Муҳорибаи Чӯпонато. К.П.Кауфман баробари генерал- губернатори Туркистон таъйин гардиданаш амалиёти ишғолгаронаи пешовандони худро давом дод. Мақсади асосии ӯ таслим намудани аморати Бухоро буд. Дар ибтидо таваҷҷуҳи ӯро вазъи мураккаби Самарқанд ба худ ҷалб кард. Баъди аз даст раф- тани Ҷиззах, ба ин бохт гурӯҳҳои гуногун якдигарро муттаҳам ме- карданд. Ихтилофи байни онҳо то ба дараҷаи хунрезӣ расид. Чу- нин ҳолат, аз як тараф, қувваи муҳофизони шаҳрро заиф намуда бошад, аз тарафи дигар, сарварони қӯшунҳои дар Осиёи Марказӣ доштаи Русияро хурсанд намуд.
1-уми майи соли 1868 дар баландии Чӯпонато (наздикии Самарқанд) муҳорибаи сахттарин байни қӯшунҳои рус ва сарбо- зони амир, ки бо ихтиёриён муштарак амал мекарданд, ба вуқӯъ омад. Дар ин муҳориба ҳокими Ҳисор Раҳмонқулбӣ парвоначии манғит низ бо отряди худ иштирок дошт ва таърихшинос Мир- зо Азими Сомӣ воқеанигори ӯ буд. Бухориён, ҳарчанд аз ҷиҳати шумора нисбат ба аскарони подшоҳӣ, ки ба онҳо бевосита худи К.П.Кауфман сарварӣ мекард, бартарӣ дошта бошанд ҳам (аз рӯйи баъзе маълумот шумораи онҳо ба 100 ҳазор нафар мерасид), аз ҷиҳати таҷрибаи ҳарбӣ ва таъмини силоҳ хеле заиф буданд. Дар натиҷа ин муҳориба ҳам боиси мағлубият ва талафоти бузур- ги бухориён, аз ҷумла сарбозони амир гардид.