Главная / Илм / СУБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФЙ

СУБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФЙ

Субъектҳои ҳуқуқи муаллифӣ шахсоне мебошанд, ки ба онҳо ҳуқуқи субъективии муаллифӣ ба асар тааллуқ дорад. Ҳуқуқҳои субъективии муаллифӣ ба асар, дар маҷмӯъ пеш аз ҳама ба муаллифи асар тааллуқ доранд. Ба ин хотир дар к 1 м. 8-уми қонуни ҳуқуқи муаллиф ба сифати субъекти ҳуқуқи муаллифӣ худи муаллиф пешбинӣ шудааст. Лекин ҳуқуқҳои субъективии молумулкии муаллиф ба иштирокчиёни дигари муносибатҳои ҳуқуқи муаллифӣ низ тааллуқ дошта метаво- нанд. Масалан, ба меросгирон, истифодабарандагон тибқи шартнома ва дигарон. Аз ин лиҳоз, доираи субъектҳои ҳуқу- қи муаллифӣ нисбатан васеъ аст.

Субъектҳои ҳуқуқи муаллифиро ба се гуруҳи асосӣ ҷудо намудан мумкин аст: муаллиф, вориси ҳуқуқ ва истифодаба- рандаи ҳуқуқҳои амволии муаллиф.

Дар назарияи ҳуқуқи муаллифии шӯравӣ субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи муаллифиро ба аввалиндараҷа ва дуюминдараҷа тасниф менамуданд. Субъектҳои аввалин- дараҷа ҳуқуқҳои муаллифиро дар натиҷаи офаридани асар пайдо мекунанд. Вале, назари мазкур мухолифони худро низ дорад.

Муаллифи асар субъекти муҳим ва фаъоли ҳуқуқи муал- лифӣ маҳсуб меёбад. Муаллиф шахси воқеие мебошад, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии у офарида шудааст. Муал- лиф будани шахси воқеӣ бо омили зери номи муаллиф дар нусхаи асари интишорёфта, дар дастхат ё дар асли асари санъат тасдиқ мегардад.

Меҳнати эҷодӣ маҳаки асосӣ ва муайянкунандаи му- аллиф будани шахси воқеӣ мебошад. Бинобар ин, шахсоне, ки дар ҷараёни офаридани асар саҳми молиявӣ. ташкилӣ, техникӣ мегузоранд, муаллиф намебошанд. Ҳолати ҳуқуқии муаллиф, аз лаҳзаи дар шакли объективӣ қобили дарк баён гардидани натиҷаи эҷодии ноилшуда, ки заминаи ба вуҷуд омадани ҳуқуқи муаллифӣ мебошад, ба миён меояд.

Эҷодиёт ҳамчун ҷараёни зеҳнӣ аз табаъият, ҳатто аз си- ну сол ва ҳолати ҷисмонию рӯҳӣ вобаста нест. Аз ин лиҳоз, ҳамчун қоидаи умумӣ, офаридгори асар ҳама гуна шахсони воқеӣ, новобаста аз шаҳрвандӣ, синну сол, ҳолати ҷисмонию руҳӣ буда метавонанд. Қоидаи мазкур тасдиқи худро дар м. 19-уми КГ меёбад, ки имконияти соҳиби ҳуқуқҳои муаллифӣ буданро ба мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд воба- ста менамояд. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд бошад аз шаҳрвандӣ, синну сол ва ҳолати саломатӣ вобаста намебо- шад. Сабаби чунин ҳолати дар КГ муқарраргардида дар он аст, ки офаридани асар кирдори ҳуқуқӣ буда ва ахди граж- данӣ – ҳуқуқӣ намебошад. Бинобар ин, ки кирдорҳои ҳуқуқиро шахсони ғайри қобили амал низ содир карда мета- вонанд. Ҳуқуқҳои муаллифӣ новобаста аз синну сол ва ҳола- ти қобилияти амалкунӣ, ба шахсони воқеӣ баробар тааллуқ доранд.

Дар фарқият аз қоидаҳои барои соҳибии ҳуқуқи муалли- фӣ муқарраргардида, ҳангоми ба амал баровардани ҳуқуқ- ҳои мазкур, синну сол ва қобилияти амалкунӣ аҳамият до- ранд. Ҳуқуқҳои муаллифии хурдсолон ва шаҳрвандони ғай- риқобилиамалро, аз номи онҳо волидайн ва ё дигар намо- яндаи қонунии онҳо ба амал мебароранд (м. 29-30 КГ). Ноболиғони сини аз 14 то 18 сола ҳуқуқҳои муаллифии худ- ро мустақилона ба амал мебароранд (м. 27 КГ). Шаҳрвандо- ни қобилияти амалкуниашон маҳдудшуда ҳуқуқҳои муалли- фии худро бо розигии парастор ба амал мебароранд (м. 31 КГ).

Аз муқаррароти қонуни ҳуқуқи муаллиф бармеояд, ки шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои оммавӣ, бахусус давлат муал- лиф буда наметавонанд. Бояд тазаккур дод, ки чунин мавқеъ дар қонунгузории шӯравӣ, алалхусус то қабули Асосҳои қо- нунгузории граждании ИҶШС ва ҷумҳуриҳо инкор гардида, ҳуқуқи муаллифии шахсони ҳуқуқӣ ба баъзе намудҳои асар- ҳо, алалхусус, маҷмӯаҳо, кинофилмҳо ва нашрияҳои даврӣ эътироф гардида буданд.

Дар қонуни ҳуқуқи муаллиф, пайравии қонунгузор ба назарияи ҷаҳонии ҳуқуқи муаллифӣ мушоҳида мегардад. Шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои муаллифии муайянро бо тартиби ворисӣ, тибқи шартнома ё қонун ба даст оварда метавонанд.

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бе- табаъият низ дар қаламрави ҶТ бо риояи қоидаҳои муайян субъекти ҳуқуқи муаллифӣ буда метавонанд. Дар фарқият аз асарҳои шаҳрвандони ҶТ, ки новобаста аз ҷои интишори асар ё мавҷудияти онҳо мавриди ҳимоя қарор доранд, асар- ҳои муаллифони хориҷӣ ва шахсони бетабаъият бо шартҳои зерин ҳимоя мегарданд:1) асари онҳо дар қаламрави ҶТ ин- тишор шудааст ё дар ин ё он шакли объективӣ вуҷуд дорад;

Қонуни ҳуқуқи муаллиф мураттибони асарҳои таркибй, тарҷумонҳо ва офарандагони дигар асарҳои маҳсулиро низ ҳамчун муаллиф эътироф менамоянд, лекин дар фарқият аз муаллифият ба асарҳои анъанавӣ, муаллифияти офаранда- гони асарҳои таркибӣ ва махсулӣ ба шарти риояи ҳуқуқҳои муаллифони асарҳои аслӣ вобаста аст.

Таърихи илм, адабиёт ва санъат асарҳоеро медонад, ки маҳсули меҳнати эҷодии якчанд муаллифон мебошанд. Чу- нин асарҳо реҷаи махсуси ҳаммуаллифиро ба вуҷуд меоранд. Ҳуқуқи муаллифӣ ба асаре, ки маҳсули эҷодии ду ва ё зиёда шахсон мебошанд (ҳаммуаллифӣ), сарфи назар аз он, ки аса- ри мазкур як ҷузъи томи тақсимнопазир аст ва ё аз қисмҳои ҷудогонаи дорои аҳамияти мустақил таркиб ёфтааст, мушт- аракан ба ҳамаи муаллифони он тааллуқ доранд.

Аз моҳияти қонуни ҳуқуқи муаллиф як қатор шартҳои бавуҷуд омадани ҳаммуаллифиро муайян намудан мумкин аст. Пеш аз ҳама, ҳаммуаллифӣ ба шарти дар натиҷаи меҳ- нати эҷодии муштараки якчанд шахс офарида шудани асари дастаҷамъонаи ягона ба вуҷуд меояд. Асаре дастаҷамъонаи ягона маҳсуб меёбад, ки ҷудонашавандаи томро мемонад. Агар қисмҳои асар аҳамияти мустақилро доро буда, истифо- даи он новобаста аз қисмҳои дигари асар имконпазир бошад, барои ба вуҷуд омадани ҳаммуаллифӣ ба чунин асар, алоқаи шакли дохилӣ ва мазмуни он, ки боиси аз ҷониби омма ҳамчун асари ягона қабул гардидани он мегардад, ба инобат гирифта мешавад. Яъне ихтисор намудан ё тағйир додани ин ё он қисми асари дастаҷамъона, бояд боиси та- ғйирёбии қисмҳои дигари асар ё ғайриимкон гардидани ис- тифодаи асар, ҳамчун ягонаи том гардад. Масалан, китоби дарсии ҳуқуқи гражданӣ, бе боби ҳуқуқи ашёӣ асари пурра маҳсуб намегардад. Аз ин лиҳоз, натиҷаи муттаҳиднамоии оддии механикии асарҳои муаллифони алоҳида, асари даста- ҷамъонаи ягонаро ба вуҷуд намеорад.

Шарти дигари бавуҷуд омадани ҳаммуаллифӣ бо меҳна- ти эҷодии муштараки якчанд шахс офарида шудани асар ме- бошад. Таҳти хислати муштарак доштани меҳнати эҷодӣ, на ҷараёни муштараки меҳнат, балки натиҷаи муштараки но- илшуда фаҳмида мешавад. Бинобар ин, ҳаммуаллифон ба- рои офаридани асар метавонанд аз аввал то охир бо роҳи табодули фикру андешаҳо меҳнат намоянд. Ҳар яке аз онҳо метавонад, ки қисми алоҳидаи асарро офарад, яке метавонад натиҷаи меҳнати дигареро коркард намояд ва ғайра. Дар ка- дом шакл анҷом ёфтани меҳнати эҷодй муҳим набуда, натиҷаи саъйю кушишҳои муштарак будани асар муҳим ме- бошад.

Дигар шарти ба вуҷуд омадани ҳаммуаллифӣ дар он ифода меёбад, ки саҳми шахсони ба ҳаммуаллифӣ шомил, бояд хислати эҷодӣ дошта бошад. Кӯмаки ташкилӣ, молиявӣ ва техникӣ асоси ба вуҷуд омадани ҳаммуаллифӣ намебо- шад, зеро онҳо хусусияти мусоидаткунанда дошта ва барои эҷоди асар бевосита таъсир надоранд. Ҳамзамон чунин кӯ- макҳо барои ташаккулёбии муҳити эҷодӣ ва такмили зеҳнӣ муҳим мебошад. Муаллифони калбакиро ҷомеаи илмӣ ва ё хонандагони зирак дар ҳол муайян мекунанд.

Ҳамин тавр, шарти ҳаммуаллифии шахсони алоҳида ба асар мавҷудияти созиши байни онҳо дар бораи ба вуҷуд омадани ҳаммуаллифӣ мебошад. Таҳти созишномаи зикр- гардида, изҳори иродаи муштараки муаллифон барои анҷом додани меҳнати эҷодии муштарак фаҳмида мешавад. Чунин созишнома дар шакли дилхоҳ ва зинаҳои гуногуни меҳнати эҷодӣ ба тасвиб расиданаш имконпазир аст. Муҳим он аст, ки ҳаммуаллифии ба созишнома асосёбанда ихтиёрӣ бошад ва ҳуқуқҳои муаллифии қонунии касеро вайрон накунад.

Мувофиқи қоидаи умумӣ ҳуқуқи муаллифӣ ба асари да- стаҷамъонаи ягона ба ҳамаи ҳаммуаллифон, новобаста аз сатҳи саҳми эҷодии онҳо ва хусусияти асар баробар тааллуқ дорад. Аз ин лиҳоз, истифодаи чунин асарҳо аз ҷониби ҳа- маи ҳаммуаллифон дар асоси мувофиқаи умумӣ сурат меги- рад. Дар ҳолати ғайриимкон будани мувофиқа, баҳсро бо даъвои шахсӣ ё шахсони манфиатдор ба баррасии суди юрисдиксияи умумӣ супорида метавонанд. Ҳаммуаллифон метавонанд, ки қоидаи умумии зикргардидаро тавассути со- зишномаи байни худ тағйир дода, тартиби дигари баамал- барории ҳуқуқҳои муаллифонро муқаррар намоянд. Маса- лан, тибқи созишнома ҳаммуаллифон метавонанд, ки ба- амалбарории ҳуқуқҳои муаллифиро ба яке аз муаллифон су- пориш диҳанд, тартиби тақсими мукофоти муаллифиро му- қаррар намоянд, тартиби ишораи номи муаллифонро муа- йян намоянд ва ғайра.

Аз муҳтавои м. 10-уми қонуни ҳуқуқи муаллиф пешбинӣ гардидани ду намуди асарҳои дастаҷамъона, яъне тақсимна- шаванда ва тақсимшаванда бармеояд, ки таъсири худро ба реҷаи ҳаммуаллифӣ мерасонад. Асари тақсимнашаванда ягонаи томро монда, қисмҳои он аҳамияти мустақилро надоранд.

Асари тақсимшаванда низ ягона мебошад, аммо он аз қисмҳое иборат аст, ки аҳамияти мустақилро дошта, маҳсули меҳнати эҷодии кадоме аз ҳаммуаллифон будани он маълум аст. Аҳамияти ҳуқуқӣ ва амалии таснифоти мазкур дар он ифода меёбад, ки ба асари тақсимшаванда ҳаммуаллифон ҳу- қуқи мустақилонаи ихтиёрдорӣ намудани қисми аз ҷониби онҳо офаридашудаи асарро нигоҳ медоранд, агар бо созиш- номаи онҳо ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Барои ба вуҷуд омадани ҳаммуаллифӣ ба асар, мавҷуди- яти ҳамаи шартҳои зикргардида заруранд ва ҷой надоштани ин ё он шарт ҳаммуаллифиро инкор менамояд.

Дар муносибатҳои ҳуқуқи муаллифӣ ҳолатҳои истифо- даи муштараки асарҳо мушоҳида мегарданд, ки ҳаммуалли- фиро ба вуҷуд намеоранд. Масалан, китоби шеърҳое, ки бо нақшу нигораҳои тасвирии рассом нашр шудааст. Дар мисо- ли овардашуда, шеърҳо ва расмҳо ҳарчанд, ки алоқаманд карда шудаанд, лекин ҳамчун асари ягона баромад намеку- нанд, зеро новобаста аз якдигар офарида шуда, мустақил мебошанд.

Ҳаммуаллифӣ, инчуннн дар натиҷаи пайваст намудани асарҳои муаллифони гуногун, ки объекти нави ҳуқуқи муал- лифиро ба миён меорад, ба вуҷуд намеояд. Масалан, маҷал- лаи илмӣ, маҷмӯаи илмӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти эҷодӣ оид ба интихоб намудан ва банизомдарории мавод, асари нав буда, лекин муаллифони мақолаҳои илмии дар онҳо во- ридгардида ҳаммуаллиф намебошанд, зеро маҷалла ё маҷмӯаи илмӣ натиҷаи меҳнати эҷодии мураттибони онҳо мебошанд. Инчунин, дар доираи иҷозати қонунӣ, барои офаридани асари нав истифода намудани асари нашршудаи шахси дигар низ ҳаммуаллифиро ба вуҷуд намеорад. Маса- лан, ҳангоми навишатани китоби дарсӣ ё рисолаи дипломӣ бо истифодаи маводи илмии гуногун.

Дар иртибот ба асарҳои аудиовизуалӣ, қонуни ҳуқуқи муаллиф шахсияти муаллифи онҳоро махсус муайян менамо- яд, ки инҳо мебошанд: режиссёри таҳиягар, муаллифи сенарӣ ва муаллифи асари мусиқӣ (м. 13 қонуни зикршуда). Муал- лифони мазкур ҳуқуқи муаллифии алоҳидаи худро ба асар- ҳои офаридаашон нигоҳ дошта, вале байни онҳо ҳаммуал- лифӣ ба вуҷуд намеояд.

Субъектони ҳуқуқи муаллифӣ ворисони ҳуқуқи муал- лифӣ низ мебошанд. Ба ин гуруҳи субъектон меросгирон, шахсоне, ки дар асоси қонун салоҳияти истифодаи ҳуқуқҳои молумулкии муаллифро доранд, шомиланд. Хусусияти ба ин гуруҳи субъектони хос дар он ифода меёбад, ки онҳо вориси ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф буда метавонанд. Зеро муво- фиқи муқаррароти қонуни хуқуқи муаллиф ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволии муаллиф ба муаллиф абадӣ тааллуқ дорад ва бемуҳлат ҳифз мешавад.

Меросгирон ҳуқуқҳои амволии муаллифро дар асоси қонун ё васиятнома соҳибшуда метавонанд. Дар фарқият аз ҳуқуқҳои амволии худи муаллифон ба асар, ки умрбод амал менамояд. Ҳуқуқҳои амволии ба меросгирон гузашта бо муҳлати муқаррарнамудаи қонун маҳдуд мебошад. Мувофи- қи қоидаи умумӣ, муҳлати баррасишаванда 50 сол пас аз марги муаллифро ташкил намуда, аз 1-уми январи соли пас аз марги муаллиф ҳисоб карда мешавад. Аз ин қоидаи умумӣ истисноҳои зерин мавҷуданд: 1) ҳуқуқи амволии муаллифӣ ба асари дар ҳаммуаллифӣ офаридашуда, давоми 50 сол пас аз фавти муаллифи охирин амал мекунад; 2) ҳуқуқи амволии муаллифӣ ба асаре, ки бори аввал дар давоми 30 соли пас аз фавти муаллиф нашр шудааст, дар давоми 50 соли пас аз нашр амал менамояд.

Ҳуқуқҳои амволии муаллиф ба меросгирон ҳамчун яго- наи том мегузаранд. Аз ин лиҳоз, баамалбарории ҳуқуқҳои ба меросгузашта аз ҷониби меросгирон муштарак ва бо ро- зигии мутақобила сурат мегирад.

Ба доираи шахсоне, ки дар асоси қонун салоҳияти исти- фодаи ҳуқуқҳои молумулкии муаллифро доранд, корфармо- ро шомил намудан мумкин аст.

Шахсоне, ки асарро тибқи шартнома бо муаллиф ё ме- росгирон истифода менамоянд, истифодабарандаи ҳуқуқи амволии муаллифӣ мебошанд. Ба сифати чунин шахсон нашриётҳо, театрҳо, киностудияҳо ва дигарҳо баромад ме- намоянд. Шахсони зикргардида истифодаи ҳуқуқҳои амво- лии муаллифиро дар асоси шартнома анҷом дода, шартҳо ва реҷаи чунин истифодабарӣ дар шартнома муайян карда ме- шаванд. Муҳлати амали шартномаҳое, ки истифодаи ҳуқуқ- ҳои амволии муаллифиро таъмин менамоянд, аз муҳлати амали ҳуқуқҳои амволии муаллифӣ бештар буда наметаво- нанд. Инчунин, шахсони мазкур дар фарқият аз муаллиф ва вориси ҳуқуқ, танҳо ҳангоми тибқи шартнома соҳиби вако- лати таҳвилдиҳӣ гардидан, истифодаи ҳуқуқҳои бадастовар- даашонро ба шахсони дигар иҷозат дода метавонанд.

Дар муносибатҳои ҳуқуқи муаллифӣ, инчунин ташки- лотҳое иштирок намуда метавонанд, ки бо мақсади идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои истисноии муаллифон таъсис меё- банд. Дар муносибатҳои муаллифӣ иштирок намудани таш- килотҳои мазкур бо риояи қоидаҳои махсус сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, онҳоро низ ба сифати субъекти махсуси ҳуқуқи муаллифӣ эътироф намудан мумкин аст. Зеро дар фарқият аз дигар субъектон, ба манфиати муаллифон, ворисони ҳуқуқ ва истифодабарандагони ҳуқуқ амал менамоянд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …