Дар баробари дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ, нақши муҳимро дар татбиқи дастовардҳои нави техника ва техно- логия, пешниҳодҳои ратсионализаторӣ ишғол менамоянд, ки объекти умумӣ истифодашавандаи эҷодиёти техникӣ мебо- шанд. Асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ратсионализаториро Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» аз 26. 07. с. 2014, № 1123 муайян намуд, ки аз 5 боб ва 27 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба онро танзим мекунад. Ҳамчун пешниҳодҳои ратсионализаторӣ эътироф карда мешаванд: таклифи дорои ҳалли техникие, ки мукаммалгардонии конструксияи молу маҳсулот, техникаи истифодашаванда, технологияи истеҳсолот ё таркиби молу маҳсулотро пешбинй менамояд ва барои корхонае, ки ба он пешниҳод шудааст, нав ва фоидаовар аст; таклифи дорои ҳалли ташкилии барои корхона нав, ки ба сарфаи захираҳои меҳнатй, моддй, мо- лиявӣ, сузишворию энергетикй, ашёи хом ва дигар захираҳо, инчунин беҳсозии шароити меҳнат ва экология мусоидат ме- намояд.
Пешниҳодҳои ратсионализаторӣ метавонанд инфиродӣ ё гуруҳӣ бошад. Пешниҳодҳои ратсионализатории инфиродӣ пешниҳодҳое мебошанд, ки аз тарафи як шахси воқеӣ ва пешниҳодҳои ратсионализатории гуруҳӣ пешниҳодҳое мебошанд, ки аз тарафи ду ё зиёда шахсони воқеӣ таҳия шудаанд. Ба шахси воқеӣ ё гуруҳи шахсон метавонад шумораи номаҳдуди пешниҳодҳои ратсионализаторӣ мансуб бошанд.
Ҳуқуқи пешниҳоди ратсионализаторӣ дар асоси қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории ҶТ эътироф ва ҳифз гардида, дар ҳудуди корхонае, ки онро ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф намудааст, амал мекунад ва бо гувоҳномаи ратсионализатории бемуҳлат тасдиқ карда ме- шавад.
Пешниҳоди ратсионализаторӣ қобили ҳифз эътироф карда мешавад, агар он барои корхона таклифи дорои ҳалли техникӣ ё ташкилии наву фоидаовар бошад. Пешниҳодҳо қо- били ҳифз эътироф карда намешаванд, агар: эътимодияти истифода ва мустаҳкамии конструксияҳо, амнияти аҳолӣ ва ҳудудро дар ҳолатҳои фавқулода паст намоянд ва ба таъ- мини беҳдошти ҳолати санитарии кормандон, ҳифзи муҳити зист, бехатарии зиддисӯхторӣ, бехатарии меҳнат, инчунин нишондиҳандаҳои дигари стандартҳои миллӣ ва байнал- милалӣ мутобиқат накунанд; аз аломатҳои шартӣ, қоидаҳо, маводи меъёрию методӣ иборат бошанд; танҳо вазифа гузо- ранд ё самараи эҳтимолии татбиқи пешниҳодҳоро бе нишон додани таклифи мушаххас муайян намоянд; ба талаботи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ мухолифат кунанд; аз ҷониби кормандони муҳандисиву техникӣ ё илмии муассисаҳои ил- мӣ-таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, конструкторӣ, технологӣ ё зер- сохторҳои дигар корхонаҳо дар ҳамин соҳа дар раванди иҷ- рои вазифаҳои хизматӣ ё корҳои шартномавии бо онҳо вобастабуда таҳия шуда бошанд.Тартиби мансуб донистани пешниҳодҳо ба пешниҳодҳои дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ таҳияшударо корхона муқаррар менамояд.
Бо пешниҳоди ратсионализаторӣ ба ҳалли техникии мавҷуда мукамалнамоӣ ворид карда мешавад. Навоварӣ ба таҷҳизот ва қисмҳои он вобаста ба шароити истеҳсолот тағйирот ворид мегардад. Камбудиҳои алоҳидаи канструк- торҳо ва лоиҳакашон бартараф мешаванд ва ғайра. Дар на- тиҷаи пешниҳоди ратсионализаторӣ ҳалли техникии нав ва фоиданок дар корхона, ташкилот ва ё муассиса пешниҳод
мегардад, ки он боиси тағйири сохти олот, технологияи ис- теҳсолот ва техникаи истифодашаванда ва ё тағйири тарки- би материал ба амал бароварда мешавад. Ба нишонаҳои пешниҳоди ратсионализаторӣ дохил мешаванд: ҳали техникӣ; навоварӣ; фоиданокӣ.
Ҳалли техникӣ нақши ҳалкунандаро бозида, маънои онро дорад, ки пешниҳод бояд такмилёбии мушахасро ҳал кунад ва ратсионализатор бояд дар пешниҳоди худ кори муайянро барои гирифтани натиҷаи дилхоҳ дарҷ намояд. Ҳалли масъала пешниҳодҳое эътироф намешаванд, ки ин ё он талаботро баён мекунанд, ба номбарии чорабинии мақ- саднокии ин ё он чорабини маҳдуд мешаванд ва ё натиҷаи манфиатноки амалинамоии онро баён мекунанд ва ғайра. Аз тарафи дигар маҳаки барасишаванда талаб менамояд ки ҳал- ли масъала дорои хислати техникӣ бошад. Яъне пешниҳоди ратсионализаторӣ оне эътироф мешавад, ки ҳалли амалии вазифаро ба ёрии воситаҳои техникӣ амалӣ намояд.
Объекти пешниҳоди ратсионализаторӣ инҳо мебошанд: тағйири сохтори олот ва ё техникаи истифодашаванда; тағйири сохтори материал. Ин объектҳо объектҳои одатии пешниҳоди ратсионализаторӣ мебошанд, ки барои мукамал- намоӣ ва инкишофдиҳии техника ва технологияи истифода- шаванда равона гардидаанд. Аммо ин ҳалли масалаҳоеро, ки ба ворид намудани техника ва ё технологияи нав вобаста ме- бошад, истисно намекунад. Дар айни ҳол маҳдуд намудани пешниҳодҳои ратсионализаторӣ танҳо бо ҳалли техникӣ ҷой надорад, яъне на танҳо пешниҳодҳои дорои хислати техникӣ, балки барои дигар пешниҳодҳо (ташкилотчигӣ, идоракунӣ ва ғайра) ки барои корхона нав аст ва ба он фоида ва ё дигар бартарияти воқеӣ меорад, боиси ҳавасмандгардонии муал- лиф мегардад. Ҳамин тариқ, дар айни ҳол метавон гуфт, ки объекти ҳифзи ҳуқуқи пешниҳоди ратсионализаторӣ ҳалли вазифае мебошад, ки барои корхона, муассиса ва ташкилот нав ва фоиданок аст.
Дар фарқият аз ихтироот ва модели муфид, ки дорои на- воварии сатҳи байналмиллалӣ мебошанд, пешниҳоди рат- сионализаторӣ навовариаш дар маҳал ва ё ҳудуди корхонае пешниҳод мегардад, басанда аст. Агар пешниҳоди мушахас дорои сатҳи байналмилалй бошад, таснифи он ҳамчун рат- сионализаторй монеа намешавад, агар бо сабабҳои дигар ба сифати ихтироот ва ё модели муфид ба расмият дароварда нашавад. Таҳқиқи навовари пешниҳоди ратсионализаторй пешниҳодгардида танҳо дар ҳудуди корхона сурат мегирад. Навоварии пешниҳоди ратсионализаторй дар муҳлати муа- йян муқарар мегардал ва нисбати онҳо мафҳуми аввалият истифода мешавад. Аввалият бо муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи пешниҳоди ратсионализаторй муайяи мегардад. Пешниҳод навовар ҳисобида намешавад, агар то пешниҳоди ариза тибқи шарти муқараршуда ба амал бароварда шавад ва ё чунин ҳал аллакай дар ин корхона истифода гардидааст; бо фармоиш ва ё амри маъмурият пешбинӣ шудааст; аз ҷониби хадамоти техникии ин корхона коркард гардидааст; аз ҷони- би дигар шахс, ки ба ӯ аввалият ба ин пешниҳод таааллуқ дорад; аз ҷониби ташкилоти болой тавсия шудааст ва ё дар нашриёт чунин итилоот дар ин соҳа нашр гардидааст; бо меъёрҳои ҳатмй барои корхона муқарар гардидааст.
Пешниҳод дар ҳолате барои корхона ки ба он пешкаш шудааст, фоиданок ҳисобида мешавад, ки агар истифодаб- арии он дар ин корхона дар шароити мавҷуда ва ё бавуҷуд- оянда мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардида имконият меди- ҳад, ки фоида ё дигар бартарият ба дастояд. Фоиданокии пешниҳод дар асоси муқоисаи натиҷаи фоидаи бадастоянда ва воқеан ҷойдоштаи корхона санҷида мешаванд. Пешниҳо- де, ки талаботи фоиданокиро қонеъ карда наметавонад, си- фати маҳсулот устувории он муҳлатнокии онро паст меку- над, шароити меҳнатро бад месозад, бехатарии техникиро азбайн мебарад, натиҷаи пештараро бо тарзҳои мураккаб ба даст меорад, пешниҳоди ратснонализаторй ҳисобида наме- шавад. Дар баъзе мавридҳо ворид намудани пешниҳои рат- сионализаторй боиси беҳтар шудани як гуруҳ нишондиҳан- даҳо ва бад- гардидани дигар нишондиҳандаҳо мешавад. Дар ин маврид ҳангоми муайян кардани фоиданокии пешни- ҳод аз он бояд бароянд, ки афзалияти ратсионализаторй нис- бат ба камбудиҳои он чи гуна аст.
Субъектони пешниҳодҳои ратсионализаторй муаллиф, муаллифон ва меросгирони онҳо мебошанд. Муаллиф шахсе аст, ки бо меҳнати эҷодии ӯ пешниҳод ба вуҷуд омадааст. Ба- рои эътирофи шаҳрванд ҳамчун муаллифи пешниҳоди ратси- онализаторй сину сол ва ҳолати қобилияти амалкуни таъсир намерасонад, аммо дар ин соҳа нафаре мустақилона амал карда метавонанд, ки ба синни 14 расида бошад. Дар маври- ди дигар муаллифе, ки синаш аз чо 14 сола поён аст, ҳуқуқ- ҳояшро волидайнаш ва ё васияш ба амал мебарорад. Шаҳр- вандони хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрвандӣ дар ин самт до- рои он ҳуқуқҳоянд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мушара- фанд. Дар аксарияти мавридҳо муалифони пешниҳоди рат- сионализаторӣ кормандони корхона ва муассисаҳо мебо- шанд, аммо ариза дар бораи пешниҳоди ратсионализаторӣ ба корхона метавонад аз ҷониби шахсони беруна низ кор- мандони корхонаи дигар нафақагир, донишҷуён ва ғайра пешниҳод гардидааст. Дар миёни кормандони асосӣ ва гу- руҳи алоҳида ҳайати инжинерию техникӣ ҷудо карда меша- вад. Ҳамчун қоида кормандони инжинерию техникни кор- хона муаллифи пешниҳод буда наметавонад, ин муқарарот ба он асоснок карда мешавад, ки фаъолияти ин кормандон бояд ба он равона карда шавад ҷавобгӯи талаботи сатҳи ихтироот ва модели судманд аст. Дар баробари бо қо- нунгузорӣ ҳудудҳои хурди доираи амали ин маҳдудият му- қарар гардидааст, аввалан ин муқарарот нисбати на ҳама кормандони ижинерию техники тааллуқ дорад, ба корман- дони ташкилотҳои махсуси илмӣ-таҳқиқоти, лоиҳавӣ, конс- трукторӣ, технологӣ ва сохторҳои ба он монанди корхона ба он тааллуқ дорад. Баъдан пешниҳод бояд ба лоиҳа ва кон- струксия ва равандҳои технологи коркардшавандаи ин кор- хона дохил шавад. Маҳдудият ва пешниҳодҳое паҳн мегар- дад, ки ба то итмоми кор оид ба коркард ва ба кор даровар- дани он пешкаш шудаанд, Баъд аз марги муаллифи пеш- ниҳоди ратсионализаторӣ ҳуқуқҳои ӯ дар муносибатҳои ҳуқуқгузарӣ иҷозат дода шудааст ба меросгирони ӯ тибқи қонун ва ё васиятнома мегузарад. Дар асоси мерос ҳуқуқ ба хавасмандгардонӣ ва таъмини амалинамоки он ҳуқуқ ба ги- рифтани пешннҳоди ратсионализаторӣ мегузарад. Муҳлати амали ҳуқуқҳои меросгирон ба давраҳои муайян маҳдуд намегардад. Иштирокчии муносибатҳои ба пешниҳоди рат- сионализаторй вобаста, инчунин корхона, муассиса ва таш- килот мебошанд. Қонун ҳуқуқҳои муаллифиро ба шахси ҳуқуқӣ муталиқ надониста, онро уҳдадор менамояд, ки ариза оид ба пешниҳоди ратсионализаторӣ қабул намояд, баррасӣ кунад ва ҳуҷҷати ҳифзкунандаеро ба муаллиф диҳад. Ба ғайра аз ин, ба шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки дар мавриди ворид намудани пешниҳод ба истеҳсолот ба муал- лиф маблағи ҳавасмандгардониро пардохт намояд.
Давлат дар маҷмӯъ субъекти ҳуқуқ ба пешниҳоди ратси- онализаторӣ намегардад. Муаллифи (ҳаммуаллифони) пешниҳоди ратсионализаторӣ ҳуқуқи гирифтани подошро дорад. Подош аз тарафи корхонае, ки пешниҳоди ратсионализаториро эътироф намудааст, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) дар ҳолатҳои зерин пардохт карда мешавад: пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи корхона истифода (татбиқ) шудааст; ҳамчун пешпардохт дар мавриде, ки пешниҳод, ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда шудааст; пешниҳоди ратсионализаторӣ ба ҳуҷҷатҳои техникии дар асоси шартнома ба корхонаи дигар додашуда ворид карда шудааст. Андозаи подош барои пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи корхона дар мувофиқа бо муаллиф (ҳаммуаллифон) муайян карда шуда, дар шартномаи байни онҳо басташуда дарҷ мегардад. Агар пешниҳоди муаллиф (ҳаммуаллифон) дар якчанд корхона ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф шуда бошад, ҳар яке аз ин корхонаҳо новобаста ба дигарҳо, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) подош медиҳад. Бо тартиби муқаррарна- мудаи қонунгузории ҶТ мумкин аст муаллифи (ҳаммуалли- фони) пешниҳоди ратсионализаторӣ ба гирифтани мукофоти давлатӣ, унвони фахрӣ ва дигар мукофотҳо пешниҳод карда шаванд.
Ҳали масъала дар мавриде пешниҳоди ратсионализато- рӣ ҳисобида мешавад, ки ба таври расмӣ эътироф карда ша- вад. Корхона, муассиса ва ташкилот мустақилона тартиби баррасии ариза оид ба пешниҳоди ратсионализаториро муа- йян мекунанд. Ҳамин тариқ, муқаррарот оид ба расмият- дарории муносибатҳо дар ин самт муталиқи танзими ҳуқуқи меҳнатӣ аст. Ба расмиятдарори ҳуқуқ ба пешниҳоди ратсио- нализаторй аз лаҳзаи ба тартибдарори ба пешниҳоди ариза ворид гардида, бо додани гувоҳномаи ратсионализаторӣ бо имзои роҳбари корхона ва муҳри он ба итмом мерасад. Барои баррасии шикоят оид ба радди эътирофи пешниҳод ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторй ё бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторй дар корхона Комиссияи ҳалли баҳсҳо дар ҳайати намояндагони маъму- рият ва шӯрои ташкилоти ибтидоии Ҷамъияти ратсионали- заторон ё намояндагони иттифоқи касабаи корхона таъсис дода мешавад. Муаллифи пешниҳод ҳуқуқ дорад оид ба рад- ди эътирофи пешниҳод ҳамчун пешниҳоди ратсионализато- рй ва ё бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторй дар мӯҳлати ду моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур ба Комиссияи ҳалли баҳсҳо шикоят намояд. Муал- лифи пешниҳод ҳуқуқ дорад дар баррасии шикояти худ иш- тирок намояд. Баҳсҳо вобаста ба фаъолияти ратсионализа- торй дар Комиссияи ҳалли баҳсҳо ё бо тартиби судй баррасй карда мешаванд.