Главная / Илм / Сиёсати хориҷии ИҶШС дар арафаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Сиёсати хориҷии ИҶШС дар арафаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Дар солҳои 30-юм Итгиҳоди Шӯравӣ сиёсати сулҳчӯёнаи хоричиро пеш ги- рифт. Дар нимаи аввали ин давра дар чаҳон ду манбаи чанг ба вучуд омад. Яке дар Аврупо ва дигаре дар Шарқи Дур. ИҶШС чидду чаҳди зиёд ба харч медод, то ки пеши роҳи чанги нави чаҳонӣ гирифта ша- вад. ИҶШС бар он ақида буд, ки ин корро давлатҳои алоҳида ичро кар- да наметавонанд. Бояд ИҶШС, Англия, Фаронса. ИМА ва давлатҳои дигар якчоя амал карда, нагузоранд, ки чанги нави чаҳонӣ сар занад. Натичаи ҳамин чидду чаҳд буд, ки 16-уми январи соли 1936 дар бай- ни ИҶШС ва ИМА муносибатҳои дипломатӣ, аз нав барқарор кар- да шуданд. Худи ҳамон сол муносибатҳои дипломатӣ бо Испания ҳам барқарор гардиданд. Соли 1934 ИҶШС ба Лигаи Миллатҳо дохил шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1935-1936 аз тарафи Италия истило ёфтани Ҳабашистон ва дахолати ҳарбии Италия ва Олмон ба корҳои дохилии Испанияро сахт маҳкум кард.

Солҳои 1937-1938 хатари сар задани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ боз ҳам бештар шуд. Иттиҳоди давлатҳои фашистӣ иқтисодиёти худро ба маҷрои ҳарбӣ дароварда, ба чанг ҳаматарафа тайёрӣ медиданд. ИҶШС мисли пештара мавқеи сулҳчӯёнаро пеш гирифта, давлатҳои бузурги чаҳонро даъват менамуд, ки ҳифзи коллективонаи осойиши халқҳои чаҳонро таъмин намоянд.

Соли 1938 Олмони фашистӣ бо ёрии Англия, Фаронса ва ИМА вило- яти Судети Чехословакияро кашида гирифт. Баъд Австрияро ишғол на- муд. ИҶШС алоҳида бошад ҳам, кӯшиш мекард, ки амнияти худро таъ- мин намояд. Ин буд, ки 23-юми августи соли 1939 дар байни ИҶШС ва Олмон ба муҳлати 10 сол созишномаи ба ҳамдигар ҳучум накардан ба имзо расид.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …