Оксиди сулфур (IV) 8О2 ва ё гази сулфит ҳангоми сӯзиши сул- фур ё маъданҳои сулфурдор (сулфидҳо) ҳосил карда мешавад:
1) 8 + О2 = 8О2; 2) 4Ғе82 + 11О2 = 2Ғе2О3 + 88О2
3) 2Си8 + 3О2 = 2СиО + 28О2
Сӯзонидани пирит яке аз усулҳои саноатии истеҳсоли 8О2 ба ҳисоб меравад.
Дар шароити лабораторӣ 8О2 аз таркиби намакҳои кислотаи сулфит бо таъсири кислотаи қавӣ ҳосил карда мешавад:
\а.8О; + Н28О4 = \’а,8О4 + Н2О + 8О2$
2 N0118(0 + Н28О4 = N0.8(0 + 2Н2О + 28О2$
Инчунин дар натиҷаи ба кислотаи консентронидаи сулфат таъ- сир намудани резаҳои мис 8О2 ҳосил мешавад:
Си + 2Н28О4 конс. ; ® Си8О4 + 2Н2О + 8О2$ Молекулаи 8О2 сохти кунҷӣ дошта, дар қуллааш атоми сулфур ҷойгир аст (расми 19 ).
Дар шароити муқаррарӣ оксиди сулфур (IV) гази беранг буда, бӯйи махсуси тез до- рад. Маҳлули обии он муҳити кислотагӣ дорад, зеро 8О2 ба об таъсир намуда, кисло- таи сулфит Н28О3 – ро ҳосил ҳосил мекунад. Ин реаксия баргарданда мебошад:
8О2 +Н2О ® Н28О3
Дараҷаи оксидшавии сулфур дар 8О2 ба +4 баробар аст. Ин имконият медиҳад, ки дар реаксияҳо вай ҳам хосияти оксидкунандаги ва ҳам барқароркунандагӣ зоҳир кунад.
Мисол, галогенҳо то гидрогалогенидҳо барқарор шуда, сул- фур аз 8+4 ба 8+6 оксид мешавад:
8+4О2 + Вг02 +2Н2О = Н28+6О4 + 2НВг-1
Ҳангоми ба барқароркунандаҳои қавӣ таъсир намудан 8О2 ҳамчун оксидкунанда амал мекунад:
8О2 + 2Н28 = 38 + 2Н2О
Инчунин барои 8О2 реаксияи худоксидшавӣ ва худбарқарор- шавӣ (диспропорсионӣ) хос мебошад:
48О2 +8КОН = 3К28О4 + К28 + 4Н2О
8О2 оксиди кислотагӣ буда, дар об хуб ҳал мешавад (дар як ҳаҷм Н2О 40 ҳаҷм 8О2 ҳал мешавад). Ҳосилшавии кислотаи сул- фит раванди баргарданда мебошад.
8О2 +Н2О — Н28О3
Дар маҳлули обӣ кислотаи сулфит чунин диссотсиатсия меша- вад:
Н28О3 –
Н8Оз– – |
» Н+ + Н8О3– (зинаи I)
> Н+ + 8О32– (зинаи II) |
Муодилаи пурраи диссотсиатсияи кислотаи сулфит чунин аст: Н28О3 — 2Н+ + 8О32–
Маҳлули обии Н28О3 бо мурури вақт аз таъсири оксигени ҳаво ба кислотаи сулфат табдил меёбад:
2Н28О3 + О2 = 2Н28О4
Кислотаи сулфит ҳамчун кислотаи дуасоса ду навъи намакҳоро ҳосил мекунад: намакҳои миёна – сулфитҳо, мисол \а;8О3 ва намакҳои турш – гидросулфитҳо, мисол \аИ8О3. Дар саноати бофандагӣ барои беранг кардани матоъҳо ва корҳои суратгирӣ (фотографӣ) сулфити натрий ва сулфити калий истифода бурда мешавад. Маҳлули намаки Са(Н8О3)2 дар саноати коркарди чӯб ва истеҳсоли коғаз истифода мегардад.
Масъалаи 1. 80 г сулфурро сӯзониданд ва гази ҳосилшударо дар 800 мл об ҳал карданд. Ҳиссаи массаи моддаи ҳалшударо дар маҳлули ҳосилшуда (бо ҳисоби фоиз) муайян кунед?
Ҳал:
80г Хг
8 + О2 = 8О2
32г 64г
160г Х2Х1
8О^ + Н^О « Н^8Оз
64г 18г 82г
160г Ххг 160 • 82
——- = ——; Х =———- = 205гН2803 массаи ҳалшаванда
64г 82г 64 23
160г Х2г 160-18 ,
——- = ——; Х =———- = 45гН2О бареаксиясарфмешавад
64г 82г 64 2
тмахлул = (800 г – 45г) + 205г = 960 г
ш% = тхалшуда • 100% ш% = 205 • 100% = 21,4%.
тмахлул 960
Ҷавоб: 21,4% Н28О3
Масъалаи 2. Агар 60 литр 8О2 (д.ш.м.) бо КОН пурра ба реак- сия равад чанд грамм намаки миёна ҳосил мешавад?
Ҳал:
60л Хг
2КОН + 8О2 = К28О3 + Н2О;
22,4л 158г
Х = 60 458 = 423,2гК28О
- 2
£$_________________________________________________________
- Хосиятҳои оксиди сулфур (IV). 2.Кислотаи сулфит. Сулфитҳо.
?ш_________________________________________________
- Чаро оксиди сулфур (IV) ҳам хосияти оксидкунандагӣ ва ҳам хо- сияти барқароркунандагӣ зоҳир мекунад? Мисол оред.
- Оксиди сулфур (1У)-ро ба сифати кадом ашёи хом истифода меба- ранд?
- Соҳаи истифодабарии сулфитҳоро номбар намоед.
- Барои ҳосил шудани намаки турш маҳлуле, ки 48 г КОН дорад,
чанд литр Н28-ро фурӯ мебарад? (Ҷавоб: 19,2 л Н28)
- Аз таркиби 268 г маҳлули 12%-и Н28 ба таври изофа гази 8О2 гуза- рониданд. Чанд грамм сулфур таҳшин мешавад? (Ҷавоб: 45,4 г 8)
- 8 г сулфурро сӯзониданд ва дар 192 г об ҳал намуданд. Ҳиссаи
массаи моддаи ҳалшударо дар маҳлул (бо ҳисоби фоиз) муайян кунед. (Ҷавоб: 9,9 %)