Главная / Без рубрики / НУБУВВАТ (паёмбарӣ)

НУБУВВАТ (паёмбарӣ)

Нубуват чист? Нубувват (аз кал., умумисомӣ наббаа- огоҳӣ додан, пешгӯи кардан, набӣ-огоҳидиҳанда, паёмбар ё пайгамбар), севумин усули дини ислом ва рукне аз аркони имон аст.[17] Он таълимоти исломро дар мавриди паёмбарон, мушаххасоти онҳо ва алалхусус паёмбарии Муҳаммад ва хотамияти ӯ дар бар мегирад.

Дар муқоиса бо динҳои дигар мақоми нубувват дар ислом барҷастатар аст. Он чунон, ки зикр шуд ҳамчун усули дин ва ҷузъи аркони ислом аст. Муҳимтарин калимаи ислом, калимаи шаҳодат, ҳам шаҳодати ягонагии Худо ва ҳам рисолати Муҳаммадро дорад, эътироф накардани рисолати Муҳаммад мӯъминро аз доираи ислом мебарорад ва ҷузъи кофирон қарор медиҳад.

Умуман нубувват таълимоти хоси динҳои сомӣ аст. Дар Юнони қадим коҳинон дар ҷазираи Делфий дар домани кӯҳи Парнас дар маъбади Аполлон пешгӯи мекарданд, ки онро оракул меномиданд. Вале на дар дини юнонинён ва на дар дини яҳудӣ ва насронӣ нубувват он мақом, ки дар ислом дорад надоранд. Аз динҳои ғайри сомии дигар мафҳуми пайғамбар танҳо дар динҳои иронӣ-зардуштӣ, монавӣ ва маздакия истифода шуда аст. Дар динҳои дигар ҳиндӣ ва чину Ховари Дур асосгузорони дин бештар ҳамчун муаллимони аввал шинохта шудаанд, на фиристодаи Худо. Таълимоти Зардуштӣ дар мавриди ҳузури Зардушт ба боргоҳи Аҳурамаздо ва ғарқа гардидани ӯ ба нури илоҳӣ ва муколимаи ӯ бо Аҳурамаздо ба таълимоти динҳои сомӣ, чун ҳузури Мӯсо ба боргоҳи илоҳӣ дар кӯҳи Тур, ва меъроҷи Муҳаммад шабоҳати наздик дорад. Вале дар ин динҳо нубувват ҳамчун яке аз аркони имон ва усули дин ва мавзӯъи баҳсҳои густардаи илоҳиёт, чун дар ислом қарор нагирифтааст. Ба ҳар сурат хато намекунем агар гӯем, ки омӯзиши муқоисавии асли нубувват дар ислом ва динҳои дигар яке аз мавзӯъҳои ҳанӯз ба таври бояду шояд таҳқиқнашуда буда, аз назари диншиносии илмӣ мубрамият дорад.

Нубувват ҳамчун асле аз усули дини ислом, таърихаш яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳси доманадори мутакамилан ва уламои илоҳӣ буда, бо вуҷуди он баъзе аз паҳлӯҳои назариву амалии он аз чашми қадимиён пинҳон мондааст. Мо ин ҷо аввал, мухтасаран ин асли дини исломро аз дидгоҳи гузаштагон ва суннати мазҳабӣ баррасӣ ва баён хоҳем кард ва сипас як баррасии мухтасари муқоисавие бо адёни дигар, ҷиҳати шинохти фалсафаи нубувват ва хусусиёти он дар динҳои сомӣ ва алалхусус ислом хоҳем анҷом дод. Чунин як баррасии иҷтимоӣ-фалсафӣ аз мавқеъи диншиносии муқоисавӣ, ҳам аз назари шинохти аҳамияти иҷтимоию ҳаётии ислом ва ҳам аз нигоҳи муайян намудани нақшу мақоми анбиё дар таърихи ақвом ва адёни мухталиф ва умуман тамаддуни инсонӣ хело муҳим аст.

Нубувват, агар аз дидгоҳи мутакаллимон ба он бингарем шомили баҳсҳое дар мавзӯи воҷибияти ирсоли набӣ аз тарафи Худо, исботи исмат(покӣ) ва маъсумият (бегуноҳи)-и ӯ, сифоти ахлоқӣ ва мӯъҷизоти ӯ, ҳамчунон баҳсҳое дар атрофи робитаи пайғамбар бо Худо, чигунагии ваҳйи илоҳӣ ва исботи рисолати Муҳаммад (с), хотамият ва мӯъҷизоти ӯ будааст. Дар доираи фалсафаи исломӣ баҳсҳо оид ба нубувват вобаста ба масъалаи инсони комил низ шудаанд.

Паёмбар (набӣ) кист? Аллома Ҳиллӣ дар таърифи набӣ чунин фармудааст: «Паёмбар(с) вай инсонест пайғомовар, хабаррасон аз Худои таъоло бидуни восита ва ё миёнҷчигии ҳеҷ фарде аз абнои башар».379 Оре, паёмбар дар ислом пеш аз ҳама инсон аст, мисли инсонҳои дигар ва ончи аз номи Худо мегӯяд аз ҳушу иродаву ибтикори шахсии ӯ нест, балки он чи аз Худо ваҳй мегӯд аз ҳушу иродаву ибтикори шахсии ӯ нест, балки он чи Худо фармуд мегӯяд. Ба қавли Қуръон паёмбар аз рӯи хоҳиши нафс сухан намегӯяд, магар ин ки мегӯяд он чи бар вай ваҳй шудааст. /Қ.54:3/

Ин мазмун бо забони Хоҷа Ҳофиз чунин баён шуда:

Борҳо гуфтааму бори дигар мегӯям,

Ки мани дилшуда ин раҳ на ба худ мепӯям. Дар паси ойина тӯтисифатам доштаанд, Ончи устоди азал гуфт бигӯ! мегӯям.

Ё ба қавли шоъир:

Ин ҳама овозҳо аз шаҳ бувад,

Гарчи аз ҳалқуми Абдуллаҳ бувад.

Паёмбарон пеш аз ҳама мураббиёни инсон ҳастанд, ки мардумро ба роҳи рост ба истилоҳи Қуръонӣ «сирот-ул- мустақим» ҳидоят мекунанд ва аз вуҷуди офаридгори олам ва исолоти инсон, таъйиноти он дар ин ҳаёти заминӣ огоҳӣ ва ҳушдор медиҳанд. Аз парастишҳо инҳирофӣ ва лағзишҳои эътиқодӣ бар ҳазар медоранд. Ба қавли Мавлонои Балхӣ:

Ҳар набию ҳар валиро маслакест, Лек то ҳаққ мебарад ҷумла якест.

Ҳақ фиристад анбиёро баҳри ин, То ҷудо гардад з-ишон куфру дин.

Уламои ислом ва адёни дигар дар мавриди тафовут миёни набӣ, пайғамбари ва як мутафаккир, файласуф, доҳӣ ва нобиға ва дониши касб шудаи онҳо, ки дар асари саъю кӯшиш, таълиму тадрис ва ғайра аст ва он низ аксар вақт нисбӣ буда ва милоки ҳақиқат нест, аз як сӯ донишу огоҳии паёмбарон, ки аз сарчашмаи илоҳӣ, ҳаққуляқин аст баҳс кардаанд. Хулосаи он ин аст, ки дониши файласуфу ҳаким, нобиғаву доҳӣ вобаста аст ба нерӯи тафаккур ва андешаи башарӣ ва амма огоҳӣ ва дониши паёмбарон ба ғайр аз доро будан аз нерӯи ақлу хирад, тафаккур ва андеша мисли дигар инсонҳо аз нерӯи дигар низ, ки сарчашмаю асли илоҳӣ дорад, бархурдоранд, ки ваҳй номида шудааст.

Паёмбарон ҳарчанд он чӣ мегӯянд бо талқини Худо мегӯянд, ба ибораи Ҳофизи Шерозӣ «тӯтисифат» нестанд. Ин ақидаро чи уламои ислом ва чи динҳои дигари тавҳидӣ рад кардаанд ва иштибоҳи маҳз медонанд.[2] Ҳаким Ҳоҷ(ҷ) Мулло Ҳодии Сабзаворӣ пайғамбаронро дорои хасоиси сегонаи фавқулода мешуморад. Ва онҳо иборатанд аз қувваи аллома, «қувваи аммола ва қувваи ҳассоса. Дар шарҳи ин қувватҳо ӯ мефамояд:

«Пас қувваи алломаи набӣ дар камоли афзали уқули (ақлҳои) аҳли замони худ бошад ва ҷомеъи маълумот ё аксар ба таъйид миналлоҳ ва ба ҳадис барои ӯ ҳосил шавад на ба касб ва таъаллум аз муъаллими башарӣ…» Ва аммо дар мавриди қувваи амалӣ (аммола) пайғамбар гуфта мешавад, он ба «ҳадис бошад, ки бихоҳад аз он халъ ва дар он лабс кунад (пӯшонад).»

Ва ҳамчунин дар мавриди қувваи ҳассосияи пайғамбарон фармуда, ки «ӯ бар бедори бубинад чизҳо ки дигарон намешунаванд» ва ғайра.[3]

Вале ҳамаи ин қувва дар паёмбарон иқтисобӣ, касбшуда нест, балки аз камоли лутфи илоҳӣ ба онҳо дамида шудааст.

Паёмбарон чунон, ки гуфтем аз сарчашмаи илоҳӣ, ки он дар Қуръон «лавҳи маҳфӯз», «уммул-китоб», «китобул мубин» номида шудааст, илҳомоти раббонӣ ваҳй дарёфт мекунанд ва аз ин рӯ аз хатоҳо ва лағжишҳо маофанд.

Лавҳи маҳфӯз аст ӯро пешво, Аз чи маҳфӯз аст маҳфӯз аз хато. Не нуҷум асту на рамласту на хоб, Ваҳйи Ҳаққ валлоҳу аълам биссавоб.

Ваҳй-талқин ва эълом дар ниҳонӣ (хафо)[4] ва ё оҳиставу маҳрамона суханеро ба касе талқин кардан[5] ва мурод аз он дар шариати ислом сухан, каломи худои таъолост, ки ба пайғамбарон нозил шудааст. Ваҳий як навъ дарк ва шуъур аст, аммо он натиҷаи саъю кӯшиш, таълиму тадриси маъмулӣ ва дарку кашфи шууру нубуғ ва ҳушу ақлу тамиз ва илҳому ишроқи маъмулӣ нест. Ваҳий феълест, ки тавассути он вай ҳақиқатеро ошкор ва ё матлаберо талқин ба инсон мекунад , ки кашфи он ба ҳеҷ як амал ва қобилияту лаёқати фавқуззикри инсон марбут нест. Ваҳий тамоси мустақим ва комил бо воқеъияти ҷаҳон аст».[6] Миқдори дарку фаҳму биниши мардум аз воқеъияти ҷаҳони ҳастӣ ба андозаи зарфияту қобилияти рӯҳи ва имконоти фикрии онон аст ва низ вобаста ба асбобу васоил ва абзори корие аст, ки ба воситаи он ҳастиро дарк ва фаро мегирад, вале бо вуҷуди ин дониши инсон аз ин тариқҳо ҳамеша нисбӣ ва ноқис ва холӣ аз иштибоҳ нест. Дар сурате, ки илми пайғамбарон, ки аз тариқи ваҳий дарёфт карда мешаванд ҳамчун айнуляқин шуморида шудааст. Чунин аст мухтасаре аз намунаи таъбиру таърифи ваҳий тавассути уламои ислом. Таврот, Инҷил ва Қуръон суханони худоянд, ки аз тариқӣ ваҳий ба Мӯсо, Эсо ва Муҳаммад нозил ё фиристода шудаанд. Мувофиқи боварии мусулмонон ваҳий тавассути фаришта Ҷабраил ё мустақим нозил шудааст.

Пайғамбаронро баъзе уламо дар ислом ба ду даста тақсим кардаанд, набӣ ва расул. Расул он пайғамбарони соҳибшариат ва соҳибкитоб онҳое, ки аз худо мустақим рисолат ва шариат гирифтаанд ва ваҳий дарёфт кардаанд мебошанд. Аз 124 ҳазор анбиё фақат чанд нафаре аз пайғамбарон, ки дар Қуръон аз онҳо ба номи «Увлоулъазам» ёд шудааст расулони худо номида шудаанд.[7] Ва онҳо Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Эсо ва Муҳаммад хотамул анбиёанд. Ба дастаи дуюм, ки худшариату қонун надоштаанд ва балки маъмури таблиғу ташвиқ ва тарвиҷи пайғамбарони гузашта будаанд, мисли Ҳуд, Солеҳ, Лут, Исҳоқ, Исмоил, Яъқуб, Юсуф, Юшаъ, Шуъайб, Ҳорун, Закариё ва Яҳё тааллуқ доранд. Вале баъзе дигар уламо аз тақсими анбиёро ба набӣ ва расул беасос намешумориданд. Аз ҷумла устод Муртазо Мутаҳҳарӣ дар рисолаи “«отамият”»- и худ мегӯяд: ҳамаи анбиё расул ҳам ҳастанд… Қуръони карим ҳам аз ин ҷиҳат ҳеҷ фарқе миёни расул ва набӣ нагузоштааст”. Имкони дарёфти ваҳий аз тарафи адёни дигари сомӣ низ эътироф шудааст. Назарияи ваҳий дар илоҳиёти онҳо мавриди баҳсу баррасӣ аст.

Вале уламои яҳудия ва насронӣ то имрӯз аз камоли таассуби мазҳабӣ ваҳий будани Қуръон ва нозил гардидани ваҳийи илоҳӣ ба Муҳаммадро эътироф намекунанд, балки Муҳаммадро дар беҳтарин ҳолат як нобиға мешуморанд на пайғамбар ва Қуръонро на сухани илоҳӣ (ваҳий) балки эҷоди худи Муҳаммад. Масалан дар китоби қаблан иқтибосшуда «Доктринияи Библия» зимни таърифу таъбири ваҳий ва инкори назарияи илҳоми мегӯяд: «Онҳо (касоне, ки тарафдори ин назарияанд – А.Ш.) Библияро бо дигар шоҳасарҳои адабии бузург дар як қатор гузашта муаллифони онҳоро илҳомгирифта чун, Толстой, Достоевский, Шекспир, Муҳаммад ва дигарон мешуморанд.»[8] Ҳамчунин мустақим ё ғайри мустақим шарқшиносону исломшиносони ғарбӣ нозил шудани ваҳийро ба Муҳаммад қабул надоранд ва Қуръонро эҷоди Муҳаммад ҳангоми касалии равони, ки «Эпилепсия» номидаанд, шарҳ додан мехоҳанд.[9] Яъне чунин талқин кардан мехоҳанд, ки Қуръон суханонест, ки Муҳаммад дар ҳоли бемории рӯҳи иброз кардааст, вале худ боварӣ доштааст, ки он суханони худоянд.

Мӯъҷиза Аввалин мушаххасони набӣ ва гувоҳи пайғамбарии вай мӯъҷиза мебошад. Маънои луғавии мӯъҷиза аз «эъҷоз» – нотавон кардан аст. Пайғамбарони сомӣ аксаран бо худ мӯъҷиза овардаанд. Аз ҷумла дар давраи пайғамбарии Иброҳим худо ба ӯ чанд мӯъҷиза нишон дода, дар Қуръон, ояти 60 худо чигуна аз мурда зинда карданро дар рӯзи қисмат дар мисоли чаҳор паррандае, ки худо дар ҷавоби суоли Иброҳим мефармояд кушта гӯшту устухонашро ба ҳам омехта дар сари чанд кӯҳ бигзоранд ва ҳар яке аз он мурғонро бихоҳанд ва бубинанд чигуна он гӯшту устухону зарроти бадани ҳар яке ба ҳам пайванд ёбанд ва думартаба мурғу парандаи комил шаванд сухан гуфта. Мӯъҷизаи дигар аз зани пири Иброҳим таваллуд шудани фарзанд (дар сураи Ҳуд, ояти 73) ва аз оташ Намруд зинда берун омадани Иброҳим (сураи Анбиё ояти 70) аст.

Дар мавриди пайғамбарии ҳазрати Мӯсо мӯъҷизаи ӯ асо ва яди байзо (дасти сафед), ки машҳур аст. Ба қавли Ҳофиз Шерозӣ:

Он ҳама шӯъбадаҳо акл, ки мекард як ҷо, Самирӣ пеши Асову Яди байзо мекард. Табдили чӯби хушки – Асои Мӯсо ба аждаҳо, ба воситаи задани он ба санг берун овардани дувоздаҳ чашма (Аъроф, 158, Тоҳо 17-24) ва дар қаъри рӯди Нил роҳ кушодан барои убури қавми Мӯсо аз он (Шӯъаро 26). Ба ҷайб ё гиребон бурдани даст ва аз он нӯрониву дурахшон берун кашидани он. Ҳамчунин мӯъҷизоти ҳазрати Сулаймон; сухан гуфтани ӯ бо мурғон ва ғайра, дар итоат даровардани деву ҷин, ҳозир шудани тахти Билқис, маликаи Саббо дар як мижжа задан аз фосилаи бисёр дур ба пеши Сулаймон, ҳамчунин бидуни падар, дар коми наҳанг зинда мондани ҳазрати Юнус аз ҷумлаи он мӯъҷизотест, ки дар Қуръон зикр шудаанд.

Ин ҳама мӯъҷизотро парвардигор ҷиҳати исботи пайғабарии расулони худ ва гувоҳи ҳаққонияти даъвати онҳо ба онҳо муяссар сохта. Сурат пазируфтани он муъҷизот дар асари тааллуқ гирифтани иродаи илоҳӣ ба онҳо мебошад. Ба қавли Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ:

Файзи рӯҳулқуддус ар боз мадад фармояд, Дигарон ҳам бикунанд он чи Масеҳо мекард.

Дар тафсиру таъвили муъҷизот, робитаи илм ва мӯъҷиза уламои ислом баҳсҳои зиёде кардаанд ва аз ҷумла ду нуқтаи назарро метавон ин ҷо бозгӯй кард. Яке он аст, ки мегӯянд: чун зуҳури муъҷизоти пайғамбарон аз иродаи худо хориҷ нест, худо қодир аст ҳар гуна қонун ва назми маъмулии табииро, ки худ муқаррар кардааст барҳам занад ва ҳаводисе аз нигоҳи инсони муқаррарӣ хориқулода биофаринад. Мӯъҷизот метавонад аз ҳамин навъ афъоли худо бошанд. Хулосаи калом он аст, ки: « қудрати худо номаҳдуд аст ва худо маҳкуми қавонини худ сохта нест».[10]

Назарияи дигар он аст, ки мегӯянд: дониши инсон дар бораи табиат, ҷаҳон ва қонуну омилҳои муассира он нисбӣ ва маҳдуд аст. Инсон ҳанӯз ҷаҳонро он тавр, ки ҳаст нашинохтааст. Ва аз ин чунин хулоса мекунанд, ки «Мо наметавонем ба таври қатъи пайдоиши мӯъҷизотро бо муқоиса бо қавонинии илмӣ маҳкум кунем, чу ҳамаи авомили даст андар кори ҷаҳонро нашинохтаем: Ва мегӯянд: «Ҳамон гуна, ки рӯзе парвози башар ба осмонҳо ва ё интиқоли савт ва ё тасвир аз як тарафи ҷаҳон ба тарафи дигар ва ҳатто аз миллионҳо километр дуртар қобили ҳал набуд ва ҳатто маҳол менамуд, аммо рафта-рафта оддӣ ва осон шуд, ҳамин гуна наметавон муъҷизотро ғайри мумкин ва ё бар хилофи илм тасаввуф кард».[11]

Уламое ҳастанд, ки мӯъҷизоти пайғамбаронро аз матолиби рамзӣ ва симбулик меҳисобиданд[12]ва ҳамчунин аз аҳли фалосифа олимон шахсоне низ будаанд, ки «мӯъҷизоти мутанаббийинро ба ҷуз худъа» – фиребу найранг чизе наҳисобидаанд.[13] Дар ҳар сурат мӯъҷиза яке аз мушаххасоти муҳими пайғамбарон аст ва уламои ислом асоситарин ва баъзе ягона мӯъҷизаи Муҳаммадро Қуръон ҳисобидаанд.

Баъзе аз сифоти пайғамбарон. Шинохту донистани сифоти пайғамбарон, масъалаест дорои моҳияти маънавию ахлоқӣ, тарбиявӣ ва ормонсозӣ ва ормонгароӣ. Пайғамбарон ҳамчун тимсолу намунаи инсони комил, инсони ормонӣ (идеологӣ) ва намунаи ибрат ва пайравӣ муъаррафӣ шудаанд. Инсоният ва тамаддуни инсонӣ дар падидаи пайғамбари вва таълимот оид ба пайғамбарон, хоҳ онро аз диди худошиносӣ ва хоҳ маҳсули заковати худи инсоният, волотарин идеал ва беҳтарин намуна (образҳо)-и инсони комилро тасвир кардааст.

Инсоният чанд навъ инсонҳои ормонӣ дорад, яке паҳлавону қаҳрамонон ё ҷоннисорон барои ҳифзи ватан ҳиссият ва озодии миллӣ, ки барои парвариши ҳисси ватандӯстӣ, мардиву мардонагӣ, адолатхоҳи ва ғайра муҳим аст. Намунаи онҳо дар халқу миллатҳои гуногун зиёд аст, чун Гераклит, Рустаму Сӯҳроб, Алпомиш ва ғайраҳо. Ҳамчунин аз назари идеалӣ сиёсӣ императорони ҷаҳонкушо, фотеҳу ҷаббор чун Искандари Мақдунӣ, Куруши Кабир, Амир Темур, Чингиз ва Петри Кабир. Инсони ормонии навъи дигар ошиқони ҷоннисор ва вафопеша чун Лайливу Маҷнун, Ромео ва Ҷулета, Бежан ва Манижа, Фарҳоду Ширин ва ғайра низ ҳастанд, ки инсониятро дар ишқу муҳаббат, покиву иффат ва вафову садоқат намунаҳои ормонӣ мебошанд.

Вале дар симои пайғамбарон инсоният инсони волотар аз ҳамаи ин типҳои ормонии номбурдаро таҷассум кардааст. Пайғамбарон пеш аз ҳама инсонанд инсонҳое, ки аз ҷиҳати созмони ҷисмӣ, зӯриву тавоноӣ афзалияти фавқулодае надоранд, омӯзиши махсуси размоварӣ нагирифтаанд, таълиму тарбияи онҳо дар ҷомеаву хонавода аз дигарон камтар будаву бештар не, балки аксар алайҳи суннатҳо ва ормонҳои қавмии хеш, муқобили асосҳои маънавии ҷомеаи фасоду барҷомондаи худ баромад кардаанд. Аксар пайғамбарон инсонҳое буданд, ки аз таъсири суннатҳои хонаводагӣ, авлодӣ, қавмӣ то андозае озод будаанд, чун аксар ятим будаанд аз фишори авторитарии падару модар маъоф будаанд. Масалан, Иброҳим, ки дар ғор пинҳонӣ то ҳафтсолагӣ, аз ҳокими замон, ва дур аз падару модар рушд карда, чун Мӯсо, ки ҳамчунин дар дарбори Фиръавн чун писархонд ва Муҳаммад, ки дар хурдсолӣ аз волидайн маҳрум ва дар домани саҳро дур аз оилаву мактаб рушд намуда аст.

Дар ин маврид Алӣ Шариати дар «Исломшиносӣ» як баҳси муфассале намуда, ки аз назари ҷомеашиносӣ хело боарзиш мебошад. Ӯ аз ҷумла мегӯяд «Падарҳо ҳамвора, дар айни ҳол, ки аз назари тарбият ва «рушди маъмул» ва касби «шахсияти мутадовил»-и фарзандонашон, бузургтарин саҳмро доштаанд вале монанди ҳар мадраса ва донишгоҳ ва мактаби тарбиятӣ – забонҳои нубуғро дар онон хомӯш мекардаанд. Падар ва мактаб ҳадафашон ду чиз аст: яке ин ки шахсияти тифлро дар қолибҳои писандида ва ройиҷи замон бирезанд ва он чи ҷомеа мехоҳад иршод кунанд…, дигар ин ки ӯро аз инҳироф монеъ гардонад ва чун ҳар нубуғе худ як навъ инҳироф аст, хоҳ нохоҳ аз буруз (зоҳиршавӣ ва рушдӣ) он ҷилагири мекунанд.[14]

Пайғамбарон аксар аз таъсири ин ду сарчашмаи суннатгаро ва суннатписанд: оила ва мактаб маъоф будаанд. Аз ин рӯ писари Озари буттарош бутшикан шуд, писархонди Фиръавн Мӯсо алайҳи истибдод ва табъизи Фиръавн бархост ва Муҳаммад дар, ки дар ҷомеаи бутпарастони араб бузургшуда буд, бутшикан гардид.

Аммо фарқи умдаи пайғамбарон аз типҳои ормонӣ идеалии ёд шуда, дар он аст, ки пайғамбарон тамоми сифоти ҷамолию камолиро, ки инсонҳо доранд доро мебошанд, дар баробари ин аз ҳар гуна нуқсу, сайиъот сифоти мазмум ва хатоҳо орианд.

Аз сифоти боризи пайғамбарон соҳибэъҷоз будан, исмат (мавсумот), тақво ва тасмими комил аст. Баъд аз эъҷоз (мӯъҷизагари) дар мақоми дуюм аз сифоти пайғамбар исмат қарор дорад.

Исмат – яъне маҳфӯзу пок будан аз гуноҳу хато – аз ҷумлаи мушаххасоти пайғамбарон аст. Яъне пайғамбарон инсонҳоеянд, ки ба лутфи илоҳӣ дар тамоми тӯли умри худ на муртакиби гуноҳ мешаванд ва на иштибоҳе мекунанд. Тибқи ин асл ҳеҷ яке аз инсонҳо ва типҳои идеалӣ номбурда аз содир кардани гуноҳ ва хато маъоф нестанд, вале пайғамбарон аз ин камбуди маъофанд. Дар баробари ин аз ҷумлаи сифоти пайғамбарон муназзаҳ (танзеҳ) будани волидайни онҳо ва худашон аз ахлоқи разила ва касбу кори паст низ сухан рафта.[15] Ҳарчанд дар мавриди охир ва умуман масъалаи оё имкони судуру гуноҳи кабираву – сағира пеш аз баъсат ва пас аз он байни уламои ислом, мутакаллимон баҳсҳои печида вуҷуд доранд.

Тақвову таслими комил дар навбати худ мусталзими сифоти зер аст:

Абд (банда) – яъне худро комилан дарбаст ба ихтиёри худо супорида танҳо аз авомири ӯ пайравӣ мекунад ва ба худ ҳеҷ ихтиёре ва иродаи мутлақе қоил нест ва ба худ ҷанбаи худои намедиҳад. Мисли типҳои ёдшуда, ки яке аз онҳо сарварони сиёсӣ, шоҳон ва импературон ва амсоли онҳо аз қудрату нерӯи худ саргиҷ шуда, худро мисли Намрӯд ва Фиръавн худо эълон намекунанд. Ин сифат дар Қуръон нисбат ба пайғамбарон зиёд ёд шуда.[16] Ин сифат боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки пайғамбарон бо вуҷуди доштани имтиёзоти зиёди идувидуалӣ нисбат нисбат ба дигарон ба лутфи худо, чун дигар инсонҳои оддӣ дар назди худо ҳамон банда (ъабд) аст ва ба убурият, бандавор ба худо робита дорад.

Мухлис – яъне онҳо танҳо барои худо кор мекунанд ва ҷуз ба даст овардани хушнудӣ ва ризояти парвардигор ҳадафу назаре надоранд. Онҳо дар парастиши худо ҳеҷ гуна худнамоӣ ва риё роҳ намедиҳанд.[17]

Ханиф – яъне ҷуз парвардигор касеро намепарастанд, аз ҳеҷ қудрате ба ҷуз Худо ҳарос надоранд ба Худо чи дар қудрат ва чи дар ибодат шарике роҳ намедиҳанд.

Ҳамчунин дар Қуръон нисбат ба пайғамбарон сифатҳои: Солеҳ, муҳсин, сиддиқ, собир, амин, ҳусур, тақӣ, содиқулваъд (ростқавл, ба ваъда вафодор), шакур, марзӣ, ҳалим, обид, аввоб (бозгашт ба худо аз ҳар хато, гуноҳ ва инҳироф, ба худо паноҳбаранда), аввоҳ (он ки дар пешгоҳи худо изҳори фурутани, тарсу ҳарос дорад), қонит (порсо), хайир, мустафо (пок, баргузида), муқарраб, ваҷиҳ (обрӯманд мӯҳтарам), сайид (пок, вораста), зоайд (тавоно, нерӯманд), носеҳ (пандиҳанда, иршодкунанда), ҷаббор набудан, яъне аз саркаши, ситамгарӣ, хунрезӣ ва зургӯӣ, (аз сифоти ҳокимон қайсарону шоҳаншоҳон дур будан), осӣ набудан (нофармону густох набудан) ва ғайра беш аз чиҳил сифот баён шуда.

Яке аз сифоти пайғамбари ислом «хотамият» аст. Он чи маъно дорад? Дар Қуръон омада:

«Муҳаммад падари ҳеҷ кадом аз мардони шумо нест, (яъне падархондаи касе нест, ӯро ба ин сифат нахонед, сифате, ки бояд шумо ӯро бо он сифат бихонед ва бишносед ин аст, ки (ӯ фиристодаи худо ва поёндиҳандаи пайғамбарон аст»)

Дар Қуръон фақат дар ҳамин оят (ояти 40-уми сураи Аҳзоб), аз хотимияти анбиё бо пайғамбари ислом Муҳаммад сухан меравад. Калимаи «хотим» ё «хотам» аз масдари «хатм» ба маънии хотима ин ҷо маънии абзолро дорад, яъне чизе, ки ба воситаи он хотима, поён дода мешавад. «Хотимул-анбиё» – поён ёфтан, анҷом пазируфтани нубувват аст. Пас аз Ҳазрати Муҳаммад, наббӣ ва расули дигаре нахоҳад омад дар атрофи ин мавзӯъ низ баҳсҳое дар илоҳиёт ҷой дорад. Аз ҷумла он масоил чаро бо пайғамбари ислом дастгоҳи нубувват ва рисолат анҷому хотима ёфта.

Зимни ин баҳс уламо ба он ишорат мекунанд, ки тибқи маводи Қуръон ва оятҳои равшани Муҳаммад ниҳояту ғояти пайғамбарӣ буда ва пайғамбарони гузашта ҳама башоратдиҳандагони зуҳури ин пайғамбар будаанд. Аз ҷумла дар сураи Оли Ирон, ояти 81 омада: «Мо аз ҳама пайғамбарон бидуни истисно паймон гирифтаем, ки ҳар замоне, ки мо ба шумо китобва ҳикмат бидиҳем. .. Пас аз он пайғамбаре дар оянда назди Шумо хоҳад омад, ки он чи бо шумост тасдиқ мекунад, бояд ва албатти шумо аз ҳоло ба ӯ кӯмак кунед».

Ояти дигаре, ки аз сураи ас-Сафф далолат ҷой доштан пешгӯи дар Таврот ва Инҷил ба зуҳури Муҳаммад мекунад ва ҳамчун далел ба хотимияти ӯ оварда мешавад ояти зерин аст: «Исо бинни Марйям гуфт: «Ё Банни Исроил, ҳамоно ман расули худоям назди шумо ва он чи пеши ман аз номи Таврот тасдиқ мекунам ва башорат медиҳам, ки баъд аз ман расуле-пайғамбаре меояд номаш Аҳмад аст».

Уламои муосири ислом масъалаи иллати хотамияти пайғамбариро бо намондани эҳтиёҷ ба нубувват дар асари пешрафти сатҳи илму маърифат ва тамаддуни инсоният ва такмили ниҳоии худошиносӣ ва шариат дар дини ислом асоснок мекунанд. Дар воқеъ агар масири таҳаввули ғояҳои асосии диниро аз оғоз то ба ислом баррасӣ кунем хоҳем дид, ки онҳо дар ислом ба ҳадди акмали худ расидаанд. Ин аст, ки яке оятҳои охирини нозилшуда ба Муҳаммад пас аз ҳаҷҷи видоъ ояти 3, аз сураи Мойида, метавон гуфт, на танҳо ба аъроб муроҷиат аст балки ба инсоният. Дар он гуфта шуда: «Имрӯз дини шуморо ба ҳадди камол (ба комилтарин мартаба) расонидам ва бар шумо неъматам (лутфу марҳаматам) – ро тамом кардам ва исломро ба шумо ҳамчун дин ( – и беҳтарин) баргузидам.

Ин оят ба чандин ояте, ки исломро муқаррар «динул- ҳаққи»[18] – дину ойин, кунуни барҳақ маъаррафӣ карда далолат ба фарорасидани замони хотамият ва таҷдиди шариъат мекунад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …