ба меҳнат ҳама вақт дар сатҳи фирма ташкил меёбад. Вале, дар ҳаракат будани қувваи коргарӣ ба он оварда мерасонад, ки таклифоти меҳнат дар сатҳи соҳа ва ё ҷамъият ба вуҷуд ояд. Аз ин бармеояд, ки ташаккулёбии нархи меҳнат (музди кор) тавассути рақобатӣ ҳамаи кормадон амалан дар сатҳи ҳоҷагии миллӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа дарачаи якхелаи музди кори кормандони як ихтисос ташаккул меёбад.
Барои он, ки корманд имконият дошта бошад, ки қувваи кориашро мунтазам фурухта тавонад, вай бояд қобилияти ҷисмонӣ ва маънавиашро ба меҳнат аз нав баркарор кунад. Барои ин коргар бояд воситаи ҳаётгузаронӣ дошта бошад, ки ҳаҷми онро арзиши қувваи коргарӣ муайян месозад, вобаста аст. Арзиши қувваи коргарӣ бо маҷмӯи омилҳои зерини иҷтимоию такрористеҳсолӣ муайян карда мешавад:
- арзиши восита барои нигоҳдошти қобилияти ҷисмонии худи корманд ба меҳнат;
- арзиши воситаҳои барои қонеъ кунонидани талаботи маънавии коргар (гирифтани иҳтисос, қонеъ кунонидани талаботи фарҳангӣ);
- арзиши воситаҳои барои таъмини оилаи коргар заарур;
- омили таърихи ва анъанавӣ, ки бо шароити ташаккулёбии табақаи кормандон, шароити иқлимӣ алоқаманд аст.
Ҳамин тавр, арзиши қувваи коргарӣ бо арзиши воситаҳои барои истеҳсол ва такрористеҳсолии қувваи коргарӣ – зарур муайян карда мешавад.
Бозори сармоя ҳам ҳусусиятҳои хос дорад. Сармоя дар ду шакли асосӣ баромад мекунад:
- дар шакли сармояи маҳсулдеҳ, ки барои ба вуҷуд овардани арзиши мол истифода бурда мешавад;
- дар шакли сармояи қарзӣ (пулй), ки барои истифодабарии муваққатӣ ба дигар шахс бо мақсади гирифтани даромад (фоиз) дода мсшавад.
Ин ҷо танҳо бозори сармояи маҳсулдеҳ (сармояи ҷисмонй)-ро дида мсбароем. Бозори сармояи ҷисмонӣ – ин омили истсҳсолии истифодаи дарозмуҳлат (сармояи асосӣ) мебошад. Вай дар истеҳсолот дар давоми бисёр солҳо иштирок мекунад. Аз ин сабаб, дар тавсифи бозори сармоя ба ҳисоб гирифтани омили вақт зарур аст. Барои ҳалли масъалаи он ки сармоягузорӣ фоидаовар аст ё не, фирмаҳо арзиши воҳиди сармояро дар лаҳзаи ҷорӣ бо фоидаи ояндае, ки ҳамин воҳиди сармояи гузошташуда оварда мставонад, муқоиса мскунанд. Низоми имконоти ҳисоб карда баромадани аҳамияти имрузаи ҳамагуна маблағ, ки мставонад дар оянда гирифта шавад дисконт кардан (дисконтирование) номида мсшавад. Арзиши ҷории даромадхои оянда – арзиши дисконтӣ номида мсшавад. Агар арзиши дисконтқардашудаи интизорӣ дар даромадҳои оянда нисбат ба хароҷоти сармоягузорӣ зиёд бошад, маблағгузорӣ мувофиқи мақсад аст. Пас, арзиши дисқонтӣ ба фирмаҳо барои қабули қарор оид ба сармоягузорӣ дар бозори сармояи ҷисмонӣ зарур мсбошад.
Сохтори бозории сармояи ҷисмонӣ бо гуногунтарқибӣ ва гуногуншаклии сифати объеқтхои муомилот фарқ мсқунад. Яке аз қисмҳои (сегментҳои) муҳимтарини бозори сармояи ҷисмонӣ бозори таҷҳизоти истифодашуда мебошад. Хусусияти ин бозор иборат аз он аст, ки маҳз дар андозаи ҳамин фарсудашавӣ тавсифи муҳимтарини амал кардани сармояи ҷисмонӣ муайян карда мсшавад. Қисми дигар – бозори таҷҳизоти баландсифати махсус мсбошад, ки бо фармоиши инфиродӣ тайёр қарда шудааст. Чунин бозор бо иштироки монополияи дутарафа баргузор мегардад.
Талабот ба молҳои таъиноти истеҳсолӣ ва нархи онҳоро ҳаҷми сармоягузорӣ муайян мекунад. Валс барои сармоягузорӣ аз бозори сармояи қарзӣ пул гирифта мешавад. Агар чанде сармояи пулӣ захира ҳисоб нашавад ҳам, вале танҳо тавассути пул дастрас кардани омилҳои истсҳсолот, оғоз намудану васеъ кардани истеҳсолот мумкин аст. Барои ҳамин, сармояи
ҷисмонӣ бо сармояи пулӣ зич алоқаманд аст. Бо ёрии сармояи пулӣ бо ҳам алоқамандии байни ҳамаи бозорҳои захираҳо ба вуҷуд оварда мешавад.