Ба ақидаи шумо, ин кадом мамлакат аст? Он чӣ гуна хусуси- ятҳои табиӣ-географӣ дорад? Ин мамлакат дар бозори ҷаҳонӣ кадом маҳсулотро содир мекунад? Кадом омилҳо вазъи сиёсии ин мамлакатро ба харобӣ мекашанд?
Мавқеи иқтисодию географӣ. Афғонистон дар ҷанубу ғарби Осиё воқеъ шудааст. Вай дар шимол бо Тоҷикистон, Ӯзбекистону Туркманистон, дар ҷанубу шарқ бо Покистону Чин ва дар ҷанубу ғарб бо Эрон ҳамсарҳад мебошад. Қисми зиёди хатти сарҳади он бо мамлакатҳои ҳамсоя аз кӯҳҳои баланд ва дарёи Панҷу Ому мегузарад. Чунин ҳолат алоқа ва тиҷорати байнидавлатиро халалдор месозад, зеро робитаҳои тиҷоратии мамлакат аксар тавассути роҳи ағбаҳо сурат мегирад, ки зимистон баста мешаванд.
Афғонистони имрӯзаро соли 1747 Аҳмадшоҳи Дурронӣ асос гузоштааст. Пойтахти аввали Афғонистон шаҳри Қандаҳор буд ва баъд онро ба Кобул кӯчониданд.
Табиат ва сарватҳои табиӣ. Афғонистон мамлакати кӯҳсор буда, 4/5 ҳиссаи қаламрави онро кӯҳҳо ва суфакӯҳҳо ишғол кардаанд. Аз доманаи шимоли Ҳиндукуш сар карда, то соҳили дарёи Ому сатҳи мамлакат мунтазам паст мешавад. Аз самти шарқ ин ҳамворӣ то ҳавзаи дарёи Ҳинд давом мекунад.
Барои кишоварзӣ ва заминдорӣ водии дарёҳо ва ҳамвориҳо мувофиқ мебошанд.
Сарватҳои табиии Афғонистон ба таври бояду шояд омӯхта нашудаанд. Ба ин нигоҳ накарда, солҳои охир дар қаламрави он намудҳои гуногуни сарватҳои зеризаминӣ – маъдани оҳан, ангишт, марганетс, хром, тилло, маъдани металҳои ранга, графит, гӯгирд, намак, талк, асбест, сангҳои қиматбаҳо кашф карда шудаанд. Дар мавзеи Ҳирот, Маймана, Шибирғон конҳои нафту газ мавҷуданд, ки аҳамияти саноатӣ доранд.
Афғонистон иқлими континенталӣ – зимистони хунук ва тобистони бебориш дорад. Зимистон дар минтақаҳои кӯҳӣ хунукии дарозмуддат, дар ҳамвориҳо муътадил ва ноустувор мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл 24-32 дараҷа, дар баландиҳои 2500-4000 метр то +10 дараҷа паст мешавад. Дар ҳамвориҳо ҳарорати миёнаи моҳи январ аз 0 дараҷа то +8 дараҷа тағйир меёбад. Боришот кам аст. Дар ҳамвориҳои ҷанубии мамлакат дар як сол 40-45 мм, дар суфакӯҳҳои дохилӣ 200-250 мм, дар минтақаи кӯҳҳои баланд то 800 мм бориш мешавад. Вобаста ба иқлим дарёҳои Афғонистон мавсимӣ буда, дар мавсими боронгарӣ сероб мешаванд. Онҳо аз кӯҳҳои баланд оғоз ёфта, дорои иқтидори зиёди энергетикӣ мебошанд ва дар шароити иқлими хушк барои обёрӣ васеъ истифода мешаванд. Калонтарин дарёҳои Афғонистон Мурғоб, Қарирӯд, Фараҳрӯд, Ҳилманд, Кобул, Панҷ ва Ому мебошанд.
Географияи аҳолӣ. Дар Афғонистон дар баробари дараҷаи баланди таваллуд фавти кӯдакон ҳам зиёд аст. Дар таркиби ҷинсии аҳолӣ мардон бартарӣ доранд. Зичии аҳолӣ дар 1 километри мураббаъ 26 нафар мебошад ва дар воҳаҳо зиёда аз 100 нафарро ташкил мекунад. Зиёда аз 3 млн нафар аҳолӣ зиндагии бодиянишинӣ мегузаронанд. Дар шаҳрҳо тақрибан 15 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Шаҳрҳои калонтарин ва қадимӣ Кобул, Мазори Шариф, Қандаҳор, Ҳирот ва Қундуз мебошанд.
Афғонистон мамлакати сермиллат аст ва дар он зиёда аз 20 халқият зиндагӣ мекунад, ки қариб 50 фоизи онро паштунҳо ташкил мекунанд. Ғайр аз паштунҳо дар он ҷо тоҷикон, ӯзбекҳо, туркману қазоқҳо, ҳазораҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷаи ҷанги дохилии бисёрсола шумораи зиёди аҳолӣ талаф ёфт. Тақрибан 23 фоизи аҳолӣ қашшоқона зиндагӣ мекунанд.
Тавсифи умумии хоҷагӣ. Афғонистон мамлакати ақибмондаи кишоварзӣ буда, фақат дар даҳсолаи охир иқтисодиёти он ба баъзе пешравиҳо ноил шуд. Асоси иқтисодиёташро кишоварзӣ ташкил мекунад. Дар кишоварзӣ зиёда аз 85 фоизи аҳолӣ банд буда, 60 фоизи даромади миллӣ ба он рост меояд. 40 фоизи боқимондаро хидматрасонӣ ва саноат ташкил медиҳад.
Заминдорӣ асосан дар водии дарёҳо, воҳаҳои байни кӯҳҳо, доманакӯҳҳо ва ба миқдори кам дар суфакӯҳҳои дохилӣ инкишоф ёфтааст. Тақрибан 70 фоизи замини кишт ба ноҳияҳои шимолӣ рост меояд. Дар заминҳои кишт бештар ғалладона кишт карда мешавад, ки қисми зиёди он лалмӣ мебошад. Ғаллакорӣ зиёда аз нисфи даромади маҳсулоти зироаткориро медиҳад. Дар водии дарёҳои Лугар, Сурхоб ва Алишанг шолӣ мекоранд. Аз зироатҳои техникӣ пахта, лаблабуи қанд, найшакар ва зироатҳои равғандиҳанда парвариш карда мешаванд. Дар қатори зироаткорӣ боғу токдорӣ низ васеъ паҳн шудааст, ки он дар музофотҳои Кобул, Қандаҳор, Ҳирот, Қатаған, Кӯҳдоман тараққӣ кардааст.
Чорводорӣ дар Афғонистон яке аз соҳаҳои анъанавии кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Асосан гӯсфандони гӯшт ва пашмдиҳанда парвариш мекунанд. Дар даштҳои хушк қарокӯлпарварӣ ривоҷ гирифтааст. Афғонистон аз ҷиҳати саршумори гӯсфанди қарокӯлӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Аз чорвои калон бештар чорвои корӣ парвариш мекунанд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бузпарварӣ инкишоф ёфтааст.
Саноат дар Афғонистон суст тараққӣ кардааст ва танҳо 21,8 фоизи даромади миллиро медиҳад. Сохтмони корхонаву фабрикаҳои ҳозиразамон аз охири солҳои 30-юми асри гузашта ибтидо гирифта буд. Дар мамлакат асосан корхонаҳои начандон калони саноати сабук ва хӯрокворӣ сохта шудаанд. Аз саноати сабук бештар соҳаи бофандагӣ тараққӣ кардааст, ки матоъҳои пахтагӣ, моҳут, шоҳӣ, вискозӣ ва трикотажӣ истеҳсол мекунад. Дар саноати хӯрокворӣ корхонаи истеҳсоли қанд ва равғанкашӣ калонтарин мебошанд.
Афғонистон маҳсулоти гуногунро ба мамлакатҳои Покистон, Ҳиндустон, Финляндия, Олмон ва Белгия содир карда, аз кишварҳои Покистон, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, ИМА ва Олмон мол ворид мекунад.
Нақлиёт. Дар Афғонистон мардум асосан аз воситаи нақлиёти автомобилӣ истифода мебаранд. Дарозии роҳҳо дар ин кишвар 21 ҳазор километрро ташкил мекунад. Муҳимтарин роҳҳои нақлиёт роҳи автомобилгарди Кобул-Шерхон, Кушка-Ҳирот-Қандаҳор, Пули Хумрӣ-Мазори Шариф-Шибирғон мебошанд. Нақлиёти обӣ дар ин кишвар чандон рушд накардааст ва аҳамияти калон надорад. Фурудгоҳҳои Кобул ва Қандаҳор ҳавопаймоҳои кишварҳои гуно- гунро қабул мекунанд. Аз Кушк то Турғундӣ 7 километр роҳи оҳан вуҷуд дорад. Дар тиҷорати берунии Афғонистон содирот 98 млн долларро ташкил мекунад. Шарикони тиҷоратии Афғонистон ИМА, Фаронса, Покистон, Тоҷикистон ва Туркия мебошанд.
Савол ва супориш.
Аз рӯйи харита ба мавқеи иқтисодию географии Афғонистон баҳо бидиҳед. Инро ман медонам.
- Афғонистон аз кадом намуди маъданҳои табиӣ бой аст?
- Аҳолии Афғонистонро кадом миллатҳо ташкил мекунанд?
- Кадом соҳаи хоҷагӣ дар иқтисодиёти Афғонистон мавқеи асосиро ишғол мекунад?
- Барои чӣ дар Афғонистон нақлиёти роҳи оҳан инкишоф наёфтааст? Инро ман метавонам.
- Атлас ва харитаро истифода бурда, дар онҳо давлатҳои ҳамсарҳад, вилоятҳо ва пойтахти Афғонистонро тасвир кунед. Мавқеи географии онро тавсиф диҳед.
Оё медонед?
- Дар Афғонистон танҳо як нафар яҳудӣ зиндагӣ мекунад.
- Танҳо ‘/д-и аҳолии Афғонистон дар шаҳрҳо маскун шудааст.
- Дарозумрии аҳолӣ дар Афғонистон 44,2 солро ташкил медиҳад, аз ҷумла занҳо 44,4 ва мардҳо 44 сол. Қариб ҳар як кӯдаки шашуми ин кишвар дар вақти таваллуд мемирад. Аҳолии Афғонистон ҷавон буда, қариб 45%-и он кӯдакони то 14-сола ҳастанд.
- То ҳол дар Афғонистон ягон нафар ба бемории СПИД гирифтор нашудааст.
Хулоса. Афғонистон яке аз мамлакатҳои қадима буда, то ҳол захираҳои зеризаминии он ба таври бояду шояд омӯхта нашудаанд ва қариб истифода намешаванд. Саноат суст тараққӣ кардааст. Аксари аҳолӣ дар ҳолати қашшоқӣ умр ба сар мебарад.