Главная / Гуногун / Рақобати инҳисорӣ. Шарти пайдоиш

Рақобати инҳисорӣ. Шарти пайдоиш

Рақобати инҳисорӣ дар ҷое ба миён омада метавонад, ки дар он даҳҳо корхона фаъолият намуда, дар байни онҳо имконияти гуфтушуни­ди пинҳонӣ ғайриимкон аст. Ҳар корхона дар асоси хатар ва таваккалии  худ амал намуда, сиёсати нархии худро муқаррар менамояд.

Рақобати инҳисорӣ дар ҳамон ҷое инкишоф ёфта метавонад, ки дар он ҷо гуногунии маҳсулот зарур аст ва дар он ҷо ҳарчи бештар муайян карда шудани табъу завқи истеъмолкунанда бо мақсади ба фурӯш баро­вардани маҳсулот талаб карда мешавад. Саноати сабук ва хӯрока, соҳаи  хизматрасонӣ ба мо даҳҳо мисолҳоро дода метавонад: курта, пиҷак, пал­то, маҳсулоти аз шоколад тайёршуда, қаҳвахонаҳо, театрҳо, эстрадаҳо  ва амсоли ин. Гуногунии маҳсулот мумкин аст на танҳо ба тавофут дар  сифати мол, инчунин ба ҳамон фаъолиятҳое, ки бо хизматрасонӣ алоқа­ манданд, асос ёбад. Сабаби аз тарафи истеъмолкунанда харидорӣ карда  шудани маҳсулот метавонад қоғазпечи нисбатан дилкаш, реҷаи корӣ ва  ҷойи ҷойгиршавии мағоза, хизматрасонии олӣ ба харидор, ба харидор  пешниҳод кардани тахфиф дар нарх ва монанди инҳо бошад. Чунин ҳолат ба андозаи зарурӣ дар мағозаҳои хурд, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои  фурӯши сӯзишворӣ, хушкашӯйиҳо ва амсоли ин ҷой дошта метавонад.

Дар шароити гуногунии неъматҳои иқтисодӣ ду корхонаеро, ки ҳа­ мон як маҳсулот ва ё ҳамон як хизматрасониро пешниҳод намоянд, ёфтан  амри маҳол аст. Ҳудуди соҳа васеъ гардида, муайян кардани он душвор  мешавад ва дар баъзе ҳолатҳо бошад, ғайриимкон аст, зеро дар ин самт  континууми маҳсулот ва хизматрасонӣ мушоҳида карда мешавад.

На танҳо нарх, инчунин омилҳои ғайринархӣ низ, ба монанди рекла­ ма, шароити фурӯш, имконияти ба қарз харидорӣ карда шудани маҳсу­ лот, ҷой доштан ва ё надоштани хизматрасонии кафолатӣ ва ғайра аҳа­ мияти муҳимро соҳиб мегарданд.  Дар шароити рақобати инҳисорӣ барои ворид шудан ба соҳа моне­ аҳои бузург ҷой надоранд. Самараи миқёс аҳамияти муҳим надорад, сар­мояе, ки барои оғоз намудани фаъолият талаб карда мешавад, одатан  калон нест.

Осон ворид шудан ба соҳа маънои онро надорад, ки гӯё дар ин соҳа ягон маҳдудият мавҷуд набошад. Ба сифати он патент оид ба маҳсулот,  иҷозатнома, сурғучҳои фабрика ва ё нишони тиҷоратӣ метавонанд ба­ромад намоянд. Лекин дар фарқият аз инҳисори соф дар ин ҷо патент  дорои хислати истисноӣ нест, зеро дар ин ҷо танҳо молҳо-субститутҳо  литсензионида карда мешаванду халос.

Муайян намудани нарх ва ҳаҷми истеҳсолот. Агар дар шароити рақобати озод каҷхатаи талабот (Dc) бо хатти абтсисса мувозӣ бошад,  пас, дар рақобати инҳисорӣ он майли на он қадар манфиро ба даст мео­рад (ниг. Dm ба расми 4.4). Ин маънои онро дорад, ки каҷхатаи талабот  нисбат ба мавриди рақобати озод камтар чандирӣ буда, дар инҳисори  соф хислати бештари чандириро дорад. Дар шароити рақобати инҳи­сорӣ дараҷаи чандирӣ ҳам аз шумораи рақибон ва ҳам аз сатҳи гуногу­нии маҳсулот (хизматрасониҳо) вобаста аст.

img_20210414_112914 img_20210414_112929

Ҳамин тавр, гуногунии маҳсулот дар гуногунии нарх инъикос ме­ гардад. Истеъмолкунандае, ки ба ин ва ё он маҳсулот одат кардааст, аз харидорӣ карда шудани он ҳатто дар мавриди боло рафтани нарх низ ба  осонӣ даст намекашад. Фирма танҳо харидори баҳисобгиранда ва мер­кантилариро иваз менамояду халос.

Майли манфии каҷхатаи талабот маънои онро дорад, ки дар шарои­ ти рақобати инҳисорӣ миқдори ками маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Агар дар мавриди рақобати озод маҳсулоти Q c аз рӯи нархи Pc истеҳсол  карда шавад, пас, дар шароити рақобати инҳисорӣ маҳсулоти Q m аз рӯи  нархи Pm истеҳсол карда мешавад (ниг. ба расми 4.4).

Корхона метавонад дар муддати кӯтоҳи вақт ҳам фоида ба даст орад ва ҳам зарар бинад. Лекин ҷой надоштани монеаҳои бузурги дохилшавӣ  дар соҳа, ки дар он корхонаҳо фоидаи устувори иқтисодиро ба даст мео­ ранд, ба он оварда мерасонад, ки барои ворид шудан ба ин соҳа соҳибко­ рони дигар низ бештар кӯшиш менамоянд. Дар натиҷа, дар давраи дароз­ муддат ҳолате ба миён меояд, ки дар он корхона на фоида мегирад ва на  зарар мебинад, яъне фоидаи иқтисодӣ ба сифр баробар мешавад. Чунин  ҳолат дар рақобати озод мушоҳида карда мешавад.

Акнун натиҷагирӣ менамоем. Дар шароити рақобати инҳисорӣ ҳаҷ­ ми истеҳсолоти корхона нисбат ба рақобати озод камтар буда, ҳамчун  қоида маҷмӯи хароҷоти миёна ва нарх нисбатан баланд мебошанд. Хароҷоти рақобатии инҳисорӣ. Ҳаҷми истеҳсоли нисбатан ками  маҳсулот боиси баландтар шудани нарх мегардад ва дар натиҷа самараи  рақобати инҳисорӣ аз рақобати озод камтар мешавад. Агар дар шароити  рақобати озод Р = МС (ниг. расми 4.1) бошад, он гоҳ дар шароити рақо­бати инҳисорӣ Р > MC мебошад (ниг. расми 4.5).

Дарк намудан мушкил нест, ки Рm > min AC, он гоҳ дар шароити рақо­ бати озод бошад, Р = АС. Ин онро ифода менамояд, ки ҳангоми рақобати  инҳисорӣ истифодаи нопурраи иқтидори истеҳсолӣ ба вуҷуд меояд.

Ин иқтидори изофагӣ пардохт ба маҳсулоти гуногун ба ҳисоб мера­ вад. Аз расми 4.5 маълум аст, ки ҳар қадаре каҷхатаи талабот ҳаракат ба  майли кунҷ намояд, ҳамон қадар ҳаҷми истеҳсолот аз ҳаҷми беҳтарин,  ки дар нуқтаи минималии АС расидааст, ба тарафи чап майл менамояд  (муқоиса менамоем Q m ва Q c дар расми 4.4). Аммо ҳар қадаре ки гуногу­нии неъматҳои иқтисодӣ бештар бошад, ҳамон қадар зиёдтар истеҳсолот  манфиатҳои гуногун ва нозукии табъу завқи истеъмолкунандаро қонеъ  мегардонад.

Ҳамин тавр, рақобати озод, инҳисори соф ва рақобати инҳисорӣ на­ мудҳои гуногуншаклии сохтори бозорро барҳам намедиҳанд.

Инчунин кобед

unnamed

Фалсафаи дин

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар …