Он моддаи хароҷотро, ки амалан кам кардан имконнопазир буда, ҳар моҳ пардохтан лозим аст, муфассалтар дида мебароем. Ба пардохтҳои ҳатмӣ тааллуқ доранд:
- андозҳо;
- пардохтҳо ба ташкилотҳои ҷамъиятию кооперативӣ; пардохт ба кооперативи сохтмони манзил;
- адо кардани қарзи бонк; пардохтҳои хизматҳои коммуналӣ (хонапулӣ, гармӣ, газ, барқ, телефон, радио ва ғайра);
- пули кӯдакистон; маблағҳои иловагии маориф (маҳфилҳо, сексияҳо).
Андоз – пардохти ҳатмӣ ба буҷаи сатҳи дахлдор ё ба хазинаи берун аз буҷа, ки андозсупорандагон мувофиқи тартиб ё шартҳои муқарраркардаи қонун амалӣ мегардонанд.
Андози даромад – намуди пардохти андоз буда, ба даромади шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо ё аз истифодаи амвол ба даст омадааст, баста мешавад. Ин андоз дар мамлакати мо намуди асосии андозҳои мустақим аз аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Маблағи андози даромад ба тариқи зайл ҳисоб карда мешавад: мизони фоиз баробари 12%. Бигзор маблағи мусбии меҳнат 100.000 бошад:
Маблағи андози даромад = (музди меҳнат:100%) х мизони андоз =(100.000:100%) х 12%=12.000
Ин 12.000 аз моҳона дошта, ба дасти коргар танҳо 88.000 (100.000-12.000=88.000) дода мешавад.
Дар буҷаи оилавӣ боз пардохт ё адои қарзи бонк ва кредитҳо, ҳамчунин додани фоизи онҳо низ аз ҷумлаи пардохтҳои ҳатмӣ ба шумор меравад.
Кредит – қарз додани мол ё пул аст. Агар пул қарз дода шавад, қарз ё кредити пулӣ меноманд. Қарзро ҳам корхонаю ташкилот ва ҳам одами дилхоҳ гирифта метавонад. Шартҳои додани кредит:
- Пулакӣ будани он (додани фоиз барои истифодаи кредит);
- Таъҷилӣ будан (баргардонидани пул дар муҳлати муайянгардида);
- Таъминоти моддӣ;
- Мақсаднокӣ (гирифтани кредити имтиёзнок бояд бо истифодаи оқилонаи он, масалан, ба сохтмон ё харидани манзил ва ғайра асоснок карда шавад).
Пардохти хизматҳои коммуникатсионӣ новобаста ба мансубияти манзил (хусусӣ, давлатӣ, идоравӣ, кооперативӣ ва ғайра).
Пули гармӣ. Энергияи гармӣ дар рӯзгор, асосан ба гарм кардани бино (77%) ва об (23%) барои эҳтиёҷоти маишӣ масраф мегардад. Қисми назарраси энергияи гармиро мо талаф медиҳем. Роҳҳои сарфа кардани энергияи гармӣ дар рӯзгор:
- Сахт кардани тарқишҳои дару тиреза, махсусан дари айвон.
- Мувофиқи мақсад ҷойгир кардани мебел. Мебел набояд ба гардиши ҳавои гарм аз батарея халал расонад.
Дар баъзе мамлакатҳо асбобҳои махсус насб мекунанд, ки онҳо ба ҳуҷра воридшавии энергияи гармиро танзим менамоянд. Дар ҳар як ҳуҷра кран мавҷуд аст, ки ба воситаи он воридшавии гармиро қатъ мекунанд. Агар шумо аз субҳ то шом дар кор бошед, пас гарм кардани ҳуҷра маъно надорад. Агар пеш аз ба кор рафтан гармиро қатъ кунему баъди аз кор омадан фаъол гардонем, мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Пули газ ба маблағи умумии хонапулӣ дохил мешавад ва ба шумораи истиқоматкунандагон вобаста аст. Дар хонаҳои хусусӣ, ки бо газ гарм карда мешаванд, масоҳати гармкардашавандаро ба назар гирифта, ҳисоб мекунанд.
Пули об. Дар бисёр мамлакатҳо дар ҳуҷраҳо ҳисобкунаки об ҳаст. Харҷи об қисми назарраси буҷаро ташкил мекунад. Сарфаи об ба сарфаи нерӯи барқ низ имкон медиҳад. Дар мамлакати мо алҳол пули обро алоҳида ҳисоб мекунанд ва он низ ба саршумори оила вобаста аст.
Пули нуқтаи радио аз рӯйи таърифаи муқарраргардида пардохта мешавад ва он ба хонапулӣ мансуб аст.
Пули телефон пули доимии абонементӣ, пардохти вақтбайъ ва пардохтҳоро барои гуфтугӯҳои байнишаҳрию байни мамлакатҳо, таъмири телефон ва ғайраро дар бар мегирад. Бинобар ин, маблағи ин пардохт низ тағйир ёфта меистад.
Хонапулиро тибқи варақаи минтақаҳои истифодаи манзил месупоранд. Дар замони пеш хонапулиро дар шуъбаҳои «Амонатбонк» месупориданд. Пули нерӯи барқ тибқи нишондоди ҳисобкунак пардохта мешавад. Масалан, агар дар ҳисобкунак рақами 17063 бошаду нишондоди ҳисобкунак моҳи гузашта 16.613 бошад (нишондоди гузаштаро аз квитансияи моҳи гузашта мегиранд) аз рақами якум рақами дуюмро тарҳ мекунанд. Рақами ҳосилшуда нишондиҳандаи сарфи нерӯи барқ аст. Дар мисоли мо сарфи нерӯи барқ 650 квт/с аст. Агар як квт/с энергия 1,7 дирам бошад, 650х1,7=11 сомонию 0,5 дирам пули нерӯи барқ додан лозим аст.
Саволҳо барои санҷиш:
- Пардохтҳои ҳатмӣ гуфта, чиро мефаҳмед?
- Андози даромад чист? Онро чӣ тавр ҳисоб мекунанд?
- Роҳҳои асосии сарфаи гармӣ ва нерӯйи барқро номбар кунед.