Мавзӯи шинохти сифоти Худованд яке аз мавзӯоти пурбаҳси калому илоҳиёти исломӣ аст. Ин мавзӯ ба масъалаи шинохти Парвардигор марбут аст. Аслан шинохти зоти илоҳӣ барои башар ғайри имкон аст. Далоили мутакаллимон дар исботи ин масъала он аст, ки зоти Худованд номаҳдуд ва мутлақ аст, дар сурате, ки ақли башар маҳдуд ва олуда ба ҳавасҳо ва шаҳватҳо аст ва аз ин рӯ махдуд ва оҷиз аз шинохти зоти номаҳдуд аст ва ин аҷзу нотавонӣ ба хотири ин аст, ки маҳдуд наметавонад номаҳдудро фаро гирад. Дар ин маврид оёти қуръонӣ низ далолат доранд:
Аммо шинохти сифатҳои Худованд бо таваҷҷӯҳ ба шароит ва ҳолате барои башар имкон дорад. Чунон, ки Абдурраҳмон Абдулхолиқ қайд карда,фирқаҳои исломӣ дар заминаи шинохти авсофи Худованд ба се гуруҳ таксим шудаанд: гуруҳи аввал муъатала аст; инҳо мудаъӣ шудаанд, ки ақли одамӣ роҳе ба шинохти авсофи илоҳӣ надорад. Ба назари инҳо танҳо коре мумкин аст, ки иҷмолан ба субути сифоти мазкур дар Қуръон ва ахбор барои Худованд эътироф кунан ва ба он имон биоваранд.»
Сифоти худоро ба ду навъ тақсим кардаанд. Агар Ал-фиқҳи акбар»-ро аввалин асари каломии ислом номем дар он билофосила баъд аз баёни асли тавҳид баёни сифоти Аллоҳ омада аст ва Абуҳанифа дар он асмову сифоти ламязал ва лоязоли илоҳиро ба ду навъ: сифоти зотия ва сифоти феълия тақсим намудааст. Аммо ба сифоти зотия: ҳаёт, қудрат, илм, калом, самъ (шунавоӣ), басар (биноӣ) ва иродаро ва ба сифоти феълия: тахлиқ (холиқият), тарзиқ (раззоқият), иншоъ ва ибдоъ, ва сунъ ва гайра аз сифоти Ӯро мутааллиқ донистааст.[1] Баъдан, низ дар доираи каломи исломӣ ду навъ сифот ба Худо нисбат додаанд, вале бо каме тафовут.
Тибқи ин табақабандӣ навъи аввали сифоти Худо сифоти камолии Ӯст, ки онро сифоти субутия номанд ва навъи дуввуми сифоти Худо сифотест, ки аз нақсу костӣ муназзаҳ будани Аллоҳро нишон медиҳанд ва онҳоро сифоти салбия гуянд.[2] Дар баъзе адабиётҳои динии исломӣ сифоти Аллоҳро даҳто: ҳаштои он субутй (тасдиқӣ) ва дутои онро салбй (танзеҳӣ, инкорӣ),[3] дар баъзеи дигар понздаҳто: ҳашто субутӣ, ва ҳафто салбӣ шуморидаанд.[4]
Тибқи ақидаи аввал сифоти субутии Аллоҳ инҳоянд: Аллоҳ таъоло олим аст, яъне доност, зинда аст, яъне ҳаргиз намирад, қодир аст, яъне тавоност, шунавост на ба гӯш; биност на ба чашм; гӯёст на ба забон; ирода дорад, яъне ҳар чиз хост кард ва бихоҳад бикунад; таквин, яъне бавуҷудоваранда-офарандаи ҳамаи ҳастй аз нестй аст.
Аммо он ду, ки салбй аст: аввалан, ки Худои таъоло беайб аст, ҳеҷ айб надорад, дувумин он, ки Аллоҳ таъоло шарик надорад.
Вале аз назари баъзе мутакаллимони шиъа масалан, Аллома Ҳиллӣ сифоти субутия иборатанд аз: қудрату ихтиёр, илм, ҳаёт, иродаву кароҳат, идрок, қадиму азалӣ ва боқию абадӣ будан, такаллум ва сидқ. Аммо сифоти салбияи Аллоҳ бошаданд иборатанд аз: мураккаб набудан, ҷисм ва ароз ва ҷавҳар набудан, лаззат ва олам надоштан, муттаҳид ба чизе набудан, маҳалли ҳаводис ё сукунат набудан, рӯъияти басарӣ надоштан, шарик надоштан, аз маъонӣ ва аҳвол ба дур будан, мӯҳтоҷ набудан.[5]
Масъалаи сифоти Худо ва таносуби он бо тавҳид яке аз нуқтаҳои асосии ихтилофи уламо, мутакаллимин ва фалосифаи ислом ва мактабу равияҳои он будааст. Аз ҷумла дар ин боб муҷодилаҳои шадиде байни аҳли сифотия ва ҷабария аз як тараф, қадария ва мӯътазила аз тараи дигар гузаштаанд.