Сарҷумла ҷумлаи асосӣ ва эзоҳшаванда аст, ҷумлаи пайрав бошад, эзоҳдиҳанда буда, ба он (сарҷумла) то- беъ мебошад. Аммо ҳам сарҷумла ва ҳам ҷумлаи пай- рав дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ мустақилияти маъноӣ ва интонатсионии худро аз даст дода, ба як воҳиди тому яклухт табдил меёбад. Албатта, сарҷумла нисбат ба ҷумлаи пайрав мустақилтар аст, аммо бе бу- дани ҷумлаи пайрави матлуб, хусусан ҳангоми дорои ка- лимаи ҳамнисбат буданаш ноқис ва эзоҳталаб мебошад. Дар байни ҷумлаҳои пайрав ва аъзоҳои ҷумлаи сода му- носибати муродифӣ дида мешавад. Агар аъзоҳои ҷумла сараъзоҳоро аз ягон ҷиҳат шарҳу эзоҳ дода, онҳоро пур- ра гардонанд, ҷумлаҳои пайрав сарҷумларо эзоҳ дода онро мукаммал менамоянд.
V 55. Матнро боДикқат хонеД ва аз он чумлаҳои му- раккаби тобеъро цуДо намуДа, ба Дафтаратон нависеД. Сарчумлаю чумлаи пайравашонро аз ҳам чуДо карДа, то чи анДоза мустакрлият Доштани сарчумларо фаҳмонеД.
Овардаанд, ки зоғе дар камари кӯҳе хона гирифта ва шикофи санге ошёна сохта буд. Дар наздикии он сӯрох море зиндагӣ мекард. Ҳар гоҳ ки зоғ бача мениҳод, мор онро мехӯрд ва ҷигари зоғ ба доғи фироқи фарзанд месӯхт. Чун ситамгарии мор аз ҳад бигзашт, зоғи дармонда шико- яти он ҳол бо шағоле, ки дӯсти ӯ буд, дар миён овард ва гуфт:
- Меандешам, ки худро аз балои мор ва ранҷи ин золи- ми ҷонфиҷор бираҳонам.
Шағол пурсид:
- Ин корро ба чӣ тариқ анҷом хоҳӣ дод?
Зоғ гуфт:
- Мехоҳам, ки чун мор дар хоб шавад, ба минқори хун- хор чашми ҷаҳонбинаш барканам, то дигар қасди фарзан- дони ман кардан натавонад ва фарзанд, ки нури дидаи ман аст, аз шарри он хирачашм эмин бимонад.
Шағол гуфт:
- Ин тадбири ту аз роҳи дуруст берун аст, чунки хирад- мандон қасди душманро бояд тарзе кунанд, ки дар он хата- ри ҷон набошад. Зинҳор, ки аз ин фикр бигзар, то ин ҷони азиз ба бод надиҳӣ.
Зоғ гуфт:
- Чӣ бояд кард?
Шағол гуфт:
- Дурусташ он аст, ки дар авҷи ҳаво парвоз кун ва ба бомҳову саҳроҳо назар афкан1, ҳар ҷо зевареро бинӣ, ки рабудани[1] [2] он муяссар бошад, фуромада, бардор ва боз ба ҳаво парвоз кун, аммо аз чашми мардумон ғоиб мабош. Дур нест, ки баъзе мардум дар талаби он зевар аз ақиб оянд. Чун наздики мор расӣ, зеварро ба болои мор афкан, то ки назари мардум ба вай афтад. Албатта, онҳо аввал мор- ро кушта, пас зевари худро хоҳанд гирифт ва ту аз зарари мор фароғат1 хоҳӣ ёфт.
Зоғ ба ишорати шағол рӯй ба ободонӣ ниҳод. Занеро дид, ки бар гӯшаи бом зеваре ниҳодааст. Зоғ онро даррабуд ва ба ҳамон дастур, ки шағол гуфта буд, ба болои мор андохт. Мардумон, ки дар пайи зоғ омада буданд, зуд сари морро кӯфта, зеварро бардоштанд ва зоғ аз зарари мор халос шуд.
Хасм[3] [4] аз миён бирафту сиришк аз канор ҳам. (Ҳусайн Воизи Кошифӣ)
[1] Назар афкандан – нигоҳ кардан
[2] Рабудан – чанг зада гирифтан
[3] Фароғат – осудагӣ, роҳат, оромӣ
[4] Хасм – душман, адӯ
Шеърро ифоДанок хонеД ва аз он цумлаҳои мурак- каби тобеъро цуДо карДа, навъи чумлаи пайравро муайян кунед:
БАРОИ ҲУРМАТИ МӮЙИ САФЕДАШ
Барои ҳурмати мӯйи сафедаш,
Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст.
Барои дил, дили оинавораш,
Ки аз чашму нигоҳи ӯ падид аст.
Барои хотири шеъраш, ки онро
Ба роҳи хеш болу пар намудам.
Барои шеъри мардумошнояш, Ки аз он шеъри худро сар намудам.
Барои ҳиммату номи баландаш,
Баландиҳои чун чархи баринаш.
Барои хоксориҳои покаш, Таҳаммулнокии ҳамчун заминаш. Қасам бар ҷону виҷдони ҷавонам: Агар дар шеър қутби нав кушоям, Аз он ҳар субҳ чун ахтар бароям, Ба назди шеъри ӯ таъзим намоям!
(М.Қ.)
- Ба сарцумлаҳои зерин чумлаҳои пайрави мувофиқ ёбед:
- Ба пурсишҳои муаллим хуб ҷавоб додам, …
- Ин ҳамон китобе аст, …
- Ба ӯ гуфтанд, ….
- Ман барои он омадам, …
- Вай ба мо тарзе нигоҳ кард, ..
- Хуршед шеърро чунон қироат мекард, ..