Аз миёнаҳои моҳи ноябри соли 1942 то 30 марти соли 1943 гитлерчиён аз артиши ғарбии худ 33 дивизияи нав ва 3 бригадаро ба Ҷабҳаи Шӯравӣ фиристоданд. Неруҳои асосии худро дар назди Сталинград тамаркуз дода, иттиҳоди давлатҳои фашистӣ неруҳои ҳарбии худро дар Африқои Шимолӣ заиф гардонд. Дар он ҷо ҳамагӣ 5 дивизияи олмонӣ ва 8 дивизияи италиявӣ боқӣ монд. Артиши англисии дар Миср буда аз ҷиҳати теъдоди танк, ар- тиллерия ва ҳавопаймо бар артиши олмонию италиявӣ бартарии калон дошт. 23-юми октябри соли 1942 артиши Англия дар маҳаллаи Эл-Алмейн ба ҳучум гузашта, бар артиши Италия ғалаба кард. Ин ғалаба имкон дод, ки артиши Англия Киренаика ва ИМА Триполитанияро ишғол намоянд. 8 ноябри соли 1942 артиши америкоию англис ба бандарҳои фаронсавии Африқои Шимолӣ фуруд омада, шаҳрҳои Алчазоир, Оран ва Касаблан- каро ишғол намуданд. Вале шурӯъ аз охирҳои моҳи декабри соли 1942 иттифоқчиён амалиёти ҳарбӣ дар Африқои Шимолро суст карданд.
6-уми майи соли 1943 ҳучуми артиши Англия ва Америка дар Тунис аз нав оғоз ёфт, баъди чанд рӯз артиши Италияю Олмонро мачбур кар- данд, ки таслим шаванд.
Шикасти артиши фашистӣ дар Африқо барои дар Аврупои Ғарбӣ кушода шудани чабҳаи дуюм имкони мусоид фароҳам овард. Вале ин иқдоми муҳим бо сабабҳои гуногун сари вақт ичро нашуд.