Главная / Биология / НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМИ. МЕРОСГУЗОРИИ ҲАМПАЙВАСТАГИИ ГЕНҲО

НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМИ. МЕРОСГУЗОРИИ ҲАМПАЙВАСТАГИИ ГЕНҲО

Мендел дар таҷриба меросгузории танҳо ҳафт ҷуфт алома- ти нахӯдро дида баромад. Баъдан бисёр тадқиқотчиён меросгу- зории ҷуфти аломатҳои гуногуни организмҳои дигарро омӯхта, қонунҳои Менделро татбиқ намуданд. Ин қонунҳо барои ҳамаи организмҳои бо роҳи ҷинси афзоишкунанда хоссанд. Баъдтар маълум гардид, ки дар нахӯди хушбӯй ду аломат, яъне шакли гард ва ранги гулҳо бевосита ба мерос нагузашта, наслҳо фақат ба во- лидон монанданд.

Тадриҷан адади чунин мисолҳо, ки бо қонуни сеюми Мендел итоат намекунанд, зиёд шуд. Ҳамин тавр, маълум гардид, ки қои- даҳои тақсимшавии бевосита дар наслҳо ё комбинатсияи озод ба ҳамаи генҳо хос нест. Дар ҳақиқат, барои ҳар организм аломатҳои бисёре хоссанд, вале миқдори хромосомаҳо маҳдуд (кам) аст. Аз ин маълум мешавад, ки дар ҳар хромосома на фақат як, балки якчанд ген ҷойгиранд.

Чунин ҳолат боиси дигар шудани қонуниятҳои меросгузории генҳо гашта, ин масъаларо олими барҷастаи амрикой, генетик Т. Морган исбот намудааст. Фарз кардем, ки ду гени А ва В дар як хромосома ҷойгиранд ва организме, ки барои дурагакунӣ ин- тихоб шудааст, бо ин генҳо гетерозигот аст.

Дар анафазаи якуми тақсимшавии мейозӣ хромосомаҳои го- мологӣ дар вақти кашиш хӯрдан ба қутбҳои бо ҳам муқобил дар ҳуҷайраҳои гуногун ҷойгир шуда, ба ҷойи чор навъ ду навъи га- мета пайдо мешавад, ки ин мухолифи дурагакунии дигибридӣ ва қонуни сеюми Мендел мебошад. Агар организми гомозиготӣ бо генҳои ретсессивидошта (аа ва вв) дурага карда шаванд, пас ба ҷойи 1:1:1:1, ки барои дурагакунии таҳлилӣ хос аст, таҷзияи 1:1 пайдо мешавад:

Чунин номувофиқӣ аз қонуни тақсимшавии бевоситаи ало- матҳо далели он аст, ки генҳои ин аломатҳо дар як хромосома ҷойгиранд ва ҳамроҳ ба мерос мегузаранд. Инро дар мисоли му- шаххас дида мебароем. Агар магаси дрозо филаи хокистарранги болаш муътадилро бо магаси сиёҳи бебол дурага кунем, он гоҳ дар насли якум ҳамаи магасҳои дурага боли муътадили хокистар- ранг доранд. Ин организмҳо дигетерозиготианд, яъне бо ду ҷуфти аллелҳои гении худ фарқ мекунанд ва гени дорандаи боли муъта- дил нисбат ба боли нопурра ва гени хокистарранг нисбат ба сиёҳ доминант аст. Дар дурагакунии таҳлилӣ насли якумро Ғ1 бо дро- зофилаи гомозиготии ретсессивӣ (сиёҳи бебол) дурага кунем, дар наслҳои Ғ2 бештари наслҳо фенотипи волидонро соҳиб мешаванд (расми 9.5).

Ҳодисаи ҳамроҳ ба мерос гузаштани генҳое, ки дар як хромо- сома ҷойгиранд, меросгузории часпида ном гирифтааст. Генҳои дар як хромосома ҷойдоштаро ҳампайвасти (часпаки)-и генҳо ме- номанд.

Ба мерос гузаштани генҳои ҳампайваст (ҳамроҳ ба мерос гу- заштани онҳо)-ро, ки дар як хромосома ҷойгиранд, қонуни Мор- ган меноманд. Ҳамин тариқ, қонуни сеюми Мендел фақат барои меросгузории ҷуфти аллелҳо (генҳо), ки дар хромосомаи ғайриго- мологӣ ҷойгиранд, хос аст.

Генҳои дар як хромосома ҷойгирифта, ки ҳамроҳ ба мерос ме- гузаранд, гурӯҳи ҳампайвастро ташкил мекунанд. Аз сабаби он, ки дар хромосомаҳои гомологӣ генҳои аллелӣ дар нуқтаҳои якхе- ла (локус) ҷой гирифтаанд, гурӯҳи ҳампайвастро ду хромосомаи
гомологӣ ташкил мекунанд. Гурӯҳи ҳампайваст баробари миқ- дори хромосомаҳои гаплоидии ҳар як намуд аст. Дар инсон 46 хромосома, гурӯҳи ҳампайваст 23, магаси дрозофил 8 хромосома, гурӯҳи ҳампайваст 4, нахӯд 14 хромосома, гурӯҳи ҳампайваст 7 ва ғайра, лекин дар натиҷаи таҳлили меросгузории ҳамчаспии генҳо маълум гардид, ки дар баъзе мавридҳо қоидаи ҳамчаспии генҳо тағйир меёбад.

Расми 9.5. Меросгузории баҳампайвасти аломатҳо дар дрозофилҳо.

  • – дар ҳолати чиликинашудан (нарина гетерозигота, Ғ1)
  • – ҳангоми чиликшавӣ (модина гетерозиготи Ғ1); дар Ғв танҳо модинаҳо акс ёфтаанд, чунки наринаҳо фенотипан хокистари қанотдоранд, Ь+ – хокистарӣ, Ь – ранги бадани сиёҳ, ^д+ – қаноти муътадил, ^д – беқанот.

Мейозро ба хотир оред. Дар профазаи якуми тақсимшавии мейозй хромосомаи гомологӣ ба ҳам часпида (конюгатсия), дар байни онҳо додугирифти қисмҳо (ивазшавӣ) ба амал меояд, ки инро чиликшавӣ меноманд (расми 6.7). Дар натиҷа комбинатсия (якҷояшави)-и нави генҳо дар хромосомаҳо ба амал меояд.

Дар натиҷаи чиликшавӣ, дар баъзе ҳуҷайраҳо қисмҳои ба ҳам монанди хромосомаҳои гомологии генҳои А ва В иваз шуда, га- метаҳои Ав ва аВ пайдо мешаванд. Дар наслҳои онҳо чор шакли фенотипӣ дида шуда, ба комбинатсияи бевоситаи генҳо монанд аст. Аммо миқдори таносуби фенотипҳо ба таносуби 1:1:1:1, ки хоси дурагакунии таҳлилии гибридӣ мебошад, мувофиқ нест. Ба- рои исботи ин далел ба мисоли дар боло овардаи магаси дрозо- фила, ки бо аломати худ фарқ мекунанд, менигарем. Дар баъзе мавридҳо дар насли Ғ1 шаклҳои фардҳои нав пайдошуда, нисбат ба фардҳое, ки ба волидон монанданд, камтаранд, аз ҷумла ма- гаси хокистарранги бебол (расми 9.5.) ва сиёҳи болаш муътадил. Пайдо шудани ин миқдори ками фардҳо (8,5% аз ҳар як шакл) натиҷаи халал ёфтани ҳампайвастии генҳост.

Ҳамин тариқ, часпакии генҳо пурра ва нопурра буда, саба- би вайрон шудани часпакии генҳо чиликшавӣ, яъне додугирифти қисмҳои хромосомаи гомологӣ дар тақсимшавии профазаи мей- озӣ аст.

Т.Морган исбот намуд, ки чӣ қадаре генҳо дар хромосома аз ҳамдигар дур ҷойгир шуда бошанд, эҳтимолияти чиликшавӣ ҳамон қадар зиёд ва фоизи фардҳо бо омезиши гаметаҳои нав бисёр буда, аз волидон фарқ мекунанд. Дар генетика масофаи байни генҳои дар як хромосомаи гомологӣ ҷойдоштаро бо фо- изи гаметаҳои чиликшуда нисбат ба миқдори умумии гаметаҳо, ки дар натиҷаи омезиш (рекомбинатсия)-и генҳои хромосомаи гомологӣ пайдо мешаванд, муайян мекунанд. Ченаки масофаи байни генҳои дар як хромосома ҷойгирифта ба як фоиз чилик- шавӣ баробар аст. Чунин ченак ба шарафи Т.Морган, моргано- ид ном гирифтааст.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Ҳампайвастии (часпакии) генҳо чист?

2- Гурӯҳи ҳампайвастӣ аз чӣ иборат аст? Кадом хромосомаҳо як гурӯҳи ҳампайвастиро муайян мекунанд?

  1. Кадом ҳодиса ҳампайвастии генҳоро вайрон мекунад?

Тестҳо

  1. Назарияи ирсияти хромосомаҳоро кӣ пешниҳод намуда буд?

а) К. Корренс; б) Т. Морган; в) Э.Чермак.

  1. Меросгузории боҳампайвасти генҳоро кӣ кашф намуд?

а) Т. Морган; б) К. Корренс; в) Э.Чермак.

  1. Қонуни бевосита ба мерос гузаштани аломатҳоро дар кадом рустанӣ мушоҳида намуданд?

а) нахӯди хушбӯй; б) гандум; в) гули шому саҳар.

  1. Оё микдори генҳо ва хромосомаҳо барои ҳар як организм бароба- ранд.

а) не; б) ҳа; в) баробаранд;

  1. Қонуни Т. Морган чӣ ном дорад?

а) боҳампайвасти генҳо; б) чиликшавӣ; в) ғайрипайваст.

  1. Аз қонуни Т.Морган чӣ хулоса баровардан мумкин аст?

а) дар як хромосома танҳо як ген ҷойгир аст; б) дар ҳар як хромосома дутогӣ ген ҷойгир аст.

в) дар ҳар як хромосома даҳҳо ва садҳо ген ҷойгир аст.

  1. Гурӯҳи боҳампайвасти генҳо ба чанд баробар аст?

а) баробари микдори хромосомаи гаплоидӣ; б) баробари микдори хромосомаи диплоидӣ; в) баробари микдори хромосомаҳои ҷинсӣ.

  1. Боҳампайвастии генҳоро чӣ вайрон мекунад?

а) чиликшавии хромосомаҳои гомологӣ; б) дучандшавии хромосо- маҳои соматикӣ; в) кам шудани дастаи хромосома.

  1. Эҳтимолияти фоизи чиликшавӣ ба чӣ вобаста аст?

а) масофаи байни генҳо; б) ҷойгиршавии генҳо; в) дарозии хромосо- маҳо.

  1. Масофаи байни генҳоро бо чӣ чен мекунанд?

а) млм; б) морганоид; в) вакт.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …