Главная / Илм / Пешхидмат

Пешхидмат

Пешхидмат

Пешхидмат корманди қаҳвахона, ошхона ва ё тарабхона буда, ба муштариён хидмат мерасонад. Пешхидматӣ кори одӣ нест, балки ин мутахассис бояд дорои хусусиятҳои хос бошад. Пешхидмат бояд аз муштариён фармоишро дар сатҳи зарурӣ қабул кунад ва ба онҳо хидмати дуруст расон- да тавонад. Муштариён гуногун мешаванд, бояд пешхидмат дар ҳама ҳолат пуртоқат ва бомулоҳиза бошад.

Аслан дар ин касб бояд писарон кор кунанд. Музди кори пешхидмат дар каҳвахона, ошхона ва тарабхона ба таври гуногун пардохт карда мешавад.

Касоне, ки мехоҳанд касби пешхидматро интихоб кунанд, метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мар- казҳои омӯзиш ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои кор- гарӣ ин ихтисосро аз худ кунанд. Рӯзи кории пешхидмат хеле барвақт оғоз шуда, баъзан шабона низ кор кардан пеш меояд, махсусан дар рӯзҳои истироҳат ва ҷашну идҳо.

Менеҷери тарабхона

Менеҷер шахсест, ки бояд самтҳо ва паҳлуҳои мухталифи истеҳсолотро донад, идора ва назорат кунад, яъне менеҷер роҳбарест, ки барои кори самараноки самти муайяни фаъо- лият масъул аст.

Менеҷер дар фаъолияти худ ва идоракунии муассиса бояд кормандони касбиро ҷалб карда тавонад ва мунта- зам онҳоро ҳавасманд кунад. Ин касб аз ҷиҳати эҷодкорӣ хеле шавқовар аст. Менеҷер бояд ташкилотчӣ, таҳлилгар, дақиқкор, пуртоқат, хушмуомила, меҳнатдӯст, зирак, уҳда- баро, мустақил ва ғайра бошад.

  1. Менеҷер кист?
  2. Вазифаҳои менеҷер аз чӣ иборат аст?
  3. Фаъолияти менеҷер Дар куҷо ба роҳ монДа мешаваД?
  4. Хислатҳои муҳимми касби менеҷер каДомҳоянД?

 

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …