Пайвандак
- Матнро хонед ва пайвандакҳоро ёфта, муайян кунед, ки онҳо чӣ вазифаи грамматикиро адо кардаанд.
Гӯсолаи Ҳабиб ба гови Юсуф хеле монанд буд. Вай ҳам ранги сурхчаю пешонаи қашқо дошт. Чун гӯсоларо ба наздаш оварданд, гов ҷонибаш назаре афканду ҳуммаскунон рӯяшро гардонд. Гӯсолаи ширталаб маосзанон фукашро беқаророна тарафи синаи гов бурд, аммо вай пистонашро аз даҳони гӯсола ҳамон замон кашида, канора рафт. Ҷонвараки гурусна дафъатан худро ба синаи гов ҷафс кард, вале боз ноком гардида, маосзанон гирди гов чархидан гирифт. Ниҳоят ҳайвони қайсарро дар дил раҳм омад ки, зумиашро як сӯ гузошта оромона кавшакунон дар ҷояш истод ва гӯсола ба пистонаш лаб расонида ҳарисона ба макидан даромад (Ф.А.).
- Сифати сурхча мафҳуми рангро бо кадом тобиши маъно ифода мекунад
- Дар калимаи ҷонварак бо ёрии пасванди -ак чӣ гуна муносибати гӯянда ифода ёфтааст?
3) Маънои феъли «чархидан гирифт»-ро боз чӣ тавр ифода кардан мумкин аст? Дар таркиби «чархидан гирифт» феъли гирифт феъли таркибӣ сохтааст ё барои ифодаи маънои грамматикӣ хидмат кардааст?
4)Калимаи маосзанон кадом ҳиссаи нутқ аст ва дар ҷумла ба вазифаи кадом аъзо омадааст?
5)Калимаи «зумӣ»-ро бо кадом калимаи дигар иваз кардан мумкин аст?
Пайвандакҳо низ калимаҳои серистеъмоли забон буда, дар сохтани ибораю ҷумла ва ифодаи фикр воситаи муҳим ба шумор мераванд. Вазифаи грамматикии онҳо алоқа- манд намудани калимаю ибораҳо дар ҷумлаи сода ва алоқа- манд кардани ҷумлаҳои сода дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб ва матн аст.
Дар матни боло пайвандакҳои пайвасти пайиҳами -у, -ю аъзоҳои чидаро, пайвандаки пайиҳами ва, пайвандакҳои хи- лофии аммо, вале ҷумлаҳои содаро ба ҳам пайвастаанд. Пайвандаки тобеъкунандаи чун ҷумлаи пайрави замонро ва ки дар охири ҷумлаи пайрави сабаб омада, онро ба сарҷумла тобеъ кардааст, бинобар ин аломати вергул пас аз ки гузошта мешавад.
Пайвандакҳо вазифаи пайваст ва тобеъкуниро адо намуда, ба хелҳои пайвасткунанда ва тобеъкунанда ҷудо мешаванд. Гурӯҳи аввалро ба навъҳои пайиҳам: ва, -у (-ю, -ву), ҳам, инчунин, на… на, чи… чи; хилофӣ: аммо, вале, лекин, ҳол он ки; ҷудоӣ: ё, ва ё, ё ин ки, ё… ё, гоҳ… гоҳ, хоҳ… хоҳ ҷудо мекунанд.
Пайвандакҳои тобеъкунанда хеле сершуморанд. Пайвандаки ки назар ба пайвандакҳои дигар сермаъно, сервазифа, серистеъмол ва дар сохтани пайвандакҳои мураккабу таркибӣ сермаҳсул аст.
Пайвандакҳо аз ҷиҳати сохт сода, мураккаб ва таркибӣ мешаванд. Онҳо вазифаи муштаракро адо намуда, ҳамдигарро иваз карда метавонанд, вале баъзе пайвандакҳои муштараквазифа бо тобишҳои маъно аз муродифи худ фарқ мекунанд, бинобар ин ҳамдигарро озод иваз карда наметавонанд. Чунончи, дар ин байти Ҳилолӣ:
Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро,
Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттар дорам туро.
Пайвандаки -ю чунин ҷумлаҳоро ба ҳам пайвастааст, ки амалу ҳолати хилофи ҳамдигарро ифода мекунанд. Дар чунин мавридҳо пайвандаки «-ю»-ро бо «ва» иваз кардан мумкин нест. Ё: Ҳамин ки мо ба қуллаи кӯҳ баромадем, босмачиён моро нигоҳ доштанд (С.У.). Дар ин ҷумлаи мураккаби тобеъ ҷумлаи пайрави замон (мо ба қуллаи кӯҳ баромадем) ба сарҷумла (босмачиён моро нигоҳ доштанд) бо пайвандаки таркибии ҳамин ки тобеъ шудааст. Дар ин ҷо онро бо пайвандакҳои вақте ки, ҳангоме ки, чун ва ғайра иваз кардан мумкин нест, зеро пайвандаки ҳамин ки ба ҷумлаи мураккаби тобеъ чунин тобиши маъно медиҳад, ки амали сарҷумла пас аз амали ҷумлаи пайрав фавран, бидуни фосила воқеъ гардидааст.
- Ба ҷойи сенуқта яке аз пайвандакҳои дар қавсайн омадаро гузошта, ҷумларо нависед ва сабаби интихоби худро шарҳ диҳед:
Бештар ӯ кӯшиш мекард, … (то, то ки, ки) Фаромарз бекас будани худро ҳис накунад; Ӯ корҳои хонаро қариб худаш мекард ва модарашро намегузошт, . (ки, то, то ки) аз зиндагии танҳо ва корҳои рӯзгор дилгир шавад; . (вақте ки, ҳамин ки) поезд аз пули Вахш гузашт, Ҳакимҷон яке аз таронаҳои нави дар он рӯзҳо ёдгирифтаи ҷавононро сар кард; Ба вай пурсупос карда гузарем . (агар не, набошад, вагарна) айб мешавад.
- Ҷумлаи аввалро аз «Бештар ӯ.» оғоз кардан дуруст аст ё «Ӯ бештар…»?
- Он навъи нақлиётро «поезд» гуфтан беҳтар аст ё «қатора»?
- Кадом тарзи ифода беҳтар: «Ба (ё Бо) вай пурсупос карда гузарем?»
- Калимаи чун дар кадоме аз матнҳои зерин пешоянд, пайвандак ё пурсишҷонишин аст?
Басо гулро, ки нағзу тар гирифтанд,
Бияфканданд, чун бӯ баргирифтанд
(Низомӣ).
Зи рӯйзард бипурсанд: «Дарди дил чун аст?»
Вале касе бинапурсад: «Рухарғувон, чунӣ?»
(Ҷалолиддини Румӣ).
Дилам чун арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро
(Рӯдакӣ).
Чун дилбари мо зи парда рӯ нанмояд,
Кас натвонад, ки парда з-ӯ бикшояд.
(Ҷомӣ).
Бар санг задам дӯш сабӯи кошӣ[1],
Сармаст будам ки, кардам ин авбошӣ.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт сабӯй:
«Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ»