Қо- нунгузории ҳифзи ишораҳои ҷуғрофӣ дар давлатҳои дигар дар асоси консепсияҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Агар истифодаи бардурӯғи ишораҳои ҷуғрофиро ҳамчун гумроҳ- кунандаи истеъмолкунандагон баррасӣ намоем, онро қонун- гузории ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳифз мекунад. Ҳамчун рақобати носолим баррасӣ намоем, пас он таҳти танзими қонунгузорӣ оид ба рақобат мегардад. Масалан, дар Маҷористон қонунгузории пешгирии рақобати носолим масъалаи мазкурро танзим кардааст. Дар баъзе давлатҳо но- ми маҳалли истеҳсоли мол дар доираи қонунгузории махсус (ё худ дар доираи КГ) ҳифз мегардад, вале дигар ишораҳои ҷуғрофӣ зери амали қонунгузории рақобат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон меафтад. Масалан, Русия. Давлатҳое ҳастанд, ки дар доираи қонунгузории тамғахои молӣ, ихти- роот ва ғайра ҳифзи ҳуқуқии номи маҳалли истеҳсоли молро ба роҳ мондаанд. Масалан, дар Булғория номи маҳалли ис- теҳсоли мол аз ҷумла мавзӯи танзими Қонун «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва намунаҳои саноатӣ» мебошад.
Хусусияти қонунгузории ҶТ дар он аст, ки ҳифзи ишо- раҳои ҷуғрофиро дар асоси қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи ис- теъмолкунандагон, қонунгузории рақобат ва ҳам қонунгузо- рии махсус ба роҳ мондааст. Санади марказие, ки имрӯз му- носибатҳоро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодаи ишора- ҳои ҷуғрофиро танзим мекунад, ин Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» мебошад. Қонуни мазкур аз 5 марти с. 2007 қабул шуда, аз 6 боб ва 24 модда иборат аст. Инчунин дар Тоҷикистон як қатор санадҳои зерқонунӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин соҳа амал мекунанд, ки ҶТ онҳоро эътироф кардааст ва онҳо қисми муҳими низоми ҳуқуқи миллӣ маҳсуб мешаванд. Масалан, дар фазои ИДМ Созишнома дар хусуси тадбирҳои огоҳкунӣ ва пешгирии ис- тифодаи тамғаҳои молӣ ва ишораҳои ҷуғрофии бардурӯғ (Созишнома дар хусуси тадбирҳои огоҳкунӣ ва пешгирии истифодаи тамғаҳои қалбакии мол ва аломатҳои ҷуғрофӣ) аз 4 июни с. 1999, дар Минск имзо шуда, бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 феврали с. 2000, № 38 тасдиқ гардидааст, мавҷуд аст.
Вобаста ба аломати таҳлилшаванда (яъне қаламраве, ки шароити ҷуғрофии он боиси пайдоиши номи маҳалли истеҳ- соли мол гардидааст) номи маҳалли истеҳсоли молро ба миллӣ ва байналмилалӣ ҷудо мекунанд.
Бояд шароити вуҷуддоштаи барои ин объекти ҷуғрофӣ хос ва ё омилҳои дигар ба хусусияти мол таъсир расонанд. Қонун дараҷаи ин таъсирро мутлақ ва ё бартаридошта пешбинӣ мекунад. Чунин омилҳо бояд хусусияти устувор ва муайян дошта бошанд. Вобаста ба ин аломат номи маҳалли истеҳсоли мол ба табиӣ, классикӣ ва таҳти таъсири танҳо, ба омилҳои этнографӣ ҷудо мешаванд. Танҳо баъд аз бақайдгирии номи кишвар, маҳалли аҳолинишин, маҳал ва ё дигар объекти ҷуғрофиро ҳамчун номи маҳалли истеҳсоли мол эътироф кардан мумкин аст.
Қонун пештар «маъруфияти» номи маҳалли истеҳсоли молро низ пешбинӣ мекард. Ин аломат бевосита аз мазмуни Созишномаи Лиссабон бармеояд. Хосияти молҳое, ки бо номи маҳалли истеҳсоли мол тафовут гузошта мешаванд, таҳти таъсири омилҳои табиӣ ва инсонӣ ташаккул ёфтаанд. Онҳо дар раванди тӯлонии таърихӣ ташаккул ёфта, нисбатан устуворанд. Аз ин рӯ, хусусиятҳое, ки дар дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ ҷой дорад, нисбат ба номи маҳалли ис- теҳсоли мол татбиқнашаванда мебошанд. Масалан, ало- матҳои нав будан, аввалият, муҳлатнокӣ ба ишораҳои ҷуғрофӣ хос нест. Дар натиҷа нисбат ба ишораҳои ҷуғрофӣ ҳуқуқи истисноие, ки нисбат ба дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ ҷой дошта метавонанд, пайдо намешавад. Нисбат ба он якчанд шахс ҳуқуқ пайдо карда метавонанд, соҳибҳуқуқ наметавонад истифодаи онро аз ҷониби дигарон манъ созад. Ҳуқуқи истисноӣ нисбат ба ишораҳои ҷуғрофӣ танҳо дар истифодаи он ифода ёфта ва онро бегона кардан мумкин нест.
Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», номи маҳалли истеҳсоли мол метавонад ба номи як ё якчанд шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шавад. Шахсе, ки но- ми маҳалли истеҳсоли молро қайд кардааст, ҳуқуқи истифо- да бурдани онро соҳиб мешавад, ба шарте моли истеҳсолша- ванда ба талаботи муқаррарнамудаи қонуни мазкур ҷавоб- гӯй бошад. Ҳуқуқи истифода бурдани худи ҳамон номи маҳалли истеҳсоли молро ба ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди худи ҳамон объекти ҷуғрофӣ моли до- рои айнан ҳамон хосиятҳои асосиро истеҳсол менамояд, до- дан мумкин аст. Бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол бемӯҳлат эътибор дорад (м. 6). Дорандаи шаҳодатнома дар паҳлӯи номи маҳалли истеҳсоли мол аломати огоҳкунандаро дар шакли ҳарфи лотинии “К” (ё К дар дохили давра ®) ва ё аломати вожавиеро, ки ба номи дар ҶТ бақайдгирифта.Дар тафовут аз он ҳифзи ҳуқуқии нишондоди истеҳсоли мол дар асоси истифодабарии он амалй карда мешавад. Ҳи- фзи ҳуқуқии нишондоди истеҳсоли мол аз роҳ надодан ба истифодабарии ишораҳои қалбакии истеҳсоли мол, инчунин ишораҳое, ки истеъмолкунандаро оид ба ҷои воқеии баро- мади мол ба иштибоҳ меандозанд, иборат аст. Нишондоди истеҳсоли мол ба қайди давлатӣ гирифта намешавад (м. 7).