Дар натиҷаи таҷрибаҳо Г.Мендел ба хулоса омад, ки омилҳои ирсӣ, яъне генҳо дар гаметаҳо (ҳуҷайраҳои ҷинсӣ) омехта нашуда, дар ҳолати тоза (бетағйир) мемонанд. Дар наслҳои якуми гибридӣ (Ғ1) ки аз дурагакунии волидон аломатҳои фарқкунанда пайдо шудаанд, ҳар ду омил, яъне доминантӣ ва ретсессивӣ ҷой дорад. Дар шакли аломат омили доминантӣ зоҳир шуда, омили ретсес- сивӣ пароканда шудааст. Дар вақти афзоиши ҷинсӣ робита дар байни наслҳо ба воситаи ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва зигота (тухми бор- дор) мегузарад. Аз тақсимшавии мейоз маълум аст, ки дар гаме- таҳо аз ҷуфти омилҳо танҳо як омил (ген) ҷой дорад. Дар вақти бордорӣ, яъне омезиши ду ҳуҷайраи ҷинсӣ (нарина ва модина), ки дар таркибашон омилҳои ирсии ретсессивӣ доранд, фардҳои аломатҳояшон ретсессивиро пайдо мекунанд. Дар аснои омезиши (якҷояшавии) гаметаҳои дорои аломати доминантӣ ё аз ду гамета яктоаш дорои гени доминантӣ ва дигараш гени ретсессивӣ, орга- низмҳои аломаташон доминантӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамин тавр, зоҳиршавии аломати ретсессивии яке аз волидон (Р) дар насли дувум (Ғ2) дар мавриди риоя кардани шартҳои зерин амалӣ ме- гардад:
- Дар мавриде, ки аломатҳои ирсии гибрид бетағйир нигоҳ дошта шаванд.
- Модоме ки ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (гаметаҳо) дорои яке аз ҷуф- ти аллели генҳо бошанд.
Таҷзияи аломатҳоро дар наслҳои дурагашудаи фардҳои ге- терозиготӣ Мендел чунин шарҳ медиҳад: гаметаҳо аз ҷиҳати ге- нетикӣ тоза поканд, яъне дар гаметаҳо аз ҷуфти аллелии генҳо танҳо як ген ҷой дорад. Аз ин ҷо қонуни тозагии гаметаҳоро чу- нин шарҳ додан мумкин аст: дар рафти пайдоиши ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (гаметаҳо) ҳар яки он фақат дорои яке аз генҳои ҷуфти ал- лелӣ мебошад.
Сабаб дар он аст, ки дар ҳар ҳуҷайраи организм миқдори му- айяни хромосомаҳои якхелаи диплоидӣ ҷой доранд. Ин хромо- сомаҳои якхеларо хромосомаҳои гомологӣ меноманд ва дар ду
хромосомаи гомологй ду аллели якхела (ген) ҷойгир шудаанд. Пайдоиши гаметаҳои тозаи генетикиро бо чунин схема нишон додан мумкин аст:
Баъди омезиши гаметаи модина ва нарина, дурагаи насли якум (Ғ1) бо микдори хромосомаҳои диплоидӣ пайдо мешавад:
Аз нақша бармеояд, ки зигота нисфи хромосомаҳоро аз мо- дар ва нисфи дигарро аз падар мегирад. Дар рафти пайдоиши гаметаҳо дар дурагаҳо хромосомаҳои гомологӣ дар даври якуми тақсимшавии мейозӣ дар ҳуҷайраҳои гуногун ҷойгир мешаванд:
Ҳамин тариқ, аз ин ҷуфти аллелӣ ду навъ гамета пайдо меша- вад. Дар ҷараёни бордорӣ гаметаҳои якхела ё гуногун тасодуфан ба ҳам омехта мешаванд. Мувофиқи назарияи эҳтимолияти мате- матикӣ, агар миқдори фардҳо нисбатан зиёд бошанд, дар наслҳо 25%-генотипҳо гомозиготии доминантӣ, 50%-гетерозиготӣ, 25%- гомозиготии ретсессивӣ пайдо мешаванд. Яъне 1АА: 2Аа:1аа. Дар наслҳои дуюми дурагаҳои моногибридӣ бошад, таносуби тақси- моти шаклҳои фенотипӣ чунин аст: 3/4 ҳиссаи фардҳо бо аломати доминантӣ ва 1/4 ҳиссаи онҳо бо аломати ретсессивӣ (3:1).
Дар нақша асоси ситологии таҷзияи моногибридии аломатҳо дар наслҳои дурага нишон дода шудааст. Асоси онро тақсимша- вии хромосомаҳои гомологӣ дар рафти мейоз муайян карда, га- метаҳои гаплоидӣ пайдо мешаванд, баъди бордоршавӣ боз хро- мосомаҳои гомологии диплоидӣ ба вуҷуд меоянд.
Тестҳо
- Қонуни дуюми Мендел чӣ ном дорад?
а) якхелагии наслҳо; б) таҷзия; в) тозагии гаметаҳо.
- Таҷзияи фенотипии моногибридӣ чанд бар чанд аст?
а) 2:1; б) 3:1; в) 2:2.
- Таҷзияи генотипии моногибридӣ чанд бар чанд аст?
а) 3:1; б) 1:2:1; в) 1:1.
- Дар кадом ҳолат таҷзияи генотипӣ ва фенотипӣ бо ҳам мувофиқ меоянд?
а) аз дурагакунии таҳлилӣ; б) аз доминанти нопурра; в) аз доминанти пурра.
- Моҳияти қонуни тозагии гаметаҳо дар чист?
а) аллелҳои генҳои ретсессивӣ дар насли якум (Аа) нест намешавад ва дар насли дуюм зоҳир мешавад.
б) аллелҳои ретсессивӣ ба доминантӣ табдил намеёбанд; в) аллели ретсессивӣ ба мутатсия дучор меояд.
- Дар наслҳои Ғ2 гетерозиготҳо (Аа) чанд фоизро ташкил намекунанд? а) 25 %; б) 50 %; в) 75 %.
- Асоси ситологии таҷзияи моногибридиро чӣ ташкил мекунад?
а) тақсимшавии хромосомаҳои гомологӣ; б) тақсимшавии хромоти- дҳо; в) тақсимшавии сентромераҳо.