Чуноне дар боло зикр намудем, сабаби ҳаракати одамон байни бозори меҳнати соҳаҳои гуногун ва дар он ҷо тағйир ёфтани сатҳи музди меҳнат вазъи таъмини молҳо дар бозор мебошад, ки ин ё он корхона истеҳсол мекунад. Таносуби талабот ва таклифот дар бозори меҳнат, ки музди меҳнатро муайян менамояд, маҳз аз ҳамин вобастагӣ дорад.
Бинобар ин фарқият дар пардохт ва шароитҳои меҳнат байни ширкатҳои муваффақ ва ширкатҳое, ки давраҳои душворро аз сар мегузаронанд, унсури ҳатмии бозори меҳнат мебошад.
Вале агар музди меҳнат танҳо бо чунин тағйироти кӯтоҳмуддат дар вазъияти бозорӣ чен карда шавад, пас, дар ниҳояти кор дар ҳамаи соҳаҳо ва касбҳо дараҷаи он ба сабаби ҳаракати кадрҳо аз як корхона ба корхонаи дигар аз пайи пардохти нисбатан баландтари меҳнат тахминан якранг хоҳад шуд.
Фарқият дар пардохти музди меҳнат ба панҷ омили асосӣ вобастагӣ
дорад:
Мураккабии меҳнат. Вазифаҳои меҳнатӣ ҳар қадар мураккаб бошанд, онҳоро ҳамон қадар бештар омӯхтан лозим аст. Барои он ки одамон ба ин розӣ шаванд, кӯшишҳои иловагиашонро бо музди меҳнати нисбатан баландтар ҷуброн кардан зарур мебошад. Дар аксари мамла
катҳои мутараққии ҷаҳон одамони соҳиби таҳсилоти олӣ, чун қоида, назар ба онҳое, ки корашон чунин таҳсилотро тақозо намекунад, музди меҳнати баландтар мегиранд ва ин қонунист, зеро одамони соҳиби таҳсилот ба бозор бо донишҳои мукаммал ва малакаҳои зиёд меоянд. Ин имконият медиҳад, ки онҳо барои кироягирандагон намудҳои нисба
тан пурарзиши корро иҷро намояд. Онҳо барои ҳаҷми калони сармояи инсонӣ, ки ба ихтиёри кироягирандагон вомегузоранд, пардохти бешта
ре талаб мекунанд;
Вазнинии меҳнат. Баъзе коргарон назар ба муҳандисон музди меҳнати бештар мегиранд. Ин вобаста ба он аст, ки музди меҳнат бояд ба онҳо на танҳо ба кӯшишҳои омӯзиши ихтисос дода шавад, инчунин вазнинии зиёди корро дар баъзе намудҳои истеҳсолот ҷуброн намояд.
Маҳз ба ҳамин сабаб музди меҳнати коргарони саноати металлургӣ ва
химиявӣ, инчунин ангиштканон, одатан хеле баланд аст;
Маҳдудияти истеъдодҳо. Дар тамоми ҷаҳон маоши варзишгарони варзида, мусиқичиёни рок, сарояндагони номии опера, ситораҳои кино хеле баланд аст. Ҳар кадоме аз чунин одамон бо сабаби истеъдоди фавқулодаи табиӣ доштан дар бозори меҳнат чун «моли нодир» арзиш
доранд. «Харидорон»-и чунин молҳо бошанд, хеле зиёданд. Ба таври ди
гар гӯем, бо вуҷуди зиёд будани талабот, пешниҳоди чунин «молҳо» басо маҳдуд аст. Бо ин сабаб нархи чунин истеъдод, яъне пардохти меҳнати ӯ ҳам то хеле баланд аст;
Дараҷаи хавфнокӣ, ки иҷрои ин ё он кор ба он вобаста аст. Хавфи кори барои ҷамъият зарурӣ ҳар қадар баланд бошад, одамони барои иҷрои он розишуда ҳамон қадар музди меҳнати баландтарро барои он талаб мекунанд. Инро аз ҷумла дар пардохти меҳнати кормандони ихтисосҳое, мисли ангишткан, ҳавонавард (лётчик) – озмоишгар, кайҳоннавард, соҳибкорон ва мутахассисон оид ба амалиёти биржавӣ (масалан, бо коғазҳои қиматнок) мушоҳида кардан мумкин аст: ин ҷо яке бо саломатӣ ва ҳаёти худ таваккал мекунад, дигаре бо маблағҳои ҳангуфти пулӣ, ки ба миён гузошта шудааст;
Сиёсати иҷтимоии давлат. Агар механизмҳои иқтисодии мамлакат муътадил кор кунанд, бозори меҳнат бо фарқиятҳои зиёд дар сатҳи пардохти музди меҳнат барои одамони касбҳои оммавӣ роҳ намедиҳад.