Главная / Илм / Сохти сиёсии Арабистони Саудй

Сохти сиёсии Арабистони Саудй

Арабистони Саудй давлати динӣ ва тарзи идоракунии он мутлақияти подшоҳӣ мебошад. Сардори давлат ва ҳукумат подшоҳ аст. Вай ҳам сарвари сиёсӣ ва ҳам сарвари рӯҳонӣ (исломӣ)-и мамлакат мебошад. Ислом идеологияи расмии давлатӣ аст. Аз ин рӯ, қонунҳои Арабистони Саудӣ дар асоси шариати исломӣ таҳия карда шудаанд. Подшоҳ ҳокимияти ичроия ва қонунгузорро дар ихти- ёр дорад. Ҳамзамон нахуствазир сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳ ва додхоҳи олии Додгоҳи Олии Арабистони Саудӣ мебошад.

Ҳукумат аз чумлаи аъзои хонадони подшоҳ ташкил карда меша- вад. Дар назди подшоҳ Шӯрои Маслиҳатӣ амал мекунад. Ин мақом, тавре ки аз номаш ҳам бармеояд, маслиҳатӣ буда, дар мавриди бар- расии масъалаҳои гуногуни сиё- сати дохилию хориҷӣ ба подшоҳ пешниҳодҳо ироа менамояд. Аз та- рафи подшоҳ қабул ва ё иҷро кар- да шудани пешниҳодоти Шӯрои Маслиҳатӣ шарт нест.

Мансаби подшоҳ аз соли таъсис ёфтани Арабистони Саудӣ меросӣ аст. Дар сурати фавтидани подшоҳ ба ин вазифа яке аз аъзои сулолаи Саудҳо менишинад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …