Технологияи химиявӣ – илм дар бораи саноати химиявӣ мебо- шад (калимаи юнонӣ «технос» – «санъат» ва «логос» – «илм»).
Маҳфуми технология дар навбати худ аз: а) технологияи механикӣ; б) технологияи химиявӣ иборат аст. Равандҳое, ки дар онҳо мавод бо таъсири механикӣ коркард мегардад ва танҳо хосияти физикавии он тағйир меёбад, ба технологияи механикӣ тааллуқ доранд.
Равандҳое, ки дар онҳо тағйирёбии таркиби химиявии мавод ба амал меояд, ба технологияи химиявӣ тааллуқ доранд. Мисол, коркарди чӯб бо мақсади ҳосил кардани маҳсулоти сохтмонӣ ба технологияи механикӣ, вале коркарди чӯб бо мақсади ҳосил кар- дани спирти этил, нахи атсетат, кислотаи сирко ва дигар маҳсулот ба технологияи химиявӣ тааллуқ дорад. Раванди коркарди металл барои қаишгардонӣ, гудохтан бо мақсади рехтагарӣ ба техноло- гияи механикӣ, вале аз маъдан ҳосил кардани металлҳо ба техно- логияи химиявӣ тааллуқ дорад.
Моддаи ибтидоӣ дар технологияи химиявӣ ашё номида меша- вад. Бо назардошти ин маҳфум таърифи технологияи химиявӣ чунин аст: технологияи химиявӣ илм дар бораи коркарди ашё бо мақсади ҳосил кардани моли ниёзи мардум мебошад.
Маҳфуми «ашё» дар технологияи химиявӣ мавқеи муҳимми худро дорад ва онро тасниф менамоянд (нақшаи 9, саҳ.218).