Дар таърихи илми «Назарияи иқтисодӣ» назарияҳои зиёде бо унвони назарияҳои арзиш ба вуҷуд оварда шудаанд. Маводи таълимии зайл имкон намедиҳад, ки мо ҷамеи онҳоро дахл намоем. Аз ин сабаб баъзеи онҳоро ба ҳонандагони арҷманд хотирнишон карданро зарур шуморидем.
а) Назарияи интиҳои манфиатнокӣ
Сароби назарияи манфиатнокиро охирҳои асри XVIII Кондиляк ва Галиани гузошта буданд. Мувофиқи гузоришоти онҳо ҳамчун появу сарчашмаи арзиш ва нархи молҳо манфиатнокӣ ё нафърасонй хизмат қарда метавонанд. Онҳо гумон доштанд, ки дар пояи манфиатнокии молҳо натанҳо хислатҳои объекивии маҳсулот, балки ҳолати руҳонии (психологии) истеъмолгарон мехобанд. Ҳамин тавр, ба илм равишҳои руҳонии мардумон ҳамҷун омили ташаккулдиҳандаи арзиш ва нархи молҳо ворид карда шуда буданд.
Ин назария аз нимаҳои асри XIX боз аз нав эҳё гардонида мешавад. Ҷонибдорони назарияи интиҳои манфиатнокиро мансуб ба мактаби австриягй медонанд. Дар ҷумлаи намояндагони ин мактаб Ҷевонс, Валрас, Менгер ва Бем-Баверк ёдрас карда мешаванд. Баёни комили ақоидоти мактаби австриягй дар асарҳои Бем-Баверк пешниҳод гардидаанд. Вай нишон медод, ки ҳамаи чизҳои қиматнок мебояд миқдоран маҳдуд бошанд, дар акси ҳол, яъне миқдоран зиёд будан қимати худро гум хоҳанд кард.
б) «Назарияи се омилҳои истеҳсолот»
Назарияи мазкур ҳамчун давомдидандаи таълимот дар бобати назарияи хароҷоти истеҳсолот ҳисобида мешавад. Поягузору ба вуҷуд оварандаи назарияи се омилҳои истеҳсолот олими фарансй Жан Батист Сэй мебошад. Мувофиқи нишондоди вай тавлидгарони арзиш омилҳои истеҳсолот мебошанд. Вай танҳо меҳнат, сармоя ва заминро ҳамчун омилҳои истедсолот эътироф мекард ва нишон медод, ки дар яке аз ин омилҳо ҳиссаҳои ҷудогонаи арзишро тавлид менамоянд. Аз ин боис, арзиши молҳо аз се ҳисса иборат буда, дар навбати худ ба музди кор, фоида ва рентаи замин ҷудо мешавад. Яъне дорандагони (соҳибони) омилҳо дар яке ҳиссаи худро аз арзиш мегиранд.
в) «Назарияи хароҷоти истеҳсолот»
Олими мумтозу мутафаккири беҳамтои британиягй Давид Рикардо назарияи иқтисодии Адам Смитро давом дода, нишон дода буд, ки масрафи меҳнат ба молҳо арзиши он моли истеҳсолшавандаро ташкил дода метавонад. Як гуруҳ шогирдону пасояндагони Давид Рикардо ин нишондоддои уро ҳамчун санги маҳаки назарияи вулгарии (бофтаи) худ интихоб карда, нишон медоданд, ки арзиши молҳоро масрафи воқеии истеҳсолот муайян месозад. Дар қатори ин ҷараёни таълимот Торренс, Ҷемс Милл, Маккулод, Ҷон Стюарт Милл ва дигарон қарор доранд. Аз ҷумла, Ҷон Стюарт Милл ақида дошт, ки зери мафҳуми хароҷот масрафи пули сармоядор бояд фаҳмида шавад ва гуё ин ақидаро Рикардо пешнидод карда будааст.
Азбаски мо дар боло нисбати назарияи арзиши меднатии классикони иқтисоди сиёсии буржуазй ва Карл Маркс суханронӣ кардем, дигар ба такрори он зарурат наменонад.