ОДОБИ РУЗГОРДОРИИ ПИСАРОН
Фарҳанги рӯзгордории тоҷикон анъанаҳои хеле бой дорад. Аз қадимулайём дар оила ба тар- бияву ташаккули одоби рӯзгордории фарзандон, аз ҷумла, писарон диққати хосса дода мешуд. Ҳанӯз дар китоби «Авасто» хусу- сиятҳои махсуси одоби зист ва рӯзгордории ҷавонписарон акс ёфтааст. Ҳангоме, ки ҷавонон ба камол мерасиданд, ба ин муносибат маросими махсус баргузор мешуд. Дар он пирони кор ва мардони хирад ширкат меварзиданд ва ба
ҷавонписарон пироҳани муқаддас пӯшонида, ка- марбанд мебастанд. Баъд аз ин ҷавонон ҳуқуқҳои муайяни иҷтимоӣ, аз ҷум- ла, ташкили оиларо пайдо мекарданд, ба дӯши онҳо дигар вазифа ва масъули- ятҳои ҷамъиятӣ гузошта мешуданд. Ин тадбирҳои ҳаётӣ ва ҳакимона бо тақозои таҷрибаи иҷтимоӣ андешида ва истифода мешуданд. Зеро ҷавонписар дар оянда бояд ҳимоятгари Ватан, марди хирад- манд, сарвару сарпаноҳи оила шавад.
Таҷрибаи тамаддуни инсонӣ нишон медиҳад, ки мақоми ҳам зан ва ҳам мард дар оила бағоят бузург аст. Онҳо шоҳ- сутунҳои оила мебошанд. Муҳаммад Иқбол фармудааст:
Марду зан вобастаи якдигаранд,
Коиноти шавқро суратгаранд.
Модар, агар бахшандаи ҳаёт, нигаҳбони оташи хо- надон бошад, падар раззоқ, раҳнамову ҳимоятгари оила аст. Падар ҳамеша барои бақову пойдорӣ, равнақу ривоҷ, беҳбудиву ободӣ, таъмину баланд бардоштани сатҳи зинда- гӣ, сиҳатмандиву саодатмандии ҳар як аъзои хонадон ҷаҳ- ду ҷадал ва ҷонфидоӣ мекунад.Тибқи суннатҳои миллӣ ва ҳамчунин Конститутсияи Тоҷикистон ҳифзи манфиату ша- рафи кишвар, оила ва хидмат ба онҳо барои ҳар як мард, ҷавонписар қарзи фарзандӣ, вазифаи муқаддаму муқаддас маҳсуб меёбад.
Ватан-модар мафҳуми аз ҳама азизу муътабар аст. Кишвар, Ватан на танҳо макону замин, табиати зебо, кӯҳу дарёву чашмасорон, фарҳангу забон, таърихи гузаштаву имрӯза, ҳаммиллатон ва кулли халқиятҳои маскун, балки волидон, аҳли хонадон, наздикон ва хешу ақрабо мебошанд, ки ҳар як шаҳрванд, хосса мард, ҷавонписар, пеш аз ҳама, дар ғами ҳифзу хидмати онҳо бояд қарор дошта бошад.
Ҳар як ҷавонписар бояд аз падарон, мардони шуҷоат- манд, қаҳрамонҳои миллат дарси ҷавонмардӣ, хидмат ба Ватан ва оиларо омӯзад. Ин сабақомӯзӣ маҳз аз овони хурдӣ дар оила оғоз шуда, минбаъд ривоҷ меёбад.
Муаллифи «Қобуснома» Унсурулмаолии Кайковус дар ин асар роҷеъ ба он, ки падараш ӯро чӣ гуна тарбия карда, ҳунарҳои гуногунро таълим додааст, маълумоти хеле ибрат- омӯз меоварад. Муаллиф нақл мекунад, ки падараш ба ӯ аз хурдсолӣ хату савод, ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла, аспсаворӣ, санъати ҳарбу зарб, найзазанӣ ва шиновариро меомӯзад. Бо гузашти айём, ҳангоме ки вай ба ҳаҷ бо роҳи баҳр меравад, киштиашон ба гирдоб дучор меояд. Аз бисту панҷ нафар киштинишастагон танҳо се нафар, яъне Кайковусу ғуломаш ва як мӯйсафед ба шарофати донистани санъати шиноварӣ аз марг наҷот меёбанд. Аз ин рӯ, Кайковус дар насиҳатно- маи худ навиштааст, ки аз фазлу ҳунар фарзандро биёмӯзӣ, зеро ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд.
Писарон баробари аз падарашон омӯхтани ахлоқи ҳа- мида, адлу инсоф, далериву шуҷоат ва касбу ҳунарҳои гу- ногун, қоидаву таомули рӯзгордориро низ аз бар мекунанд. Одатан, ҷавонписар дар хона бештар корҳои ҷисмониро иҷро мекунад. Корҳои таъмиру сохтмони ҳавлӣ, боғдорӣ, нигоҳубини чорвои хона, овардани сӯзишворӣ, кашонидани об, бардоштани борҳои гуногун , берун кардани партов ва ғайраро писарон бар уҳда доранд.
Ҷавонписар ба андозае аз уҳдаи таъмири дучарха (вело- сипед), асбобҳои одии барқӣ, васлак, розетка, вилка, баъзе таҷҳизоти техникии хона, телевизор ва ғайра бояд барояд. Ҳамчунин, бояд истифодаи компютер ва дигар таҷҳизоти нави техникиро донад. Ҳар як ҷавонписар вазифадор аст, ки бо асбобҳои гуногун, аз ҷумла, белу каланд, арраву теша, анбӯру мурваттоб (отвёртка), васоити оташнишонӣ кор кар- да тавонад. Ғайр аз ин, вай бояд асбобу анҷомҳои мавсуфро эҳтиёт карда, онҳоро дар як ҷойи муайян нигоҳ дорад, то ки дар вақти зарурӣ онҳоро ба тезӣ ёфта, истифода барад.
Писар саҳар аз хоб хеста, ҳавои хонаро тоза мекунад. Гимнастика, варзиши сабук мекунад. Агар дар ҳавлӣ чор- во, парандагон ва ҳайвоноти хонагӣ бошанд, нигоҳубин мекунад. Сабзаву дарахтонро вобаста ба мавсими сол ме- парварад. Замини назди ҳавлиро шудгор мекунад. Баҳорон, хусусан дар тобистон, ки замини обчакорӣ, ниҳоли гулҳо, дарахтонро, ки обталаб мешаванд, саҳар ё бегоҳ обёрӣ ме- кунад.
Ба модар, агар нон пухтанӣ бошад, барои кашонидани ҳезум ва алав мондан дар танӯр кумак мекунад. Писар дар рӯбучини хонаву ҳавлӣ ва омода кардани наҳорӣ ба духтаро- ни хона мадад мерасонад. Баъди бозгашт аз мактаб дар хона барои пухтани хӯроки пешин ёрӣ медиҳад. Сипас, фурсате истироҳат карда, ба хондани китоб, иҷрои вазифаҳои хона- гӣ шуғл меварзад. Ҳатман, агар ягон асбоби барқӣ ё техникӣ вайрон шуда бошад, онро таъмир месозад ё дар мавсими кишти ин ё он тухмӣ иштирок мекунад. Азбаски вақт бисёр қимат аст, пайваста амал карда, фурсатро ҳаргиз беҳуда на- мегузаронад. Рӯз ва соатҳои муайян дар маҳфилҳои ин ё он намуди варзиш ва ҳунаромӯзӣ ширкат меварзад.
Писари хона бегоҳ ба чорво, парандагон, ҳайвоноти хонагӣ ғизо медиҳад. Барои омода кардани хӯроки шом ба волидон мадад мерасонад. Баъди хӯрок дар шустани косаву табақ ёрӣ медиҳад. Дар гирди дастархон баъди тановул на- тиҷаи рӯз, кору хонишро якҷоя муҳокима карда, супоришу вазифаҳои рӯзи ояндаашро муайян мекунад. Сарулибосро дарзмол, пойафзорро тоза карда, китобу дафтар, қалам ва кулли лавозимоти мактабро барои пагоҳ омода карда мемо- над. Баъди сайругашти, пеш аз хоб гирду атрофи хонаро аз назар мегузаронад, дари кӯчаро қулф мекунад. Оинаи нил- гун, гармкунаки барқӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти техни- киро аз манбаи барқ ҷудо менамояд.
Ҳар як ҷавонписар ғайр аз он вазифаҳое, ки бевосита бар уҳдаи вай ҳастанд, корҳои дигари хоҷагидориро дар хона бояд иҷро карда тавонад. Ҳамроҳи волидон ё худаш аз бозору мағоза маводди рӯзгорро харида оварад. Тибқи суннатҳои миллиамон ҷавонписар, ки барояш донистани чил ҳунар кам аст, одоби ҷомашӯйӣ, хӯрокпазӣ, хонарӯбӣ, обпошӣ, дарбеҳкунӣ, шартҳои хариду фурӯшро низ бояд до- над. Зеро ҳаёт мушкилӣ ва пастиву баландиҳо дорад. Ҳан- гоме ки падар дар сафари хидматӣ ё модар бемор ё дигар аъзои оила дар хона ҳузур надоранд ё ки ба тақозои зиндагӣ ба ягон шаҳру кишвари дигар сафар кардаанд, ғайр аз касбу пешаи асосиаш ҳунарҳои хӯрокпазӣ, ҷомашӯйӣ, дарзмолу дарбеҳкунӣ барои писар ба кор меоянд.
Ҳар як ҷавонписар баробари боадабу боақл, нотарсу далер, донандаи қоидаҳои рӯзгордорӣ будан, бояд пайваста ба варзиш шуғл варзида, танашро обутоб диҳад, санъати гӯштингирӣ, ҳарбу зарб ва навъҳои дигари варзишро донад, то ки ҳангоми зарурат худ, волидон, хоҳарону наздикон ва хурдсолонро ҳимоя карда тавонад.
Бояд донист, ки вазифа ва тақсимоти меҳнат дар оила хусусияти шартӣ дорад. Писарон ғайр аз риояи одоби рӯз- гордорие, ки бар уҳдаи онҳост, дар иҷрои вазифаҳое, ки духтарон анҷом медиҳанд, бояд ширкат варзанд. Дар Кон- ститусияи Тоҷикистон зикр шудааст: «Мардон ва занон ба- робарҳуқуқанд». Бинобар ин, чӣ писарон ва чӣ духтарон
набояд танҳо бо шарту вазифаҳои рӯзгордории писарона ё духтарона маҳдуд шуда, ба таассуб роҳ диҳанд. Онҳо во- баста ба шароит ва зарурати пешомада амал карда, бояд хидмати волидон ва аҳли хонадонро башоистагӣ ба ҷо оранд ва таҷрибаи хуби рӯзгордориро аз худ кунанд.
Дар ҳаёти оилавӣ фарзандон ба волидон дастёру ма- дадгор, дар рӯзгордорӣ ёрирасон буда, баробари ин чашми кору таомули кадхудоиву зиндагиро аз худ мекунанд. Онҳо барои дар оянда ташкил кардани манзил ва оиладорӣ, ба- рои иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, бурдани ҳаёти мустақилона тайёр мешаванд. Ҳар қадар маърифатнокӣ ба- ланд, хусусан, дониши илми рӯзгордорию тадбири манзил мукаммал ва таҷрибаи рӯзгордорӣ нағз аз худ шуда бошад, ҳамон андоза ҳар як писару духтар дар ташкилу идораи шо- иставу намунавии оила ва саодати оилавӣ метавонад муваф- фақ гардад.
Маводди иловагӣ
- Иқтибос аз «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров
Дар овони қадим «Ҷавонон ҳангоми ба камол расидан (овони 15 – солагӣ) маросими иртиқаро ба дин ва ҷамоа ме- гузаштанд. Дар маҷлиси гурӯҳи бизоатмандон ба онҳо ка- марбанд ва пироҳани муқаддас бахшида мешуд. Ба ин амал ҳамчун «таваллуди дувуми» инсон назар мекарданд. Танҳо пас аз ин ҷавон узви комилҳуқуқи ҷамоа мешуд, … уҳдадо- риҳо гирифта ва ақди никоҳ баста метавонист».
- Аз «Девон»-и Лоиқ Шералӣ
Қарзи фарзандӣ
Мард он, ки ба корзори ҳастӣ, Беханҷару бесипар барояд. Беханҷару бесипар, валекин, Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд. Баҳри каму беши миллати худ, Бо бешу ками ҷаҳон ситезад. Он ҷо, ки бирехт хуни нофаш, Бояст, ки хуни дил бирезад.