Главная / Ҷуғрофия / РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ БЕ МАНБАЪҲОИ БУЗУРГИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ

РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ БЕ МАНБАЪҲОИ БУЗУРГИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ

«Муъҷизаи иқтисодиёт»-и ин мамлакат чӣ гуна ба вуҷуд омад? Кадом ноҳияро «Дили саноатӣ»-и мамлакат меноманд?

Мавқеи географӣ, шароит ва сарватҳои табиӣ. Ҷопон кишвари тулӯи Офтоб дар чор ҷазираи бузург (Хоккайдо, Хонсю, Сикоку, Кюсю) ва қариб 4 ҳазор ҷазираи хурд ҷойгир шудааст, ки онро аз ғарб баҳри Ҷопон ва аз шарқ уқёнуси Ором иҳота кардаанд. Ин мавқеи географӣ аз як тараф барои рушди доимӣ, алоқаҳои дохилӣ ва берунии мамлакат мусоидат кунад, аз ҷониби дигар ин ҷазираҳо дар минтақаи сейсмикӣ (серзилзила) ва сари роҳи ҳаракати тӯфону гирдбодҳое, ки моҳҳои июл-август мевазанд, ҷойгиранд. Заминҷунбӣ ва тӯфонҳо барои аҳолии мамлакат фалокат ва хисороти зиёди иқтисодӣ меоранд.

Пастиҳо 15% қаламрави ҷазираҳоро дар бар мегиранд. Аз ҳа- ма пастии калонтарин Канто қад-қади соҳили халиҷи Токио тӯл кашидааст. Ҷопон маъданҳои зеризаминии кам дорад.

Қариб 2/3 ҳиссаи қаламрави Ҷопонро бешазор ишғол кардааст, ки он аҳамияти бузург дорад. Дар ин кишвар дарёҳо хеле зиёданд, вале аз сабаби кӯтоҳ будани тӯлашон имконияти киштигардӣ надоранд, аммо онҳо манбаи гидроэнергетикӣ ва обёрӣ мебошанд. Баҳрҳое, ки Ҷопонро иҳота кардаанд, фаунаи бой доранд.

Ҷопон – давлати ҷазиравӣ дар минтақаи сейсмикӣ ва тӯфону гирдбодҳо воқеъ шуда, бо сарватҳои маъданӣ худашро таъмин карда наметавонад.

Географияи аҳолӣ. Ҷопон кишварест, ки 99,9% аҳолии онро ҷопониҳо ташкил медиҳанд, аз ин рӯ онро мамлакати якмиллата мешуморанд. Ғайр аз мардуми таҳҷоӣ шумораи ками чиниҳо, кореягиҳо ва дар ҷазираи Хоккайдо қариб 20 ҳазор нафар мардуми бумӣ – айнҳо сукунат мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 350 нафарро ташкил медиҳад, аммо дар воқеъ ин нишондиҳанда зиёдтар аст, дар 1 км2 2300 нафар ва дар ноҳияҳои саноатӣ ба 10000 нафар мерасад.

Барои Ҷопон Дараҷаи баланДи урбанизатсия хос аст, 80%о-и аҳолӣ дар шаҳрҳо маскун шудаанд.

Аксарияти аҳолӣ дар соҳилҳои уқёнуси Ором, дар ҳудуди бузургтарин мегаполис – Токайдо, ки аз халиҷи Токио то халиҷи Осако дар масофаи 600 км тӯл кашидааст, маскун шудаанд. Токайдо ҳамагӣ 20% қаламрави кишварро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо аз нисф зиёди аҳолӣ ҷойгир шудааст. Зиёда аз 80% аҳолӣ дар ҳамвориҳо зиндагӣ мекунад.

Ҷопон дар ҷаҳон аз ҷиҳати дарозумрии аҳолӣ ҷойи намоёнро ишғол мекунад (мардҳо 80 сол ва занҳо 85 сол). Аз тарафи дигар ба мамлакат дараҷаи пасти таваллуд хос аст, ки ин боиси пиршавии миллат шудааст.

Ҷопон мамлакати моноэтникӣ (якмиллата) бо дараҷаи баланди зичӣ ва шумораи зиёди аҳолии шаҳр мебошад, ки аксарияти он дар ҳудуди мегаполиси Токайдо зиндагӣ мекунад.

Ҳоло Ҷопон дар якҷоягӣ бо ИМА ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дар пешрафти иқтисодиёти ҷаҳон мавқеи асосиро ишғол мекунад.

Ҷопон ба ҷаҳониён нишон дод, ки чӣ гуна муттаҳидии халқи он пас аз чанд даҳсолаи баъд аз ҷанг боиси дастовардҳои бузурги илмию техникӣ шуд. Интихоби стратегияи рушди иқтисодӣ, аз худ кардани донишҳои амиқи илмию техникӣ, ихтироъкорӣ аз кишварҳои Ғарб, маблағгузории кам ба соҳаи ҳарбӣ, заҳмати софдилонаю пурмаҳсул (ҳафтаи кории тӯлонӣ нисбат ба кишварҳои Ғарб) нақши худро бозиданд ва ин кишварро ба як давлати намунавии дорои иқтисоди рушдёфта мубаддал карданд.

Яке аз муҳимтарин соҳаҳои пешрафта дар иқтисодиёти кишвар дар даҳсолаи охир соҳаи хидматрасонӣ мебошад, ки ҳиссаи он дар ММД 60%-ро ташкил мекунад. Аз сабаби он ки кишвар аз сарватҳои маъданӣ бой нест, дар истеҳсоли саноатӣ бештар ба соҳаҳои илмталаб рӯй овардааст (истеҳсоли робот, технологияи электронӣ, манипуляторҳо, радиоэлектроника ва ғайра). Дар ин кишвар ба тадқиқоти фундаменталӣ ва ташкил кардани технополис диққати асосӣ дода мешавад.

Дар Ҷопон саноати неруи атомӣ рушд ёфтааст, зиёда аз 40 неругоҳи барқӣ бо неруи атомӣ бунёд шудааст, ки дорои технологияи баланди бехатарӣ мебошанд. Ин нишондод аз маҳорат ва истеъдоди баланди ҷопониҳо шаҳодат медиҳад, вале соли 2013 дар натиҷаи заминларза дар неругоҳи атомии Фудзиама фалокати калон ба амал омад, ки боиси фоҷиаи бузург шуд.

Саноати Ҷопон дар заминаи ашёи хоми воридотӣ инкишоф меёбад.

Дар таркиби саноати Ҷопон соҳаи мошинсозӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад ва агар аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷаҳон пас аз ИМА ҷойи дуюмро гирад, пас аз ҷиҳати содироти ин маҳсулот дар дунё дар ҷойи аввал меистад.

Ҷопон дар ҷаҳон яке аз истеҳсолкунандаҳои асосии пӯлод, авто- мобил (ширкатҳои «Тойота», «Ниссан», «Хонда», «Митсубиси»), радиотехникаи маишӣ, робот, техникаи электронӣ, киштӣ ва ғайра буда, марказҳои бузургтарини саноатии он шаҳрҳои Иокогама, Осака, Кабе, Токио, Кавасаки, Ниигата мебошанд.

Дар Ҷопон соҳаҳои автомобилсозӣ, киштисозӣ, робототехника, электротехника соҳаҳои махсусгардидаи байналмилалӣ мебошанд.

Бо вуҷуди маҳдуд будани заминҳои кишоварзӣ, дастовардҳои Ҷопон дар ин соҳа бузурганд. Заминҳои кишт ҳамагӣ 14% масоҳати мамлакатро ташкил медиҳанд, аммо зироаткорони мамлакат дар як 28 сол ду-се ҳосил мерӯёнанд. Нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзии Ҷопон аз давлатҳои Аврупои Ғарбӣ қафо нест, он ҳатто аз ҳисоби даромаднокӣ аз 1 га замини кишт дар ҷаҳон яке аз мамлакатҳои пешсаф ба ҳисоб меравад.

Дар соҳаи кишоварзӣ зироаткорӣ асосӣ ба шумор мераваД.

Дар соҳаи зироаткории ин кишвар ҷойи аввалро шоликорӣ ишғол мекунад, вале гандум, лӯбиё ва сабзавот низ парвариш карда мешаванд. Дар чорводорӣ соҳаҳои хукпарварӣ ва парандапарварӣ (бройлер) босуръат инкишоф меёбад. Дар таркиби хӯроки ҷопониҳо ҳамчун анъана моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ нақши муҳим мебозад. Ҷопон яке аз калонтарин воридкунандаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ғалла ва дигар маҳсулоти ғизоӣ мебошад.

Географияи нақлиёт. Ҷопон кишвари дорои нақлиёти пуриқтидор аст. Ин мамлакат аз ҷиҳати паркҳои автомобилӣ дар дунё пас аз ИМА дар ҷойи дуюм аст, вале аз ҷиҳати зичии роҳҳо дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.

Дар боркашонӣ ва мусофиркашонӣ нақши асосиро нақлиёти баландсуръати автомобилӣ ва роҳи оҳан ишғол мекунад. Ҷопон ҳамчун кишвари абарқудрати дорои нақлиёти баҳрӣ қариб тамоми алоқаҳои берунии худро тавассути ин намуди нақлиёт амалӣ мегардонад. Дар ин мамлакат зиёда аз 100 бандари ҳозиразамон мавҷуд аст ва Кобе яке аз бузургтарин бандарҳои ҷаҳон мебошад. Иншооти бузурги дигаре, ки мояи ифтихори Ҷопон мебошад, нақби зериобӣ аст. Он 54 км дарозӣ дошта, дар чуқурии 100 м дар зери гулугоҳи Сангар сохта шудааст ва ҷазираҳои Хонсю ва Хоккайдоро бо ҳам мепайвандад.

Дар охирҳои асри ХХ ва аввали асри XXI иқтисодиёти кишвар дар ҳама ҷабҳа ба комёбиҳои назаррас ноил шуд.

Ҷопон яке аз кишварҳои бузурги бо қарз (кредит) таъминкунандаи давлатҳои дигар мебошад (сармояи қарзи берунаи он беш аз 2 трлн долларро ташкил додааст). Тавозун (баланс)-и савдои он бо дараҷаи баланди ҳаҷми содирот бар воридот фарқ мекунад. Ҳиссаи мамлакат дар истеҳсолоти саноатии ҷаҳон 7%-ро ташкил медиҳад.

Ҷопон дар рушди иқтисоди миллӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба пешрафти бузурги илму техника расид ва дар ҷаҳон мавқеи асосиро соҳиб шуд.

Географияи тафовутҳои дохилӣ. Ҷопон, бо вуҷуди он ки масоҳати начандон калон дорад, дорои тафовутҳои табиӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст. Қисми шарқии ноҳияи Хонсюи Марказӣ аз ҷиҳати зичии аҳолӣ, дараҷаи урбанизатсия, консентратсияи соҳаҳои муҳимми саноат дар мамлакат мавқеи асосиро ишғол мекунад.

Хатти агломератсияи саноатиро, ки аз халиҷи Токиои воқеъ дар шимоли мамлакат то халиҷи Осакаи воқеъ дар ҷануб тӯл мекашад, минтақаи саноатии соҳили уқёнуси Ором меноманд. Дар ин ноҳия 2\3 ҳиссаи аҳолии кишвар зиндагӣ мекунад. Соҳаҳои муҳимтарини саноат (70% электроэнергетика, 80% металлургияи сиёҳ, зиёда аз 80% саноати маснуотбарор) ва дигар корхонаҳои саноатӣ дар ҳамин ноҳия ҷойгир шудаанд. Мегаполиси машҳури Токайдоро «Сегонаи бузург», агломератсияҳои шаҳрии Кейхин (Токио – Иокогама), Хансин (Осака – Киото-Кобе), Тюкё (Нагая ва атрофи шаҳр) ва дигар шаҳрчаҳои хурди тобеи онҳо ташкил медиҳанд.

Қисми ҷанубии Хонсю ва шимолии ҷазираи Кюсю аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва дараҷаи консентратсияи истеҳсолот баъди ноҳияи Хонсюи Марказӣ дар ҷойи дуюм меистанд. Дар ин ҷо агломератсияи бузурги саноатии Китакюсю (Кюсюи Шимолӣ) ҷойгир аст.

Ноҳияҳои нисбатан суст рушдёфтаи мамлакат – Кюсюи Ҷанубӣ, Сикоку ва Хоккайдо мебошанд. Онҳо аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ аз ду ноҳияи пештара қафо мемонанд.

Проблемаи афзоиши аз меъёр зиёди аҳолӣ ва консентратсияи саноат дар ҳудуди минтақаи уқёнуси Ором, хусусан ноҳияи Токио- Иокогама кайҳост, ки ҷомеаи Ҷопонро ба ташвиш овардааст, зеро бо вуҷуди сармоягузорӣ ва чорабиниҳои зиёд дар самти ҳифзи муҳити зист, вазъи экологии ин мегаполиси бузург ҳеҷ беҳбуд наёфтааст. Дар Токио, Иокогама, Нагос, Осака, Коба, ки корхонаҳои бузурги саноатӣ ва шумораи зиёди аҳолӣ ҷамъ шудаанд, сокинони онҳо аз неъматҳои табиӣ ба монанди ҳавои тоза ва оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Тафовутҳои дохилӣ дар мамлакат ниҳоят воқеӣ мебошанд. Аз ҷиҳати дараҷаи рушди хоҷагӣ минтақаи саноатии соҳили уқёнуси Ором аз минтақаи ҷанубии Хонсю, қисми шимолии Кюсю, Сикоку ва Хоккайдо бо пуррагӣ фарқ мекунад.

Инро бояд дар хотир дошт!

Ҷопон кишвари ҷазиравии якмиллата, дорои иқтисоди дар асоси технологияи илмталаб рушдёфта, минтақаи саноатии уқёнуси Ором мебошад.

Савол ва супориш.

  1. Барои чӣ Ҷопонро мамлакати якмиллата меноманд?

Инро ман медонам.

  1. Шароити табиӣ чӣ гуна ба рушди саноат ва кишоварзии Ҷопон таъсир мерасонад?
  2. Сабабҳои бо суръати баланд рушд ёфтани иқтисодиёти Ҷопон баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон кадомҳоянд?
  3. Дарозумрии аҳолии Ҷопон ба чӣ вобаста аст?
  4. Инқилоби илмию техникӣ ба сохтор ва ҷойгиршавии саноати Ҷопон чӣ гуна таъсир расонд?
  5. Дар таркиби кишоварзии кишвар кадом соҳа бартарӣ дорад?

Инро ман метавонам.

  1. Дар харитаи контурӣ марказҳои асосии саноати Ҷопонро тасвир кунед. Мегаполиси Токайдоро таҳлил кунед.
  2. Нишондиҳандаи «ҷадвали муқоисавии нақши соҳаи саноату кишоварзӣ дар истеҳсоли маводи ғизоӣ»-ро таҳлил кунед. Хулосаҳои шумо дар бораи нишондиҳандаҳои нақша чӣ гуна аст?

Оё медонед?

  1. Дар Ҷопон соли таҳсил аз якуми апрел оғоз мешавад.
  2. Токио аз ҳама бехатартарин шаҳри дунё ҳисоб меёбад. Дар ин ҷо ҳатто кӯдаки шашсола метавонад бемалол аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода барад.
  3. Дар қаламрави Ҷопон 17 вулқони амалкунанда вуҷуд дорад.
  4. Кӯчаҳои Ҷопон номгузорӣ нашудаанд.
  5. Чой нӯшокии дӯстдоштаи ҷопониҳо мебошад. Онро пас аз ҳар як ғизо истеъмол мекунанд.
  6. Дар Ҷопон меваҷот хеле қимат аст. Масалан нархи як дона себ ба 2 доллар баробар аст.

Хулоса. Суръати баланди рушд баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва нишондодҳои иқтисодию истеҳсолӣ заминаи «муъҷизаи иқти- содиёти» Ҷопон шуд. Хоҷагии мамлакат дар самти истеҳсолоти илмталаб ва соҳаҳои хидматрасонӣ тараққӣ ёфт. Дар пешрафти мамлакат минтақаи уқёнуси Ором ва ноҳияи Канто, ки пойтахти мамлакат шаҳри Токио дар ҳудуди он ҷойгир шудааст, нақши асосӣ мебозад.

 

Инчунин кобед

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008)

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008) Марказ ММД (млрд. долл) Ҳисса дар ММД (%) Амрикои Шимолй …