Главная / Ҷамъият / Рисолати Муҳаммад(с) то ҳиҷрат

Рисолати Муҳаммад(с) то ҳиҷрат

Мувофиқи ривоёт ҳудуди чиҳилсолагӣ Муҳаммад (с) пай дар пай хобҳо мебинад, ки онро (руъёи содиқ) номидаанд.[1] Ин хобҳо дар рӯҳияи ӯ як дигаргунии куллие эҷод карданд. Ӯ аз одамон канора гирифта, дар ғори Ҳиро гӯшанишинӣ мекард, ҳар вақт тӯшаву обаш, ки тамом мешуд ба хона меомад ва боз бо тӯшаву об ба он ғор бармегашт.

Рӯзе дар ҳамон ғор аввалин ваҳйи илоҳӣ ба пайғамбар ҳангоми хоб нозил мешавад, ки ба иттифоқ онро ҳамон сураи 96 (ал-Алақ) мешуморанд, ки дар он омадааст:«Бихон! ба номи Парвардигорат, ки офарид. Офарид одамро аз пораи хуни баста. Бихон ва Парвардигоратро бузургвортар аст. Он, ки ба василаи қалам омӯхт. Ба инсон омӯхт он чиро ки намедонист.» (96:1-5)

islomДар мавриди чигунагии тағйири ҳолати Муҳаммад (с) дар он ҳангом ривоёти зиёде мавҷуданд. Дар он шаби Рамазон ба нақли Хадиҷа Расули Худо дар Ғори Ҳиро танҳо буд, ба назараш омад, ки фариштае бар вай зоҳир шуд, бо саҳифае, ки бо худ дар даст дошт. Он фаришта гуфт: «Бихон» ! Муҳаммад (с) дар ҷавоб гуфт «Мо ано биқории н» – «Ман хонда наметавонам». Он фаришта, ки Ҷабраил буд боз такрор кард: «Бихон!» Муҳаммад (с) боз гуфт: «Хонда наметавонам». Тибқи ҳадиси Бухорӣ ва Муслим чун Ҷабраил сахт вайро дар оғӯш гирифт ва фишурд ва бар ӯ ҳолати марг даст дод. Аммо Муҳаммад (с) ҳамчунон дар сари посухи худ буд. Сипас, фаришта он чи фармоиши Худо буд, оёте аз сураи номбурда «ал-Алақро» бихонд ва нопадид гашт. Пас аз ин воқеъа Муҳаммад (с) хеле ваҳшатзада ва музтариб гашта ба хонаи Хадиҷа бармегардад ва ба он ҳамсари меҳрубонаш мефармояд, обе ба ӯ диҳад ва ӯро бипӯшонад.

Ҳамоно Хадиҷа тарсу ҳароси ӯро бартараф мекунад. Хадиҷа аз он рӯйдода бо шавҳараш огаҳӣ ёфта, назди писари амакаш Варақа ибни Нуфал ибни Асад ибни Абдулъуззо рафт. Тибқи ривояти аҳли ҳадис ӯ марде буд, ки ба дини насронӣ гаравида буд ва чун бо хатту забони ибрӣ ошно буд, аз Тавроту Инҷил низ хабар дошт. Варақа пас аз шунидани саргузашти Муҳаммад (с) гуфт: Ин ҳамон «Номуси Акбар» фариштаест, ки Худо ба Мӯсо фиристодааст. Ӯ рӯзи дигар ҳангоми мулоқот бо Муҳаммад дар Каъба боз як бори дигар мегӯяд: «Ту пайгамбари ин уммат ва назди ту Номуси Акбар омад» ва илова мекунад чунон, ки ба Мӯсо мухолифат шуд, қурайшиён низ ба Муҳаммад мухолифат хоҳанд кард ва аз Макка ӯро хориҷ хоҳанд намуд.[2] Мувофиқи баъзе ривоёт пас аз ваҳйи аввал муддате ваҳй қатъ мешавад, мувофиқи баъзе ривоёти дигаррӯзи баъд боз Ҷабраил ҳозир мешавад ва Муҳаммад (с)ро парешон ва дар ҷомаи худ печида, дар хонаи худ меёбад ва дуюмин ваҳйро ба ӯ мерасонад.

«Эй дар ҷома хуфта, бархез ихтор кун ва парвардигоратро ба бузургӣ ёд кун ва либосҳоятро покиза дор ва аз палидӣ дур бош ва миннат мадеҳ (чизе мадеҳ) то фузунтар ба даст орӣ ва барои Парвардигорат шикебо бош» (СуралМудассир О. 1-7).

Пас аз дарёфти ҳамин оят Муҳаммад (с) гӯшанишинӣ ва горнишиниро тарк намуда, огоз ба таблиги ислом ва ҳидояти инсонҳо ба роҳи рост кард. Кори даъват ба дини мубинро аз хешони худ огоз кард ва дар ибтидо он пинҳон буд. Нахустин касоне, ки ба Муҳаммад (с) имон оварданд: зани он ҳазрат Хадиҷа (р) ва Алӣ ибни Абу Толиб (р) амакбаччааш буд. Пас аз онҳо Зайд ибни Ҳориса гуломи озодкардаи Муҳаммад (с) буд, ки имон овард. Аз нахустин шахсони мӯътабар, ки ба ислом гаравиданд Абубакр ибни Абу Куҳофа (р), Усмон ибни Аффон (р), Зубайр ибни Авво (р) ва Ҷаъфар ибни Абу Толиб(р) буданд.

Мувофиқи тасдиқи аксари сарчашмаҳо ва уламо даъват се сол махфиёна буд, дар ин муддат танҳо як идда бенавоён ва гуломон ва наздикони Муҳаммад (с) ба дини нав гаравиданд. Дар соли сеюм нозил шудани ояти зер: «Пас ту бо садои баланд ончи маъмурй ба халқ бирасон ва аз мушрикон рӯй бигардон (94) ҳамоно, ки туро аз шарри тамасхуру истеҳзо маҳфуз медорем».[3]

Ҳамин тавр дар соли сеюм давраи даъвати ошкоро оғоз шуд. Аз наҳваи таблиғ ва даъватҳои Муҳаммад (с) ва мухолифатҳои қурайшиён, алахусус амакаш Абу Лаҳаб, ривоятҳо зиёд аст. Умуман дар аввал муносибати қурайшиён нисбат ба Муҳаммад (с) мулойим буд. Онҳо ба даъватҳои ӯ беэътиноӣ, баъзан истеҳза мекарданд, вале вақто ки Муҳаммад (с) ошкоро алайҳи бутҳо ба бутпарастӣ таблиғ оғоз кард, вазъият мураккаб ва муносибатҳо тунду тез шуданд. Вале ҳанӯз ҳам қурайшиён аз иқдомоти ҷиддӣ алайҳи Муҳаммад (с) худдорӣ мекарданд. Хостанд, аввал Абу Толибро маҷбур кунанд, ки даст аз ҳимоя ва ҷонибдории Муҳаммад (с) бардорад. Бори аввал, чунон ки Тоҳо Ҳусейн мефармояд аз ӯ хостанд, ки бо бародарзодааш сӯҳбат кунад, шояд ба накӯҳиши худоён ва сафиқ (гумроҳ) шуморидани хирадмандон ва нораво шуморидани одатҳо[4]ва айб ниҳодан ва норавогӯӣ дар ҳаққи бутҳояшон хотима диҳад.

Абу Толиб хоҳиши эшонро пазируфт ва назди бародарзодааш рафта паёми Қурайшро, ки иборат аз пешниҳоди подшоҳӣ ва нафоиси амвол (молҳои қимматбаҳо) то таҳдид ва ҳамлаи сахту шиканҷа кардан[5] буд, ба ӯ хабар дод. Яъне, қурайшиён пешниҳод карда буданд, агар подшоҳӣ мехоҳад ё молу ҷавоҳир, ҳозиранд бидиҳандаш, агар инро намехоҳад ва аз таблиғ даст намебардорад, интизори аксуламали сахт ва шиканҷаҳо бошад. Дар посух пайғамбар фақат фармуд:

«Ба Худо қасам, эй Амак! Агар хуршедро дар дасти рост ва моҳро дар дасти чапам ниҳанд, то аз ин кор бозгардам, бар нахоҳам гашт.»[6] Ҳоло агар мақсади Муҳаммад аз овардани ислом муттаҳид кардани аъроб ва давлати ягонаи мутамаркиз сохтан буд, пас чаро розӣ ба подшоҳӣ нашуд, то ин барномаи худро амалӣ созад. Чун ки имконияти подшоҳ дар ҳалли ин масъала бештар аст.

Абу Толиб посухи бародарзодаашро ба аҳли Қурайш расонд ва аз ҳимояи ӯ даст набардошт. Ин имконияти истифодаи зӯриро алайҳи Муҳаммад (с) имконпазир сохт. Баъ аз ин Қурайшиён ба Абу Толиб пешниҳоди дигаре карданд. Як нафар ҷавони паҳлавон ва зеборо бо номи Аммора ибни Валид бар ивази хунбаҳои Муҳаммад (с) пешниҳод карданд то ӯро гирад ва Муҳаммад (с)-ро ба онҳо супорад.[7] Ба ин ҳам Абу Толиб розӣ нашуд. Пас аз ин онҳо даст ба азияту таъқиби пайравони Муҳаммад(с) заданд. Вазнинии асосӣ ба дӯши бенавоён ва бегонагони ғайри қурайшӣ афтод. Ҳатто аз куштани ин бечорагон рӯй наметофтанд. Аз ҷумла Ёсир ва ҳамсараш Самияро дар пеши чашмони фарзандаш Аммор куштанд.[8] Зулми Қурайшиён ба муслимин то ин ҳад буд, вале имони ёрони Муҳаммад (с) ношикастанӣ ва он чунон қавӣ буд, ки тарси марг ё меҳри фарзанд онҳоро аз эътиқод натавонист мунсариф кунад. Амморро низ ин кушта шудани падару модар ва идомаи шиканҷа мағлуб накард, сабру шикебоӣ мекард, аз имон нагашт то аз ӯ ноумед шуданд ва шиканҷаро бас карданд. Расули Худо ба нисбати онҳо фармудааст: «Эй оли Ёсир шикебо бошед, ки ҷои шумо биҳишт аст»[9] Номҳои зиёде аз пайравони Муҳаммад (с) дар китобҳои сира омад, ки ба шиканҷаву азобҳои гуногун барои имон оварданашон ба ислом, чун хонаводаи Ёсир ва Абу Зар гирифтор шудаанд.

Барои халосӣ аз ин шиканҷаҳо Муҳаммад (с) иҷозат медиҳад, то гурӯҳе аз ёронаш ба Ҳабашия ҳиҷрат кунанд. Дар оғоз теъдоди онҳое, ки ба ин кишвар муҳоҷират карданд, ёздаҳ нафар марди мусулмон бо чаҳор зан буданд, Баъдан, ба тадриҷ миқдори онҳо ба ҳаштоду се мард ва ҳафтод зан расид. Ҳамагӣ қурайшӣ буданд, дар сарчашмаҳо номи онҳо ёд шуда.[10] Вале қурайшиёни Макка мусулмононро дар Ҳабаша низ ором нагузоштанд, хостанд онҳоро аз он ҷо бар гардонанд, ва шахсонеро низ барои ин кор гумоштанд.

Подшоҳи Ҳабаша, ки Муҳаммад аз ӯ ҳамчун марди адлу инсоф ёд кардааст, Наҷҷошӣ ном дошт мусулмононро гиромӣ дошт ва дар сояи ҳимояи ӯ зиндагии бофароғат доштанд. Дар мавриди муҳоҷирати аввали Ҳабашия ва ҷавонмардии Наҷҷошӣ дар ахбор омад, ки қурайшиёни Макка вақто хабар ёфтанд, ки мусулмонон дар он ҷо ба хубӣ рӯз мегузаронанд ва дар садади бозгардондани онҳо баромаданд, то боз мардуми дигар ислом оварда, ба он кишвар муҳоҷират накунанд. Онҳо аз имкони нерӯманд шудани муслимин дар ин кишвар ва ба ёрии Муҳаммад (с) омадани онҳо меҳаросиданд. Аз ин рӯ чанд нафареро бо сарварии ду тан, ки Абдуллоҳ Ибни Аби Рабиъи ва Амр ибни Ос ба Ҳабашия фиристоданд то қурайшиёни мусулмонро аз он ҷо баргардонанд. Вақто, ки ин ду нафар бо тӯҳфаву ҳадияҳо аз Наҷҷошӣ дархост карданд, ки мусулмононро бар онҳо супоранд. Ӯ зимни як бозпурсӣ аз муслимин, ки шахсияте бо номи Ҷаъфар Ибн Абу Толиб буд, чӣ будани дини ислом ва афзалияти онро аз ойини аъроби ҷоҳилия ба ӯ рӯшан кард, тасмим мегирад мусулмононро боз пас надиҳад ва онҳоро ҳимоят кунад. Дар натиҷа намояндагони мушрикини Макка номуваффақ бар мегарданд. Муҳоҷирати аввал ба Ҳабашия чунин буд, вале баъдтар онҳо хабар меёбанд, ки шиканҷаи мусулмон кам шуда ва ба шарофати ислом овардани Умар ибни Хаттоб ба вазъи муслимин беҳбудӣ рух дода, муҳоҷирин ба Макка бар мегарданд вале маълум мешавад, ки хабар дурӯғ будааст, онҳо ба Макка дохил шуда наметавонанд. Муҳаммад мефармояд боз ба Ҳабашия баргарданд ин бор ҳаштод нафар мард бо зану кӯдаконашон озими Ҳабашия шуданд ва то муҳоҷирати Муҳаммад (с) ба Мадина дар он ҷо буданд.

Соли шашӯми даъват ҳамзамон ба ислом овардани Умар ибни Хаттоб ва Ҳамза ибни Абдулмутталиб (амаки ҳамсоли Муҳаммад) ислом қувват гирифт. Вале ҳанӯз ҳам муқобилияти қурайшиён идома дошт, балки сахттар шуда буд. Дар оғози соли ҳафтум, мусулмононро аз соири мардуми Макка ҷудо карда, дар шиъаб (дара)-и Абӣ Толиб маҳбӯс карданд. Ба истилоҳи имрӯз авлоди бани Ҳошим (ҷуз Абу Лаҳаб) ҳамроҳи мусулмонон мавриди таҳрими иқтисодию молӣ ва ҳаргуна равобит эълон карданд. Онҳо на фақат ба бани Ҳошим хариду фурӯш карданро, балки аз эшон зан гирифтан ва зан доданро ҳам манъ карданд. Ба ин мазмун як паймоне (саҳифае) ҳам байни худ баста буданд ва аз ҳар гуна алоқа бо дараи бани Ҳошим ҷилвагарӣ мекарданд ва ҳатто молу озуқавор ба он ҷо бурдан намемонданд. Ин вазъият то соли даҳум се сол идома дошт ва танҳо вақте дарёфтанд, ки ин роҳ низ фоидае надорад ва гузашта аз ин диданд, ки он аҳдномаро мушҳо ё ҳашароте хӯрдаанд, (ин хабарро Абу Толиб ба сарони қурайш аз номи Муҳаммад(с) мерасонад, вақто тафтиш мекунанд дар ҳақиқат ба ҷуз номи Худо ва Муҳаммад(с) дар он чизе боқӣ намонда аст.) ба муслимин иҷозати хурӯҷ ва аз муҳосираро доданд.

Як моҳ аз халосии ин таҳрим нагузашта буд, ки ба сари Муҳаммад мусибат ва душвориҳои тозае омаданд. Он ҳам ду ҳодисаи ғамангез-вафоти Хадиҷа ҳамсари бовафои пайғамбар ва амакаш Абу Толиб, ки ба қавле дар фосилаи як ду моҳ буд.

Баъд аз ин ҳодиса бар сари пайғамбари ислом шиканҷа ва мушкилоти зиёде паси ҳам пеш меомад. Дар воқеъ агар мо зиндагиномаи Муҳаммад (с)-ро дар давраи то ҳиҷрат ба диққат мутолиа кунем, азобу уқубатҳое, ки расули акрам ва ёронаш кашидаанд на камтар аз уқубатҳоест, ки бар сари Исо а. с. омада буд. Дар сиратҳо ва ахбори ин давраи мушкили зиндагии паёмбар (с) хеле муфассал омадааст ва он худ беҳтарин нишондиҳандаи шаҳомат ва фидокориҳои шахсияти ӯ ва хонаводаи ӯст. Ва ин худ нишон медиҳад, ки рисолати Муҳаммад (с) мисли пайғамбарони солифа: Иброҳим, Мӯсо ва Исо оганда ба ранҷу азобу фидокорӣ дар роҳи саъодати инсонҳо аз худгузаштагӣ, шаҳомат ва маъсумият будааст. Баёни зиндагонии Муҳаммад (с) танҳо ба пуррагӣ ва баёни муҳимтарин лаҳзаҳо ва ҷузъиёти он метавонад аҳмияти инсонсозӣ ва ахлоқӣ дошта бошад ва шахсияти ӯро барҷаста нишон диҳад. Шинохти ислом бидуни шинохти шароити пайдоиши ин дин ва шахсияти пайғамбари он муҳол аст. Одатан чунон, ки қаблан тазаккур додем диншиносон ва исломшиносони ғарбӣ пайдоиши исломро марбут ба пайдоиши ҷомеаи синфӣ, зарурати муттаҳид кардани қабоили араб ё мафкураи табақотӣ мешуморанд. Агар мо аз ҳамин дидгоҳ ҷараёни пайдоиши ислом ва таблиғоти Муҳаммад (с) нигарем мантиқан мебоист сарватмандони Қурайш пеш аз ҳама манфиати исломро пеш аз ҳама дарк менамуданд. Ҳеҷ набошад дар даъватҳои Муҳаммад (с) ва ёронаш масалан: Умар, Абубакр ва Усмон, ки ба табақаи сарватмандон наздик буданд, даъватҳои мушаххасе аз дидгоҳи манфиати қавмӣ ва табақотӣ ва судҷӯӣ бояд ҷой доштӣ. Аммо дар ягон ҷои Қуръон, ҳадисҳо ва ахбор чизе наметавон пайдо кард, ки далолат ба ин маънӣ кунад. Аз аввал, ислом даъвати рӯҳонӣ ва маънавӣ буда орӣ аз судҷӯиҳои моддию табақотӣ ва қавмӣ болотар манфиатҷӯии моддӣ будааст. Аз аввал мухотаби Қуръон на танҳо қабилаи Қурайш ё қавми араб, балки ҳамаи инсоният будааст. Фикр мекунам агар мақсади Муҳаммад (с) танҳо ҳадафҳои сиёсӣ, муттаҳид кардани қабоили араб, бунёди давлати ягона ва судҷӯии бештар аз тиҷорат ва кушоиши бозорҳои нав буд, аввалан, инро ба навъе мебоист ба ҳамқабилаҳояш қурайшиён баён мекард ва имкон надошт, ки онҳо ин чунин мухолифате алайҳи ин ибтикори ӯ кунанд.

Вале даъвати Муҳаммад (с) дир ин давра , чунон ки гуфтем соф даъвати динӣ, маънавӣ, даъвати рӯҳонӣ, даъват алайҳи будпарастӣ, даъват ба шинохти Худои ягона буд. Инак баръакс вақто, ки қурайшиён диданд манофеъи моддиашон, он даромадҳое, ки аз доштани хонаи Каъба ва бутпарастӣ онҳоро ойид мешуд, дар хатар аст, муқовимати сахте бо Муҳаммад (с) намуданд. Воқеъан, зиндагии ӯро баъд аз вафоти наздиконаш хеле сахт ва тоқатфарсо карда буданд, ҳатто ҳамсоягонаш ӯро азият мекарданд, таҳқирҳо ва ҳатто зӯргӯиҳо рӯз аз рӯз меафзуд. Ба хонааш мурдоргиҳо мепартофтанд, дар кӯчаю бозор бадгӯӣ мекарданд, ҳатто боре ҳангоми тавофи хонаи Каъба наздик буд хафааш кунанд, ки Абубакр монеъи он шуд. Кор бар пайғамбар сахт шуда буд, касе ба ислом аз тарс намегаравид. Ин буд, ки пайғамбар тасмим гирифт, барои нашри даъват, ба дигар шаҳру ободиҳои хориҷи Макка сафар кунад, ӯ ба водии Тойиф меравад.

[1]   Ибн Исҳоқ дар мавриди он хобҳои Муҳаммад (руъёи содиқ) маълум дода, вале аз чи иборат будани муҳтавойи хобро нагуфта. Ибн Ҳишам, «Сирату-н-набӣ». с.252.

[2]   Ибн Ҳишом. Сирату-н-набӣ, Ҷ.1. с. 256-257.

[3]   Сураи ал-Ҳиҷр, ояти 94-95.

[4]   Тоҳо Ҳусейн, Ойинаи ислом саҳ. 36.

[5]   Ҳамон ҷо.

[6]   Ибн Ҳушон «Сирату-н-набӣ», саҳ. 278-279. Ва А. Муҳаммад ал-Хазори, Нуру-л-яқин фи- сирати-л-Мурсалин с. 32.

[7]   Ибн Ҳишон, Сирату-н-набӣ, с.279.

[8]   Тоҳо Ҳусейн. Ойинаи ислом с. 36.

[9]   Тоҳо Ҳусеён, Ойинаи ислом саҳ.36.

[10]  Ниг. д. М.Т. Ардаконӣ. Таърихи таҳлилии ислом. Саҳ. 87-89.

Инчунин кобед

makka

Оғози даъват ба хориҷ аз Макка – Муҳаммад (с)

 Тойиф дар дувоздаҳ фарсанг фосила, серӯза роҳ аз Макка ҷойгир шуда буд. Дар ин шаҳр …