Главная / Илм / Намудҳои тамғаҳои молй

Намудҳои тамғаҳои молй

Дар қонунгузории амалкунан- даи ҶТ намудҳои гуногуни тамғаи молӣ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи м. 7 Қонуни ҶТ «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ба сифати тамғаҳои молӣ нишона- ҳои вожавӣ, тасвирӣ, ҳаҷмдор ва дигар нишонаҳо ё омехтаи ин намуди нишонаҳо метавонанд ба қайд гирифта шаванд. Тамғаи молиро дар ҳар гуна ранг ё омезиши рангҳо ба қайд гирифтан мумкин аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки қонунгузории амалкунанда вобаста ба шакл номгуи номаҳдуди тамғаҳои молиро иҷозат додааст:

  • тамғаҳои молии вожавӣ. Аз ҳама шакли паҳншудаи тамғаҳои молӣ ба ҳисоб мераванд. Ба ин гуруҳ вожаҳои ало- ҳида, ҳамоҳангии ҳарфҳо, ки хислати вожавӣ доранд, ибора, ҷумла ва ё омехтаи онҳо дохил мешаванд. Ба сифати онҳо исмҳои хос низ мумкин аст;
  • тамғаҳои молии тасвирӣ. Ин тамғаи молие мебошад, ки тасвири ягон ашё, объектҳои табиӣ, мавҷудоти зинда, шаклҳои геометрӣ (ҳамвор) ва ғайраро дар бар мегирад;
  • тамғаҳои молии ҳаҷмдор. Ба ин гуруҳ тамғаи молие дохил мешавад, ки сеандоза мебошад;
  • тамғаҳои молии омехта, комбинатсияи унсурҳои до- рои хислати гуногунро фаро мегирад: вожавӣ, тасвирӣ ва ғайра;
  • дигар нишонаҳо. Ба онҳо нишонаҳои зерин дохил мешаванд: садо, нур (шуоъ), таъм, буй, голограмма, ранг, ифодаҳои динамикӣ, ламсӣ ва ғайра.

Вобаста ба субъектоне, ки ҳуқуқ ба тамғаи молиро до- ранд, тамғаҳои мол ба инфиродӣ ва дастҷамъӣ ҷудо мешаванд. Одатан тамғаҳои молй инфиродй мебошанд, вале қо- нунгузории Тоҷикистон имконияти ҳуқуқ ба тамғаҳои молии коллективиро низ пешбинӣ кардааст (боби 7 Қонун). Тамғаи молии коллективӣ тамғаи молиест, ки аз ҷониби шахсони ба иттиҳодия дохилшаванда барои ишора намудани молҳои ис- теҳсолнамуда ё ба фурӯш баровардаашон, ки дорои сифати ягона ё дигар хусусятҳои умумӣ мебошанд, истифода бурда мешавад. Мутобиқи санади ҳуқуқи байналмилалии эътироф- намудаи Тоҷикистон иттиҳодияи шахсон, ки таъсис ва фаъолияти он бо қонунунгузории давлате, ки дар он ҷо ин иттиҳодия таъсис дода шудааст, ихтилоф надорад, ҳуқуқи дорад дар Тоҷикистон тамғаи молии коллективиро ба қайд гирад.

Вобаста ба маъруфият тамғаҳои молӣ ба оддӣ ва маъруф ҷудо мешаванд. Аз рӯи аризаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба си- фати тамғаи молии маъруф тамғаи молие, ки дар асоси ба- қайдгирии он дар Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, тамғаи молие, ки бе бақайдгирӣ, тибқи санади ҳуқуқии байналми- лалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, инчунин нишонае, ки ҳамчун тамғаи молӣ истифода меша- вад, вале ҳифзи ҳуқуқӣ надорад, эътироф шуда метавонад, агар ин гуна тамғаҳои молӣ ё нишона дар натиҷаи истифо- дабарии муттасил то санаи дар ариза зикршуда дар Тоҷикис- тон, дар байни истеъмолкунандагони муайян нисбат ба мол- ҳои аризадиҳанда маъруф шуда бошанд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …