Главная / Илм / СИРРИ ТИҶОРАТӢ

СИРРИ ТИҶОРАТӢ

Дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» аз 18 июни с. 2008, № 403 сирри тиҷоратӣ – махфияти иттилооте, ки имконият медиҳад ба дорандаи он дар ҳолати мавҷуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳад, мавқеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ нигоҳ дорад ё худ фоидаи дигари тиҷоратӣ ба даст орад.

Аз ин мафҳум объекти моликияти зеҳнӣ будани сирри тиҷоратӣ бармеояд. Сухан дар бораи иттилооти илмӣ-тех- никӣ, технологӣ, истеҳсолӣ, молиявию иқтисодӣ ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воқеӣ ё имконпазири тиҷоратӣ ме- равад, ки бинобар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд ин иттилоотро дар асосн қонун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот ннзомн сирри тиҷоратиро ҷорӣ кардааст. Итилооте, ки шак- ли объективии танзими гражданӣ – ҳуқуқиро гирифтааст дар муомилоти молӣ, инчунин бо истифодаи дигар вижагиҳо, ба монанди «ноу – хау», «сирри касбӣ», «сирри шахсии соҳиб- кор» ва ғайра истифода мешаванд, дар асл маънои сирри ти- ҷоратиро дорад. Чунин ҳолат ба соҳибкор ва дигар доран- даи он ҳуқуқи субъективӣ оид ба тадбирҳои ҳуқуқӣ, таш- килй, техникӣ ва дигар тадбирҳое. ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷорати барои ҳифзи махфияти он меандешад. Ба сифати «дигар дорандаи он» хизматчиёни давлатӣ, ҳам- корон, кормандон ва дигарон дохил мешаванд, ки уҳдадор мебошанд, ки махфияти онро нигоҳ доранд.

Агар дар рафти иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ иттилооти характери сирри тиҷоратидошта дастрасии қонунӣ ва ғай- риқонунии шахси мансабдори давлатӣ ва ё дигар шахс гар- дад, ин иттилооти дастрасии маҳдуд ба сирри хизматӣ ва ё сирри шахсӣ табдил намеёбад. Чунин иттилоот ҳамчун до- ниш, малакаи касбии тоҷир ва дигар фаҳмиши иттилоотии ҳунар, сирри тиҷоратӣ боқӣ мемонад. Бинобар ин, реҷаи умумии муқаррарнамудаи м. 153 ва 1126 КГ дар нисбати сирри тиҷоратӣ ва сирри хизматӣ ғалат аст. Сирри хизматӣ иртибот дорад ба ҳуқуқи маъмурӣ. Вале сирри тиҷоратӣ маҳсули муносибатҳои гражданӣ – ҳуқуқии иттилоотӣ ме- бошад. Дар чунин муносибатҳо донише ифода меёбад, ки онро соҳибкор ва ё ҳунарманд намехоҳад интишор кунад, ҳамчун дониши техникӣ объекти ҳифзи патентӣ намояд. Бо ин вазъи вай мавқеи худро дар бозор, дар иҷрои кор ва ҳунар нигоҳ медорад[1].

Ҳуқуқ ба мансуб донистани иттилоот ба иттилооти до- рои сирри тиҷоратӣ ва ҳуқуқи муайян кардани номгӯи ва таркиби ин гуна иттилоотро бо назардошти муқаррароти қонуни мазкур дорандаи чунин иттилоот дорад. Иттилооте, ки аз он шахс мустақиман воқиф ёфтааст, қатъи назар аз он, ки мазмуни ин иттилоот метавонад бо мазмуни иттилооти дорои сирри тиҷоратии ба шахси дигар мансуббуда мувофиқ бошад, иттилооти ба таври қонунӣ аз он воқифгардида ҳи- соб меёбад. Иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки шахс аз дорандаи он дар асоси шартнома ва ё бо дигар асоси қонуни гирифтааст, ба тарзи қонунӣ гирифташуда ҳисоб мешавад. Иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки шахси дигар доран- даи он аст, дар он ҳолат ғайриқонунӣ аз ӯ гирифташуда ҳисобида мешавад, агар он бар хилофи чораҳои андешидаи дорандаи он вобаста ба ҳифзи махфияти ин иттилоот гириф- та шуда бошад ва ҳамчунин агар шахсе, ки иттилооти маз- курро гирифтааст, медонист, ки ин иттилооти шахси дигар дорои сирри тиҷоратӣ мебошад ва шахсе, ки дигаронро аз ин иттилоот воқиф мегардонад, барои вокифгардонии он асоси қонунӣ надорад.

Низоми сирри тиҷоратӣ наметавонад аз тарафи шахс нисбати маълумоти зерин муқаррар карда шавад: маълумоти ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ ва маълумоти ҳуҷҷатҳое, ки дар феҳристи дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта шудани шахсо- ни ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тасдиқ менамоянд; маълумоти ҳуҷҷатҳое, ки ба шахс ҳуқуқӣ ба фаъолияти со- ҳибкорӣ машғул шуданро медиҳад; маълумот дар бораи тар- киби молу мулки корхонаи давлатӣ, муассисаи давлатӣ, ин- чунин мавриди истифода қарор додани маблағи буҷетии дахлдор; маълумот дар бораи олудашавии муҳити атроф, ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ ва дигар омилҳое, ки ба фаъолияти бехавфи объектҳои истеҳсолӣ, бехатарии ҳар як шаҳрванд ва тамоми аҳоли таъсири манфӣ мерасонанд; маълумот дар бораи ҳайати кормандон, низоми пардохти музди меҳнат, дар бораи нишондиҳандаҳои маъюбшавӣ дар истеҳсолот, касалиҳои касбӣ ва дар бораи мавҷудияти ҷой- ҳои холии кори; маълумот дар бораи қарздории корфармоён оид ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷти- моӣ; маълумот дар бораи риоя нашудани талаботи қонунгу- зории, ҶТ ва далелҳо оид ба ҷавобгарӣ барои содир кардани ин қонуншиканиҳо; маълумот дар бораи шарту шароитҳои озмунҳо ва савдо дар музояда оид ба хусусигардонии объ- ектҳои давлатӣ, хариди давлатии мол ва кору хизматрасонӣ; маълумот дар бораи андозаи фоида ва сохтори ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ҳаҷм ва таркиби молу мулки онҳо, хароҷот, шумораи кормандон ва музди онҳо, истифодаи меҳнати беподоши шаҳрвандон дар фаъолияти ташкилоти ғайрити- ҷоратӣ; маълумот дар бораи рӯйхати шахсоне, ки ҳуқуқ до- ранд бе ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ амал кунанд; маълумоте, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои дигари ҶТ бояд ҳатман ошкор шавад ё дастрасии он маҳдуд нагардад.

Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ бо талаби асосноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилооти дорои сирри тиҷоратиро ба онҳо бидуни подош медиҳад. Талабномаи асоснок бояд аз тарафи шахси масъули мансабдор имзо шуда, дар он мақсад ва асоси ҳуқуқии талаб кардани иттилооти дорои сирри ти- ҷоратӣ, мӯҳлати пешниҳоди ин иттилоот сабт шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст. Агар дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ин иттило- отро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ додан нахоҳад, мақо- моти мазкур ҳуқуқ доранд ин иттилоотро ба тариқи судӣ та- лаб карда гиранд. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷора- тӣ ва ҳамчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ин гуна ит- тилоотро гирифтаанд, вазифадоранд онро бо дархости суд, мақомоти прокуратура, мақомоти тафтишоти пешакӣ, мақо- моти таҳқиқ аз рӯи парвандаҳое, ки дар истеҳсолоташон қа- рор доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ ба онҳо диҳанд.

Ҳуқуқи дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ му- тобиқи м. 10 қонуни дар боло қайдшуда, аз рӯзи ба чунин итгилоот низоми сирри тиҷоратиро муқаррар намудани ӯ ба миён меояд. Дорандаи он ҳуқуқ дорад: низоми сирри тиҷора- тиро мутобиқи Қонуни мазкур ва шартномаи ҳуқуқи граж- данӣ ба тарзи хаттӣ муқаррар намояд, тағйир диҳад ва бекор кунад; иттилооти дорои сирри тиҷоратиро барои эҳтиёҷоти худ, бо тартибе, ки хилофи қонунгузории ҶТ набошад, исти- фода барад; ба дастрасии иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ иҷозат диҳад ё онро худ манъ кунад, тартибу шартҳои даст- расии онро муайян кунад, агар дар қонунгузории ҶТ тарти- би дигар пешбинӣ нашуда бошад; иттилоотеро, ки дорои сирри тиҷоратӣ мебошад, дар асоси шартномаҳое, ки ба онҳо дохил кардани шартҳои ҳифзи махфияти чунин итги- лоот пешбинӣ шудааст,ба муомилоти гражданӣ барорад; аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки иттилооти дорои сирри тиҷо- ратиро ба даст овардаанд, аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ дастраси онҳо гардидааст, риояи уҳдадории ҳифзи махфияти онро талаб намояд; аз шахсоне, ки ба итти- лооти дорои сирри тиҷоратӣ Дар натиҷаи амалҳои тасо- дуфан ё саҳван содиршуда даст ёфтаанд, ҳифзи махфияти ин иттилоотро талаб намояд; ҳуқуқи худро бо тартиби муқар- рарнамудаи қонун ҳангоми аз ҷониби шахсони сеюм фош сохтан ғайриқонунӣ дастрас ё истифода кардани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ҳифз намояд, аз ҷумла товони зиён- еро, ки бо сабаби риоя нашудани ҳуқуқҳояш талабкунад.

Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, ки ин итти- лоот дар доираи муносибатҳои меҳнатӣ ба ӯ дастрас шуда- аст, корфармо мебошад. Агар натиҷа дар асари уҳдадориҳои меҳнатии худ ва ё супориши мушаххаси корфарморо ба ҷо овардани корманд ҳосил шуда бошад, ки он ҳамчун ихтиро- от, модели муфид, намунаи саноатӣ, топологияи микросхе- маи интегралӣ, барномаи МЭҲ ё манбаи маълумот ба ҳи- мояи ҳуқуқ ниёз пайдо кунад, муносибатҳои корманд ва кор- фармо мутобиқи қонунгузории ҶТ дар бораи моликияти зеҳнӣ танзим мегарданд.

Бо қарордоди давлатӣ оид ба иҷрои корҳои илмию тад- қиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, технологӣ ё дигар кор- ҳои эҳтиёҷоти давлатӣ бояд ҳаҷми маълумоте, ки махфӣ до- ниста шудааст, муайян карда шуда, ҳамчунин масъалаҳои муқаррар намудани иттилооти дастрасшуда нисбати низоми сирри тиҷоратӣ танзим карда шаванд.

Чораҳои ҳифзи махфияти иттилоот, ки дорандаи он меандешад, аз инҳо иборат мебошанд: муайян намудани номгӯи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ; истифодаи сирри тиҷоратӣ дар воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттило- от; маҳдуд кардани дастрасии иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ бо роҳи муқаррар намудани тартиби истифодаи ин иттилоот ва назорати риояи чунин тартибот; ба ҳисоб ги- рифтани шахсони ба иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ да- стёфта ва ё шахсоне, ки ин гуна иттилоот ба онҳо расонида шудааст; ба танзим даровардани муносибатҳо оид ба исти- фодаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ аз тарафи корман- дон дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ва аз тарафи контр- агентҳо дар асоси шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ; гузошта- ни мӯҳри «Сирри тиҷоратӣ» дар рӯи ҳомилони (ҳуҷҷатҳои) моддии дорои сирри тиҷоратӣ ва зикри дорандаи ин иттило- от (барои шахсони ҳуқуқӣ номи пурра ва маҳалли будубош, барои шахсони воқеӣ – фамилия, ном ва номи надари шаҳрванде, ки соҳибкори инфиродист ва ҷой истиқомат).

Низоми сирри тиҷоратӣ баъди тадбирҳои андешидаи дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, ки дар бандҳои а) ва в) қ. 1 моддаи мазкур зикр гардидааст, муқарраршуда ҳисоб меёбад. Соҳибкори иифиродие, ки дорандаи иттилоо- ти дорои сирри тиҷоратӣ буда, корманде надорад, ки бо ӯ шартномаи меҳнатӣ бандад, барои ҳифзи махфияти иттило- оти дар қ. 1 моддаи мазкур зикршуда, ба истиснои б. а) ва в), ҳамчунин муқаррароти банди д) оид ба танзими муносибат- ҳои меҳнатӣ чора меандешад. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ дар баробари чораҳое, ки дар қ. 1 ҳамин модда зикр ёфтаанд, ҳуқуқ, дорад ҳангоми зарурат усулу во- ситаҳои ҳифзи техникии махфияти ин иттилоот, дигар чо- раҳоеро, ки ба қонунгузории ҶТ мухолиф нестанд, татбиқ намояд.

Чораҳои ҳифзи махфияти иттилоот ҳаматарафа окилона эътироф карда мешаванд, ба шарте, ки: дастрасии иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ аз ҷониби ҳар шахс бе розигии доран- даи он истисно гардида бошад; имконияти иттилооти дорои сирри тиҷоратиро истифода намудани кормандон ва расо- нидани он ба контрагент бидуни вайрон кардани низоми сирри тиҷоратӣ таъмин гардад. Низоми сирри тиҷоратиро барои мақсадҳое, ки алайҳи талаботи ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, ахлоқ, сиҳатӣ, андозбандӣ, ҳуқуқу ман- фиатҳои қонунии шахсони дигар, таъмини мудофиаи ки- швар ва амнияти давлат равона гардидаанд, истифода кар- дан мумкин нест.

Бо мақсади ҳифзи махфияти иттилоот корфармо уҳда- дор аст: аз корманде, ки воқифгардии ӯ аз иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ барои иҷрои ухдадориҳои меҳнатиаш зарур аст, забонхат гирифта, уро бо иттилооти дорои сирри тиҷо- ратӣ, ки дорандаи он корфармо ва контрагентҳои ӯ мебо- шанд, шинос намояд; ӯро бо низоми сирри тиҷоратии муқар- рарнамудаи корфармо ва чораҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани ии низом шинос намояд; ба корманд барои риояи низоми сирри тиҷоратин муқаррарнамудаи корфармо шаро- ити зарурӣ муҳайё созад.

Корманд бо иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки ба иҷ- рои уҳдадориҳои хизматии ӯ вобастагӣ надорад, танҳо бо розигии корфармо шинос карда мешавад. Барои ҳифзи махфияти иттилоот корманд уҳдадор аст: низоми сирри тиҷоратиро, ки корфармо муқаррар намудааст, риоя кунад; иттилооти дорои сирри тиҷоратиро, ки дорандаи он кор- фармо ва контрагентҳои ӯ мебошанд, фош накунад ва бе ро- зигии онҳо ба мақсади худ истифода набарад; иттилооти до- рои сирри тиҷоратиро, ки дорандаи он корфармо ва контр- агентҳояш мебошанд, пас аз қать гардидани шартномаи меҳнатӣ дар мӯҳлати пешбининамудаи созишномаи байни корманд ва корфармо, ки дар давраи мӯҳлати эътибори шартномаи меҳнатӣ баста шудааст ё худ дар тули 3 соли баъди қать гардидани шартномаи меҳнатӣ, ба шарте, ки со- зишномаи мазкур баста нашуда бошад, фош накунад; агар корманд дар фош шудани иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки ба ӯ бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатиаш маълум гаштаасг, гунаҳкор бошад, ба корфармо зиёни онро ҷуброн намояд; дар сурати қать ё бекор шудани шартномаи меҳнатӣ ҳомилони моддии иборат аз иттилооти дорои сирри тиҷора- тиро, ки дар ихтиёри корманд буд, ба корфармо баргардо- над.

Корфармо метавонад аз шахсе, ки муносибатҳои меҳна- тиашро бо ӯ қатъ намудааст, товони зиёнро талаб намояд, дар ҳолате, ки ин шахс дар фош кардани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, ки ӯ бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнати- аш ба он даст ёфтааст, гунаҳкор бошад ва ба шарте, ки ин гуна иттилоот дар давоми мӯҳлати дар банди в)-и қ. 3 ҳамин модда муқарраргардида фош шуда бошад. Агар иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ бар асари қувваи рафънопазир, аз рӯи зарурат ё худ аз ҷониби корфармо иҷро нагардидани ухдадо- рии таъмини тартиботи сирри тиҷоратӣ фош шуда бошад, товони зиён ё осеби расидаро корманд ё худ шахси муноси- батҳои меҳнатиро қатькарда ҷуброн намекунад. Дар шарт- номаи меҳнатӣ бояд уҳдадории роҳбари ташкилот оид ба таьмини ҳифзи махфияти иттилооте, ки дорандаи он ташки- лот ва контрагентҳояш мебошанд ва масьулияти таьмини ҳифзи махфияти он пешбинӣ карда шавад. Роҳбари ташки- лот зиёнеро, ки тавассути амали номатлуби ӯ бо сабаби риоя накардаии қонунгузории ҶТ дар бораи сирри тиҷоратӣ ба ташкилот расидааст, ҷуброн мекунад. Дар ин сурат зиён бо даьвои молик мувофиқи қонунгузории гражданӣ муайян карда мешавад. Корманд ҳак дорад аз ғайриқонунӣ муқар- рар шудани низоми сирри тиҷоратӣ нисбати иттилооте. ки бннобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба ӯ дастрас гардида- аст, ба суд шикоят намояд.

Муносибати байни дорандаи иттилооти дорои сирри ти- ҷоратӣ ва контрагенти оид ба ҳифзи махфияти иттилоот бо қонун ва шартнома ба танзим дароварда мешавад. Дар шартнома бояд шартҳои ҳифзи махфияти иттиллоот, аз ҷум- ла дар мавриди аз нав ташкил кардан ва барҳам хурдани яке аз тарафҳои шартнома тибқи қонунгузории гражданӣ ва уҳдадории контрагент оид ба ҷуброни зиён дар сурати итти- лоотро бар хилофи шартнома фош кардани ӯ муайян карда шаванд Агар дар шартнома байни дорандаи иттилооти до- рои сирри тиҷоратӣ ва контрагент шарти дигар муқаррар нашуда бошад, контрагент мутобиқи қонунгузорӣ тарзу усулҳои ҳифзи иттилооти дорои сирри тиҷоратиро, ки тибқи шартнома ба ӯ дода шудааст, мустақилона муайян менамо- яд. Контрагент вазифадор аст фавран ба дорандаи иттилоо- ти дорои сирри тиҷоратӣ оид ба фош кардани сир ё худ огоҳ гардидани ӯ аз фош шудани он ё таҳдиди хатари фош гар- дидани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, аз тарафи шахсони сеюм ғайриқонунӣ дастрас ё ки ғайриқонунӣ истифода кар- дани ин иттилоот хабар диҳад. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, ки ин иттилоотро ба контрагент додааст, набояд то гузаштанн муҳлати эьтибори шартнома иттилоо- ти дорои сирри тиҷоратиро фош кунад, инчунин ҳифзи махфияти онро аз ҷониби худ қатъ; гардонад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар муқаррар нашуда бошад. Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, тара- фе, ки ҳифзи махфияти иттилооти мутобиқи шартнома раси- даро аз рӯи шартҳои шартнома таъмин накардааст, бояд ба тарафи дигар товони зиёнро диҳад.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ му- тобиқи қонуни мазкур ва дигар қонунҳои ҶТ уҳдадоранд барои ҳифзи махфияти иттилооте, ки шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ барояшон расонидаанд, шароит муҳайё намоянд. Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, хизматчиёнидавлатии мақомотҳои мазкур ҳак надоранд бе розигии дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ иттилооти сирри тиҷоратиро, ки аз он дар натиҷаи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ воқиф шудаанд, ба ис- тиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур фош ку- нанд ё худ ба шахсони дигар расонанд, инчунин ҳуқуқ надо- ранд. Ин иттилоотро ба мақсадҳои ғаразнок ё мақсадҳои ди- гари худ истифода баранд.

Масъалаҳои объектҳои ғайрианъанавии моликияти зеҳ- нӣ ру ба инкишоф мебошад. Ба низоми чунин объектҳо ҳоло реклама, домен, 1Р – адрес, сомона, блог ва ғайра ворид шудааст, ки таҳлил ва таҷдиди назар мехоҳанд.

[1]Махмадхонов Т. Проблемы правового обеспечения коммерческой тайны в законодательстве Республики Таджикистан: дисс. на соиск. учен. степ. канд. юрид. наук. – Душанбе, 2008. С. 67. Гаюров Ш. К. Личное информа- ционное право граждан: проблемы гражданско – правового регулирова- ния в Республике Таджикистан: монография. – М.; Изд. – во «Спутник +», 2010. – С. 304-306.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …