Главная / Биология / РИБОСОМАҲО

РИБОСОМАҲО

Рибосомаҳо шаклан нимдоираи андозаашон 15,0 – 35,0 нм буда, аз ду ҳисса иборатанд (расми 5.8). Дар рибосомаҳо тақри- бан миқдори сафеда ва КРН баробар аст. Онҳо ҳам дар ҳуҷайраи прокариотҳо ва ҳам дар ҳуҷайраи эукариотҳо мавҷуданд.

Агар ба механизми биологии синтези сафеда нигаред, маълум мегардад, ки зинаи транслятсияи рибосомаҳо аҳамияти калон до- рад. Дар ин ҷо таъсири мутақобилаи антикодони КРН-н (нақли- ётӣ) бо кодони КРН-а ба амал меояд. Рибосомаҳо дар молекулаи КРН-а ҳаракат карда, аз як триплет (сегона) ба триплети дигар мегузаранд.

Ҳамин тавр, вазифаи асосии рибосомаҳо аз он иборат аст, ки кодонҳои КРН-а-ро нигоҳ дошта, ба осонӣ бо антикодонҳои КРН-н пайваст шавад. Дар натиҷаи он, пайдарҳамии нуклеотидҳои КРН-а ба пайдарҳамии аминокислотаҳои занҷири полипептидӣ мувофиқат мекунанд.

Маҷмаи Голҷи

Сохтори асосии маҷмаи Голҷи мембранаи ҳамворест, ки қа- бат ба қабат зич шуда, вакуолаҳои калон ва ҳубобчаҳои хурд
дорад (расми 5.9). Сафедаҳо, полисахаридҳо ва чарбҳое, ки дар мембранаи тӯри эндоплазмавӣ синтез мешаванд, ба комплекси Голҷи ворид шуда, андаруни сохтори он конденсатсия мешаванд ва барои хориҷ шудан ё истифодаи худи ҳуҷайра омода мегарданд.

Ба ибораи дигар, ин моддаҳо (сафедаҳо, полисахаридҳо, чарбҳо) дар маҷмаи Голҷи роҳхат гирифта, мувофиқи он амал мекунанд ва ба ҷойи лозим расонда мешаванд.

Дар маҷмаи Голҷи лизосомаҳо ташаккул меёбанд, ки дар ҳаз- ми моддаҳои дохилиҳуҷайравӣ фаъолият доранд. Маҷмаи Голҷи дар ҳуҷайраҳои ғадуди усораи дохилӣ вомехӯранд. Дар он ҷо гор- монҳо ҳосил шуда, ба ҷараёни хун ҳамроҳ мегарданд ва ба тамо- ми ҳуҷайраҳои бадан равона мешаванд.

Расми 5.9. Маҷмаи Голҷи:

  • – ҳубобчаҳо, 2 – систернҳо.

Митохондрия

Митохондрия дар ҳамаи ҳуҷайраҳои организмҳои эукарио- тии якҳуҷайра ва серҳуҷайра дида мешавад. Ин далели он аст, ки митохондрия дар ҳуҷайра аҳамияти бағоят калон дорад.

Митохондрия дарозрӯя, лӯнда ва риштамонанд мешавад (расми 5.10). Диаметри онҳо аз 0,2 то 1 мкм буда, дарозиашон то 7 мкм, дарозии шаклҳои риштамонанд то 15-20 мкм аст.

Миқдори митохондрия дар бофтаҳо якхела набуда, ба фаъ- олияти ҳуҷайра вобаста аст: дар он узве, ки равандҳои синтез баланд аст, миқдори онҳо зиёд мебошад (ҷигар), масалан, дар мушакҳои қафаси синаи парандагон. Митохондрия бо роҳи тақ- симшавӣ зиёд мешавад, ки ба хосияти молекулаи КДН вобастагӣ

Нақшаи сохти митохондрия: А – буриши дарозрӯя, Б – сохти моделӣ,

  • – мембранаи берунӣ,
  • – мембранаи дарунӣ,
  • – рибосома, 4 – КДН,

5 – ҳиссачаҳо.

Девораи митохондрия аз ду қабат – мембранаи берунӣ ва да- рунӣ иборат аст. Девораи берунӣ ҳамвор, дарунӣ бошад, бо қа- батчаҳо чудо шудааст, ки онҳоро крист (аз лотинӣ спз1а – шона) меноманд. Дар мембранаи девораи кристҳо ферментҳои бисёр ҷой дошта, онҳо дар мубодилаи энергетикӣ иштирок мекунанд.

Миқдори лоначаҳои крист, ки масоҳати мембраниро муайян карда, дар онҳо ферментҳо чойгиранд, ба амали ҳуҷайра вобаста аст. Дар митохондрияи мушакҳо лоначаҳои кристӣ бисёр буда, тамоми масоҳати даруни органоидро ишғол кардаанд; дар ҳуҷай- раи ҷанин бошад, кристҳо каманд.

Вазифаи асосии митохондрия синтези энергияи захиравии универсалӣ, яъне АТФ мебошад.

Тестҳо

  1. Рибосомаҳо аз чанд ҳисса иборатанд?

а) ду; б) се; в) чор.

  1. Рибосомаҳо дар кадом ҷойи ҳуҷайра ташаккул меёбанд?

а) ядро; б) ядроча; в) маҷмаи Голҷи.

  1. Транслатсия дар рибосомаҳо ба чӣ оварда мерасонад?

а) ба таъсири мутақобилаи антикодонҳои КРН – н ба кодонҳои КРН – а; б) аз ҳам ҷудо шудани аминокислотаҳо; в) боз доштани пайдарҳамии аминокислотаҳо.

  1. Сохтори асосии маҷмаи Голҷи чӣ хел аст?

а) аз ҳубобчаҳо ва систернҳо иборат аст; б) аз ҷӯйчаҳои равон иборат аст; в) аз пластинкаҳо иборат аст.

  1. Вазифаи маҷмаи Голҷи дар чист?

а) синтез кардани моддаҳо; б) конденсатсия шудани моддаҳо ва роҳ- хат гирифтан ба ҷойҳои лозимӣ расондан; в) захира шудани моддаҳо.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …