Главная / Илм / Ҳодиса

Ҳодиса

Ҳодиса-ҳамчун объекти кашфиёт шакли пештар вуҷуд доштаи падида, ифодаи моҳияти объекти дунёи моддй пештар маълум набуда мебошад. Дар зери мафҳуми моҳият маҷмӯй алоқаҳо ва муносибатҳои амиқи муайянкунандаи рушди объекти моддй фаҳмида мешавад. Ҳодиса ва моҳият воҳиди ягонаанд, аммо ягонагии моҳият ва ҳодиса маънои мувофиқунии онҳоро надорад. Охир моҳият одатан зери ҳодиса пинҳон аст.

Дар натиҷаи ошкор намудани моҳият имконияти асос- ноккунии моҳияти худи ҳодиса пайдо мешавад. Моҳият ва ҳодиса объективианд, яъне онҳо новобаста аз ирода ва та- факкури инсон вуҷуд доранд. Ягон моҳияте вуҷуд надорад, ки берун аз ҳодиса ҷой дошта бошад ва ягон ҳодисае ҷой надорад, ки дар худ дар бораи моҳият маълумот надошта бошад. Ҳодисаи дунёи моддй ҳамчун объекти кашфиёт пур- ратар ҳангоми муайянкунии сабаб ва шароит ошкор гар- дида, моҳият бошад ҳамчун қоида ҳангоми таҳқиқи назари- явии раванд ошкор мешавад. На ҳама ҳодиса (муқаррар намудани омили илмӣ) кашфиёт эътироф карда мешавад, Олим бояд исбот кунад, ки ҳодиса ба чи вобастааст, чиро ба вуҷуд меорад ва дар кадом шароит ифода меёбад. Ин ҳо- латҳо бояд дар фасли исботи кашфиёти пешниҳодшаванда ва формулаи он инъикос гарданд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …