Зарурати роҳҳои оҳан. Барои ба макони ашёи хом, яъне пахта ва бозори моли саноатчиёни рус табдил ёфтани Осиёи Марказӣ нақши роҳи оҳан хеле бузург аст, зеро бо сохтани ин роҳ пахта аз водии Фарғона то ба марказҳои саноатии Русия дар муддати аз 2 то 6 ҳафта мерасид. Ҳангоми набудани роҳи оҳан воридшавии он аз 4 то 10 моҳ тӯл мекашид.
Зарурати сохтани роҳи оҳани Осиёи Марказиро сармоя- дорони Москва ҳанӯз соли 1874 ба миён гузошта буданд, вале ҳукуматдорони подшоҳӣ, махсусан амалдорони соҳаи молия, сохтани роҳи оҳанро барои Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ зиёновар меҳисобиданд. Бинобар ин, онҳо дар ибтидо сохтани чунин роҳро дастгирӣ накарданд, аммо вазъи ҳамонвақтаи ҳарбии Русия сох- тани ин гуна роҳро на танҳо ба миён гузошт, балки ҳамчунин те- зонид.
Чунончи, қувваҳои ҳарбии Русия соли 1878 дар яке аз ҷангҳои аввалини худ бо қабилаҳои туркман дар мавзеи Ахалтегин ба муқобилати сахт дучор шуда, шикаст хӯрданд. Барои аскарони рус дар ин ҷанг тай кардани даштҳои беобу регзор хеле гаронӣ кард.