Қуръонро ба равишҳои мухталиф тафсир кардаанд. Равиши нахустин дар тафсири Қуръон тафсир ба манқул аст ва он ҳамон равиши тафсир дар асоси ҳадисҳоест, ки аз забони Паёмбари ислом (с) нақл шуда. Масалан, аз ӯ пурсиданд, ки «Салатулвусто» дар ояти зер: 5^11 ^“^'(сураи Бақар, ояти 238) кадом аст? Фармуд: «Намози аср».Аз ин қабил тафсирҳо зиёданд ва дар маҷмӯаи ҳадисҳои саҳеҳи шашгонаи аҳли суннат ва китобҳои ривояту ахбори шиъа аз онҳо фаровон метавон пайдо кард. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ боби махсусе барои чунин ҳадисҳои саҳеҳ оид ба тафсири Қуръон ҷудо карда шудааст. Чунин равиши тафсири Қуръонро дар китобҳои тарҷумаи ҳоли пайғамбар «Сиротуннабӣ» низ[1] метавон ёфт.
Ногуфта намонад, ки бо мурури замон дар заминаи тафсир ба манқул тафсирҳои вазъӣ (яъне сохтаву қалбакӣ) низ зиёд пайдо шуданд ва муҳаддисон барои шинохти чунин ҳодисаҳои саҳеҳ аз ҳадисҳои қалбакӣ бисёр кӯшидаанд.
Дувумин равиши тафсири Қуръони маҷид тафсир ба иҷтиҳод (ё тафсир ба раъй) мебошад. Дар ин равиши тафсирк муфассир (тафсикунанда) дар сурати ворид будан ба нозукиҳои забони арабӣ-сарфу наҳви он, донистани ашъор ва хитобаҳои арабии пеш аз ислом (ки давраи ҷоҳилия ном дорад) ва ҳамчунин бо доштани маълумот аз шароит ва асбоби нузули ояти Қуръонӣ аз пеши худ иҷтиҳод мекард. Алиасғари Ҳалабӣ бо истинод ба «Муқаддима»-и Ибн Халдун қайд намудааст, «ки бисёре аз саҳоба монанди Ибни Аббос ва Ибни Масъуд оятҳои қуръониро ба ҳамин тартиб тафсир кардаанд».
Вале чунонки дар боло қайд шуд, мухолифони чунин равиши тафсир низ кам набуданд. Дар заминаи ин равиши тафсир низ тафсирҳои зиёде ба миён омаданд, ки ҳар яке аз мавқеъи илми худ: наҳвӣ аз мавқеъ сарфу наҳв, фақеҳ аз мавқеи масоили фиқҳӣ, файласуфу мутакаллим аз мавқеъи мактабу мазҳаби фалсафии худ ба тафсири Қуръон даст заданд. Ниҳоят баъзе масоили илмию мазҳабиро на тобеъи авомири қуръонӣ, балки Қуръонро тобеъи масоили ҳаётии худ карданд.
Дар ҳар сурат метавон гуфт, ки равиши тафсир ба раъй бештар ба пешрафти илм ва фалсафа кӯмак намудааст, чунки манбаъ ва масдари равиши аввал дар тафсир ахбор ва ҳадисҳо ё ба тарзи кулли нақлӣ будааст вале манбаъ ва масдари равиши дувум, истинбот ва иҷтиҳод ба раъйи шахсӣ, яъне аз тариқи муҳокима, муқоиса ва мутолиъа бо истифода аз ақли шахсӣ бо таваҷҷӯҳ ба манқулоти мавҷуд берун кашидани маънист. Аз ин рӯ, манбаи равиши дувум ақл аст ва онро равиши ақлӣ низ меноманд.
Яке аз равишҳои маъруф равиши тафсири Қуръон дар асоси манобеи исроилиёт будааст. Аз ин манобеъ аксари муфассирон истифода кардаанд. Чунонки маълум аст дар Қуръон бисёр оятҳое, аз ҷумла дар мавриди офариниши олам ва Одам, саргузашту қиссаҳои пайғамбарон ва ғайра ҳастанд, ки дар сарчашмаҳои исроилк: китобҳои «Аҳди қадим» ва «Аҳди ҷадид» ва дигар манбаъҳои дини яҳудия ва насрония ба тафсили бештар ҷой доранд. Ин аст, ки муфассирон барои баёни оятҳои қуръонӣ, ки гоҳе ба тариқи мухтасар ё ишорае аз онҳо ёд кардааст ба манбаъи исроилиёт рӯй меоварданд. Бисёре аз ин чунин муфассирон мусалмон худ қаблан аз аҳли китоб будаанд.
Ибн Халдун дар «Муқаддима» (с. 490-491) гӯяд: бештари ин аҳли китоб аҳли Химяр буданд, ки ҳар чанд ислом оварда буданд, аммо дар бораи умуре, ки ба аҳком шариъат марбут набуд, ба эътиқоди собиқи худ боқӣ монда буданд, ба вижа ривоёте, ки марбут ба оғози офариниш, ҳаводиси кутуби муқаддас ва ҷангҳо ва хунрезиҳо (малоҳим) ва ҷуз инҳо буданд. Ва аз ин гурӯҳ, ба вижа Каъбулахбор, Ваҳб ибни Мунаббаҳ ва Абдуллоҳ ибни Салом дар тафосири исломй шӯҳрат ёфтаанд.
Ниҳоят аз заруриёте, ки донистани он муфассири Қуръонро лозим аст як зумра илмҳои дигар аз қабили сарфу наҳви арабй, усули қалом, усули фиқҳ, илми ҷадал ва фиқҳ ва ҳадис ва ахбор ва ашъори араб (махсусан ашъори давраи ҷоҳилия) ва қасасуланбиё ва чанд илми дигар аст.
Чунонки қаблан ишора кардем тафсирҳо аз ҷиҳати мавзӯъ гуногунанд: бархе аз тафсирҳо бештар ҷанбаи забонй, сарфию наҳвй, баъзе адабй, бархе дигар ба масоили ҳуқуқй (фиқҳк) ва ҳикмату каломй таваҷҷӯҳ кардаанд, баъзе таваҷҷӯҳ танҳо ба шарҳу баёни қиссаҳо карда, дигаре таваҷҷӯҳ ба умқи Қуръон, маънои ботинии он кардаанд. Хулоса, равишҳои гуногуни тафсир мавҷуданд, ки маъруфтарини онҳо: тафсири Қуръон ба Қуръон, тафсирҳои иҷтиҳодӣ, тафсирҳои мавзӯӣ, тафсирҳои татбиқӣ, тафсирҳои асрӣ, тафсирҳои таърихӣ, тафсирҳои фалсафӣ, тафсирҳои адабӣ, тафсирҳои каломӣ, тафсирҳои фиқҳӣ, тафсирҳои ирфонӣ, тафсирҳои иҷтимоӣ, тафсирҳои илмӣ, тафсирҳои ҳидоятӣ ва тарбиятӣ мебошанд.[2] Тозатарин равишҳо дар тафсири Қуръон равиши тафсири мавзӯӣ, тафсири асрӣ, тафсири татбиқӣ ва тафсирҳои илмӣ мебошанд.
Ба навъи тафсири маъонк-таъвил, ки шинохти маънии ботинии оёти Қуръон аст, чунонки гуфтем, ботиниён: аҳли шиъа, исмоъилия ва аҳли тасаввуф майл доштанд. Онҳо дар ҳамин замина аҳдофи сиёсии худро матраҳ намуда, ба василаи таъвили Қуръон алайҳи мухолифони худ мубориза оғоз карданд. Аз ин рӯ, тафсирҳо ба ғайр аз сарчашмаи мазҳабию динӣ, илоҳиётиву фалсафӣ, адабию фарҳангӣ будан, яке аз сарчашмаҳои идеологию сиёсии қувваҳову аҳзоби мухолифи дохили исломӣ низ будаанд.
Тафсири Қуръон ҳамчун илм то имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Ва ҳанӯз эҳтиёҷи фаровон ба он вуҷуд дорад. Дар давраи нав ва навтарини таърихи мамлакатҳои исломӣ, алалхусус аз давраи ба вуҷуд омадани наҳзати ислоҳи ислом, тафсирҳои зиёде бо таваҷҷӯҳ ба муқтазои замон, чунонки баъдан хоҳем дид, аз тарафи уламои ислом, навишта шудаанд ва ҳанӯз низ ин амал идома дорад.
Чунонки аллома Аҳмади Дониш фармуда, «яке аз эъҷози Каломи маҷид ва ҳадиси Расули ваҳид ин аст, ки маонии мақсуда аз каломи мӯъҷазнизоми илоҳӣ ва аҳодиси қудсии оёти ҳазрати рисолатпаноҳӣ мувофиқи замону макон дар ҳар вақте мустахриҷ ва мустанбит шавад ва то нафхаи сур чандон тафсир дар калом ва шарҳ дар ҳадис кунанд, ки маонии он дар замири ҳеҷ як аз муфассирин ва муҳаддисини собиқ хутур накарда буд… ва он чи муфассирон дар баёни зоҳири алфозу маонӣ ва атвори фасоҳат ва мавориди калом навиштаанд, ба қадри афҳом ва мадорики худашон бошад ва бар ҳасби истеъдоди худи онҳо бувад вагарна Қуръон бас азимушаън аст. Маънии Куръони карим чунин нест,\ки\ махсус ба ваҷҳе бошад ва дигар ваҷҳро шомил нагардад. Ё ин ки ихтисос ба қавме дошта бошад, ё он ки мухтас ба ҳолате танҳо бощад, ё ихтисос ба вақте ва замоне, ё ақлу маконе дониста бошад, зеро ки Каломи худоӣ ҳамеша зинда аст ва монанди дарахт мева дорад, дар ҳар он самар медиҳод ба изни Худо».[3]
Шинохти Қуръони Маҷид чунонки дар матни иқтибосшуда бармеояд то охирзамон, то садо додани сури Исрофил анҷом напазирад ва дар ҳар замоне ва маконе мувофиқ бо ниёзҳо ва талаботи он аз Қуръон маъниҳои тозае истинбот шаванд, ки дар фикри муфассирони гузашта роҳ наёфта, гузар накарда буданд ва метавон гуфт наметавонистанд гузар кунанд, чунки шароиту муқтазиёти он давраҳо дигар буд. Имрӯз замоне расидааст, ки тафсирцои наве мувофиқ бо шароити замон ва муқтазои он навишта шавад. Беҳтар аз он чи Ацмади Дониш гуфтааст, дар бораи он ки Қуръонро бояд тибқи муқтазои замон ва дар сатҳи фаҳмишу дониши аср тафсир кард, касе нагуфтааст. Хуласа, маорифи исломӣ, ки дар Қуръон мастур аст, бояд аз тириқи тафсир вобаста ба муқтазои ҳар давру замон берун кашида мешавад. Алалхусус имрӯз ниёз ба шинохти аҳкоми сиёсию ҳуқуқии ислом, тафсиру таъвили он аз дидгоҳи иҷтимоиву ахлоқк, илмк, сиёск хеле зиёд аст ва ин худ ниёз ба муҷтаҳидон ва муфассирони огоҳу ошно бо илми тафсирро тақозо мекунад.
[1] Ислам: Энциклопедический словар.-М.: Наука. 1991.с. 232-233
[2] Муфассал оид ба моҳияти равишҳои тафсир нигаред ба «Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯцк». Ба кӯшиши Бацоуддин Хуррамшоцк. Ҷилди аввал «Дӯстони Ноцид», Тецрон, 1377, с.647-652
[3] Аҳмади Дониш. Наводирулвақоеъ. Китоби 1- «Дониш»:Душанбе- 1988.с.31.