Главная / Ҷамъият / САБАБҲОИ ПАРОКАНДА ШУДАНИ ОИ- ЛАҲОИ ҶАВОН ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

САБАБҲОИ ПАРОКАНДА ШУДАНИ ОИ- ЛАҲОИ ҶАВОН ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

Боиси таассуф аст, ки на ҳамаи оилаҳое, ки таш- кил мегарданд, пойдор мемонанд. Сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон хеле гуногун буда, вобаста ба вазъи ин оилаҳо пайомадҳои гуногунеро ба бор ме- оранд.

Интихоби дуруст дар бунёди оила омили муҳим- ми мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат аст. Аз ин рӯ пеш аз барпо кардани оила ҳар шаҳрванд бояд паҳлуҳои гуногунҷабҳаи ҳаёти оилавиро мавриди омӯзиш қарор дода, урфу одатҳои миллӣ, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби занушавҳарӣ ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонад. Зин- дагӣ собит намудааст, ки ишқу муҳаббати ҷавонон масъалаи дигар асту оиладорӣ масъалаи тамоман дигар. Зеро ҳаёт баъзан нозукиҳои ошиқонаро ме- бардорад, аммо оила не.

Эҳтиёткор будану ҳамқадами ҳаётро ҳамаҷо- ниба омӯхтан талаботи аввалиндараҷа аст. Бунёди боэътимоди оиларо якдигарфаҳмӣ, муҳаббати бай- ни зану шавҳар, самимият ва боварию эътимод ба якдигар ба вуҷуд меорад, ки ин пойдевори устуво- рест барои побарҷо мондани оила ва бунёди ҷомеаи солим. Вале, мутаассифона, дар баъзе хонаводаҳо байни занону мардон муҳаббати самимӣ, якдигар- фаҳмӣ, фазои орому осоишта вуҷуд надорад. Ин аст, ки солҳои охир бинобар сабабҳои гуногун бештар пароканда шудани оилаҳои ҷавон ба назар мера- сад. Масалан, дар асоси маълумоти оморӣ соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 95500 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 9 ҳазор ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки ин 9,5% -ро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин пади- даи манфӣ сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад. Яке аз сабабҳои асосии вайрон шудани оилаҳои ҷавон дахолати бемавриди баъзе аз волидон ба ҳаёти навхо- надорон, муҳоҷирати меҳнатӣ, барвақт хонадор на- мудани ҷавондухтарон, набудани якдигарфаҳмӣ дар оила, муносибати дағал, нобоварӣ, беҳурматӣ, худ- хоҳӣ ва беэҳтиромӣ нисбати якдигар, никоҳи хе- шутаборӣ ва дар маҷмӯъ омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад.

Агарчи оиладорӣ дар зиндагӣ ҳодисаи муқар- рарӣ менамояд, вале бояд ба хубӣ дарк кард, ки он дар худ боз масъулияти зиёде низ дорад. Зеро оила пойдевори ҷомеа, давом ва асоси пойдории насли инсон мебошад. Инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки ба ҷомеа мушкилот ворид месозад.

Албатта, аз ҳам ҷудошавии зану шавҳарро умуман бемаврид донистан ва онро манъ кардан аз имкон берун аст, зеро ҳолатҳое ҳастанд, ки инсон маҷбур мешавад ба ин кор даст занаду ба ин васила зинда- гии худ ва ҳамсарашро сабуктар созад. Вале мета- вон гуфт, ки ин ҳолатҳои истисноие мебошанд, ки онро ҷомеа маҳкум намекунад. Масалан, безурётӣ, беморӣ ва монанди инҳо ногузир боиси вайронша- вии оилаҳо мегарданд. Асли мавзӯъ аз он иборат аст, ки аслан оила дар заминаи меъёрҳои мустаҳка- ми ахлоқӣ бунёд гардида, бо вуҷуди пастиву балан- диҳои зиндагӣ ба пойдории он кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Яке аз сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон ин надоштани маҳорати муошират кардан аст. Дар баъзе мавридҳои зиндагӣ ҷавонон барои дар ҳузури дигарон нишон додани кибру ғурури худ ба ҳамсари худ бо қаҳру ғазаб сухан карда, ҳатто дашном низ медиҳанд. Ҳатто дар байни ёру дӯстони худ бо чунин гуфтор ва рафтори худ ифтихор низ мекунанд.

Чунин гуфтор ва рафтори ҷавонон боиси дилху- нукии ҳамсар мешавад. Ин ҳамсар ба ин гуфтор ва рафтори шавҳараш як муддат таҳаммул мекунад, вале рӯзе мешавад, ки косаи сабру тоқаташ лабрез шуда, дилаш аз ҳамсараш хунук шуда, роҳи ҷудоиро меҷӯяд.

Набояд фаромӯш кард, ки тавассути дилозорӣ шахс наметавонад ба дили дигар кас ҷой бигирад. Калиди воридшавӣ ба дили шахси дигар меҳрубонӣ ва сухани ширин аст. Танҳо тавассути қадрдонӣ ва эҳтироми якдигар ду ҷавон метавонанд, ки риштаи дӯстӣ ва муҳаббати худро ба ҳам пайваста, оилаи устувор ва хушбахтро барпо намоянд.

Оилаҳо гуногун мешаванд: пурра ва ё нопурра, солим ё носолим ва ғайра. Агар дар баъзе оилаҳо муҳити ором ва хайрхоҳона ҳукмрон бошад, он гоҳ дар оилаҳои дигар ҳаёт ба як силсилаи баҳсу мунози- раҳои доимӣ мубаддал мегардад. Ин баҳсҳо як қисми таркибии ҳаёти оилавӣ шуда мемонанд. Аъзои оила ба василаи баҳсу мунозираҳои доимӣ якдигарашон- ро хаста намуда, ба ғаму андуҳ ва ҳатто беморӣ ги- рифтор месозанд.

Инсон бо мақсади созишу муросо намудан оянда- бинӣ мекунад ва дар рафти он дучори монеаву муш- килиҳо мегардад. Василаи аз ҳама беҳтари рафъи онҳо сабру таҳаммул аст ва он имкон медиҳад, ки масъалаҳои оилавӣ дар муҳити ором, осоишта ва бефишору хушунат ҳалли худро пайдо кунанд.

Мувофиқи дастовардҳои илми психология баҳс- ҳои оилавӣ, одатан, ба шакли зайл интиҳо меёбанд:

  • яке аз ҳамсарҳо худро гунаҳгор меҳисобад;
  • ҳар ду ҳамсар худро гунаҳгор эътироф меку- нанд.

Аз ин лиҳоз як формулаи ҳалли баҳсҳои оилавӣ пайдо мешавад ва он чунин аст: «Мо баҳс мекунем, яъне мо ҳар ду ноҳаққем». Албатта, расидан ба ин натиҷа кори саҳлу осон нест. Дар аксари ҳол ба ин муносибати анъанавии вуҷуддоштаи «Ман», «Ту» халалҳо эҷод менамояд.

Адабиёти психологӣ пешниҳод менамояд, ки роҳҳои дигари рафъ кардани низоъҳои оилавӣ ин муросо, ҳамкорӣ, дурӣ ҷустан аз низоъ, гузашт кар- дан, бахшидан ва дигар омилҳо мебошанд. Инҳо метавонанд шиддати низоъро паст кунанд ва барои дар ҳолати осуда муҳокима намудани баҳсҳои ои- лавӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.

Бояд таъкид дошт, ки бо вайрон шудани оилаҳо на танҳо ҳамсарон зарар мебинанд, балки мушкил- тарин ва вазнинтарин пайомади он бепарастор мон- дани фарзандон хоҳад буд. Аз ин рӯ барои мустаҳка- мии ин ниҳоди арзишманд бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода шавад. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта- ни аксари ҷавонон ва мардони оиладор, бетаълим ва бетарбия мондани насли наврас, надонистани ҳуқуқҳои занушавҳарӣ, хушунат дар оила омилҳое мебошанд, ки ба пойдории оилаҳо таҳдид мекунанд.

Сабаби асосии вайрон шудани оилаҳо дар он аст, ки падару модар фарзандони худро ба хонадоршавӣ омода намесозанд. Зеро оилаҳое ҳастанд, ки барои қабул кардани духтари бегона ҳамчун духтари худ тайёр нестанд ва баъзе духтароне ҳастанд, ки дар хонаи шавҳар он гуна рафтор мекунанд, ки гӯё дар хонаи волидони хеш бошанд, ки дар ин ҳолат ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Дар ин маврид бояд падару модари домод ё арӯс қабл аз хонадоршавӣ чӣ тавр муносибат кардани онҳоро бо хушдоман ва аҳли оилаи «нав» хуб фаҳмонанд, ба ибораи дигар, нозукиҳои маърифати оиладорӣ, муқаддасоти оила- ро ба онҳо омӯзонанд.

Дахолати ноҷои баъзе волидон низ сабаби ҷудо- шавии оилаҳои ҷавон мегардад. Кам нестанд ҳоди- саҳое, ки хушдоманҳо барои баъзе масъалаҳои но- чиз, аз зумраи каме шӯр омадани хӯрок, нодуруст дарзмол кардан, шикастани чиниворӣ ва монанди ин бо келин хеле сахт ва дағал гап зада, дар назди фарзандон онҳоро ноуҳдабарою беҳунар мехонанд, ки ин боиси ранҷиши хотири келин ва тадриҷан дил- хунук гаштани онҳо аз ин хонадон мегардад.

Барои бунёд кардани оилаи пойдори устувор, бе- шубҳа, падару модар нақши калидӣ бозида, намунаи оила ба ҳисоб мераванд. Онҳо бояд худпараст набо- шанд, якдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, ҳамеша паҳлуи хуби воқеаро бинанд, сабур ва хушмуомила- ву беозор бошанд. Ҳама вақт унсурҳои маънавиро дар мадди аввал гузоранд ва донанд, ки пулу мол, мақому мансаб, зебоиву шуҳрат абадӣ набуда, ҳеҷ вақт оиларо устувор нигоҳ намедоранд. Дар бароба- ри ин, дар ҳузури фарзандон волидон бояд ҳамеша аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва иҷрои дигар корҳои зишт дур бошанд, зеро агар дар ҷое, ки аъмоли зишт мавҷуд бошад, он ҷо садоқат ва эътимод дида наме- шавад. Ин амалҳои зишт боиси гусаста шудани пай- ванди оила ва рафоқату дӯстии аҳли оила мегардад.

Пас метавон гуфт, ки тарбияи солим ва ё ноду- русти фарзанд бевосита ба муҳити зист, рафтору кирдори волидон ва калонсолони оила вобастагии қавӣ дорад. Сарчашмаи муноқишаҳо, вайроншавии муносибати навхонадорон, амалҳои нодурусти ҷа- вонон ва хислатҳои ношоистаи ҳар инсон аксаран оила мебошад. Агар тарбияи нахустини ҳар фарзанд ба оила вобаста бошад, пас сабаби ба вуҷуд омадани моҷароҳои оилавӣ ҳам аз муомилаи ғайримақбули аъзои оила бо фарзандон аст.

Аз ин хотир метавон хулоса кард, ки муҳити фа- рогирифтаи ҷавонписарону духтарон онҳоро ба зин- дагӣ мутобиқ ва омода насохтааст, ки ин аз беаҳами- ятии волидони ҳар ду тараф ва ниёз доштани худи навхонадорон ба таҷрибаи рӯзгор ва таълиму тар- бияи оилаю оиладорӣ шаҳодат медиҳад. Агар зан ва мард замони наврасию ҷавонӣ дар оилаи солим ва зери тарбияи бонизоми волидон ба камол расида бо- шанд, ҳатто муҳити носолим низ ба онҳо наметаво- над осеб бирасонад.

Набудани ғамхорӣ, дастгирию ёрмандӣ аз ҷони- би волидон, дар як қатор мавридҳо дар оила набуда- ни падар тадриҷан боиси он мешавад, ки фарзандон беназорат мемонанд. Дар натиҷа заминаи мусоид барои ба ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва дигар амалҳои номатлуб ҷалб шудани ноболиғон фароҳам меояд.

Сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавонро шар- тан метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд:

  • набудани якдигарфаҳми байни зану шавҳар;
  • натиҷаи тарбияи нодурусти фарзандон дар оила;
  • паст будани маърифати оиладории ҷавонон;
  • паст будани сатҳи иқтисодии оила;
  • мудохилаи ноҷои хешу табор ва волидон;
  • никоҳи хешутаборӣ;
  • муҳоҷирати меҳнатӣ;
  • беморӣ ва безурётӣ.

Вайроншавии оилаҳо, аз тарбияву меҳру на- возиш ва дастгирии моддиву маънавии волидон маҳрум гашта, бепарастор мондани фарзандон яке аз мушкилоти асосӣ маҳсуб гардида, боиси ташвиш ва нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.

Аз ин рӯ яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин дарди ҷомеа пеш аз хонадоршавӣ ва ташкили оила ба зин- дагии мустақил омода кардани ҷавонон мебошад, ки ин, пеш аз ҳама, вазифаи падару модар, мактаб ва ҳамкории тамоми ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа мебо- шад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки заминаи асосии сар задани низоъ дар оила бархӯрди манфиатҳо ва қонеъ нагардидани талаботи шахс мебошад.

Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул, якдигар- фаҳмӣ аз хислатҳои накутарин ва нишонаи ахлоқи ҳамида маҳсуб меёбад. Оилае, ки аз чунин хислатҳо бархӯрдор аст, мустаҳкаму пойдор буда, ба муваф- фақияту пешравиҳо ноил мегардад. Вале афсӯс, ки на ба ҳама оилаҳои ҷавон чунин якдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ муяссар мешавад. Кам нест ҳоди- саҳое, ки барои баъзе масъалаҳои ночизу беаҳами- ят миёни зану шавҳари ҷавон нифоқу низои калоне бархоста, то ҳадди ҷудоии онҳо мерасад. Дар урфият мегӯянд, ки агар дар оила тифоқию ҳамдигарфаҳмӣ бошад, ҳаёт ширину гуворо мегузарад. Аммо баъзан мешавад, ки ҳамсарон пойбанди суханони нодурусти хешовандон, ёру дӯстон ва ҳамсоягон гардида, зин- дагии хушу гуворои худро талх месозанд; якдигарро таъна мезананд ва ё баҳудаю беҳуда барои корҳои ночизу камарзиш ба якдигар хурдагирӣ мекунанд, ки боиси ҷангу ҷидол дар оила мегардад. Аксар вақт зан ба ҳамсояҳо, шиносҳои дуру наздик тақлид на- муда, бе дарназардошти даромаду имконоти оила харидорӣ намудани анҷоми қиматбаҳоро боисрор талаб менамояд, ки ин ҳам яке аз сабабҳои пайдо шудани низоъҳои оилавӣ мешавад. Дар ин маврид шоир хеле хуб фармудааст:

Ба Дахлу харҷи хуД ҳар Дам назар кун,

Чу Дахлат нест, харҷат камтар кун.

Хулоса, дар ин мавзӯъ ба шумо дар бораи як- чанд сабаби вайрон шудани оилаҳои ҷавон ва пай- омадҳои ногувори он маълумот додем, ки донистан ва хулосабарорӣ аз он барои омода шудани шумо ба ҳаёти мустақилона ва пешгирӣ аз низоъҳои оилавӣ ёрмандӣ мекунад. Аммо дар ҳаёт метавонед бо дигар ҳодисаю воқеаҳое рӯ ба рӯ гардед, ки оид ба он дар ҷое нахондаед ва аз касе нашунидаед. Вале дар ҳама ҳолат ақлу заковат, таҳаммулпазирӣ, сабру тоқат ҳа- меша дастгиру раҳнамои шумо хоҳад буд.

Саволҳо

1.Сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳои ҷавон- ро номбар кунед?

2.Чӣ гуна метавон муносибатҳои хубу дӯстонаро дар оила ба миён овард?

  1. Шумо дар вайроншавии оилаҳои ҷавон бештар киро гунаҳкор меҳисобед?
  2. Арӯс дар хонаи домод чӣ гуна бояд рафтор ку- над?

5.Оилаи намунавӣ гуфта чиро мефаҳмед?

Инчунин кобед

makka

Оғози даъват ба хориҷ аз Макка – Муҳаммад (с)

 Тойиф дар дувоздаҳ фарсанг фосила, серӯза роҳ аз Макка ҷойгир шуда буд. Дар ин шаҳр …