Роҳҳои тоза нигоҳ доштани ҳаво ва ҳифзи он дар замони муосир хеле актуалӣ мебошад. Ба ин масъала ҳамаи мамлакатҳои саноаташон хуб инкишофёфта машғуланд, онҳо қонунҳои махсус бароварда, дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ қарорҳои махсус қабул мекунанд.
Яке аз роҳҳои босамар кам кардани партовҳои заҳрнок ба атмосфера ба роҳ мондани истеҳсоли бепартов ва кампартов ва нав кардани ҷараёнҳои технологӣ, баланд кардани самараи дастгоҳҳои амалкунандаи тозакунандаи ҳаво, ба роҳ мондани тозакунандаи сарбастаи даврии ҳаво ва ғ. мебошад. Истеҳсоли саноатии муосир бояд ба нигоҳдорандаҳои газӣ ва чангу ғубор таҷҳизонида шуда бошанд, ки ҳар кадоми онҳо хусусияти хоси худро доранд.
Ғайр аз ин усулҳо ба таври васеъ дар истеҳсолоти саноатӣ усулҳои табииётӣ – кимиёвй истифода мешавад, ки бо онҳо усулҳои абсорбсия ва адсорбсия истифода мешавад. Истифодабарии усулҳои тозакунандаҳои ҳаво на танҳо интиқоли моддаҳои заҳрнокро ба атмосфера кам мекунанд, балки имконият медиҳанд, ки маҳсулоти лозимиро нигоҳ дошта, ҳамчун ашёи хом дар соҳаҳои гуногуни саноатй истифода баранд. Мисол, нигохдории сулфур аз газҳои баромадаистодаи комбинати Магнитогорский (вилояти Челябинск) имконият медиҳад, ки ҳомизи сулфурии хеле арзон истеҳсол карда шавад. Ин мисолҳо хело зиёданд.
Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 25 млн. автомобил истеҳсол мекунанд ва микдори онҳо аз 500 млн. афзунтар гардидааст, ки зиёда аз 80%-и онро автомобилҳои сабукрав ташкил медиҳанд. Дар байни сарчашмаҳои олудакунандаи атмосфера нақлиёт дар ҷойи якум қарор дорад. Барои ҳамин ба башарият лозим меояд, ки сӯзишвориҳои алтернативӣ ё ки муҳаррикҳои алтернативй монанди обомобил, барқомобил, газомобил ва ғайраро кор карда бароянд. Имрӯз барои ҳифзи ҳавои атмосфера тамоми аҳли башарро даъват намудан лозим аст, чунки танҳо дар якҷоягй мо метавонем партовҳои ба атмосфера интиқолёфтаро андаке ҳам бошад, кам кунем.