Главная / Биология / ШАКЛИ ҒАЙРИҲУҶАЙРАВИИ ҲАЁТ. ВИРУСҲО

ШАКЛИ ҒАЙРИҲУҶАЙРАВИИ ҲАЁТ. ВИРУСҲО

Соли 1892 олими рус Д.И.Ивановский дар тамоку бемориеро мушоҳида кард. Барангезандаи он ғайриодӣ буда, дар баргҳои тамоку доғҳои гуногун пайдо мегардад. Барангезанда қобилия- ти аз филтр гузаштанро дошт. Бинобар ин, рустаниҳои солими тамокуро бо шираи аз филтр гузаштаи рустаниҳои бемор сироят- нок кардан мумкин аст.

Баъди чанд сол олимон Л.Леффлер ва П.Фрош ангезандаи бе- мории охсилро пайдо карданд, ки он дар ҳайвонот, аз чумла дар чорво дида шуда, ангезандааш аз филтр мегузарад.

Охири соли 1917 бактериолог аз Канада Ф. Эрелл бактери- офагро кашф намуд, яъне вирусҳое, ки бактерияҳоро маҳв ме- созанд. Ҳамин тариқ, вируси рустаниҳо, ҳайвонот ва микроор- ганизмҳо кашф карда шуд. Ҳамаи ин боиси пайдоиши илми нав – вирусология гардид. Вирусҳо дар ҳаёти инсон нақши хеле ка- лонро мебозанд. Онҳо ангезандаи бисёр бемориҳои хавфнок, масалан, диққи нафас, зардпарвин, энсефалит, сурхакон, сурхча, де- вонагӣ, зуком ва ғайра мебошанд. Вирусҳо фақат дар ҳуҷайраҳо фаъолият мекунанд, бинобар ин, онҳоро паразити дохилиҳуҷай- равӣ меноманд.

Онҳо озод ва берун аз муҳити ҳуҷайра фаъолият ва афзоиш карда наметавонанд. Агар дар ҳамаи организмҳои ҳуҷайрадор ҳамон ду шакли кислотаи нуклеинии КДН ва КРН дида шавад, дар вирусҳо фақат яке аз онҳо вомехӯрад.

Вируси касалии доғи барги тамоку:

  • – ғилофаи сафедагӣ,
  • – КРН.

Бинобар ин, вирусҳо ба ду гурӯҳи калон ҷудо карда меша- ванд, яъне вирусҳои дорандаи КДН ва вирусҳои дорандаи КРН. Вирусҳо ба ҳуҷайра фақат ахбори генетикии худро мегузаронанд. Аз қолаби КРН ё КДН вируси КРН ахбори худро синтез меку- нанд, ки ин замина барои синтези сафедаҳои рибосомаҳои ҳуҷай- раҳои бо вирус гирифторбуда хос аст.

Молекулаи КДН ё геноми он дар геноми соҳиби ҳуҷайра ҷой- гир аст ва дар ҳолати оромӣ муддати дуру дароз меистад.

Ҳамин тариқ, хусусияти муфтхӯри вирус хосияти хосро дошта, ҳамчун паразит дар дараҷаи генетикӣ ба ҳисоб меравад.

Таркиби химиявии вирусҳо

Вирусҳо аз нуклеопротеидҳо, яъне аз кислотаҳои нуклеинат (КДН ва КРН), инчунин, аз чанд сафеда, ки пардаи атрофи кис- лотаҳои нуклеинатро иҳота кардаанд, ташаккул ёфтаанд. Пардаи сафедагиро ғилофа (капсула; аз калимаи лотинии сарзо – ғунҷо- иш) меноманд. Ба чунин вирусҳо вируси доғҳои тамоку мисол ме- бошад. , ки ғилофа – қабати сафедаи он аз як сафедаи начандон калон иборат аст.

Вирусҳои ташаккулашон мураккаб пардаи иловагӣ доранд, ки аз сафеда ё липопротеин сохта шудааст. Баъзан дар пардаи берунии вирусҳои мураккаб ангиштобҳо дида мешаванд, маса- лан, дар вируси ангезандаи зуком ва табхол . Пардаи берунии онҳоро қисмҳои мембранаи ядро ва ситоплазмаи ҳуҷай- раҳои соҳиб (ҳомил) ташкил карда, вирус аз он ба муҳити берун мебарояд. Геноми вирусҳо аз як молекулаи яктора ё дутораи КДН ва КРН иборат аст. Ба КДН-и дутора вируси бемории нағзаки одам, гӯсфанд, хук, адиновирусҳои одам дохил мешаванд. КРН-и дутора ҳамчун қолаби генетикӣ барои баъзе вирусҳои ҳашарот ва ҳайвонот хизмат мекунад. Ҳамчунин, вирусҳои КРН-и якто- ра васеъ паҳн гаштаанд, ба монанди вируси энсефалит, сурхакон, сурхча, девонагӣ, зуком ва ғайра.

Таъсири тарафайни вирус ба ҳуҷайра

Ҳангоми ба вуҷуд омадани вакуолаҳои пиноситозӣ ҳамроҳи қатраҳои моеи муҳити байниҳуҷайравӣ ба даруни ҳуҷайра тасо- дуфан вирусҳо дохил мешаванд. Онҳо дар муҳити моеъ гардиш мекунанд. Ворид шудани вирусҳо ба ситоплазмаи ҳуҷайра бо чанд зинаҳои пайиҳам алоқаманд ба амал меояд. Сараввал, ви- рус бо сафедаи ретсептории махсус, ки дар болои пардаи ҳуҷайра ҷойгир аст, пайваст мешавад. Ин амал бо ёрии сафедаҳои мах- сус, ки дар болои заррачаҳои вирусӣ мавҷуданд, ба амал меояд. Сафедаҳо ретсепторҳои ба худ мувофиқро, ки дар болои ҳуҷайра ҷойгиранд, мешиносанд. Он қисми болои ҳуҷайра, ки бо вирус пайваст шудааст, дар ситоплазма фурӯ рафта, ба вакуола табдил меёбад. Вакуола, ки девораи он аз мембранаи ситоплазмавӣ сохта шудааст, метавонад бо дигар вакуолаҳо ё бо ядро якҷоя шавад (расми 5.25). Бо ҳамин роҳ, вирус ба тамоми ҳуҷайраҳо бурда ме- шавад. Механизми ретсептории воридшавии вирус ба ҳуҷайра бо хусусияти махсуси раванди сироятёбӣ вобаста аст.

Аз ин ҷост, ки вируси ҳепатити А ва В танҳо ба ҳуҷайраҳои ҷигар дохил шуда, афзоиш меёбанд. Адиновирус ва вируси зуком дар ҳуҷайраҳои луобпардаи роҳи нафас, вируси сарком дар ҳуҷай- раҳои асаб, вируси ханозир (бунгӯшӣ) фақат дар ҳуҷайраҳои наз- ди гӯш ва ғадуди оби даҳон вомехӯранд.

Дар вақти дучандшавӣ (редупликатсия) кислотаи нуклеинат аз пардаи капсидӣ ҷудо мегардад. Баъди синтези молекулаи нави кислотаи нуклеинат бо сафедаи вируси дар ситоплазмаи ҳуҷай- раи ҳомил синтезшуда иҳота мешавад ва капсидро ташкил ме- кунад. Дар натиҷа, вирусҳо афзуда, аз ҳуҷайра берун мешаванд. Ин ҳолат дар баъзе вирусҳо дар шакли таркиш ба амал омада, ҳуҷайраҳо маҳв мешаванд. Хориҷ шудани вирусҳои дигар мисли муғҷабандист ва ҳуҷайраҳои ин организмҳо муддати мадид қоби- лияти ҳаётии худро нигоҳ медоранд. Роҳи дигари ба ҳуҷайра до- хил шудани вирусҳои бактерияҳо, яъне бактерофагӣ мебошанд. Қабати ғафси бактерия имкон намедиҳад, ки сафедаи ретсептор ба вирус пайваст шуда, ба ситоплазма роҳ ёбад, мисли он ки дар ҳуҷайраҳои сироятноки ҳайвонот ба амал меояд. Барои ҳамин бактериофаг думчаи худро ба девораи ҳуҷайраи бактерия ха- лонда, КДН ё КРН-и дар сарак доштаи худро ба ситоплазмаи бактерия ворид мекунад (расми 5.26). Ҳамин тавр, геноми бак- териофаг фурӯ рафта, капсиди он дар берун мемонад. Геном дар ситоплазмаи ҳуҷайраи бактерия дучанд шуда, ба синтези сафеда ва капсид асос мегузорад.

Баъди чанд муддат ҳуҷайраи бактерия маҳв гашта, зарра- чаҳои фагҳои пухтарасида ба берун мебароянд ва метавонанд бактерияи дигарро нобуд кунанд.

Пайдоиши вирусҳо

Вирусҳо ҳамчун сохтори генетикӣ мухтор буда, берун аз ҳуҷайра қобилияти инкишоф ёфтан надоранд, яъне ҷисми беҷо- нанд. Чунин мешуморанд, ки вирусҳо ва бактериофагҳо ҳамчун унсури генетикии ҷудогонаи ҳуҷайра буда, ҳамроҳи дигар шаклҳои ҳаёти ҳуҷайравӣ инкишоф ёфтаанд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Сохти вирусҳо чӣ гуна аст?
  2. Вирусҳои сода аз мураккаб бо чӣ фарқ мекунанд?
  3. Принсипи таъсири мутақобилаи вирус ва ҳуҷайра чӣ гуна аст?
  4. Вирус чӣ тавр ба ҳуҷайра дохил мешавад?
  5. Таъсири мутақобилаи бактериофагҳоро ба ҳуҷайраи бактерия шарҳ диҳед.
  6. Таъсири вирусҳо ба ҳуҷайра чӣ гуна аст?

Истилоҳот:

  1. Вирус – шакли ғайриҳуҷайравии ҳаёт.
  2. Бактериофаг – вирусҳое, ки бактерияҳо ё фагаҳои онҳоро маҳв ме- созанд.
  3. Сироят – роҳи интиқоли ангезаҳо аз як организм ба организми дигар.
  4. Бо роҳи уфуқӣ гузаштан – роҳи гузаштани омили сирояткунӣ бо ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, ки дар хромосомаи он маводди ирсӣ – вирус ҷойгир мешавад.
  5. Бо роҳи амудӣ гузаштан – раванди боҳамтаъсиркунии вирус ва ор- ганизми соҳиб, ки ҳамчун муфтхӯр дохил шуда, афзоиш ёфта, ба муҳити беруна мебарояд.
  6. Назарияи ҳуҷайрагӣ – яке аз хулосаҳои муҳимтарини биологӣ, ки мувофиқи он ҳамаи организмҳо сохти ҳуҷайрагӣ доранд.

Тестҳо

  1. Аввалин бор вирусро кадом олим мушоҳида намуд?

а) Д.Ивановский; б) Леффер; в) П.Фрот.

  1. Бактериофагро кӣ кашф кард?

а) Р.Вихров; б) Ф.Эрелл; в) И.Ивановский.

  1. Кадом вирусҳоро бактериофага меноманд?

а) вирусҳои одам; б) вирусҳои ҳайвонот; в) вирусҳое, ки бактерияҳо- ро нест мекунанд.

  1. Вирусҳо дар кадом ҳолат фаъоланд?

а) берун аз ҳучайра; б) танҳо дар даруни ҳуҷайра; в) дар муҳити гирду атроф.

  1. Дар вирусҳо кадом шакли кислотаҳои рибонуклеинат мавчуданд?

а) танҳо КДН ё танҳо КРН; б) ҳам КДН ва ҳам КРН; в) ягонтаи аз инҳо.

  1. КРН-и дутора барои кадом бемориҳо хос аст?

а) бемории нағзаки одам; б) зуком; в) сурхакон.

  1. Кадом вирусҳо КРН-и яктора доранд?

а) сурхча; б) оденовируси одам; в) оденовируси гӯсфанд.

  1. Вирусҳо дар кучо афзоиш мекунанд?

а) дар ҳучайраҳои соҳиб; б) дар муҳити беруна; в) худ аз худ.

  1. Вируси гепатити А кадом ҳучайраро сироят мекунад?

а) ҳучайраи асаб; б) ҳучайраи чигар; в) ҳучайраи роҳи нафас.

  1. Калимаи «вирус» аз кадом забон кирифта шудааст ва чӣ маъно дорад?

а) аз забони англисӣ – заҳр; б) аз забони лотинӣ – заҳр; в) аз забони русӣ – заҳр.

 

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …