САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНИ
Дар байни пайдоиши сарватхои зеризаминӣ ва хусусияти чипсхои
кӯҳӣ чй гуна робита вуҷуд дорад?
Фаровон будани сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ба таъ- рихи геологии ин сарзамин сахт вобаста аст. Сарватҳои зери- заминӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз таҳшинҳои давраҳои мезо- зой ва кайнозой ҳосил шудаанд ва аз сарватҳои маъданӣ (сурб, руҳ, нуқра, сурма, тилло, волфрам) ва ғайримаъданӣ (ангишти бӯр, ангиштсанг, нафт, озокерит, гази табиӣ, фосфорит, намак- санг, масолеҳи гуногуни сохтмон, обҳои маъданӣ) иборатанд. Дар таҳнишастаҳои давраи чорумин тиллои пошхӯрда дучор меояд (дар Помир, Дарвоз ва ғайра).
То давраи собиқ Ҳокимияти Шӯравӣ сарватҳои зеризами- нии Тоҷикистон ба таври бояду шояд таҳқиқ нашуда буданд. Гумон мерафт, ки дар ин сарзамин ҳамагӣ чанд навъ сарвати зеризаминӣ вуҷуд дораду бас (фақат ангиштсанг ва нафт ис- тихроҷ карда мешуданд). Дар тӯли солҳои собиқ Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон 70 навъи сарватҳои зеризаминии маъ- данию ғайримаъданӣ кашф ва бештар аз 400 кон ошкор карда шудаанд. Алҳол аз 100 кон қариб 40 навъи ашъёи хоми маъ- данӣ мегиранд.
Сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ба 3 навъ ҷудо карда мешавад: сӯзишворию энергетикӣ, металлӣ ва ғайриметаллӣ.
Ба сарватҳои сӯзишворию энергетикӣ ангишти бӯр, ангишт- санг, торф, варақсангҳои сӯзанда, нафт, гази табиӣ мансуб ме- бошанд.
Захираҳои калони ангиштсанг дар Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷануби Шарқӣ ҷой гирифтаанд. Дар ҷумҳурӣ тақрибан 40 кони ангишсанг маълум аст, ки аксари онҳо аҳа- мияти саноатӣ доранд: Шӯроб, Фону Яғноб, Моғиён, Наза- райлоқ ва ғайра. Аксари ин конҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳи душворгузар ҷой гирифтаанд, бинобар ин, қатъи назар аз си- фати баланди ангиштсанг ҳоло истеҳсоли саноатии онҳо ду- руст ба роҳ монда нашудааст. Масалан, ангишти кони Фону Яғноб 840 млн тонна захира дорад ва хеле хушсифат бошад ҳам (80% аз ангишти коксшаванда иборат аст), бинобар набу- дани роҳ ниҳоят кам истифода мешавад.
Конҳои нафт ва газ фақат дар ҳудуди ду пастхамӣ – Фарғо- наи Ғарбӣ (КИМ, Айритон, Ниёзбек, Нафтобод, Равот) ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (Кичикбел, Бештентоқ, Хоҷасартез, Сул- дузӣ, Оқбошадир, Қизилтумшуқ ва Шамбарӣ) воқеъ гарди- даанд. Захираи нафт ва гази Тоҷикистон зиёд нест, вале дар натиҷаи таҳқиқоти геологӣ муқаррар карда шудааст, ки дар водиҳои Вахшу Кӯлоб ва Фарғонаи Ғарбӣ дар таҳнишастаҳои давраи табошир ва юра конҳои газу нафт вуҷуд доранд.
Сарватҳои зеризаминии металлӣ асосан дар Тоҷикистони Шимолӣ (кӯҳи Қаромазор) ва Марказӣ (қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой) мавҷуданд.
Дар кӯҳҳои Қаромазор конҳои сершумори маъданҳои поли- металлӣ (руҳ, сурб), металлҳои нодир (кадмий, висмут, молиб- ден, волфрам) ва асил (тилло, нуқра) ошкор шудаанд. Дар ин мавзеъ кони оҳани Чоқадамбулоқ кашф гардида, дар кӯҳҳои Ҳисору Олой волфрам (Майхӯра), сурма ва симоб (Ҷиҷикрӯд, Қавноқ, Кончоч), шпати саҳроӣ (Такоб) ва ашёи хом барои саноати алюминий (кони Турпӣ) ёфт шуд. Аз ҷиҳати захираи сурма ва симоб Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро мегирад.
Сарватҳои зеризаминии Помир ҳанӯз чандон хуб омӯхта на- шудаанд. Дар ин ҷо конҳои булӯри кӯҳӣ (қаторкӯҳҳои Ванҷ ва Язгулом), тилло (қатокӯҳҳои Дарвоз ва Паси Олой), молибден, волфрам, лоҷвард, лаъл ва ғайра мавҷуданд.
Сарватҳои зеризаминии ғайриметаллӣ (асбест, абрақ, озо- керит, фосфорит, намаксанг, масолеҳи сохтмон ва ғайра) дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Бештар аз 50 кони намаксанг (Хоҷа- муъмин, Хоҷасартез, Оқсуқон, Тошбулоқ, Танобчӣ ва ғайра) ёфт шудаанд. Кӯли Оқсуқони ноҳияи Ашт барои муолиҷаи бе- мориҳо низ истифода мешавад.
Дар ҷумҳурӣ даҳҳо кони хурди фосфорит муқаррар карда шудаанд. Конҳои фосфорит асосан дар Тоҷикистони Марказӣ (Равот, Зиддӣ, Қаротоғ) ва ҷануби водии Фарғона (Истарав- шан ва Исфара) ҷой гирифтаанд. Сифати онҳо чандон баланд ва захираашон зиёд нест. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз сад кони ма- солеҳи сохтмон ба қайд гирифта шудааст; масалан, гил, оҳак, гач, регҳои кварсдор ва ғайра. Аз масолеҳи сохтмон, бахусус сангҳои ороиш (хоросанг, мармар, доломит, туф), ки дар қа- торкӯҳҳои Ҳисор, Қурама ва Помир мавҷуданд, аҳамияти ка- лон доранд. Маснуоти сохтмон дар ноҳияи Исфара низ бисёр аст. Озокерити ин ноҳия (кони Селроҳа) барои истеҳсоли ма- солеҳи изолятсионӣ корбаст мешавад. Дар Исфара заводи озо- керит сохта шудааст.
Обҳои минералӣ. Тоҷикистон бо обҳои минералиаш шуҳра- ти оламшумул дорад. Таркиби химиявӣ ва хосияти физикии обҳои минералӣ ниҳоят гуногун аст. Дар Тоҷикистон чаш- маҳои гарм ва хунуки обашон газдор фаровон мебошанд.
Дар Тоҷикистони Шимолӣ (кӯҳҳои Қурама ва Муғул) чаш- маҳои хунуки шифобахши радиоактивӣ ва каммаъдан мавҷу- данд. Дар наздикии Истаравшан (25 километр дуртар) дар Ҳавотоғ чашмаи минералии гарми йоду бромдор ҳаст, ки дар заминаи он шифогоҳи Ҳавотоғ сохта шудааст.
Қисми бештари чашмаҳои минералӣ дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор ҷой гирифтаанд. Оби ин чашмаҳо хунук ва гарм буда, ба обҳои гази карбонатдори нарзан монанд мебо- шад. Ҳарорати чашмаҳои минералии Хоҷаобигарм, Обигарм, Явроз, Гармоба ба 38°-98° мерасад. Дар Хоҷаобигарм, ки чаш- мааш радиоактивии гарм аст, дар баландии 1800 м шифогоҳи ҳозиразамон сохта шудааст. Шифогоҳи «Хоҷаобигарм» дорои буғи радон буда, дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
(ИДМ) ягона мебошад. Шифогоҳи «Обигарм» дар баландии 1300 м ҷойгир аст. Оби гарми гидрогенсулфидии он беҳамтост.
Обҳои нарзании Сангхок ва Анзоби ҳавзаи рӯди Зиддиро (дар баландии қариб 3000 м) барои нӯшидан ва муолиҷаи бе- мориҳо истифода мебаранд. Қадре ғарбтар аз Душанбе (18 км) дар деҳаи Шамбарӣ чашмаи минералии хунук мавҷуд аст. Оби он гидрогенсулфид дошта, бо мақсади муолиҷа ва нӯшидан истифода мешавад. Ба дармонгоҳи Шамбарӣ на фақат аҳолии Тоҷикистон, балки мардуми дигар мамлакатҳои дуру наздик низ барои муолиҷа меоянд.
Помир бо чашмаҳои гарм (гази карбонатдор) ва хунуки худ шуҳрат ёфтааст (Гармчашма, Лангар, Андароб, Бахмир, Авҷ). Бахусус Гармчашма, ки 7 км дуртар аз деҳаи Андароб воқеъ аст, машҳур мебошад. Дармонгоҳи «Гармчашма» дар миқёси ИДМ баландтарин аст.