Главная / Ҷуғрофия / ОСИЁ. ТАВСИФИ УМУМӢ

ОСИЁ. ТАВСИФИ УМУМӢ

Осиё кадом хусусиятҳои хоси табиӣ дорад? Кадом миллату халқиятҳо дар қаламрави Осиё маскун шудаанд? Хоҷагии он чӣ гуна инкишоф меёбад? Кадом омилҳо шаҳодат медиҳанд, ки нақши минтақа дар иқтисодиёти ҷаҳон афзуда истодааст? Осиёро ба кадом зерминтақаҳои бузург ҷудо мекунанд?

Гуногунии шароит ва сарватҳои табиӣ: минтақаи муъҷизаҳо. Осиё дар материки Авруосиё ҳудуди васеъро ишғол кардааст, ки қариб 43,4 млн км2 масоҳат дошта, қариб 30%-и сатҳи хушкии Заминро дар бар мегирад. Ин минтақа тақрибан 49 давлат дорад, ки аз ҷиҳати масоҳат ва шумораи аҳолӣ гуногунанд. Қитъаи Осиё дар ду нимкура: Шимолӣ ва Ҷанубӣ воқеъ шудааст, ки боиси гуногунии шароити табиияш мебошад. Осиё минтақаи баландкӯҳи ҷаҳон аст: дар ин ҷо баландтарин системаи қаторкӯҳҳо ва баландтарин қуллаҳои кураи Замин воқеъ шудаанд.

Ноҳияҳое, ки аз норасоии об дар ин қитъа танқисӣ мекашанд, масоҳати васеъро ишғол мекунанд. Аммо дар баробари ин, аҳолии баъзе минтақаҳои қитъаи Осиё баръакс аз рутубати зиёд мушкил доранд. Вобаста ба ин олами набототи қитъа гуногун аст. Он аз минтақаи беша, дашт ва биёбонҳои минтақаи муътадил то бешазори намноки ҷазираҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ тӯл кашидааст.

Осиё минтақаи дорои захираҳои зиёди сарватҳои табиӣ мебошад. Хусусан захираи беандозаи сарватҳои обӣ, гидроэнергетикӣ, агроиқлимӣ, ашёи хоми минералӣ – аз ҷумла нафт ва газ, маъданҳои гуногун: оҳан, филиз (метал)-ҳои ранга, қалъагӣ, волфрам ва ғайра зиёд аст.

Осиё ҳудуди хеле васеъро дар бар гирифта аз захираҳои гуногуни табиӣ бой аст.

Аҳолӣ. Аҳолии танҳо Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Ҷопон ва Бангладеш аз нисфи аҳолии кураи Замин зиёдтар мебошад. Осиёи Шарқӣ, Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ минтақаҳои сераҳолитарин мебошанд. Ноҳияҳои сераҳолии ин қитъа водии канори дарёҳо ва соҳили баҳрҳо аст. Дар пастиҳои назди дарёҳои Ганг, Янсзи, Хуанхэ, соҳилҳои нимҷазираи Ҳиндустон, ҳамвориҳои ҷазираҳои калони Индонезия ва Ҷопон зичии аҳолӣ баъзан дар 1 км2 ба 1000 нафар ё аз ин зиёдтар мерасад.

Осиё ватани динҳои ҷаҳонӣбуддоӣ, насронӣ ва ислом мебошад.

Қариб 1\3 ҳиссаи аҳолии Осиё бо оилаи забонҳои чинию тибетӣ (ё ин ки синотибетӣ) ҳарф мезананд, ки ба онҳо чиниҳо (хон), дунганҳо, тибетиҳо, бирмагиҳо ва ғайра дохил мешаванд. Сокинони Ҳиндустон бо забонҳои гурӯҳи ҳиндӣ, ки ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешаванд (ҳиндӣ, банғолӣ, панҷобӣ, мартахӣ ва ғайра) ва забонҳои оилаи дравидӣ (тамилҳо, канариҳо, гондҳо ва ғайра) гуфтугӯ мекунанд. Дар Осиё намояндагони оилаи забонҳои олтойӣ (муғулҳо, халқҳои туркзабон, манҷуриҳо ва ғайра) ҳавзаи ниҳоят васеъ ва пароканда доранд. Ғайр аз ин, индонезиягиҳо (забони онҳо ба оилаи забонҳои малаю полинезиягӣ дохил мешаванд), арабҳо, (оилаи забонҳои семиту хамит) низ халқҳои сершумори сарзамини Осиё мебошанд.

Дар зерминтақаи Осиёи Марказӣ намояндагони гурӯҳи забонҳои эронӣ (форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ, курдӣ, пашту, забонҳои бадахшонӣ ва дигарҳо) мавҷуданд.

Осиё минтақаи кишоварзӣ аст. Тақрибан 60% аҳолӣ дар деҳот маскун шудаанд. Бузургтарин шаҳр ва мегаполисҳои минтақа ба кишварҳои Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон рост меоянд.

Дар ин қитъаи дунё марказ ва ҷойгоҳҳои муқаддас воқеъ шудаанд. Шаҳри Иерусалим (онро Байтулмуқаддас ва Уршалим низ мегӯянд) рамз ва маркази се дини муқтадири ҷаҳонӣ – яҳудия, насрония ва ислом дар ин қитъа воқеъ аст. Динҳои миллӣ: буддоия, ҳиндуия, зардуштӣ, ҷайния, сикхия, даосизм, конфутсия, синтоизм низ дар ҳамин минтақа ба вуҷуд омадаанд. Сернуфустарин халқи Осиё – чиниҳо пайрави таълимоти конфутсия буда, қисме аз онҳо даосизм ва буддоияро парастиш мекунанд. Сокинони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ (пеш аз ҳама арабҳо) пайрави дини ислом мебошанд.

Осиё қитъаи сераҳолӣ ва сермиллати дунё буда, маркази пайдоиши ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Нақши минтақа дар сохтори хоҷагии ҷаҳонӣ. Осиё ҳамчун «минтақаи кишоварзӣ»-и ҷаҳон оҳиста-оҳиста дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ пешсаф мешавад. Дар ин минтақа давлатҳое ҷойгир шудаанд, ки аз ҷиҳати нишондиҳандаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар дунё дар ҷойҳои 2-юм ва 3-юм қарор доранд: Чин ва Ҷопон. Инчунин Чин ягона мамлакати пуриқтидор аст, ки имрӯз марҳалаи бебуҳрони рушди иқтисодиро аз сар мегузаронад.

Дар Осиё давлатҳои нави саноатӣ, ки иқтисодиёти онҳо босуръат рушд меёбад – Сингапур, Таиланд, Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Индонезия ҷойгир шудаанд. Хоҷагии аксари ин кишварҳо ба истеҳсоли маҳсулоти илмталаб ва технологияи аълосифат махсус гардидаанд.

Дар шароити ба вуҷуд омадани проблемаҳои глобалии энергетикӣ манбаъҳои асосии захираҳои сӯзишворӣ дар ҷаҳон ба Осиё рост меояд.

osijo

 Осиё ва минтақаю зерминтақаҳои он меоянд, ки дар давлатҳои Арабистони Саудӣ, Кувайт, Ироқ, Эрон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб (АМА), Баҳрайн, Қатар, Индонезия, Бруней ҷойгир шуда, боиси даромади бузурги иқтисодиёти қитъа шудаанд. Айни замон тамоюли гузариши маркази муносибатҳои иқтисодию молиявии ҷаҳон аз соҳилҳои уқёнуси Атлантик ба минтақаи уқёнуси Ором мушоҳида мешавад.

Дар баробари ин дар қитъаи Осиё кишварҳои қафомонда низ кам нестанд (Афғонистон, Лаос, Камбоҷа ва ғайра), ки ММД-и онҳо ба сари ҳар як сокин ниҳоят паст аст (1-3 ҳазор доллар). Соҳаҳои асосии иқтисоди ин кишварҳоро кишоварзии камдаромад, саноати кӯҳӣ ва косибӣ ташкил медиҳад.

Аслан, қитъаи Осиёро ба чунин зерминтақаҳо ҷудо мекунанд: Осиёи Шарқӣ, Ҷанубӣ, Ҷанубу Шарқӣ, Ҷанубу Ғарбӣ, Марказӣ. Дар ин минтақабандӣ сарҳади ин зерминтақаҳо ҳам аз ҷиҳати табиӣ ва ҳам сиёсӣ бо шакли тахминӣ гузаронида шудааст. Масалан давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (мамлакатҳои нимҷазираи Ҳиндучин, Индонезия ва ғайра) дар зери таъсири тамаддуни қадими Чин ва Ҳиндустон ташаккул ёфтаанд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, сарҳади фарҳангию таърихии байни Осиёи Шарқӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Ҷанубӣ то ҳол наметавонад аз ҳам ҷудо бошад.

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боиси ба вуҷуд омадани зерминтақаи Осиёи Марказӣ шуд, ки ба ҳайати он давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ворид мешаванд ва забони қисми зиёди аҳолии онҳо мансуби забонҳои гурӯҳи эронӣ, туркӣ, оилаи забонҳои олтойӣ буда, динашон ислом аст.

Ин қитъаи олам дорои тамаддун ва таърихи гуногун аст, ки ҳар як мамлакат ва зерминтақаи он хусусиятҳои хоси худро дорад. Масалан яке аз бузургтарин давлатҳои он Чин аст, ки дар дохили он тафовутҳои фарҳангию дохилӣ зиёд ба чашм мерасад. Қисми Тибет, Муғулистони дохилӣ, вилояти мухтори Шинҷону Уйғур аз ҷумлаи онҳост. Мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ баръакс бо давлатҳои Африқои Шимолӣ хусусиятҳои ягона доранд, ки онҳоро тамаддуни таърихию фарҳангии арабу исломӣ муттаҳид месозад.

Мустаҳкам шудани мавқеи Осиё дар иқтисодиёти ҷаҳон пеш аз ҳама ба рушди босуръати Чин ва Ҷопон, давлатҳои нави саноатии Осиё, кишварҳои тавлидкунандаи нафт вобаста мебошад. Ҳоло минтақа дар ҳалли проблемаи сӯзишворию энергетикии ҷаҳон мавқеи муҳимро ишғол мекунад.

Инро бояд дар хотир дошт!

Осиё – дорои шароити гуногуни табиӣ, сарватҳои бузурги табиӣ, соҳиби бойигарӣ; қитъаест, ки дар он аз нисф зиёди аҳолии кураи Замин зиндагӣ мекунад ва ватани динҳои ҷаҳонӣ ва миллӣ мебошад.

Савол ва супориш.

  1. Аз харита ва атлас истифода бурда, мавқеъ ва хусусиятҳои ҷойгиршавии географӣ, шароит ва сарватҳои табиии Осиёро муайян кунед.

Инро ман медонам

  1. Гуногунии табиати минтақа ба чӣ вобастагӣ дорад?.
  2. Кадом хусусиятҳои демографӣ хоси аҳолии Осиё мебошанд?
  3. Кадом омилҳо давлатҳои асосии Осиёро аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ ба пеш баровард?
  4. Ноҳияҳои сераҳолии Осиё кадомҳоянд?
  5. Захираҳои бузурги нафт, гази табиӣ ва дигар маъданҳои табиӣ дар кадом қисми қитъа ҷойгир шудаанд?

Инро ман метавонам.

  1. Дар харитаи контурӣ сарҳади давлатҳо ва минтақаҳоро тасвир кунед.
  2. Аз атлас ва харита истифода бурда, доир ба ҷойгиршавии сарватҳои табиии Осиё маълумот диҳед.
  3. Нақши сарватҳои табиии Осиёро барои рушди: а) саноат, б) кишоварзӣ, в) нақлиёт баҳо диҳед.

Оё медонед?

  1. Баландтарин қуллаи кураи Замин Эверест (Ҷомолунгма – 8848 м аз сатҳи баҳр баланд) ва пасттарини он баҳри Мурда (395 м аз сатҳи баҳр паст) дар Осиё воқеъ шудаанд.
  2. Осиё бузургтарин қитъаи кураи Замин аз ҷиҳати масоҳат ва шумораи аҳолӣ мебошад. Масоҳати Осиё аз масоҳати Моҳ бузургтар аст (Осиё – 43,4 млн. км2, Моҳ – 37 млн. км2).
  3. Зиёда аз 95% қаламрави Арабистони Саудиро биёбон ташкил медиҳад.

Хулоса. Қитъаи Осиё дорои шароити мувофиқи табиӣ мебошад, ки инсон дар он мутобиқ шудаасту ҳаёт ва фаъолият мебарад. Дар ин ҷо шаклҳои махсуси хоҷагидорӣ ба вуҷуд омадаанд. Бахусус дар шароити ниҳоят мушкил ва ғайриодии биёбону баландкӯҳ зиндагӣ кардан, ривоҷ додани заминҳои обёришаванда ва суфагӣ дар доманакӯҳҳо. То имрӯз дар ин қитъа баъзе намудҳои анъанавии фаъолияти хоҷагидорӣ боқӣ мондааст. Ҳаёт дар шароити душвори табиӣ инсони пуртоқат, меҳнатдӯст, боинтизом тарбияёфтаро ба вуҷуд овард.

Инчунин кобед

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008)

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008) Марказ ММД (млрд. долл) Ҳисса дар ММД (%) Амрикои Шимолй …