Главная / Илм / Нурафкании атомҳо

Нурафкании атомҳо

Дар асоси модели сайёравии атом нурафкании атомҳо шарҳ дода намешавад. Ин вазъияти беандоза душворро олими даниягй Ниле Бор бартараф намуда, барои маънидоди нурафканй ва иурфурубарии атомҳо соли 1913 ду постулат баён намуд.

Постулати якуми Бор: Атомҳо ба он нигоҳ накарда, ки электронҳо дар онҳо бо шитоб ҳаракат мекунанд, дуру дароз дар ҳолатҳое мешаванд, ки нур намеафкананд. Ин ҳолатҳоро ҳолати статсионарй меноманд. Дар ҳар як ҳолати статсионарй атом танҳо ба энергияҳои муайяни Е, Е„ Е3,..,Е„ доро мешавад.
Постулати якуми Бор ба механикаи классикй, ки мувофики он муҳолиф мебошад, чунки дар он ҳаракати бошитоби электрон бе афканиши мавчҳои электромагнитй имконпазир дониста мешавад.

Постулати дуюми Бор: Ҳангоми аз як ҳолати статсионарй ба ҳолати дигари статсионарй гузаштани электрон дар атом нурафканй ё иурфурубарии он ба амал меояд.

Ҳолати атом, ки ба он энергияи ҳурдта- рини Е, мувофик меояд, ҳолати асосй номида мешавад ва дар ин ҳолат атом дуру дароз буда метавонад. Ҳолатҳое, ки энергияҳои ҳеле зиёдтар Е„ Е3,.., мувофик меоянд, ҳолатҳои ангезиши атом мено- манд.

Бо таъсири рушной, нурҳои рентгенй, сели электронҳо ва гйраҳо ба атом мик- дори муайяни энергия дода, онро аз ҳолати асосй ба ҳолати бедоршуда гузаронидан мумкин аст.

Ҳангоми аз ҳолатҳои сгатсионарии энер- гияаш зиёд ба ҳолати статсионарии энер- гияаш кам гузаштани электрон дар атом ну- рафканй ба амал меояд (расми 4.6.1, а).

Дар мавриди аз ҳолати статсиона- рии энергияаш ҳурд ба ҳолати статсио- нарии энергияаш калон гузаштани электрон дар атом нурфурубарй ба амал меояд (расми 4.6.1, б).

Энергияи фотони афканда ё фурубурда ба фарки энергияҳои ду ҳолати статсио- нарии электрон баробар мебошад:

кч=Е-Е„,                            (4.6.1)

дар ин ҷо т ва п раками ҳолатҳои статсио- нарианд. Дар мавриди Ет > Е„ будан афка- ииши фотон ва дар мавриди Ет < Е„ будан фурубарии он ба амал меояд. Аз формулаи (4.6.1) басомади нури афкандашуда ё нури фурубурдашударо муайян кардан мумкин


Электрон дар атом дар ҳолатҳои анге- зонидашуда дуру дароз буда наметавонад ва аз ин ҳолат дар муддати ҳиссаҳои ҳурдтарини сония ба ҳолати статсионарии асосй гузашта, нур меафканад.

аст:

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР——————————————————- ,

  1. Дар модели сайёравии атомй Резерфорд ҳангоми маънидоди ҳодисаи нурафканй кадом зиддиятҳо ба кайд гирифта ва онҳо ҷй тавр бартараф карда шуданд?
  2. Постулатҳои Бор ҷй тавр таъриф дода мешаванд?
  3. Ҳолати асосии атом гуфта, кадом ҳолати онро меноманд?
  4. Ҳолати ангезонидашудаи атом гуфта, кадом ҳолати онро меноманд?
  5. Кадом вакт нурафкании атом ва кадом вакт нурфурубарии он ба амал меояд?
  6. Энергияи фотони афкандашуда ва фурубурдашударо ҷй тавр муайян кардан мумкин аст?

V

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …