Равиши миёнаи солонаи ҳарорати ҳавои сайёраи Замин аз соли 1861 то соли 2000 нисбаг ба тағйирёбиҳои миёнаи ҳарорати солҳои 1961-1990 оварда шудааст. Дар расм барои тамоми сайёраи Замин (а), барои нмкураи Шимолӣ, шимолтар аз 30° арзи шимол (б), барои минтақаи тропикӣ дар байни 30° арзи шимолӣ ва 30° арзи ҷанубй (с), барои нимкураи Ҷанубй ҷанубтар аз 30° арзи ҷанубй (д) пешкаш шудааст. Муайян аст, ки дар нимаи дуюми асри XIX ҳарорат аз меъёр пасттар буд ва дар давоми асри XX каме баланд шуд. Аз ҳама бештар гармшавиҳо солҳои 1910-1945 ва 1976-2000 ва солҳои 1946-1975 бошад, сардшавии ҳарорати ҳаво мушоҳида шудааст. Муайян карда шудааст, ки баландшавии ҳарорати ҳаво то 0,6°С дар сайёраи Замин давоми асри XX мушоҳида гардиданд, ки дар 1000 соли охир аз ҳама бештар аст. Дар давоми асри XX майдони барфҳои доимй 10% кам шуда, камшавии майдонҳои яхии кӯҳҳо (аз ҷумла пиряхҳои кӯҳии Тоҷикистон то 50% кам шуданд), Арктика ва Антарктида ба чашм расиданд. Ҳамин тавр, 100 соли охирро даври гармшавии иқлим гуфтан мумкин аст.
Инчунин кобед
Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …