ШАРОИТИ ТАЪРИХИИ ТАШКИЛЁБИИ ҶУМҲУРИИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН
|
Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд ва ҷумҳуриҳои он соҳибистиқлол гардиданд. Тоҷикистон то ташкилёбии ҷумҳурии соҳибистиқлол дорои заминаи мустаҳками иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ буд. Вазъи моддӣ ва маънавии шаҳрвандон низ хеле хуб буд. Аҳолии ҷумҳурӣ босавод ва дар ҳамаи соҳаҳои илму фарҳанг олимони забардаст, духтурону муҳандисони соҳибтаҷриба дошт. Захираҳои фаровони табиӣ, тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла пахтакорӣ, соҳаҳои гуногуни саноат барои боз ҳам беҳтар намудани некуаҳолии халқ заминаи хуб ба шумор мерафтанд, вале бо пош хӯрдани ИҶШС робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангии байни ҷумҳуриҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бо марказ канда шуда, вазъи иқтисодии мардум якбора ба пастӣ рафт. Хусусан, дар ҷумҳурӣ маводди мавриди ниёзи мардум рӯз то рӯз кам шуда, бо сабаби аз кор мондани корхонаҳои хурду калони саноатӣ сафи бекорон афзуд ва торафт нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои саноатӣ боло рафт. Дар мамлакат раванди ғайридавлатӣ гардондани сарвати халқ ба тариқи стихиявӣ ба амал омад, ки дорои камбудиҳои ҷиддӣ буд. Роҳбарияти ҷумҳурӣ низ нисбати сарвати халқ беэътиноӣ зоҳир намуда, хусусан, молу мулки объектҳои калони саноатиро ҳифз накард, дар натиҷа онҳоро дуздиданд, гурӯҳҳои сиёҳкорон дастгоҳу тезутунд мошинаҳоро мешикастанд ва оташ мезаданд.
Баъдан ҳаёти сиёсӣ ва маънавии ҷумҳурӣ низ хеле муташанниҷ гардид. Пеш аз ҳама, мубориза барои ҳокимият, мансаб, ки дар байни ҳизбу созмонҳо ва шахсиятҳои алоҳида ҳанӯз аз замони бозсозӣ оғоз ёфта буд, баъд аз воқеаҳои нохуши моҳи феврали соли 1990 хеле тезутунд гардид. Аз як тараф, байни собиқ Ҳизби ҳукмрони Коммунистӣ ва аз тарафи дигар, қувваҳои муттаҳидаи майдони рост: Ҳизби Демократии Тоҷикистон, ҷунбиши мардумии «Растохез», Ҳизби наҳзати ислом, созмони «Лаъли Бадахшон» ва Қозиёти ҷумҳурӣ торафт мубориза авҷ гирифта, раванди бо роҳи осоишта демократикунонии мамлакат аз байн мерафт.
Ташкил ёфтани гурӯҳҳо ва маҳфилҳои сиёсии сершумор дар пойтахт ва ноҳияҳо вазъияти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳуриро боз ҳам мураккаб мегардонид. Дар ибтидо, хусусан, маҳфили сиёсии «Рӯбарӯ», маҳфилҳо ва созмонҳои «Растохез», «Дирафши Ковиён», «Ошкоро», «Эҳёи Хуҷанд», «Бохтар», «Суғдиён», «Пайванд», «Куруши Кабир», «Зарафшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон» ва ғайра хеле фаъол буданд. Мутаассифона, созмону маҳфилҳо таҷрибаи кофии бурдани муборизаи сиёсиро надо- штанд. Сатҳи фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, ки дар шароити сохтори яккаҳизбӣ ташаккул ёфта буд, дар зинаи паст қарор дошт. Бинобар ин дар аввал, хусусан насли наврас, роҳҳои муборизаи сиёсиро дуруст нафаҳмида, ба корҳои ношоям даст мезаданд.
Буҳрони сиёсӣ, хусусан бо ташкил ёфтани ду майдон – «Шаҳидон» ва «Озодӣ» дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе тезутунд гардид. Ба воситаи баландгӯякҳо торафт шиорҳои зиддикоммунистӣ баланд садо медоданд, талаби ба истеъфо рафтани аввалин Президенти Ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов ҷиддӣ гузошта мешуд.
Ходими давлатию цамъиятӣ Қаҳҳор Маҳкамов |
Қаҳҳор Маҳкамов 16 апрели соли 1932 дар ш. Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда- аст. Маълумоти техникӣ дошта, Омӯзишгоҳи индустриалии Душанбе (соли 1950) ва До- нишкадаи кӯҳии ш. Ленинградро (соли 1953) хатм намуда, устои смена ва муҳандиси шах- таи Шӯроб шуда кор кардааст. Аз соли 1963 то соли 1982 аввал вазифаи Раиси Госплан ва сипас муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Қаҳҳор Маҳкамов котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд ва дар маҷлиси Шӯрои Олӣ 29 ноябри соли 1990 аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Қувваҳои сиёсии оппозитсионӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Қаҳҳор Маҳкамовро напазируфта, хусусан ноустувории авзои ИҶШС-ро истифода бурда, барои ноором кардани ҷомеа ва ба даст даровардани ҳокимият шадидан мубориза бур- данд.
Бо мақсади рӯй надодани хунрезӣ Қ. Маҳкамов ба истеъфо рафта, Қадриддин Аслонов вазифаи иҷрокунандаи президент- ро ба уҳда гирифт ва фармонро оид ба манъ намудани фаъолияти Ҳизби Коммунистӣ интишор намуд. Дар ҳамин вақт Раиси Комиҷроияи шаҳри Душанбе М. Икромов зери фишори қувваҳои рост фармонро дар хусуси кандани ҳайкали В.И. Ленин – асосгузори Давлати Шӯравӣ ва Ҳизби Коммунистӣ дар митинги се- родам қироат намуд. Чунин муносибат ва кирдор вазъиятро дар пойтахт ва ҷумҳурӣ боз ҳам мураккаб гардонид.
Бояд қайд кард, ки дар тезутунд гардидани вазъияти сиёсии ҷумҳурӣ хориҷиён низ даст доштанд. Масалан, бе таклифи расмӣ раиси шаҳри Санкт-Петербург Анатолий Собчак ва академики соҳаи физикаи ядроӣ Евгений Велихов 6 – 9 октябри соли 1991 ба Душанбе омада, ба ҷойи ором кардани вазъият, баръакс, кандани ҳайкали Ленинро дастгирӣ намуданд. Дахолати маънавӣ ва моддӣ ба Тоҷикистон аз ҳудуди Афғонистону Эрон низ мерасид.
Хушбахтона, кулли мардуми кишвар шароити таърихии фароҳамомадаро дастгирӣ карда, якдилона пешниҳод намуданд, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барпо карда шавад. Ҳақиқат ғалаба намуд, роҳ баҳри эҳё кушода шуд, орзуи бисёрасраи халқи тоҷик тантана кард.
Тоҷикистон оид ба Истиқлолияти давлатии бо дарназардошти ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкуни ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон, пайравии худро ба Эъломияи ҳуқуқи башар, дигар меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилали ва Эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки аз тарафи Анҷумани ғайринавбатии депутатҳои халқи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалисти қабул гардидааст, тасдиқ намуда, баҳри таъсиси давлати демократии ҳуқуқбунёд, ки сатҳи сазовори зиндагиро таъмин намуда, ҳимояи шараф ва эътибори ҳар як шаҳрвандро таъмин мекунад, кӯшиш намуда, мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Оли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Ходими давлатию чамъияти Раҳмон Набиев
Ҳамин тавр, дар як шароити вазнини таърихӣ, новобаста аз мушкилиҳои ҳаёти иқтисоди, иҷтимои, сиёси, алалхусус рақобати мансабӣ ва ташкил ёфтани ҷамъияту созмонҳои мухталиф, халқи тоҷик соҳиби ҷумҳурии соҳибистиқлоли худ гардид. Ин воқеа дорои аҳамияти оламшумули таърихӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад, ки «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар зами- наи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорй, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодй, иҷтимой ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад» (Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон: даҳ соли Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. – Душанбе, 2001. Ҷ.3. – С. 666-668.)