Главная / Илм / Сиёсати хориҷии Чумҳурии Туркия

Сиёсати хориҷии Чумҳурии Туркия

Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Туркия умед доштанд, ки баъди ба Созишномаи Ло- занна имзо гузоштан мамлакатҳои бу- зург бо Туркия муносибатҳоро дар асо- си баробарҳуқуқӣ ба роҳ мемонанд, вале ин тавр нашуд. Онҳо тасдиқ кар- дани санадҳои Лозаннаро кашол медоданд, то ки ҳукумати Туркия ба онҳо гузашт кунад. Танҳо соли 1924 Созишномаи Лозанна бо ҳамаи замимаҳояш ба мачрои иҷро даромад, Лекин баъди ин ҳам Англия ва Фаронса нисбат ба Туркия ҳисси эҳтиром надоштанд. Англия дар Тур- кия неруҳои иртичоиро дастгирӣ мекард. Фаронса тавонист, ки қарзҳои султонии Усмониёнро ба гардани Ҷумҳурии Туркия бор кунад. Фаши- стони Италия бошанд, даъво мекарданд, ки Анатолияи нопайдоканор ба ёрии маданӣ ва мустамликадории онҳо эҳтиёч дорад.

Моҳи майи соли 1930 Олмон бо Туркия қарордоди тичоратӣ имзо кард. Дере нагузашта дар тичорати хоричии Туркия ин мамлакат ба чойи аввал баромад. Ҳамзамон Англия ва Фаронса кӯшиш мекарданд, ки таъсири худро ба Туркия пурзӯр намоянд. ИМА ҳам аз соли 1930 муносибатҳои тичоратии худро бо Туркия васеъ кардан гирифт.

Соли 1932 Туркия ба Лигаи Миллатҳо дохил шуд. Дар зери фишо- ри мамлакатҳои империалистӣ соли 1933 Туркия муҳлати ичрои ичораи Бонки Оттоманро тамдид кард. Ин бонк дар Туркия силоҳи асосии сар- мояи Англия ва Фаронса буд. Бонки Оттоман, сарфи назар аз мушкило- ти зиёд, ба пардохти қарзи хоричии ҳукумати подшоҳии пешин шурӯъ кард. Туркия соли 1934 бо Юнон ва Югославия созишнома баст.

Аз соли 1938 сар карда дар Туркия Олмони фашистӣ ҳам фаъол шуд.

Дар конференсияи байналмилалии моҳҳои июн ва июли соли 1936 оид ба гулӯгоҳҳои Баҳри Сиёҳ дар Монтрёи Швейсария барпошу- да Туркия ба қабул шудани конвенсияи байналмилалӣ муваффақ шуд. Мувофиқи ин санад, назорати байналмилалӣ ба гулӯгоҳҳои Баҳри Сиёҳ бекор карда шуд. Туркия ҳуқуқ пайдо кард, ки гулӯгоҳҳои Баҳри Сиёҳро ғайриҳарбӣ эълон ку- над. Акнун Туркия ҳам дар замони осойишта ва ҳам дар замони ҷанг муҳофиз ва назоратчии ягонаи ин гулӯгоҳҳо буд.

Баъди ба имзо раси- дани конвенсияи Мон- трё Англия мубориза- ро барои пайдо наму- дани нуфуз дар Тур- кия пурзӯр кард. Бо ин мақсад ба Туркия лаво- зимоти ҳарбии зиёд дод. Соли 1937 Туркия ба иттифоқномаи Саадобод имзо гузошт, ки он ба таъсиси Антантаи Шарқи Наздики мояи сиёсати империалистии Англия боис гардид. Бо мақсади ба тарафи худ кашида- ни Туркия ҳукуматҳои Англия ва Фаронса бо ҳам маслиҳат карда, ба ху- лосае омаданд, ки Санҷаки Александретро аз Сурия чудо карда, ба Тур- кия диҳанд. Ин Санчак соли 1939 бо номи вилояти Хатай ба ҳайати Тур- кия дохил карда шуд.

Дар арафаи Ҷанги дуюми чаҳонӣ доираҳои бонуфузи ҳукмрони Тур- кия ба чониби Англия, Фаронса ва ИМА майл доштанд. Дар баробари ин, неруҳои зиёде ва махсусан ҳарбиёни Туркия чонибдори ҳамкорӣ бо Олмони фашистӣ буданд.

Савол ва супориш

  1. Сиёсати иктисодии камолчиёнро шарҳ диҳед. 2. Этатизм чист? З.Ислоҳоти солҳои 1923-1924 кадом соҳаҳои Туркияро фаро гирифт? 4.Кай пойтахти Туркия аз Истанбул ба Анкара кӯчонда шуд? 5. Конститутсияи “Ҷумҳурии Туркия кай кабул карда шудааст? 6. Ка- дом конунҳо тарзи зиндагии мардуми Туркияро дар бар гирифтанд? 7. Принсипҳои асосии идеологияи Камол Отатуркро, ки бо номи «камолизм» машҳур аст, ном бурда, шарҳ диҳед. 8. Чаро камолчиён бо оппозитсия оштӣ шуданд? 9. Дар бораи макоми Англия, Фаронса, Ол- мон ва ИМА дар Туркия чӣ гуфта метавонед? 10. Чаро Англия ва Фаронса Санҷаки Алек- сандретро, ки дар ҳайати Сурия буд, ба Туркия доданд?

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …