Главная / Ҷуғрофия / Робитаҳои иқтисодии берунии ИМА

Робитаҳои иқтисодии берунии ИМА

Робитаҳои иқтисодии берунии ИМА ниҳоят васеъ буда, ба мавқеи ҷаҳонӣ доштани хоҷагии халқ алоқаманд аст, аммо ҳиссаи содироти ҷаҳонии маҳсулот паст шудааст. Аз ҷиҳати ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр Олмон аз ИМА пеш гузашта ва Ҷопону Чин имрӯз дар баробари он меистанд. Барои аз даст надодани мавқеи худ ИМА мехоҳад, ки аз ҳисоби даромад аз сармоягузорӣ ба хориҷи кишвар ҷуброн кунанд. Ширкатҳои транснатсионалии берунии он 40% ММД мамлакатро медиҳанд.

Дар иқтисоди ИМА соҳаҳои истеҳсолие, ки дар таркиби хоҷагии ҷаҳон ин давлатро муаррифӣ мекунанд, автомобилсозӣ, электроника ва саноати аэрокайҳонӣ мебошад.

ИМА чӣ гуна тафовутҳои дохилӣ дорад?

Ноҳияҳои иқтисодӣ. Дар аввал ИМА ба 3 ноҳияи иқтисодӣ ҷудо карда мешуд: ноҳияи саноатии Шимол, собиқ ноҳияи ғуломдории Ҷануб ва ноҳияи мустамликавии Ғарб. То имрӯз дар ИМА дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омад, тафовутҳо байни ноҳияҳо тағйир ёфт, аммо хусусиятҳои хоси Шимол, Ҷануб, Ғарб боқӣ монд, аз ҷумла табиат, таркиби этникии аҳолӣ, тахассуси иқтисодӣ ва ғайра. Акнун дар заминаи ин ноҳияҳо (ғайр аз Аляска ва Гавай) чор ноҳияи бузургро ҷудо мекунанд: 1) Шимолу-Шарқ; 2) Ғарби Миёна; 3) Ҷануб; 4) Ғарб.

Ноҳияҳои иқтисодии ИМА пеш аз ҳама бо хусусиятҳои таърихию фарҳангии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан ноҳияи Шимолу Шарқ ҳанӯз дар асрҳои ХУ11-ХУ111 дар заминаи хоҷагиҳои фермерии хурд ва соҳибкории озод мустамлика шуда буд. Мустамликашавии ноҳияи Ҷануб низ дар асрҳои Х^11-Х^111 оғоз ёфта муддати тӯлонӣ зери таъсири сохти ғуломдорӣ ташаккул ёфт. Ноҳияи Ғарби Миёна дар замони соҳибихтиёрии кишвар ва авҷи капитализм ба вуҷуд омад. Аз худ кардани ноҳияҳои Ғарбӣ танҳо дар асри XIX оғоз ёфта, то ҳол идома дорад.

Дар таркиби ҳар як ноҳия боз зерноҳияҳо мавҷуданд. Масалан дар дохили Шимолу Шарқ зерноҳияи Англияи Нав ҷойгир аст, ки ҳамчун зина барои мустамлика кардани тамоми қаламрави ИМА хизмат кардааст. Занҷири шаҳрҳо, ки қад-қади шимолу шарқии мамлакат бунёд шудаанд, номи мегаполисро доранд.

Дар дохили ноҳияи Ғарби Миёна зерноҳияи саноатии Наздикӯлҳо ташаккул ёфтааст, ки шаҳрҳои бузург Кливленд, Детройт, Чикаго бо истифода аз шароити мусоид, қад-қади соҳили Кӯлҳои Бузург дар натиҷаи индустрализатсия, урбанизатсия ва муҳоҷират аз Аврупо дар асри XIX бунёд шудаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи иқтисодии Ҷануб зерноҳияи Флорида воқеъ аст, ки бо истироҳатгоҳҳои худ ва афзоиши баланди шумораи аҳолӣ аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Баъзан дар ин ҷо ноҳияи Ҷануби Қадим (иёлати Вирҷиния, Каролинаи Ҷанубӣ ва Шимолӣ), ки дар замони мустамликадорӣ ташаккул ёфтааст ва зерноҳияҳои Ҷануби Навро – иёлатҳои Техас ва Оклахома, минтақае, ки захираи зиёди нафт, гази табиӣ ва корхонаҳои бузург дорад, ҷудо мекунанд. Дар ин ноҳия ҳиссаи аҳолии сиёҳпӯст нисбатан кам буда, шумораи мардуме, ки бо забони испанӣ муошират мекунанд, бартарӣ дорад.

Ноҳияи иқтисодии Ғарб ба ду зерноҳия – зерноҳияи кӯҳии Ғарб (релефи кӯҳӣ дошта, то ҳол пурра аз худ нашудааст ва аҳолиаш кам аст) ва зерноҳияи хуб азхудшудаи Ғарби Дур, ки дорои шароити мусоиди аҳолии хеле зиёд буда, ба уқёнуси Ором баромад дорад, ҷудо карда шудааст.

Иёлатҳои Гавай ва Аляска дар қисми ғарбии ИМА ҷойгир шудаанд. Соҳаҳои тахассусии Аляска истихроҷи нафт ва гази табиӣ, маъданҳои табиӣ, моҳидорӣ, парвариши ҳайвонҳои мӯинадор ва коркарди чӯб мебошад. Дар Гавайи муъҷизавӣ, ки минтақаи дӯстдоштаи истироҳатии амрикоиҳо ба шумор меравад, ананас ва найшакар парвариш карда мешавад. Пойтахти он шаҳри Гонолулу муҳимтарин чорроҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва баҳрӣ аст.

Инчунин кобед

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008)

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008) Марказ ММД (млрд. долл) Ҳисса дар ММД (%) Амрикои Шимолй …