Главная / Ҷуғрофия / ОСИЁИ ҶАНУБӢ

ОСИЁИ ҶАНУБӢ

Пас аз барҳам хӯрдани мустамликадории Британияи Кабир дар Ҳиндустон дар Осиёи Ҷанубӣ кадом давлатҳо пайдо шудаанд? Шароити хоси табиию ҳудудии минтақа чӣ гуна аст? «Ҳиндустон дар муҳосираи издиҳоми демографӣ» чӣ маъно дорад? Нақши минтақа дар таркиби хоҷагии ҷаҳонӣ чӣ гуна аст?

Ташаккули харитаи сиёсии минтақа. Шароит ва сарватҳои табиӣ.

То миёнаи асри ХХ кишварҳои минтақа (ғайр аз Непал) мустамликаи Британияи Кабир буданд. Муҳимтарин воқеа дар ташаккули харитаи сиёсии ҳозираи Осиёи Ҷанубӣ соҳибистиқлол шудани мустамликаи Британияи Кабир – Ҳиндустон ва ҷудошавии он ба давлатҳои алоҳидаи Ҳиндустон ва Покистон мебошад. Баъд Покистон низ ба ду қисм – Покистони Ғарбӣ ва Шарқӣ ҷудо шуд. Покистони Шарқӣ номашро ба Ҷумҳурии Бангладеш иваз кард. Сабабҳои ҷудошавии Ҳиндустон ба давлатҳои алоҳида пурзӯр шудани зиддиятҳои динӣ байни ҳиндуҳо ва мусулмонон, кӯчиши миллионҳо одам, барҳам хӯрдани муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ, баҳсҳои беохири сарҳадӣ, сепаратизм (кӯшиши баъзе маҳалҳо барои баромадан аз ҳайати давлат) ва ғайра мебошанд. Яке аз проблемаҳои даргир, ки то ҳол байни Ҳиндустон ва Покистон вуҷуд дорад, мубориза барои қаламрави Кашмир аст.

Минтақа аз ҷиҳати масоҳат ба Аврупои Ғарбӣ баробар аст, аммо шумораи аҳолии он нисбат ба Аврупои Ғарбӣ се баробар зиёд аст. Осиёи Ҷанубӣ бештар ба уқёнуси Ҳинд роҳи баромад дорад, ки қариб тамоми муҳимтарин роҳҳои баҳрии он тавассути ин уқёнус мегузарад. Сарҳади Осиёи Ҷанубӣ пурра ва мушаххас тавассути ҳудуди табиии он мегузарад. Дар шимол ва ғарб тавассути қаторкӯҳҳои Ҳимолой, Ҳиндукуш, пуштакӯҳҳои Эрон ва дар шарқ кӯҳҳои Арман аз марзҳои ин минтақа мегузаранд. Дар ҷануби доманакӯҳҳои Ҳимолой пастии Ҳинду Ганг, ки яке аз бузургтарин ҳамвориҳои Осиё ба шумор меравад, доман паҳн кардааст. Қисми зиёди қаламрави нимҷазираи Ҳиндустонро паҳнкӯҳҳои Декан ишғол кардааст.

Қариб тамоми қаламрави Осиёи Ҷанубӣ дар минтақаи иқлимии субэкваторӣ ҷойгир аст, ки рутубатнокӣ дар он хусусияти мавсимиро дорад. Ҳаҷми солонаи рутубат дар минтақа гуногун аст. Масалан дар шарқи Ҳиндустон (Черапунҷи) то 12000 мм, аммо дар ғарб дар биёбони Тар ин нишондиҳанда аз 150 мм камтар аст. Дар маҷмӯъ минтақа ба қадри кофӣ аз захираҳои об таъмин аст. Аммо ғайр аз дарёи Ганг аҳамияти обёрӣ ва гидроэнергетикии дарёҳои дигар кам аст, зеро реҷаи ғизогирии ноустувор доранд.

Минтақа аз захираҳои минералӣ бой аст. Аз ҷумла баъзеи онҳо (маъдани оҳан ва марганес, хром, титан, мусковит) аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Ғайр аз ин маъдани бокситҳо, металҳои ранга ва дигар маъданҳои табиӣ хеле зиёд аст.

Давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ (ғайр аз Непал) то миёнаи асри ХХ мустамликаи Британияи Кабир буданд. Минтақа шароити гуногуни табиӣ дошта, аз сарватҳои минералӣ, обӣ ва агроиқлимӣ бой аст.

Географияи аҳолӣ. Осиёи Ҷанубӣ минтақаи гуногунмиллат ва гуногунзабон аст. Қисми зиёди аҳолӣ халқияту миллатҳое мебошанд, ки забони онҳо ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ (Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон, Непал) ва сино-тибетӣ мансуб аст.

Ҳиндустон дар ҷаҳон бузургтарин мамлакати сермиллат ва сераҳолӣ аст, ки ҳайати миллии онро даҳҳо миллату халқиятҳо (ҳиндуҳо, банголагиҳо, панҷобиҳо ва ғайра) ташкил медиҳанд. Ҳайати динии аҳолии минтақа низ гуногун аст. Зиёда аз 80% сокинони Непал ва Ҳиндустон пайрави дини ҳиндуия мебошанд. Дар Покистон қариб тамоми аҳолӣ ва дар Бангладеш 80%-и аҳолӣ мусулмонанд. Дар Бутан дини буддоӣ парастиш карда мешавад. Гуногунии ҳайати миллӣ ва динӣ боиси сар задани ҳодисаҳои миллатгароӣ, сепаратизм ва экстремизм (дар Ҳиндустон) шудааст. Проблемаи асосии демографии минтақа афзоиши босуръат ва бенизоми аҳолӣ мебошад.

Осиёи Ҷанубӣ аҳолии гуногунмиллат ва бисёрзабона дошта, проблемаҳои иқтисодию иҷтимоии он босуръат афзоиш меёбанд.
Хоҷагӣ. Дараҷаи тараққиёти хоҷагии кишварҳои минтақа гуногун аст. Аммо хусусияти ягонаи иқтисодиёти онҳо бартарӣ доштани соҳаҳои кишоварзӣ дар таркиби хоҷагии халқи онҳо мебошад.

Давлати нисбатан рушдёфтаи минтақа Ҳиндустон аст, ки дар охири асри ХХ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба дастовардҳои беназир ноил шуд. Дар натиҷаи «инқилоби сабз» истеҳсоли ғалларо якчанд маротиба зиёд кард, ки ба шарофати ин ҳоло Ҳиндустонро дигар минтақаи гуруснагии ҷаҳон наменоманд.

Заминҳои ҳосилхез дар водии дарёҳои Ганг, Браҳмапутра, Кришна, Годавари ва дигар дарёҳо воқеъ шудаанд, ки дар онҳо системаҳои обёрии пуриқтидор сохта шудаанд. Ҳиндустон бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи чормағзи заминӣ (арахис), ҷут ва тамоку мебошад. Аз ҷиҳати истеҳсоли шолӣ ва чой пас аз Чин дар ҷойи дуюм, аз ҷиҳати истеҳсоли найшакар пас аз Бразилия дар ҷойи сеюм меистад.

Дар таркиби заминҳои кишоварзии Ҳиндустон заминҳои кишт бартарӣ доранд. Мамлакат аз ҷиҳати саршумори чорвои шохдори калон дар дунё ҷойи аввалро ишғол мекунад.

Ҳиндустон кишвари саноатии рушдёфта аст. Он на танҳо худашро бо маҳсулоти саноатӣ таъмин мекунад (тракторҳо, тепловоз, дастгоҳҳо, автомобил, таҷҳизот барои корхонаҳои металлургӣ, саноати кӯҳӣ ва ғайра), балки дорои истеҳсолоти технологияи олӣ (дастгоҳҳо барои тадқиқоти кайҳонӣ, техникаи электронӣ ва ғайра) мебошад. Марказҳои асосии саноатии он Ҷамшедпур, Калкута, Дургапур, Роуркела, Мумбай, Аҳмадобод, Бенгалор ва дигарҳо ба шумор мераванд.

Дар Шри-Ланка хоҷагии плантатсионӣ бартарӣ дорад, ки маҳ- сулоти он чой ва каучук буда, хусусияти содиротӣ дорад.

Бангладеш мамлакати содиркунандаи ҷут ва маҳсулоти ҷутӣ мебошад. Давлатҳои нисбатан ақибмондаи минтақа Непал, Бутан ва Малдив ҳастанд, ки дар иқтисодиёти онҳо кишоварзии каммаҳсул бартарӣ дорад. Манбаи асосии воридшавии асъори хориҷӣ барои минтақа туризми байналхалқӣ аст.

Инро бояд дар хотир дошт!

Осиёи Ҷанубӣ – минтақаи сермиллат, дорои захираи бойи табиӣ, шароит ва сарватҳои табиӣ, бо дараҷаи гуногуни рушди иқтисодии кишварҳо аст.

Савол ва супориш.

  1. Бо ёрии харитаи табиӣ Осиёи Ҷанубиро тавсифи табиӣ-географӣ бидиҳед. Шумо чӣ гуна хулоса баровардед?

Инро ман медонам.

  1. Ташаккули харитаи сиёсии ҳозираи Осиёи Ҷанубӣ чӣ гуна сурат гирифтааст?
  2. Барои аҳолии минтақа кадом хусусиятҳо хосанд?
  3. Давлатҳоро бо пойтахтҳояшон нишон бидиҳед:

1) Ҳиндустон; 2) Бангладеш; 3) Непал; 4) Покистон; а) Катманду; б) Исломобод; в) Деҳлӣ; г) Дакка;

  1. Соҳаҳоро бо давлатҳо нишон бидиҳед: 1) Ҳиндустон; 2) Покистон; 3) Шри-Ланка;

а) Саноати химия ва нафтухимия; б) Чой, каучук;

в) Саноати кайҳонӣ, электроника ва металлургӣ;

  1. Ҷавоби дурустро интихоб кунед:

А) Аҳолии минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дар тамоми қаламрав баробар ҷойгир шудааст;

Б) Мамлакати нисбатан тараққикардаи саноатии минтақа Ҳиндустон аст; В) Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ноҳияи туризми байналмилалӣ аст;

Г) Баландтарин қуллаҳои ҷаҳон дар ҳудуди ин минтақа ҷойгир шудаанд. Инро ман метавонам.

  1. Дар харитаи контурӣ мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва пойтахти онҳоро тасвир кунед.
  2. Марказҳои саноатии Осиёи Ҷанубиро дар харита нишон бидиҳед ва онҳоро тавсиф кунед?
  3. Тасаввур кунед, ки шумо шаҳрванди Ҳиндустон ҳастед: Чӣ чиз ифтихори миллии шуморо бедор мекард? Кадом проблемаҳои мамлакатро шумо муҳокима карда метавонед?

Оё медонед?

  1. Дарахти нахли ҳиндӣ – ратанга дар дунё аз ҳама рустании дарозқад ба шумор меравад.
  2. Шумораи аҳолии Ҳиндустон аз аҳолии Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ бештар аст.
  3. Ватани шоҳмот Ҳиндустон аст. Онро шатранҷ меноманд, маънояш чор артиш аст (муҳраҳои шоҳмот: шоҳ, фарзин, фил, асп, рух ва донаҳои одӣ).
  4. Саҳми ҳиндуҳо дар илми ҳисоб, тригонометрия ва алгебра калон аст. Системаи даҳии ҳисоб дар Ҳиндустон дар соли садуми пеш аз мелод ихтироъ шудааст. Консепсияи сифр низ дар Ҳиндустон пайдо шудааст.

Хулоса. Осиёи Ҷанубӣ шароити гуногуни табиӣ дорад. Дар ин ҷо динҳои буддоия ва ҳиндуия ба вуҷуд омадаанд. Дар баробари зиёд будани шумораи аҳолӣ, ин зерминтақа бо ҷавон будани аҳолӣ ва бартарии аҳолии деҳот нисбат ба шаҳр (ҳато дар шаҳрҳо) аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Осиёи Ҷанубӣ аз ҷиҳати хеле паст будани сатҳи зиндагии аҳолиаш яке аз камбизоаттарин минтақаҳои ҷаҳон мебошад. Ин минтақа чун анъана яке аз марказҳои муҳоҷират дар ҷаҳон аст.

Инчунин кобед

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008)

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008) Марказ ММД (млрд. долл) Ҳисса дар ММД (%) Амрикои Шимолй …