Главная / Илм / Қонунияти дунёи моддй

Қонунияти дунёи моддй

Қонунияти дунёи моддй ҳамчун объекти кашфиёт ин ало- қаи устувори байни ҳодисаҳо ва хусусиятҳои мавҷудаи дунёи моддӣ мебошад, ки пештар маълум набуд. Ошкор намудани қонуният маънои фаҳмидани ин алоқа ва ифода намудани он дар шакли математикӣ ва функсионалӣ мебо- шад. Ин алоқамандӣ пуратар бо хусусиятҳои зерин ифода меёбад. Аввалан, он алоқаи мавҷудаи дохилии ҳодисаҳо ва хусусиятҳо шароитҳои байниҳамдигарии онҳо аст ва он набояд дорои хусусияти фавқулодавӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, барои ошкор намудани алоқаи қонуният на танҳо баёни алоқаи ин ё он ҳодисаи хусусият, балки хислати сабабу оқи- бат бояд муқарар карда шавад. Баъдан ин алоқа бояд дорои хислати устуворӣ дошта бошад. Он ифодакунандаи он муно- сибате аст, ки тағйири як ҳодиса ва ё хусусият боиси тағйири дигарон мегардад. Тобеияти байни ҳодисаҳо ва хусусиятҳо ҳамчун тобеияти математикӣ ё функсионалӣ мебо- шад.Солисан, алоқа бояд универсалӣ бошад ва талаботи муттаҳидкунӣ ва имконияти паҳнамоии онро ба дигар объ- ектҳои монанд қонеъ карда тавонад. Муқаррар намудани қонунияти дунёи моддӣ, кашфиёти илмии муҳим аст.

Кашфиёт бояд нав ва ба таври объективӣ вуҷуд дошта бошад. Дар зери мафҳуми нав будан навоварии мутлақи сат- ҳи байналмилалии муқарароти илмӣ дар назар дошта меша- вад. Навоварии кашфиёт бо санаи ба қайдгирӣ муқаррар карда мешавад. Аммо дар амалия барои кашфиёт муҳлатҳои дигар низ ба назар грифта мешавад, ба монанди пешниҳоди мақола ба нашриёт, чопи мақола, суханронӣ дар семинарҳо, ҳимояи рисолаи илмӣ ва ғайра.

Маҳаки муҳими объекти ҳифзи ҳуқуқӣ будани кашфиёт он аст, ки ин таҳқиқоти илмӣ тағйироти амиқи сатҳи тафак- курро мувофиқ месозад, яъне кашфиёт муқаррароти дорои хизмати фундаменталй аст, ки ҳисаи муҳим барои дарки ил- мии дунёро дорад. Аз рӯи табиати худ ин нишона маҳаки баҳодиҳӣ аст, ки хислати омили объективӣ ва субъективӣ дорад.

Фундаменталӣ будани кашфиёт дар он ифода меёбад, ки он асос барои самтҳои нав дар рушди илм ва техника ва ҳал- ли техникии нав мегардад. Ба воситаи он тағйири наза- рияҳои машҳури пештар ҷойдошта сурат мегирад. Ҳамин тариқ, тағйироти амиқ дар сатҳи тафаккур дорои нишонаи хислати баҳодиҳии кашфиёт буда ва барои дастгирии сатҳи баланди назарияи илмӣ аҳамият дорад.

Ақидаи илмӣ, ки ба сифати кашфиёт ба қайд гирифта мешавад, бояд ба воқеъият мутобиқ бошад, мавҷудияти қо- нуният, хусусият ва ё ҳодисаи дунёи моддӣ бояд на танҳо аз ҷониби муаллиф баён гардад, балки аз ҷониби ӯ, аз нигоҳи назариявӣ ё эксперементалӣ исбот карда шавад. Бе ин амал кашфиёт вуҷуд надорад. Танҳо назария, пешниҳод барои ис- боти алоқаи ҳодисаҳои дунёи моддӣ мавҷуд аст. Далели ду- рустии мавҷудияти хусусиятҳои ҳастӣ ва ҳодиса мебошад. Мавҷудияти ҳодисаи нав бо таъсироти ҳастӣ ба инсон, та- вассути таҷҳизот ва ё намоиш иртибот пайдо мекунад. Чу- нин натиҷаҳои илмӣ ба ҳайси кашфиёт эътироф карда наме- шаванд: омилҳои алоҳида, тобеиятҳои доимӣ, қонуниятҳо, хусусиятҳо ва ҳодисаҳо, ки ба сатҳи тафаккур тағироти ду- руст ворид намесозанд; фарзияҳо, аз ҷумла тасавуротҳои тах- минӣ дар бораи сохтори материя, дар бораи ба вуҷудоии сито- раҳо, сарватҳои фоиданок дар бораи мавҷудияти минтакаҳои қуввадиҳада ва ғайра; ҳалли вазифаҳои математики мукарар- намоии абстрактикӣ ва исботи назарияҳои матиматикии гу- ногун ва ғайра; натиҷаҳои амиккунандаи назарияҳои ҷойдо- шта; ошкор намудани каметаҳо, ситораҳо ва дигар ҷисмҳои осмонӣ; андешаҳои асосноки илмӣ ва эксперементалии ис- ботшуда дар дунё мухолиф; натиҷаҳои корҳои илмӣ- таҳкикотӣ ва конструкторие, ки барои ба вуҷуд овардани ра- вандҳои нави техналогӣ, канструксияҳои мошинҳо ва таҷҳизотҳо, материалҳои нав, воситаҳои доруворӣ, хусусияти онҳо, тарзҳои табобати беморон, таркиби микроорганизмҳо ва дигар пешниҳодҳое, ки ба онҳо дохил мешанд; ошкорнамоӣ ва пешбурди намуди растанихои нави ҳайвонот ва микроор- ганизмхо; ошкорнамоии сохторҳои нави ташаккулёбии ҳаёт, аз ҷумла дар соҳаи биология, тиб ва ғайра.

Ҳамин тариқ, кашфиёт дастоварди нав аст, ки дар нати- ҷаи дарки илмии табиат, ҷамъият, муқаррарнамой, қонуни- ят, хусусият ва ҳодисаҳои дунёи моддй пештар маълумнабу- да мебошад. Кашфиётҳои илмӣ раванди инкишофи илму тех- никаро тезонида, омили тасдиқкунанда ва ё радкунандаи назарияро дорад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …