Главная / Илм / Шумора

Шумора

Шумора

Маънои умумии грамматикии шумора адад, миқдори ашё ва тартиби шумури он аст. Ададҳо бидуни ашё мафҳумҳои ғайримушаххасро (абстрактро) ифода мекунанд, бо ашёи башумур ки омаданд, маънои мушаххас пайдо мекунанд. Шумораҳо миқдорӣ ва тартибӣ мешаванд. Шумораҳои миқдорӣ (аслӣ, тахминӣ, касрӣ) бо ченакҳои шумор (нумера- тивҳо) ё бе онҳо бо исм (гоҳе бо масдар) омада, дар ҷумла вазифаи муайянкунандаро адо мекунанд. Шумораҳо аз ҷиҳати сохт сода (ду, шаст, ҳазор. сохта (дуюм, шастум. мураккаб (дувоздаҳ, шашсад.. ва таркибӣ (бисту ду, шасту чор. мешаванд.

Шумораҳо дар мавридҳои гуногуни гуфтору навиштор ба тарзҳои чор – чаҳор, чил – чиҳил, дусад – дувист, ҳаштоду ҳашт  ду кам навад, панҷоҳ  ду бисту даҳ, ҳазору нӯҳсаду наваду нӯҳ – нуздаҳсаду наваду нӯҳ, ним – 0,5, яку чоряк  1, 0,25 низ кор фармуда мешаванд.

  1. Дар мисраъҳои зерин шумораҳои як – сад, як – дусад, ҳар банд, ҳар печ ҳазор чӣ нияти услубии шоирро ифода кардаанд?
  2. Агар як зулф бифшонад ,аз ӯ сад дил раҳо гардад

Ва гар як чашм бигморад, дусад дилро кунад пурхун

(Рӯдакӣ).

  1. Зи дил як қатра хун мондааст аз ҳаҷри ҷигарсӯзат

Вале дар ҷӯйбори дида сад дарёи хун дорам

(Камол).

  1. Зулфат дидам, сар аз чамон печида В-андар гули сурхи арғувон печида; Дар ҳар банде ҳазор дил бар бандаш,

Дар ҳар пече ҳазор ҷон печида

(Рӯдакӣ).

 

 

 

1.Дар таркиби ибораи як қатра хун калимаи қатра ба кадом вазифа омадааст?

 

2.Таъбири сар аз чизе печидан чӣ гуна воҳиди забон аст ва чӣ маъно дорад?

 

3.Дар ибораҳои ҷӯйбори дида ва дарёи хун кадом калима ба маънои аслӣ ва кадоме ба маънои маҷозӣ омадааст?

Шумораҳо бо ҳарф навишта шуда бошанд, пасвандҳои  –ум, -юм якҷоя (сездаҳуми сентябр), бо рақам навишта шуда бошанд, бо нимтире навишта мешаванд (13-уми сентябр). Пас аз рақамҳои римӣ пасванд навишта намешавад (асри ХХ1), аммо «асри бисту якум» мехонанд. «13 – сентябр» навиштан ғалат аст. Ҳамин қоида дар навишти нумеративҳои –та, -то ва ҳиссаи калимаи мураккаб низ ҷорист: бисту- панҷсолагии (бисту панҷумин солгарди) Ҷумҳурии Тоҷикистон – 25-солагии (25-умин солгарди) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …