Ин асар аз нигоҳи мазмуну ғояи худ динӣ- тасаввуфист. Метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки Зиёи Нахшабӣ асари хешро барои соликони роҳи Ҳақ иншо кардааст ва ҳамчун китоби дарсӣ барои толибилмон, барои он нафароне, ки ҳамин
роҳро интихоб карда, ниёз ба донистани нозукиҳои ин ҷараён доранд, муфид аст, бисёр масоилро равшан мегардонад ва дар донистани хусусияти он ба соликон кумак хоҳад расонд.
Ин рисола аз 151 силк, яъне фасл иборат аст. Муаллиф дар ҳар як силк усул, равиш ва роҳҳои силкро аз нуқтаи назари илмӣ, дар асоси гуфтаҳои машоихи муътабару номдор баён карда, баъд барои тақвияти андешаҳояш аз оятҳои «Қуръон», аз ҳадисҳои Ра- сули Акрам (с), аз рӯзгори хулафои рошидин, машоиху уламои ба Ҳақ расида асарро зебу зинат додааст. Асари «Силк-ус-сулк» аз лиҳози забон ва тарзи баён мураккаб буда, дар сабки насри маснӯъ иншо шудааст.