Главная / Илм / Ҳосил кардани аммиак ва таҷрибаҳо бо он.

Ҳосил кардани аммиак ва таҷрибаҳо бо он.

  1. Дар ӯғураки чинӣ ҳаҷмҳои тақрибан баробари хлориди ам- монийи булӯрӣ (кристаллӣ)-и ^Н4С1 ва хокаи гидроксиди кал- сий Са(ОН)2-ро нағз омехта кунед (агар оҳак қадре нам бошад, таҷриба беҳтар мегузарад). Омехтаи тайёр кардаатонро ба 1/3 ҳаҷми пробирка андозед. Даҳони пробиркаро бо пӯки дорои най- чаи газгузар, ки нӯгаш ба дигар пробиркаи хушки ба штатив сар- поён насбгардида дароварда шудааст, маҳкам кунед (расми 45). Омехтаи пробиркаро гарм кунед.
  2. Ҳамин ки бӯйи тезро ҳис кардед (бояд боэҳтиёт бӯй кард!), пробиркаи газро дар ҳолати сарнагун бо пӯк маҳкам кунед. Онро ба оби зарф ғӯтавар намуда, пӯкро аз даҳони пробирка гиред.
  3. Баъди бо об пур шудани пробирка, даҳони онро бо пӯк маҳкам кунед ва пробиркаро аз об бароред. Ба маҳлули ҳосилшуда коғази сурхи лакмус дароред, вай кабуд мешавад, сипас ба маҳлул чанд қатра маҳлули фенолфталеин чакконед.

Супоришҳо. 1. Мушоҳидаҳои шумо аз ихроҷи кадом газ шаҳодат медиҳад? Муодилаи реаксияи дахлдорро нависед. 2. Зимни дар об ҳал кардани гази ҳосилшуда чӣ гуна модда ба даст меояд? Аз ин мушоҳида ба чӣ хулоса омадед? Муодилаи ин реак- сияро нависед.

Дар оксиген сӯхтани аммиак. Асбобро барои ҳосил кардани газҳо васл кунед. Пробиркаро бо омехтаи хлориди аммоний ва гидроксиди калсий қадре гарм кунед. Найчаи газгузарро ба си- линдри шишагии оксигендор дароред ва газро даргиронед (рас- ми 46).

Супоришҳо. 1. Дар раванди сӯзиши аммиак чӣ гуна моддаҳо ба вуҷуд меоянд? Муодилаи реаксияи марбутро нависед, бо на- зардошти он, ки дар вақти сӯхтани аммиак дар муҳити оксиген нитрогени озод хориҷ мешавад. 2. Дар муодила дар зери оксидку- нанда як рах ва дар зери барқароркунанда ду рах кашед.

Расми 45. Ҳосил кардани аммиак Расми 46. Дар оксиген сӯхтани аммиак

Таъсири мутақобили аммиак ва кислотаҳо. Асбобро мисли таҷрибаи гузашта васл кунед. Пробиркаро бо омехтаи хлориди аммоний ва гидроксиди калсий қадре гарм кунед. Найчаи газ- гузарро пай дар пай бо пробиркаҳое, ки ба онҳо 1 миллилитрӣ кислотаҳои консентронидаи нитрат, хлорид ва сулфат доранд, во- рид намоед. Нӯги найчаи газгузар бояд аз сатҳи кислота 5-6мм болотар бошад.

Супоришҳо. 1. Пайдо шудани «дуди сафед»-ро чӣ тавр маъни- дод мекунед? 2. Чаро нӯги найчаи газгузарро ба кислотаҳо танҳо наздик мекунанду ғӯтавар намудан мумкин нест?

Хосиятҳои маҳлули обии аммиак. Ба ду пробирка маҳлули обии аммиак резед. Ба яке аз онҳо коғази сурхи лакмусро ворид кунед. 2. Ба пробиркаи дуюм чанд қатра фенолфталеин ва сипас каме маҳлули сероби кислотаи хлорид илова кунед.

Супоришҳо. 1. Таъсири маҳлули обии аммиак ба индикаторҳо аз кадом хосиятҳои он шаҳодат медиҳад? Инро аз нуқтаи назари диссотсиатсияи электролитӣ чӣ тавр маънидод кардан мумкин аст? 2. Агар ба маҳлули обии аммиак бо кислота таъсир кунед, чӣ ҳодиса рух медиҳад? 3. Муодилаи реаксияи химиявии дахлдорро дар намуди молекулавӣ, ионӣ ва мухтасари ионӣ тартиб диҳед.

Ҳосилшавии намакҳои аммоний. Қаламчаи шишагинро ба маҳлули консентронидаи кислотаи хлорид ғӯтонида гиред ва онро ба даҳони зарф, ки маҳлули консентронидаи аммиак дорад, наздик кунед. Ҳосилшавии “дуд” ба амал меояд. Муодилаи реак- сияи рӯйдодаро нависед.

Ҷудошавии намакҳои аммоний. А) Ба сарпӯши бӯтаи чинӣ як- чанд ғурӯша хлориди аммоний гирифта, онро бо аланга тафсонед (дар шкафи ҳавокаш). Дар сарпӯши бӯта чӣ мемонад? Муодилаи реаксияи таҷзияи хлориди аммонийро нависед.

Б) Ба бӯтаи майда камтар навшодири бо хок иловашуда (хирашуда)-ро гирифта гарм кунед. Баъд аз пайдо шудани «дуд»-и сафед даҳони бӯтаро бо қифи хурд пӯшед. Пас аз якчанд дақиқа дар деворҳои қиф навшодири тозаи барфмонанд пайдо мешавад.

В) Якчанд ғурӯшаи хлориди аммонийро дар 2 мл об ҳал карда, ба он 2 мл маҳлули ишқор илова кунед ва онро то ҷӯшиданаш гарм кунед. Гази хориҷшавандаро аз бӯяш санҷед. Муодилаи молекулавӣ ва ионии реаксияро нависед.

Номи нури Намуди зохири Ҳалшавандаги дар об Таъсири
кислотаи сулфат ва мис
1. Нитрати

аммоний

Ҷисми сафеди булӯрй Нағз ҳал мешавад Гази ҷигарранг хориҷ мешавад
2. Хлориди

аммоний

Ҷисми сафеди булӯрй Нағз ҳал мешавад  
3. Нитрати калий Булӯрҳои хокистартоби майда Нағз ҳал мешавад Гази чигарранг хорич мешавад
4. Сулфати

аммоний

Булӯрҳои беранги калон Нағз ҳал мешавад Гази чигарранг хорич намеша- вад
5. Супер- фосфат Хока ё донаҳои хокистартоб Бад ҳал мешавад Гази чигаранг хорич намеша- вад
6.Силвинит Намак булӯрҳои гулобй дорад Нағз ҳал мешавад Гази чигарранг хорич намеша- вад
7. Хлориди калий Булӯрҳои беранг Нағз ҳал мешавад Гази чигарранг хорич намеша- вад

Ҷадвали 3. Муайян кардани нуриҳои минерали

маҳлули намаки додашуда ба Рангин шудани шуъла
маҳлули хлори- ди барий ва кис- лотаи атсетат маҳлули ишқор (зимни гармкунӣ) маҳлули нитрати нуқра (I)
Бӯйи аммиак ҳис мешавад Ранги шуъла зард мешавад (аз ғашҳо)
  Бӯйи аммиак ҳис мешавад Таҳшини сафед ҳосил мешавад Ранги шуъла зард мешавад (аз ғашҳо)
  Бӯйи аммиак ҳис мешавад Андак хирашави мушоҳида мешавад Зимни ба воситаи шишаи кабуд дидан бунафш шудани ранги шуъла ба мушоҳида мерасад
Таҳшини сафед ҳосил мешавад, ки дар кисло- таи атсетат ҳалнашаванда аст Аммиак хориҷ мешавад Каме таҳшини ҳосил меша- вад  
Таҳшини сафед ҳосил мешавад, ки дар кислотаи атсетат қисман ҳал мегардад Бӯйи аммиак ҳис намеша- вад Таҳшини зард ҳосил мешавад Ранги шуъла зард мешавад (аз ғашҳо)
  Бӯйи аммиак ҳис намеша- вад Таҳшини сафед ҳосил мешавад Ранги шуъла зард мешавад. Зимни ба воситаи шишаи кабуд дидан бу- нафш шудани ранги шӯъла маълум мешавад
  Бӯйи аммиак ҳис намеша- вад Таҳшини сафед ҳосил мешавад Ранги шуъла зард мешавад. Зимни ба воситаи шишаи ка- буд дидан бунафш шудани ранги шуъ- ла маълум мешавад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …