Главная / Ҷамъият / Равишҳои асосии омӯзиши ислом

Равишҳои асосии омӯзиши ислом

  1. Аввалин равиш дар исломшиносӣ бояд равиши диншиносии муқоисавй бошад. Ҳеҷ олиме бе донистани таъриху фалсафаи адёни дигар наметавонад моҳияти ин ё он динро ба таври дурусту саҳеҳ бишносад. Тамоми мавзӯъҳо чи ахлоқӣ, чи инсоншиносӣ ва чи охиратшиносӣ танҳо дар партави равиши муқоисавию татбиқӣ метавонанд мавриди таҳқиқ қарор гиранд ва аз ҷиҳати илмӣ ҳаллу фасл гарданд.

Равиши дуввум бояд бар асоси шинохти ислом ва тафсиру таъвили он бо усули ҳерменевтикӣ дар заминаи талаб ва муқтазои замон сурат гирад.7 Ин усул имконият медиҳад,

1 Чунон ки аллома Аҳмади Дониш фармуда, «яке аз эъҷози Каломи Маҷид ва ҳадиси Расули ваҳид ин аст, ки маонии мақсуда аз каломи ки тафаккури исломӣ аз ҷамудӣ- карахтию шахшудагӣ берун ояд, доираи шинохти сарчашмаҳои исломиро тавсиъа бахшад ва ҷавобгӯ будани онро ба талаботи ҳар давру замон собит кунад.

  1. Исломшиносӣ бояд дар сатҳи умумифарҳангии ҷомеа ба миён гузошта шавад. Яъне исломшиносӣ кори як гурӯҳи хоси домулловурӯҳонӣ ва диншиносу исломшиносӣ касбӣ нест, балки шинохти дурусту векеии ислом барои ҳамаи кишри равшанфикру зиёӣ ва пайравони он зарур аст. Масалан, ягон устоди таърих ва забону адабиёт бе дониши амики исломшиносию диншиносӣ имкон надорад, ки дар шиносондани таърих, осори адабию забонӣ муваффак гардад ва тавонад маънии ин ё он асарро ба шогирдонаш дар сатҳи зарурӣ биомӯзонад. Ё худ ягон фарҳангшинос бе дониши амики фарҳаги маънавию моддии исломӣ ва

мӯъҷазнизоми Илоҳӣ ва аҳодиси кудсии оёти ҳазрати рисолатпаноҳӣ мувофики замону макон дар ҳар вакте мустахриҷ ва мустанбат шавад ва то нафхаи сур чандон тафсир дар калом ва шарҳ дар ҳадис кунанд, ки маонии он дар замири ҳеҷ як аз муфассирин ва муҳадисини собик хутур накарда буд… ва он чи муфассирон дар баёни зоҳири алфозу маонӣ ва атвори фасоҳат ва мавориди калом навиштаанд, ба кадри афҳом ва мадорики худашон бошад ва бар ҳасби истеъдоди худи онҳо бувад вагарна Қуръон бас азимушаън аст. Маънии Куръони карим чунин нест, махсус ба ваҷҳе бошад ва дигар ваҷҳро шомил нагардад. Ё ин ки ихтисос ба кавме дошта бошад, ё он ки мухтас ба ҳолате танҳо бощад, ё ихтисос ба вакте ва замоне, ё аклу маконе дониста бошад, зеро ки Каломи худоӣ ҳамеша зинда аст ва монанди дарахт мева дорад, дар ҳар он самар медиҳод ба изни худо.»Аҳмади Дониш. Наводиру-л- вакоеъ. Китоби 1- «Дониш»:Душанбе-1988.с.31. Беҳтар аз ин дар бораи он ки Қуръонро тибки муктазои замон ва дар сатҳи фаҳмишу дониши аср бояд тафсир кард, касе нагуфтааст.

Ҳамин фармудаи Аҳмади Дониш барои исломшиносии имрӯз низ бояд асоси назарии муаррифии ислом ва истинботи аҳком карор гирад. Табиист, ки на ҳама метавонад ва на ҳар кас ҳак дорад бе доштани дониши кофӣ ва он шароите. ки барои як муфассир ҳатмист. даст ба тафсиру таъвили Куръони Маҷид ва шарҳи аҳодис занад. Риояи ин шароит ҳа тмист.

мақоми он дар таърихи тамаддуни умумиинсонӣ наметавонад дар ҷомеаи мо фарҳангшиноси асил бошад.

  1. Исломшиносии муосир бояд дар чустуҷҷӯи заминаи муколамаи тамаддунҳо бошад ва ҳар нуктае, ки ба ин асл нигаронида шудааст, баррасӣ ва таблиғ кунад. Ҳамчунон ки Президенти мӯҳтарами чумҳуриамон асли таълимот ва фиқҳи Имоми Аъзамро дар ~ тамоми олам ҳамчун заминаи таърихии муколамаи тамаддунҳо муаррифй намуд, ин равияро ҳам чун самт ва хатти асосии исломшиносии муосир бояд қабул кард. Нақши таърихии исломро дар тамаддуни ҷаҳон, аз ҷумла дар тамаддуни Ғарб, ва он саҳме, ки мусалмонон ва кишварҳои исломӣ дар тамаддуни муосир доранд ва дошта метавонад бояд баррасӣ ва ошкор кард.

Аввалин мақсади амалии консепсия ислоҳи шуури динӣ аз тариқи баланд бардоштани сатҳи шуури диниисломии шаҳрвандони ин кишвар аст, ки он яке аз заминаҳои асосии ташаккулёбии шахсияти фарҳангӣ дар ҷомеа мебошад.

Яке аз равишҳои асосии омӯзиши ислом бояд равиши ислоҳи шуури динй ва ташаккули тафаккури интиқодй бошад:. Ба истилоҳи ҳандаси ислох, яъне омӯзиши интиқодӣ аз тарафи исломшиносон ҳам дар ростои амӯдӣ /вертикалӣ/ ва ҳам дар ростои уфуқӣ /горизонталӣ/ бояд анҷом дода шавад. Кадом ҷихати шуур ва афкори таърихии динй ниёз ба ислох доранд?

Ба ғайр аз Қуръон, ки сарчашмаи аслӣ ва асосии ислом аст ва бе ҳеҷ таҳрифу дастбурд аз замони хулафои рошидин то ба рӯзгори мо омада расидааст ва ҳеҷ шубҳаву тардиде доир ба дурустии он вуҷуд надорад, ба меъёри муайяне тамоми афкори динӣ – фалсафӣ ва мазҳабии гузаштаро бояд зери заррабини интиқодии ислоҳ аз мавқеи муқтазои замон қарор дод. Зимни ин чунин тафтиши ақшори таърихии шуури динӣ ва омӯзиши сарчашмаҳои асосии ислом метавон дарёфт, ки мо то чи андоза аз исломи асили муҳаммадӣ ва аз асли маънии оёти қуръонӣ дур рафтаем.

Ҳамзамон бо нигоҳи амудӣ, бояд ба атроф, ба муҳит динию мазҳабии худ нигоҳи уфуқӣ низ афканд. Яъне дар баробари ҷустуҷӯи сарчашма ва ибтидои инҳироф ва эътизол аз исломи воқеъӣ, бояд хусусиятҳо ва сатҳи диндории имрӯзаи ҷомеа, тарзи зоҳиршавии диндории афроди ҷомеа, бардошту сатҳи маълумоти онҳо аз улуми диниро баррасӣ кард. Пас аз анҷоми ин кор метавон иқдом ба амал намуд.

Ҳамин тавр, агар самти асосии ислоҳу таҷдиди шуури мазҳабиро таъйин кардан хоҳем, он дар ҳадди ақал чунин хоҳад буд:

Ислоҳи амӯдӣ, яъне дар вертикол:

ҚБояд тамоми мероси фарҳанги динии гузашта, ба ғайр аз Қуръон ва аҳодиси саҳеҳ, ҳам тафсирҳо, ҳам таъвилҳо ва ҳам фатвоҳо ва алалхусус осори уламои дин аз дидгоҳи шинохти имрӯзии Қуръон мавриди баррасии интиқодӣ қарор гиранд. Қуръон китобест, ки барои наслҳои гуногун нозил шудааст ва имрӯз равшан маълум шудааст, ки ҳатто дар замони пайғамбар ба фаҳмидани баъзе оёти қуръонӣ бо сатҳи шуури онрӯзаашон ҳамасрони пайғамбар қудрат надоштанд, вале имрӯз фаҳмидани чунин оятҳо ва дарки моҳияти онҳо осонтар аст. Масалан, ҳамон мазмуни марказии Қуръон, ки аз ояти 30-и сураи ал-Бақара шуруъ мешавад ва вазифаи хеле бомасъули инсонро ҳамчун халифаи Худо нишон медиҳад мегирем. Машҳуртарин тафсири фалсафии Қуръон «Тафсиру-л -кабири» Имом Фахри Розӣ мебошад. Дар тафсири ҳамин оёт Имом Фахри Розӣ ба ҷои ин ки диққати асосиро ба тафсири он мақоми волое, ки Парвардигор ба инсон қоил шудааст, ҷалб кунад, варақҳои зиёде ба баҳсҳои фаришташиносӣ бахшидааст. Ин аст, ки бояд тафсиру таъвил ва ташреҳи нави Қуръон ва суннат дар сатҳи шуури ҷаъмиятии имрӯза сурат гирад.

  1. Шинохти матолиби оёти қуръонӣ аз рӯи усули қиёси ҷамъӣ (комплексӣ) ва бо назардошти мантиқӣ куллии Қуръон бошад. Яъне ин ё он оят ҳам аз нигоҳи муқоиса ба оёти дигаре ки дар ҳамин мавзӯ мебошанд, ҳам бо аҳдофи усулии Қуръон тафсиру таъвил бояд шаванд. Мисоли он таърихан масъалаи «қазову қадар» ва «ҷабру ихтиёр» шуда метавонад. Агар мо танҳо дар асоси он оёте, ки дар зоҳир маънии ҷабрро доранд ва амали инсонро сад дар сад аз қазову қадари Худованд медонанд, ин масъаларо тафсир кунем, миқдори дигари оёте, ки акси ин матлабро далолат мекунанд чигуна бояд фаҳмид? Гузашта аз ин агар инсон ихтиёру озодии амал надошта бошад, чандин масъалаи дигари мантқӣ пеш меоянд, ки аслан мантиқи таълимоти динии исломиро халалдор мекунан. Масалан агар инсон ихтиёр надошта бошад ва ҳамаи амали ӯ аз сарнавишти азалии ӯ бар ояд, пас зарурати ирсоли китобҳову паёмбарон дар чист, паёмбарон наметавонанд сарнавишти илоҳиро иваз кунанд; гузашта асз ин агар ҳама амали инсон аз рӯи сарнавишт бошад, некӯкор на бо хосту иродаи худ ва табаҳкор низ на бо хосту иродаи худ, балки тибқи иродаи Илоҳӣ ва сарнавишти таъйин кардаи Вай анҷом шуда аст, пас дар охират мукофоти ин яке ва муҷозоти он дигарӣ аз рӯи кадом адолат хоҳад буд. Касро барои коре, ки на ба иродаи ӯ балки ба иродаи худи Худованд, сарнавишти пештаъйини Ӯ анҷомшуда чигуна мукофоту муҷозот метавона кард?

Аз ин рӯ аз мавҷудияти оёти далолат ба ихтиёру озодӣ доштаи инсон дар Қуръон ва мантиқи ирсоли китобҳо ва паёмбарон ва асли адли Илоҳӣ метавон истинбот кард, ки инсон дар касби амал озод аст ва ихтиёр дорад.

  1. Ҳангоми ин чунин бозрасӣ бояд бо он таваҷҷӯҳ зоҳир кард, ки:

а- масъалаи маҳбубияту каромати инсонро дар назди Худованд бояд дар мадди аввал гузошт ва меҳрубонӣ ва муҳаббати Ӯ ба инсон ва инсон ба Ӯро мавриди ситоиш қарор дод на тарсу ҳарос аз ғазаби Худо ва оташи дӯзах. Дар ин маврид чун дар тасаввуф ва ирфон, ки аз намунаи олии фарҳанги исломӣ аст, муносибати ошиқонаи байни Худованд ва инсонро пайравӣ бояд кард. Худои исломро аз тасвири худои қаҳҳору ғазаболуд ва ҳамеша дар фикри интиқом ва ҷазодиҳи буда берун бояд овард.

б -мусулмонон аз шуури охиратгарои, яъне танҳо ба ободии хонаи охират таваччӯҳ доштан, ба ободии индунёи худ низ диққат диҳанд. Дар ин росто аз фарҳанги дунёбезории сӯфиёнаву дарвешона, ки мугоир аз исломи суннатй аст, бояд даст кашид ва инсонвор зистанро дар асосиҚуръонва аҳодисинабавй таргибнамуд.

в- дар мадди аввал гузоштани имону эътиқод аз тариқи шинохти ақлй ва тафаккури ақлонй ва нишон додани он, ки Қуръон ба ин гуна шинохт мухолиф нест. Дар ин робита таҳқиқи амиқи ин асли назарй, ки ҳарчи бештар шинохтани эъчози Парвардигор дар арсаи офоқ- табиат ва қонунҳои он куллан олами ҳастии моддй- инсонро ҳамон андоза ба Худо наздик мекунадва бузургии Ӯро барчастатар собит месозад. Дар ниҳоят ташаккул додани чаҳондинии илмии динй.[1] Таҳлили ҳерменевтикии он оятҳое, ки далолат ба чунин шинохт мекунанд ва онро равшантар нишон медиҳад.

г- ба мадди аввал овардани ҳамаи он мавридҳое, ки далолат ба таҳаммулу мудоро ва муносибати ҳасана байни инсонҳо, динҳо ва эътиқодҳо мекунанд ва баррасии дақиқт ва равшанй андохтан аз нигоҳи илми насх ва мансух ба он мавридҳое, ки тобиши таассубу тааддй доранд;

д- барчаста нишон додани мақоми инсон, бузургдошт ва мавқеи барчастаи он дар Қуръон, таҳлили амиқи фалсафию ирфонии шахсияти ӯ.

е- Баёни тозаи фалсафаиибодат: тавзеҳи фарқи ибодати омма аз хосса, дар мадди аввал гузоштани талошу кӯшиш дарроҳиилмва некуаҳволии омма ҳамчунибодат, ва истинод ба оятҳо ва ҳадисҳое, ки ба инмаънйдалолат мекунанд.[2]

Ислоҳи уфуқии шуури мазҳабй:

а- муаррифии тазоҳур ба мусалмонй аз мавқеимусалмони воқей, фош кардани анвои риёкорйдар дин, таҳлили амиқи зоҳиргарой ва риёкорй дар диндорй;

б- интиқоди суфимаобй ва зӯҳдгароии хушку намоишкорона;

в- ислоҳи рӯҳоният аз тариқи таълиму тарбияи донишгоҳй ва мадрасай, баланд бардоштани сатҳи хутбаҳои намоз;

г- ислоҳи макотиб ва мадориси таълимии динй ва ба дараҷаи ниёзу талаботизамониҳозира ва сатҳи ҷаҳонбинии муосир баланд бардоштани тайёрии онҳо;

д- ислоҳи маросимҳои динию шаҳрвандй: туйҳо, худоиҳо, таъзияҳо ва гайраҳо;

е- такмил ва ташхиси доираи корҳои хайрия;

ж- тавсиаи доираи корҳои таблигу иршод аз тариқи расонаҳои хабарии муосир.

Ин равишҳое, ки дар ин ҷо номбар шуданд, як навъ кӯшиши нахустини муайян ва мушаххас сохтани масоили доираи ислоҳи шуури динй аст, аммо коркарди амиқтар ва густардатари ин тавр масъалаҳо дар пеш аст.

Нахустин нуктае, ки дар ислоҳи шуури динй дар ростои амӯдй, қобили таъкид аст, он аст ки мо имрӯз бояд дар Қуръон ва ҳадисҳои пайгамбар дар ҷустуҷӯи масоиле бошем, ки ба вазъу сатҳи шуури имрӯзаи ҷомеаи мо, аз нигоҳи ҳаёти иҷтимой – маънавй ва арзишҳои умумибашарй созгору мувофиқ аст. Ин албатта, маънии онро надорад, ки он чунон ки дар охири асри 19 ва ибтидои а. 20 як гурӯҳ таҷаддудхоҳон (модернистҳо)-и араб бо мақсади ба ниёзҳои табақотии буржуазия ва ё бо кашфиётҳои илмӣ мувофиқ кунондани ислом ва Қуръонро хоста даст ба сохтакорӣ заданд ё бо шиори таҷаддудхоҳӣ ҳар ҳар амалу рафтори фисқуфасодоварро ки дар ислом ҳаром шуморидааст (масалан лавотӣ, зино, диздии хурду калон) ҳалол шуморем. Мо набояд ҳамчун коре кунем. На, Ҳаргиз! Ислом ва алалхусус Китоби Муқаддаси он Қуръон ба модернсозӣ – таҷдид ба чунин маънӣ эҳтиёҷ надорад, балки дар он ганҷҳое нуҳуфтааст, ки барои кошифони пешина, муфассирон, ҳатто саҳобагони Паёмбар пӯшида буд ва таъйиноти он барои он аср набуда, ин аст ки арзиши ин чунин оётро чандон дарк накардаанд. Мисоли он назарияи маърифат ё шинохшиносии Қуръон аст. Қуръон ҳамчун сарчашмаи маърифат дар баробари ваҳй, ба нақши эҳсосот ва ақлу ҳадс низ таъкид кардааст. Ва аҳамияти андешаву тафаккурро дар он чи Худованд худ дар офоқу анфус ҳамчун оёти худгузоштааст даъват мекунад. Хулоса, дар Қуръону аходис масоиле ҳастанд, ки муфассирони пешини Қуръон, чунон ки Аҳмади Дониш гуфта, ба он эътибор надодаанд, чунки таваҷҷӯҳи онҳо аксар ба масоили дигар банд будааст.

Имрӯз яке аз муҳимтарин ва асоситарин мавзӯъҳо масъалаи инсонгароиву одамият ва эътирофи мақоми волои инсон дар дини Ислом аст. Мутаассифона, то кунун дар тасаввури оммаи мардуми Осиёи Марказӣ баръакси ин таъсири рӯҳияи ночизу камарзиш ва заъифу бечора шуморидани инсон роиҷ аст. Ҳол он ки Ислом мисли дигар динҳои сомӣ, инсонро бузургтарин намуна тоҷи офариниши Худо мешуморад. Бар зами ин дини ислом боз ҳам мақоми инсонро балантар бардоштааст, ки дар ду дини дигари сомӣ – яҳудӣ ва насронӣ то ба ин сатҳ бузургдошти инсон вуҷуд надорад.[3] Инсон чун халифаи Худо дар рӯи замин бархӯрдор аз рӯҳи илоҳӣ ва дорои қисмате аз сифоти илоҳӣ: чун ақл, офаридгорӣ, ҳикмат, илм, иродаву тадбир, имону эътиқод ва ғайра мебошад. Пас рисолати аввалини инсон ба ҳадди камол расонидани ҳамин вадиъаи илоҳӣ ва такомул дар масири идеоли воло, дар самти «сироту-л-мустақим». ба сӯи касби қурбат ба боргоҳи Илоҳист. Чи фалсафае аз ин бештар метавонад асоси назарии сайри такомулии бениҳояти инсон бошад.

Ё худ мисоли дигарро гирем. Дар шуури имрӯзаи аксари мусалмонон тасаввуроти дини яҳудиву насронӣ нисбат ба зан ҳукмрон аст, ки он аз паст задани мақоми зан дар ҷомеъа иборат мебошад.[4].

Ё намунаи он чи бояд дар ростои амудии шуури таърихии динӣ ислоҳ гардад, бахше аз охири фасли китоби «Насиҳату мулук» -и Имом Муҳаммад Ғаззолӣ шуда метавонад, ки дар он ҳама балоеро, ки ба мардон мерасад ба сари занон бор кардааст ва ҳамчунин маънии он шеъре, ки аз шоире нақл мекунад. Чунин асарҳои бадеӣ ва насиҳатномаҳо, ки дар асоси сарчашмаҳои таҳрифшудаи ба ном исломӣ навишта шудаанд, зиёданд. Ин гуна сарчашмаҳо имрӯз наметавонанд роҳнамои ҷомеа исломӣ бошанд. Роҳи ислоҳ ҳам нишон додани ин воқеъият ва дар асоси аҳодиси набавӣ ва оёти қуръонӣ собит кардани мақоми волои зан ва модар дар ислом аст. Ин намунаи ислоҳи амудии иштибоҳоти таърихии дар таълимоти ислом роҳёфта мебошад.

Яке аз соҳаҳои ислоҳталаби шуури мазҳабии имрӯзаи мо вобаста ба маросимҳо ва фаҳмиши нодурусти хайрот ва саховат аст. Вуҷуди маросимҳои серхарҷу расму русумҳои хурофотии марбут ба одатҳои маҳаллӣ бо номи ислом ва ё нишонаи мусалмонӣ имрӯз миёни мардумро мешикананд. Ислоҳи ин навъ шууру одатҳо низ эҳтиёҷ ба поксозию софкории шуури динӣ дорад, ки он аз тариқи шарҳу баёни чӣ будани хаёрот, саховат, садақа ва умуман корҳои хайрия дар ислом ва нишон додани сарчашмаи ин чунин хурофот, аз куҷо одат шудани ин расму русум дар шуур ва амалия мазҳаби мо имкон пазир аст.

[1] Инсон агар дар хусусй чигунагии фаъолияти дастгоҳи муҳаррики як мӯр ё як хомӯшак ё кана андеша кунад ва қонуни амалиёту коркарди онро бишносад, доир ба бузургии Худованд дар таҳаюр мемонад, ҳоло чй расад ба шинохти умқй кайҳони паҳновар ва олами афлоку-каҳкашонҳои дигар. Албатта, чунин шинохти илмии қудрати Худованд, аз шинохти асотирии он, ки масалан, дар қиссаҳо омад, ки Худованд инсонро аз гил мисли кулол сохтанаш ва ба он чон ато карданаш (агар мо ин гилу хокро ба тарзи рамзй қабул накунем) ба маротиб баланд аст, агар мо бо таваччӯҳ ба сатҳи донишу чаҳонбии илмй бузургию азамати Худо ва илму ҳикмати Ӯро бо тасвири илмии сохтори биологии узвҳои инсон, масалан, магзи сари он ва зарурати қонуни табиат ва шароити мувофиқ, ки бе дахолати Худованд тасаввур кардани он имконнопазир аст, бишносем, чаҳонбинии илмии динй дорем. Кам набудан ва нестанд олимони табиатшинос, ки бо вучуди доштани чаҳонбинии илмй диндор буданд ва албатта чаҳонбинии илмии динии ин гуна олимон бо чаҳонбинии динии як муллои асотиргаро як нест. Тасаввуроти ин ду дар бораи Худо низ гуногун аст.

[2] Агар исломшиносии мо тавонад, ки дар асоси истинботи оёт ва аҳодиси марбут ба ибодат ва шинохти қудрати Худованд, тафаккуру андеша ва амал дар ин роҳро навъе аз ибодат ва волотарин ибодати хосса нишон диҳад, шояд мусулмонони мо низ дар фикри шинохти табиат, мушоҳидаи амалкарди муру мурҷа, бо заррабину дурбин (телескоп) назорра кардини қудрати илоҳй ҳавасманд шаванд ва ин ҳикматҳои илоҳиро чунон, ки гарбиҳо омӯхта мисли он технолужиҳои навро бунёд карда истодаанд, дар ба кори бунёдкорй зананд.

[3] Дар ин маврид корҳои зиёде дар дигар кишварҳо карда шудаанд ва ҳамчун намунаи таҳқиқӣ мӯқоисавии мақоми инсон дар адён, нигаред ба китоби Шерзод Абдуллозода. «Фалсафаи одамият» Душанбе 2004..

[4] Он ҳам чанд ақидаест, ки дар китоби «Аҳди Қадим» баён шудааст ва баъдан аз дини яҳудӣ ва насронӣ ба ислом гузаштааст. Нахуст ақидаи аз данда /қабурға/-и Мард /Одам/ офарида шудани зан ва дуввум, ба доми васвосаи Шайтон афтодани Зан (Ҳаво) ва Одамро низ ба содири нахусгуноҳ водор кардан ӯ мебошад. Ин тасаввурот ба ислом аз куҷо ворид шудааст дар сурате ки дар Қуръон чунин сухани ошкоро ё пинҳоние нест. Қуръон марду занро аз як асли воҳид халқшуда ва дар содири гуноҳи нахустин ҳардуро баробар муқассир мешуморад.

Пас тасаввуроти ҳамагонии мусалмонон дар бораи аз қабурғаи мард офарида шудани зан ва ба воситаи зан ба васвасаи Шайтон афтодани Одам аз куҷо пайдо шудааст? Масдари ин тафсир дар асоси исроилиёт, яъне истифодаи сарчашмаҳои дини яҳудиву насронӣ мебошад. Ин истилоҳ «исроилиёт» дар илми тафсир ҳамчун яке аз сарчашмаҳои тафсири Қуръон шинохта шудааст вале муфассирин ба назокати Қуръон, ки дар ҳеҷ мавриде зотан занро хурд ва паст нашуморидааст ва муқассири асосии нахустгуноҳ надонистааст таваҷҷӯҳ накардаанд. Ҳамин тавр муфассирон ин чунин тасаввуротро, ки дар Қуръон ҷой надорад ба ислом аз тариқи тафсирҳои худ дохил кардаанд. Аз ҳамин тариқ шуури мусалмонно ба таҳқиру паст шуморидани зан одат кардааст.

Инчунин кобед

makka

Оғози даъват ба хориҷ аз Макка – Муҳаммад (с)

 Тойиф дар дувоздаҳ фарсанг фосила, серӯза роҳ аз Макка ҷойгир шуда буд. Дар ин шаҳр …