Главная / Ҷамъият / НИЁЗМАНДИИ ҲАМАГОНӢ ВА МАФКУРАИ НАВ

НИЁЗМАНДИИ ҲАМАГОНӢ ВА МАФКУРАИ НАВ

Ҳоло пас аз ошноӣ бо шароити ҷуғрофиёӣ ва ҳаёти маънавию мазҳабӣ ва фарҳангию-сиёсии Ҷазирату-л-Араб метавон гуфт, ки дар зиндагии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии аъроб чандон омил ва ангезаҳои фавқулода ва ошкоро муассире наметавон пайдо кард, ки баёнгари бевоситаи сабаби пайдоиши ислом дар ин сарзамин бошад.[1] Аз ин лиҳоз пайдоиши ислом низ дар Ҷазирату-л-Араб дар муқоиса бо динҳои пешинаи сомӣ падидаи нодир аст. Омили иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии пайдоиши дини Яҳудия ва Насрониро бе мушкилӣ метавон ташхис кард. Ҳолати таассуфбори Яҳудиён дар Миср, истибдоди Фиръавн ва азийяту зиллати қавми исроил мафкураю эътиқоди раҳоибахш ва пешвою сарвари ин миллатро тақозо мекард ва ангезаю омили пайдоиши дини мӯсавк низ дар ҳамин буд. Ҳолати мустамликавии Фаластин, истибдоди империяи Рум, шӯришҳои пай дар пайи ғуломон ва пахши бераҳмонаи онҳо, навмедӣ ба раҳоӣ аз ин зулму истибдод аз тариқи муборизаи синфию сиёсӣ заминаро барои пайдоиши таълимоти раҳоибахши масеҳият омода карда буданд.

maxresdefault

Вале дар Арабистон инчунин заминаву ангезаҳои ошкоро ва зоҳирро барои пайдоиши дини нав наметавон пайдо кард. Арабҳо чунон ки асрҳо қабл мезистанд, бо ҳамон тарзи зиндагии худ, бе ҳеҷ тағироти иҷтимоию сиёсии ҷиддие зиндагии худро идома медоданд. Ҳатто таъсири сохторҳои сиёсӣ ва давлатҳои ҳамсоя, дину мазҳабҳои нисбатан пешрафта чандон муассир набудааст. Масалан, аъроб бо пайравони дини яҳудия, ки ҳамхуну ҳамнажоданд, камаш аз ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод то пайдоиши ислом дар ҳамсоягии якдигар, гоҳо дӯш ба дӯш мезистанд. Аз ҷумла дар шаҳри Ясриб ҳамдӯши якдигар ду қабилаи араб ва се қабилаи яҳудӣ (ё араби яҳудишуда) зиндагӣ мекарданд. Дар шимоли Ҷазирату-л-Араб бошад қабилаи Ғассонию Лаҳмӣ, дар ҷануб Киндиён қисман ба дини насронӣ, яҳудӣ ва зардуштӣ гаравида буданд, вале бо вуҷуди ин чунин бархӯрдҳо ва равобити наздик эҳтиёҷи ошкорои ҳамагонӣ ба дини дигар эҳсос намешавад. Танҳо як шавоҳиди начандон муассире дар таърих ёфт шудааст, ки он ҳам дар минтақаи дур аз Ҳиҷоз- гаҳвораи ислом дар Ямома ва Яман вуҷуд доштани доъиёни даъват ба яктопарастӣ (ҳаниф ва ҳанифият) мебошад.

Вале набудани замина ва омилҳои огоҳона ба дини нав дар ин минтақа далел ба набудани ниёзмандӣ ба ин дин намебошад. Эҳтиёҷи аъроб ба дини нав мисли эҳтиёҷи биёбон ва замини нокорам ба борони раҳмати илоҳӣ мебошад. Аъроб мисли биёбони лабташна асрҳо ба ин ташнагии худ хӯй гирифта буд, ки ҳатто эҳсоси ташнагӣ (эҳсоси дар зулмат будан) намекард, вале баръакс эҳсоси ташнагӣ дар сарзаминҳои мутамаддин (заминҳои кораму оби)-и онрӯза бештар эҳсос мешуд.

Албатта дар Арабистон ниёзу эҳтиёҷ ба дини нав шояд мафкураи нав ҳамзамон бо инқирози бутпарастӣ ба тарзи зимнӣ чандон ноаён эҳсос мешудааст ва он ҳам бошад пеш аз ҳама дар заминаи ниёзмандӣ ва эҳтиёҷи мазҳабию маънавӣ будааст. Вале ниёзмандӣ ба дини нав ва аз ҳама муҳим дине, ки ҷавобгӯи ниёзҳои иҷтимоии онрӯзаи башар бошад, нисбат ба Ҷазирату-л-Араб дар қаламрави империяи Эрони сосонӣ ва Рум бештар эҳсос мешудааст. Чунки динҳои онрӯзаи ин сарзаминҳо: дини насронӣ, зардуштӣ ва яҳудия ҷавобгӯ ва баёнгари хосту манфиатҳои омма набуданд. Чунки ҳаракатҳои хеле ошкоро, амиқ ва густурдатар дар қаламрави империяи Рум ва Эрон, масалан: наҳзати Монавия ва Маздакия дар Эрон чунон ки қаблан гуфтем, будаанд ва ҳатто пас аз пайдоиши ислом низ фаъолият доштаанд.

Дини насронӣ, ҳамон тавре ки дар муқаддимаи ин қисмат гуфта шуд, пас аз табдил ёфтан ба дини давлатии ҳукмрон дар замони Импературии Константин (а. 1У) , ба тадриҷ аз заминаҳои насронияти Масеҳ дур шуда ба дини ашроф ва раҳбоният, ҳомии қудрат ва арбоби давлат табдил ёфт. Гузашта аз ин инҳирофоти ақидавӣ дар он мунҷар ба эҷоди ихтилофоту шикофҳое ва омили инқирозҳои ғоявию мафкуравӣ гардиданд. Ин ҳама вуҷуди ниёзи фаровонро ба дини нав дар қаламрави империяи Рум ҳадди ақал дар қисмати шарқу ҷануби он нишон медиҳад.

Чунин ниёзу эҳтиёҷ ба меъёри бештаре дар қаламрави Эрони сосонӣ низ ҷой доштааст. Дини зардуштӣ ба он касалие, ки дини насронӣ гирифтор шуда буд, гирифтор буд. Он низ ба дини ашрофу аъён ҳомии сохтори иҷтимоии каставии даврони сосониён табдил шуда буд. Дар ин маврид аз ҷумла академик Бартольд В.В. чунин менависад. «Маздоизм (зардуштия) -и давраи сосонӣ шабоҳати каме ба таълимоти олии Зарратустра оид ба муборизаи нӯр ва зулмат, ҳақиқат ва дурӯғ, ҳамроҳ бо зарурати иштироки инсон дар ин мубориза ҳамроҳ бо Аҳурамаздо – Худои ягонаи нӯру ҳақиқат, дар замони сосониён на танҳо моҳияти иҷтимоии худро ҳамчун дини марди деҳқону зореъ, чорводор ва ҳунарманд аз даст дода буд, балки дар илоҳиёт низ ба инҳирофу ширку бисёрхудоӣ омехта гардида, аз мавқеъи таълимоти тавҳидии Зардушт дур гардида буд.»

«Дар баробари Аҳурамаздо,- мегӯяд Бартольд В.В. – кайҳо худоёни қадимаи Эрон (яздҳо ва эзадҳо – А.Ш) ҷой гирифта буданд»; гузашта аз ин ӯ меафзояд, ки аз замони Искандари Мақдунӣ шоҳони эронӣ низ ба мартабаи худоӣ бардошта шуда буданд.» Сипас, академик Бартольд В.В дар мавриди дини давлатӣ гардидани зардуштия ва ба табақаҳои хос табдил ёфтани мӯъбадон сухан ронда, хулоса мекунад, ки «маздоизм бо табиати бисёрхудоии дағали худ наметавонист мардуми оқилро қонеъ созад»[1] ва онҳо дунболи дини нав мегаштанд ва аз ҷумла ба қавли Бартольд В.В. ба дини насронӣ мегаравиданд. Дини яҳудӣ беш аз пеш хусусияти инҳисории танги миллӣ гирифта, нисбат ба миллати ғайрияҳудӣ бо назари таҳқир менигарист, ки он наметавонист қобили қабули дигарон бошад.

Ҳамин тавр эҳтиёҷу рағбат ба тафаккуру ғояи нав назар ба худи Арабистон дар атрофу акнофи он ошкоро эҳсос мешуд. Вале чаро дини ҷадид дар Ҷазирату-л-Араб ба вуқӯъ пайваст? Мо қаблан дар муқаддима ин саволро гузоштем ва мухтасар кӯшише низ дар пайдо кардани ҷавоби он кардем. Баъдан шабеҳи ҳамин саволро мо дар таҳқиқи муҳаққиқи Ҳинд Абулҳасан Алӣ ал-Ҳасанӣ ан-Надавӣ сарпарасти кулли қонуни уламои Лакҳнав (Ҳиндустон) пайдо кардам, ки мепурсад:

«Чаро баъсати Пайғамбар (с) дар Ҷазирату-л-Араб ба вуқӯъ пайваст?[2] Ва худ ҷавоб медиҳад, ки «Ҳамоно муқтазои ҳикмати Илоҳӣ ба он шуд, ки тулӯъи ин Офтобе, ки зулматро маҳв ва дунёро аз нӯр пур ва ҳидоят мекунад, аз уфуқи Ҷазирату-л-Араб, ки бештар ба зулмат фурӯ рафта ва бештар ҳоҷат ба ин нур дошт, тулӯъ кунад[3]

Ба ақидаи ан- Надавӣ яке аз омилҳое, ки Парвардигор маҳз арабро интихоб кард, то аз тариқи ӯ ба атрофи олам ин даъватро паҳну интишор диҳад, он буд, ки дилҳои онҳо (нисбат ба дигарон) софтару беолоиштар буд. Чунки «Дар байни онҳо китобҳои амиқу дақиқи навишташуда набуд, ки маҳв кардан, бе эътибор сохтани онҳо мушкил бошад, масалан дар Рум, Эрон ва Ҳиндустон, ки дар он замон алакай дорои сарвату сармояи гаронбаҳои илмӣ, адабӣ, фалсафӣ, маданӣ ва суннатҳои хеле сахти динӣ, мазҳабӣ буданд, ки муқовимату мухолифат бо онҳо мушкил ва имконнопазир буд. Вале дар лавҳаи қулуби Араб ба ғайр аз нақшу осори содае, ки поксозӣ ва шустушӯи он чандон заҳматеро талаб намекард, дигар нақши омиле вуҷуд надошт.»[4] Надавӣ ҳолати ғайри аъробро «ҷаҳлу-л- мураккаб», номида, ки поксозӣ, мудово ва нақши навбандӣ ба он хеле мушкил аст. Дар воқеъ фишори анъанаҳову суннатҳои гузашта фахру ғурури козиби мутамаддинӣ, ифтихору маҷди меросӣ аз шукӯҳу ҷалоли гузашта ба аҳли ҷомеаи ин кишварҳо пайдоиши динеро, ки дар асари ниёзҳои ҷомеаи масрафӣ, шукӯҳу таҷаммулпарастӣ ва шаҳрнишинӣ олуда ба риёву тазоҳур, дурӯғу фиреб, хидъаву найранг гардида буд, бо рӯҳияи содаву софи бадавӣ, ростқавливу ҷавонмардӣ, ҷоннисориву фидокорӣ ва вафодории аъроб муқоисанашуданӣ буд. Дар ин маврид мисолҳои зиёде аз таърихи ислом овардаанд.

Ба замми ин, чунон ки дар муқаддима ишора шуд, ба пайдоиши дини нав дар кишварҳои мутамаддин ду омили дигар садди роҳ буд: яке вуҷуди сохтору дастгоҳи сиёсӣ ва давлатдории муташаккил; сониян, дини давлатии ҳоким. Ин ду манбаи қудрат, ки ба қавли ҳукамои эронӣ бародарони дугона (дуқулу) ҳастанд, ки бо таассуб аз якдигар ҳимоя мекарданд. Имкон надошт, ки дар чунин шароит наҳзати динии нав хусусияти оммавӣ касб кунад. Дар чунин шароит танҳо ҳадди аксар фирқаҳои нав ва бидъатгаро дар заминаи дини ҳоким метавонистанд дар доираи маҳдуде пайдо шаванд.

Инчунин кобед

makka

Оғози даъват ба хориҷ аз Макка – Муҳаммад (с)

 Тойиф дар дувоздаҳ фарсанг фосила, серӯза роҳ аз Макка ҷойгир шуда буд. Дар ин шаҳр …