Главная / Илм / Раъду барқ

Раъду барқ

Ҳосилшавии муқаррарии абрхои анбӯхӣ – боронй ва боришоти онҳо бо ҳодисаи ҳосилшавии барқи тавонои атмосфера алоқаманд аст, ки ба раъду барқи бисёркаратаи абрҳо ё ки байни абрҳо ва замин меорад. Пайдоиши заряди шарора ба ҳосилшавии оташак ва садои онро бошад, тундар ё ки гулдуррос меноманд. Агар ҷараён бо ёрии шамол шиддат гирад, онро тундбод меноманд. Аз рӯйи пайдоиш раъду барқро ба дохили массавй ва фронталй ҷудо мекунанд.

Раъду барқ бештар дар хушкиҳои минтақаи тропикй мушохида шуда, дар баъзе ҷойҳо то 100-150 рӯз дар як сол давом мекунад. Тундбодхои тропикӣ доимо бо раъду барки сахт ҳамсафар мебошанд, лекин онхо кам мушоҳида мешаванд (расми 35). Дар минтакаи субтропикӣ ба туфайли фишори баланди хаво раъду барқ дар хушкй 20-50 рӯз ва дар баҳр 5-20 рӯз, дар минтақаи муътадил 10-30 рӯз дар хушкй ва 5-10 рӯз дар бахр дар як сол давом мекунад.

Ҳисоб карда шудааст, ки якбора дар рӯйи замин 1800 раъду барқ ва тахминан 100 оташак дар хар як сония ба амал меояд. Дар кухло назар ба води раъду барқ бештар мушохида мешавад пайдошавии раъду барқ пайдо шудани тавоноии фарқияти барқии абрҳо ё ки байни абрҳо ё ки байни абрҳо ва сатҳи замин шуда метавонад. Ин вақт барқнокшавии абрҳо ба амал меояд. Ҷузъи абрҳо бо ягон сабаб зарядҳои барқии ҳархеларо соҳиб шуда, заряди манфӣ дар як қисми абр ва мусбӣ дар дигар қисми абр ҷойгир мешавад. Дар абри анбӯҳӣ – боронӣ ин ҷараён он қадар шиддатнок аст, ки ба фарқияти шиддатнокии калон (садҳо ҳазор волт дар 1 м2) меорад.Агар шиддатнокии оташак аз 20-50.10; В/м ва беиггар бошад, фарқи тавоноии зарядҳо то садҳо млн. волт ва қувваи ҷараён бошад ба даххо ҳазор ампер мерасад. Як оташак метавонад дар як хиссаи сония чанд кулон барқ (30 кулон)-ро гузаронад.

Гармшавӣ ва васеъшавии тези ҳаво дар самти ҷараёни оташак мавҷи таркиширо ҳосил мекунад, ки он садои гулдурросро ба вуҷуд меорад. Азбаски садо аз нуқтаҳои гуногун меояд, ба гӯши мушоҳидачӣ онҳо дар як вақт нарасида дуру дароз менамоянд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …